Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд — Микронезия
КЭТРИН дар Иёлоти Муттаҳида ба воя расида, дар синни 16-солагӣ чун Шоҳиди Яҳува таъмид гирифт. Ӯ дар хизмат бо ҷидду ҷаҳд буд, аммо дар ҷое ки ӯ мавъиза мекард, одамон хабари Салтанатро нағз гӯш намекарданд. Ӯ мегӯяд: «Баъзе одамон аз Худо дар дуо мепурсиданд, ки касеро назди онҳо фиристад, то ӯ ба онҳо барои ба Худо шинос шудан кӯмак кунад. Дар бораи чунин одамон хонда, орзу мекардам, ки ман ҳам чунин одамонро вохӯрам, аммо афсӯс ҳеҷ гоҳ чунин намешуд».
Баъди солҳои дарози хизмат дар кишвари худ, Кэтрин оиди кӯчидан ба ҷое ки сокинонаш ба хабари Салтанат бисёртар гӯш медиҳанд, фикр мекардагӣ шуд. Лекин ӯ дудила буд, зеро намедонист, ки оё аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонад ё не. То ин дам ӯ фақат як бор аз оилааш дур рафта буд. Ва дар муддати ду ҳафтаи дар он ҷо буданаш ӯ ҳар рӯз хонаашро ёд мекард. Аммо хоҳиши сахти кӯмак кардан ба одамоне, ки Яҳуваро меҷӯянд, бар ӯ ғолиб омад. Баъди дида баромадани якчанд маҳалле, ки ӯ дар он ҷо хизмат карда метавонист, ба филиали Гуам нома навишта, оиди он ҷойҳо маълумоти лозима гирифт. Моҳи июли соли 2007, дар синни 26-солагӣ Кэтрин ба Сайпан ном ҷазираи Уқёнуси Ором, ки аз хонааш қариб 10 000 км дур аст, кӯчид. Сафари ӯ чӣ натиҷа овард?
ЯК ҶАВОБ БА ДУ ДУО
Чанде пас аз омадан ба ҷамъомади нав Кэтрин дар хизмат бо Дорис ном зане вохӯрд, ки тахминан 45-сола буд ва бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Баъд аз омӯзиш кардани се боби аввали китоби «Таълимот» Кэтрин ба ташвиш афтод. «Дорис омӯзандаи хуб буд ва ман метарсидам, ки аз ӯҳдаи хуб гузаронидани омӯзиш намебароям.— мегӯяд Кетрин,— Азбаски ман ҳеҷ гоҳ бо касе омӯзиши давомнок нагузаронда будам, ман хавотир будам ва фикр мекардам, ки бо Дорис бояд хоҳари таҷрибааш зиёдтар ва ҳамсинну соли ӯ омӯзиш гузаронад». Кэтрин аз Яҳува дар дуо кӯмак пурсид, ки барои супурдани омӯзандааш хоҳари мувофиқро ёбад. Баъд аз ин, Кэтрин Дорисро хабардор карданӣ шуд, ки ӯро ба дигар кас супурданӣ аст.
«Пеш аз он ки ман дар ин бора даҳон кушоям,— нақл мекунад Кэтрин — Дорис ба ман гуфт, ки дар бораи як душвориаш бо ман гап заданӣ аст. Баъди гӯш кардани Дорис, ман ба ӯ нақл кардам, ки чӣ тавр Яҳува ба ман дар вазъияти ба ин монанд кӯмак карда буд. Ӯ аз ман миннатдор шуда гуфт: “Яҳува туро истифода бурда, ба ман кӯмак мекунад. Ҳамон рӯзе, ки ту ба хонаи ман омадӣ, ман соатҳои дароз нишаста Китоби Муқаддас мехондам. Ман бо гиряву нола аз Худо илтиҷо мекардам, ки касеро ба наздам фиристад, то барои фаҳмидани Китоби Муқаддас ба ман кӯмак кунад. Ва баногоҳ, ту дари маро тақ-тақ кардӣ. Ин ҷавоби Яҳува ба дуоям буд!”» Ҳар боре, ки Кэтрин ин лаҳзаро ба хотир меоварад, аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешавад. Вай
мегӯяд: «Суханони Дорис ҷавоби аниқе буданд ба дуои ман! Яҳува ба ман нишон дод, ки ман аз ӯҳдаи давом додани омӯзиш мебароям».Дорис соли 2010 таъмид гирифт ва ҳоло вай якчанд омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронад. Кэтрин қайд мекунад: «Ман орзу доштам, ки ба одамони самимӣ барои ходими Яҳува шудан кӯмак расонам. Чӣ хушбахтам, ки орзуи деринаам ҷомаи амал пӯшид!» Имрӯз Кэтрин дар ҷазираи Косрае, ки дар Уқёнуси Ором ҷойгир аст, чун пешрави махсус хурсандона хизмат мекунад.
