ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Падарамро аз даст дода, Падари дигаре ёфтам
ПАДАРИ ман соли 1899 дар шаҳри Гратсе, Австрия таваллуд шуда буд. Вақте ки соли 1939 Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ сар мешавад, ӯро даррав ба армияи Германия даъват мекунанд. Соли 1943, дар вақти ҷанг бо Русия падарам ҳалок мегардад. Афсӯс он вақт ман ҳамагӣ дусола будам ва барои бо падарам шинос шудан ҳеҷ имконияте надоштам. Ман аз падар надоштанам хеле ғамгин мешудам, хусусан вақте медидам, ки аксари ҳамсинфонам падар доштанд. Дар давраи наврасӣ маро фаҳмидани он тасаллӣ бахшид, ки мо Падари осмоние дорем, ки ҳеҷ гоҳ намемирад.
РОБИТАИ МАН БО БОЙСКАУТҲО
Дар синни ҳафтсолагиам, ман аъзои созмони «Ҷавонписарони ҷосус» («Boy Scouts») шудам. Он ташкилоти умумиҷаҳоние буд, ки соли 1908 аз тарафи генерал-лейтенанти армияи Британия, Роберт Баден-Пауэлл таъсис ёфта буд. Соли 1916 зери ин созмон ӯ клуби «Гургбачаҳо» («Wolf Cubs»)-ро таъсис дод, ки ба он писаракони ҳамсинну соли ман дохил мешуданд.
Рӯзҳои шанбеву якшанбе, вақте ки моро ба ҷойҳои берун аз шаҳр мебурданд, мо дар хаймаҳо хоб мекардем, либоси бойскаутҳоро мепӯшидем ва қатор шуда, зери садои нақораҳо машқи ҳарбӣ мекардем. Ба ман бештар бо дигар бойскаутҳо якҷоя вақт гузарондан маъқул буд. Мо шабҳо дар гирди гулхан нишаста, суруд мехондем ва дар ҷангал ҳар хел бозиҳо мекардем. Ҳамчунин, дар он ҷо мо дар бораи табиат бисёр чизҳоро мефаҳмидем, ки ин ба ман қадр кардани офаридаҳои Худоро ёд медод.
Ба бойскаутҳо таълим дода мешавад, ки ҳар рӯз ягон кори нек кунанд ва ба якдигар бо суханони «Тайёр бош!» салом диҳанд. Ин ба ман маъқул буд. Дастаи моро зиёда аз сад нафар писарбачагон ташкил медоданд, ки қариб нисфашон католик, нисфи дигарашон протестант буданд ва як нафар буддист буд.
Аз соли 1920 сар карда, созмони бойскаутҳо дар чанд сол як бор маҷлисҳо, яъне идҳои байналхалқӣ мегузаронданд. Ман низ дар баъзеи он вохӯриҳо иштирок карда будам. Яке аз онҳо дар шаҳри Бад Ишле (Австрия), моҳи августи соли 1951 баргузор гардид ва дигараш иди байналхалқие буд, ки дар шаҳри Бирмингем (Англия) августи соли 1957 шуда гузашт. Дар вохӯрии Бирмингем аз 85 давлати ҷаҳон тахминан 33 000 бойскаутҳо ва инчунин қариб 750 000 одамони дигар, аз ҷумла маликаи Англия, Элизабет иштирок доштанд. Барои ман бойскаут будан чун қисми як бародарияти умумиҷаҳонӣ будан ҳисоб меёфт. Ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки ба наздикӣ бародарияти аз ин ҳам беҳтареро меёбам, ки он аз шахсони Худоро дӯст медоштагӣ иборат аст.
ВОХӮРИИ АВВАЛИН БО ЯКЕ АЗ ШОҲИДОНИ ЯҲУВА
Ман дар шаҳри Гратсеи Австрия, дар меҳмонхонаи Весле барои ёд гирифтани кори пешхизмат курси таҷрибаомӯзиро мегузаштам, ки он бояд баҳори соли 1958 ба охир мерасид. Дар он ҷо
сардори сехи қаннодӣ Рудолф Чигерл ба ман ба таври ғайрирасмӣ шаҳодат дод. Аз ин пеш ман дар бораи ҳақиқат ягон чиз нашунида будам. Ӯ ба ман гуфт, ки таълимоти Сегона бар Китоби Муқаддас асос намеёбад. Ман бо ин розӣ нашуда, бо вай баҳс кардам. Ман ин ҳамкорамро дӯст медоштам, барои ҳамин мекӯшидам, ки ӯро ба калисои католикӣ баргардонам.Рудолф, ки ман ӯро Руди меномидам, ба ман Китоби Муқаддас овардан хост. Ман таъкид карда гуфтам, ки танҳо Китоби Муқаддаси католикиро мехонам. Ӯ ба ман як Китоби Муқаддас овард ва вақте ки ман хондани онро сар кардам, аз қабаташ як рисолае ёфтам, ки аз тарафи Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ чоп шуда буд. Ман фаҳмидам, ки онро Руди гузоштааст. Ин ба ман маъқул нашуд, зеро ман фикр мекардам, ки чунин адабиёт ба назар дуруст тобад ҳам, шахсро гумроҳ карда метавонад. Лекин ман тайёр будам, ки дар бораи худи Китоби Муқаддас бо Руди сӯҳбат кунам. Руди оқилӣ зоҳир намуда, дигар ба ман ягон адабиёти чопӣ пешкаш намекард. Дар давоми се моҳ ману Руди гоҳ-гоҳ Китоби Муқаддасро муҳокима мекардем ва баъзан сӯҳбати мо то ними шаб давом мекард.
Баъди тамом шудани курси таҷрибаомӯзӣ дар меҳмонхонаи шаҳри Гратсе, модарам маро барои ёд гирифтани корҳои идоракунӣ ба мактаби дигаре фиристод. Ва ман ба шаҳраки Бад Хофгаштайн, ки дар водии кӯҳҳои Алп ҷойгир аст, рафтам. Ин мактаб бо меҳмонхонаи шаҳраки Бад Хофгаштайн ҳамкорӣ дошт ва ман баъзан ба он ҷо рафта кор мекардам, то ки чизҳои бештарро ёд гирам.
ДУ ХОҲАРИ МИССИОНЕР БА НАЗДАМ МЕОЯНД
Руди суроғаи нави маро ба филиали Вена фиристод ва филиал аз ду хоҳари миссионер Илзе Унтердёрфер ва Элфриде Лёр илтимос кард, то ки онҳо ба назди ман раванд *. Як рӯз котиби меҳмонхона маро ба наздаш ҷеғ зада гуфт, ки ду зан бо мошин омадаанд ва бо ман сӯҳбат карданиянд. Ман онҳоро намешинохтам, вале барои фаҳмидани кӣ будани онҳо ба берун баромадам. Баъдтар ман фаҳмидам, ки Илзе ва Элфриде чун Шоҳидон дар вақти манъ будани фаъолияти ташкилотамон дар Германияи фашистӣ ба он ҷо адабиёт ва номаҳои лозимаро мерасонданд. Лекин, пеш аз сар шудани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ онҳо аз тарафи полиси махфии Германия (Гестапо) дастгир шуда, ба лагери консентратсионии Лихтенбург фиристода шуда буданд. Баъд, дар давоми ҷанг, онҳоро ба лагери Равенсбрюк, ки дар наздикии Берлин буд, гузаронданд.
Ин хоҳарон ҳамсинну соли модарам буданд ва барои ҳамин ман онҳоро ҳурмат мекардам. Ман намехостам, ки вақти онҳоро беҳуда сарф карда, сипас баъди гузаштани якчанд ҳафта ё моҳ гӯям, ки ман ба ин шавқ надорам. Ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки ба ман рӯйхати оятҳоро оиди яке аз таълимотҳои католикӣ, ки мерос гирифтани ҳавворият ном дорад, биёранд. Ман ба онҳо гуфтам, ки он оятҳоро бо рӯҳонии маҳаллиамон муҳокима карданиям. Ман фикр мекардам, ки бо ҳамин роҳ ҳақиқатро меёбам.