СЕ ДУШВОРӢ — ЧӢ ТАВР ОНҲОРО МЕТАВОН ПАСИ САР КАРД?
Зиёда аз сад бародару хоҳарон (аз синни 19 то 79) барои хизмат ба Микронезия омадаанд, зеро дар он ҷо ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад. Эрика, ки ба монанди дигар воизон ходими бо ҷидду ҷаҳд аст, соли 2006 дар синни 19-солагӣ ба Гуам кӯчид. Ӯ дар бораи ҳиссиёти худ чунин мегӯяд: «Дар маҳалле, ки одамонаш ташнаи ҳақиқатанд, чун пешрав хизмат кардан хело ҳам шавқовар аст! Ман аз Яҳува беҳад миннатдорам, ки ба ман барои сар кардани чунин намуди хизмат кӯмак расонд. Ин беҳтарин роҳи ҳаёт аст!» Ҳоло бошад, Эрика дар Эбей, ки дар Ҷазираҳои Маршалл воқеъ аст, чун пешрави махсус хурсандона хизмат мекунад. Албатта дар кишварҳои хориҷа хизмат кардан душвориҳои худро низ дорад. Воизоне, ки барои хизмат ба Микронезия мекӯчанд, асосан бо се душвори рӯбарӯ мешаванд. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр онҳо ин душвориҳоро паси сар мекунанд.
Тарзи ҳаёт. Соли 2007, Саймен ном бародари 22-сола, аз Англия барои хизмат ба ҷазираи Палау рафт. Дере нагузашта ӯ фаҳмид, ки дар он ҷо вай ҳамагӣ қисми ками он маблағеро, ки дар кишвари худ кор мекард, ёфта метавонад. «Ман бояд ёд мегирифтам, ки ҳар чизи дилам хостагиро нахарам. Акнун, ман ҳангоми харидани маҳсулоти хӯрокворӣ нағз фикр мекунам ва мағозаҳоеро мекобам, ки дар он ҷойҳо маҳсулоти босифат ва арзонро ёфтан мумкин аст. Вақте ки ягон асбобу анҷоми хона вайрон мешавад, ман аз мағоза қисмҳои эҳтиётии истифодашударо харида, кӯшиш мекунам касеро ёбам, ки дар таъмири он ёрӣ диҳад». Оддӣ гардондани ҳаёташ ба Саймен чӣ тавр таъсир кард? Ӯ мегӯяд: «Ин кӯмак кард, то ман фаҳмам, ки дар ҳаёт кадом чизҳо ҳақиқатан заруранд ва чӣ тавр бо чизи кам қаноат кардан мумкин аст. Ман дар хизмати худ дасти Яҳуваро чандин бор дидаам. Дар давоми ҳафт соли дар он ҷо хизмат карданам, ман ҳеҷ гоҳ бе хӯрок ва ҷои зист намондаам». Дар ҳақиқат, Яҳува он касонеро ки барои дар ҷои аввал гузоштани кори Салтанат ҳаёти оддӣ мебаранд, дастгирӣ мекунад (Мат. 6:32, 33).
Ёд кардани хона ва наздикон. Эрика мегӯяд: «Азбаски ман бо оилаам муносибати хеле наздик дорам, аз он метарсидам, ки ёд кардани хонаву наздикон ба хизмати ман таъсири манфӣ мерасонад». Ӯ барои худро тайёр кардан чӣ кор кард? «Пеш аз рафтан, ман аз “Бурҷи дидбонӣ” дар бораи шахсоне, ки дар кишвари хориҷа хонаашонро ёд мекарданд, хонда баромадам. Ин дар ҳақиқат дили маро тайёр кард, ки ба он душворӣ тоб орам. Дар як мақола, модаре духтарашро бо суханони зерин боварӣ бахшида буд: “Яҳува аз ман ҳам беҳтар дар бораи ту ғамхорӣ карда метавонад”. Он суханони боварибахш дар ҳақиқат ба ман қувват бахшиданд». Ҳанна ва шавҳари ӯ Патрик, дар шаҳри Маҷуро,
ки дар ҷазираҳои Маршалл мебошад, хизмат мекунанд. Ҳанна низ хонаву наздикони худро ёд мекунад, вале барои ба ин ҳиссиёт дода нашудан ӯ диққаташро ба бародарону хоҳарони ҷамъомад равона мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман доимо барои бародарияти умумиҷаҳониамон ба Яҳува миннатдорӣ баён мекунам, чунки аъзоёни он ҳам оилаи ман мебошанд. Бе дастгирии меҳрубононаи онҳо, ман ҳеҷ вақт дар маҳалли дигар хизмат карда наметавонистам».Пайдо кардани дӯстон. «Вақте ки шахс ба давлати дигар меравад, ӯ мебинад, ки ҳама чиз дар он ҷо аз зодгоҳаш фарқ мекунад»,— мегӯяд Саймен.— Баъзан ман аз сабаби он ки ҳазлу шӯхӣ карда наметавонистам ё дигарон гапҳои маро пурра намефаҳмиданд, зиқ мешудам. Эрика мегӯяд: «Дар аввал, ман худро танҳо ҳис мекардам, лекин ин ба ман ёрӣ дод, то дар бораи мақсади ба ин ҷо омаданам чуқур фикр кунам. Ман на барои манфиати шахсӣ, балки барои ба Яҳува бештар хизмат кардан омада будам». Ӯ илова мекунад: «Бо гузашти вақт, ман дӯстони хуб пайдо кардам, ки онҳоро хеле қадр мекунам». Саймен кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то забони сокинони Палауро ёд гирад. Ин ба ӯ имконият дод, ки нисбати бародарону хоҳарони маҳаллӣ «фарохдил» бошад (2 Қӯр. 6:13). Кӯшишҳои ӯро дар омӯхтани забонашон дида, онҳо ӯро хеле дӯст доштанд. Бале, вақте ки шахсони навомада бо бародарони маҳаллӣ паҳлӯ ба паҳлӯ хизмат мекунанд, дар натиҷа, онҳо бо ҳам дӯстони наздик мешаванд. Ва ин ягона баракат нест. Онҳое, ки худро бо омодагӣ барои хизмат дар ҷойи ниёзи бештар вуҷуддошта пешкаш мекунанд, боз дигар баракатҳоро ба даст меоранд.
ОНҲО ҲОСИЛИ ФАРОВОН МЕДАРАВАНД
Павлуси ҳавворӣ гуфтааст: «Касе ки донаи бисёр бикорад, маҳсули фаровон дарав хоҳад намуд» (2 Қӯр. 9:6, Тарҷумаи дарии форсӣ). Ин принсип ҳамчунин ба онҳое дахл дорад, ки хизматашонро васеъ мекунанд. Бародарону хоҳароне, ки дар Микронезия хизмат мекунанд, чӣ гуна ҳосили фаровон ба даст меоранд?
Дар Микронезия то ҳол барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дидани он ки чӣ тавр одамон ҳақиқати Каломи Худоро омӯхта, онро ба кор мебаранд, ба кас шодӣ мебахшад. Патрик ва Ҳанна ҳамчунин дар Ангаур ном ҷазираи хурдакак, ки 320 нафар аҳолӣ дорад, хизмат намудаанд. Баъди ду моҳи дар он ҷо мавъиза карданашон, онҳо модари танҳоеро вохӯрданд. Он зан бо омодагӣ ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуд. Ӯ ба ҳақиқат шавқи самимӣ зоҳир карда, ба ҳаёташ дигаргуниҳои калон даровард. Ҳанна мегӯяд: «Баъди ҳар як омӯзиш, вақте ки мо бо велосипедҳои худ ба хона бармегаштем, ба якдигар нигариста, аз хурсандӣ хитоб мекардем: ”Раҳмат ба ту, Яҳува!”» Ҳанна илова мекунад: «Ман медонам, ки Яҳува ин занро бо ягон роҳи дигар албатта ба худ ҷалб мекард, вале ба туфайли хизмат дар ин ҷо, мо тавонистем ки ин гӯсфанди Яҳуваро ёбем ва барои шинохтани Яҳува ба вай кӯмак кунем. Ин воқеа яке аз бузургтарин мукофоти ҳаёти мост!» Чуноне ки Эрика мегӯяд, «вақте ки шумо ба ягон кас барои бо Яҳува шинос шудан кӯмак мекунед, аз ин хурсандии беандоза мегиред!»
ОЁ ШУМО НИЗ МЕТАВОНЕД ДАР ҚАТОРИ ОНҲО БОШЕД?
Бисёр мамлакатҳое ҳастанд, ки дар онҳо ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад. Оё шумо метавонистед дар байни онҳое бошед, ки барои ёрдам ба он ҷойҳо кӯчида мераванд? Ба Яҳува дуо гӯед, ки хоҳиши васеъ кардани хизматро дар шумо қавӣ гардонад. Ин масъаларо бо пирони ҷамъомад, нозири ноҳиявӣ ё онҳое, ки аллакай дар маҳалли дигар хизмат кардаанд, муҳокима кунед. Агар шумо ба хулосаи аниқ биёед, ба филиал нома навишта дар бораи маҳалле, ки дар он ҷо хизмат карданиед, маълумоти бештар гиред *. Ҳазорон бародарону хоҳарони пиру ҷавон, муҷаррад ва оиладор худро ба хизмати бештар бо омодагӣ пешкаш намуда, аз гирифтани ҳосили фаровон шодии бепоён ҳис мекунанд. Шумо низ метавонед ба сафи онҳо ҳамроҳ шавед!
^ сарх. 17 Ба «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи августи с. 2011 мақолаи «Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?» нигаред.