ФАҲМИДАН ОИДИ ПАДАРИ ҲАҚИҚИИ МУҚАДДАСИ ОСМОНӢ
Калисои румӣ-католикӣ суханони Матто 16:18, 19-ро нодуруст маънидод карда, дар ҳамин асос таълимоти мерос гирифтани ҳаввориятро дастгирӣ мекунад. Он мегӯяд, ки рӯҳониёни калони калисоҳо вориси ҳаввориёнанд ва Попи Рум вориси Петруси ҳавворӣ аст. Попи Румро Падари Муқаддас низ меноманд. Калисои Католикӣ дар бораи ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар маънидоди таълимотҳои динӣ хато намекунад. Бисёри католикон ба ин боварӣ доранд ва имонашон бар ин асос меёбад. Ман ҳам боварӣ доштам, ки агар Поп таълимоти Сегонаро ҳақиқат шуморад, пас ин дуруст аст, вале агар Поп хато кунад, пас Сегона низ дурӯғ буда метавонад.
Вақте ки ман ба пеши рӯҳонӣ рафтам, ӯ ба саволҳоям ҷавоб дода натавонист ва ба ҷои ин ӯ ба ман як китоби католикиро оиди таълимоти меросгирии ҳавворият дод. Ман онро гирифта дар хона хондам ва бо саволҳои аз ин ҳам зиёд ба наздаш баргаштам. Он рӯҳонӣ ба саволҳоям ҷавоб дода натавониста, ба ман чунин гуфт: «Ман ба ту ягон чизро аниқ фаҳмонда наметавонам, ту ҳам ба ман чизеро фаҳмонда наметавонӣ... Паноҳат ба Худо!» Ӯ бо ман дигар ҳеҷ чизро муҳокима кардан намехост.
Баъд аз ин воқеа, ман барои бо Илзе ва Элфриде омӯзиш кардан тайёр будам. Онҳо ба ман дар бораи Падари Муқаддаси ҳақиқиам — Яҳува Худо бисёр чизҳоро таълим доданд (Юҳ. 17:11). Дар он гирду атроф ягон ҷамъомад набуд, барои ҳамин ин хоҳарон ҷамъомадро дар хонаи як оилаи шавқманд мегузаронданд. Ба он танҳо чанд нафар ташриф меоварданд. Барои гузаронидани ҷамъомад бародари таъмидёфтае набуд, бинобар ин Илзе ва Элфриде маълумотро байни худ муҳокима мекарданд. Баъзан ягон бародар аз шаҳри дигар омада, дар бинои иҷорагирифта бо нутқ баромад мекард.
ХИЗМАТ КАРДАНРО САР МЕКУНАМ
Илзе ва Элфриде омӯзиши Китоби Муқаддасро бо ман моҳи октябри соли 1958 сар карданд ва ман ҳамагӣ пас аз се моҳ, январи соли 1959 таъмид гирифтам. Пеш аз таъмид гирифтан ман аз онҳо пурсидам, ки оё метавонам бо онҳо ба мавъизаи хона ба хона рафта бинам, ки ин кор чӣ тавр карда мешавад (Аъм. 20:20). Пас аз як бори бо онҳо ба хизмат рафтан, ман барои худ минтақа пурсидам. Онҳо ба ман қишлоқеро чун минтақа доданд, ки дар он ҷо ман як худам хона ба хона мавъиза намуда, шавқмандонро боздид мекардам. Аввалин бародаре, ки бо ман ба мавъизаи хона ба хона рафт, нозири ноҳиявӣ буд, ки баъдтар ба ҷамъомади мо ташриф овард.
Соли 1960, пас аз тамом кардани таҷрибаомӯзӣ дар меҳмонхона, ман ба хона баргаштам, то хешовандонамро аз ҳақиқати Китоби Муқаддас бохабар кунам. Гарчанде то ҳол ягонтои онҳо ба ҳақиқат наомадааст, баъзеашон шавқ зоҳир карда истодаанд.
ҲАЁТИ ПУРРАВАҚТ ДАР ХИЗМАТ
Соли 1961 филиал ба ҷамъомадҳо нома фиристода, бародарону хоҳаронро даъват намуд, ки оиди пешрав шудан фикр кунанд. Ман, ки муҷаррад будам ва саломатии хуб доштам, барои пешрав нашудан ягон сабаб надоштам. Ман фикр мекардам, ки барои пешрав будан бояд мошин харам. Барои ҳамин, аз нозири ноҳиявӣ Курт Кюн маслиҳат пурсидам, ки оё ман метавонам аввал якчанд моҳ кор карда, мошин хараму баъд хизмати пешравиро сар кунам. Ӯ ба ман гуфт: «Оё ба Исо ва шогирдонаш барои пурравақт хизмат кардан мошин даркор буд?» Аз ин саволи додаи ӯ ман фаҳмидам, ки бояд чӣ кор кунам ва мақсад мондам, ки ҳар чӣ зудтар пешрав мешавам. Аммо ман дар тарабхонае дар як ҳафта 72 соат кор мекардам ва бояд ба реҷаи кориам баъзе тағйиротҳо медаровардам.
Ман аз сардори корхонаам пурсидам, ки оё метавонам ба ҷои 72 соат 60 соат кор кунам. Ӯ ба ин розӣ шуд ва ҳатто миқдори маоши пештараамро медод. Каме нагузашта, ман аз ӯ хоҳиш кардам,
ки дар як ҳафта 48 соат кор кунам. Ин дафъа ҳам ӯ розӣ шуд ва ҳамон миқдори маошро медод. Баъдтар ман аз сардорам иҷозат пурсидам, ки дар як ҳафта фақат 36 соат кор кунам. Ӯ боз розӣ шуд. Бовариам намеомад, ки ман то ҳол ҳамон миқдори пулро мегирифтам! Ба фикрам раис намехост, ки ман аз кор равам. Ин реҷаи корӣ ба ман барои пешравӣ доимӣ шудан кӯмак кард. Он вақтҳо пешравони доимӣ дар як моҳ бояд 100 соат хизмат мекарданд.Пас аз чор моҳ, маро чун пешрави махсус ва чун ходими як ҷамъомади хурди деҳаи Каринтия, ки дар шаҳри Шпиттал-ан-дер-Драу ҷойгир аст, таъин намуданд. Он вақтҳо пешравони махсус бояд дар як моҳ 150 соат хизмат мекарданд. Дар ин намуди хизмат ман ҳамроҳ надоштам, вале маро хоҳар Гертруд Лобнер, ки чун ёрдамчии ходими ҷамъомад хизмат мекард, хуб дастгирӣ менамуд *.
БОЗ ДИГАР ТАЪИНОТҲОИ НАВ
Соли 1963 маро даъват карданд, ки нозири ноҳиявӣ шавам. Баъзан ман бо ҷомадонҳои вазнин ба қатора нишаста, аз як ҷамъомад ба ҷамъомади дигар мерафтам. Азбаски бисёр бародарон мошин надоштанд, онҳо маро дар истгоҳи роҳи оҳан пешвоз гирифта наметавонистанд. Ман намехостам, ки бо гирифтани такси худнамоӣ кунам ва бародаронро дар ҳолати ногувор гузорам, аз ин рӯ пиёда ба хонаи онҳо мерафтам.
Соли 1965 маро ба синфи 41-уми мактаби Ҷилъод таклиф карданд. Дар он бисёриҳо мисли ман муҷаррад буданд. Вақте баъди хатми Мактаб маро аз нав ба зодгоҳам Австрия нозири ноҳиявӣ таъин намуданд, ман аз ин хеле дар ҳайрат мондам. Вале пеш аз он ки ман аз Иёлоти Муттаҳида равам, аз ман хоҳиш карданд, ки дар муддати чор ҳафта бо нозири ноҳиявие ҳамкорӣ кунам. Ман хеле хурсанд будам, ки бо Энтони Конти ҳамкорӣ мекунам, зеро ӯ бародари меҳрубоне буд, ки хизматро дӯст медошт ва дар он фаъол буд. Мо якҷоя дар қисми шимолии Ню-Йорк, дар минтақаи Корнуолл хизмат мекардем.
Вақте ки ман ба Австрия баргаштам, ба як маҳал нозири ноҳиявӣ таъин шудам. Дар яке аз ҷамъомадҳо ман бо хоҳари зебое, ки Тове Мерете ном дошт, вохӯрдам. Ӯ аз синни панҷсолагӣ дар роҳи ҳақиқат тарбия ёфтааст. Вақте ки дигарон аз мо мепурсанд, ки чӣ тавр мо бо ҳам шинос шудем, мо шӯхӣ карда мегӯем, ки «филиал моро бо ҳам шинос кард». Пас аз як сол, моҳи апрели соли 1967 мо оиладор шудем ва ҳамроҳ хизмати нозири ноҳивияро давом додем.
Дар Румиён 8:15 фаҳмонда шудааст, ки чӣ тавр баъзе одамон бо Яҳува муносибатҳои махсус пайдо мекунанд ва писарони рӯҳонии Ӯ мегарданд. Онҳо меҳрубонона ба Ӯ нидо мекунанд: «Эй Або, эй Падар!» Соли 1968 ман фаҳмидам, ки бо марҳамати беҳамтояш Яҳува маро чун писари рӯҳонии худ интихоб кардааст. Ҳамин тавр, ман ба қатори бародарони тадҳиншуда дохил шудам.
Ману ҳамсарам Мерете то соли 1976 дар таъиноти нозири ноҳиявӣ ва вилоятӣ хизматамонро давом додем. Баъзан дар фасли зимистон мо дар ҳуҷраи ях барин хунук, дар ҳарорати аз сифр поён хоб мерафтем. Боре бедор шуда дидем, ки кӯрпаи дар болоямон пӯшида аз ҳаври нафасамон ях баста, шах шудааст. Мо қарор кардем, ки бо худ печкача гирифта мегардем, то ки шабҳо хунук нахӯрем. Дар баъзе ҷойҳо, барои шабона шустушӯ кардан, мо одатан аз болои барфҳо гузашта, ба анборхона мерафтем, ки он ҷо хеле хунук
ва шамолгузар буд. Азбаски мо хонаи худро надоштем, рӯзҳои душанбе низ дар ҳамон хонае, ки дар давоми ҳафтаи хизматӣ истода будем, мемондем. Ва саҳарии рӯзи сешанбе ба ҷамъомади навбатӣ мерафтем.Ман хеле хурсандам, ки завҷаи азизам ҳамеша бароям дастёри хуб аст. Ӯ хизмати мавъизаро дӯст медорад ва ман ҳеҷ гоҳ ӯро аз рафтан ба хизмат бознамедорам. Ӯ дӯстонамонро нағз мебинад ва дар бораи дигарон хеле ғамхорӣ мекунад. Ин бароям кӯмаки калон аст.
Соли 1976 моро барои хизмат ба филиали Австрия, ки дар шаҳри Вена мебошад, таклиф карданд ва ман аъзои Кумитаи филиал таъин шудам. Он вақт филиали Австрия аз болои якчанд мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ғамхорӣ мекард ва роҳҳои эҳтиёткорона бурда расондани адабиётро муайян месохт. Ин корро бародар Юрген Рандел боғайратона роҳбарӣ менамуд. Ман имконияти хуб доштам, ки бо ӯ ҳамкорӣ кунам. Баъдан аз ман хоҳиш карданд, ки барои бо даҳ забони Аврупои Шарқӣ тарҷума шудани адабиётҳоямон роҳбариро ба ӯҳда гирам. Юрген ва ҳамсари ӯ Гертруд то ҳол дар Германия хизмати худро чун пешравони махсус содиқона давом медиҳанд. Аз соли 1978 сар карда, дар филиали Австрия матнҳои тарҷумашуда бо расмҳо якҷоя карда мешаванд ва маҷаллаҳо ба 6 забон чоп мегарданд. Мо ҳамчунин маҷаллаҳоямонро ба хонандагоне, ки дар давлатҳои дигар мебошанд, мефиристодем. Отто Куглич, ки ҳоло бо ҳамсараш Ингрид дар филиали Германия хизмат мекунад, яке аз шахсони асосие буд, ки оиди ин корҳо ғамхорӣ мекард.
Бародарон дар Аврупои Шарқӣ дар давлатҳои худ низ бо истифодаи дастгоҳҳои нусхабардорӣ ё лентаҳо адабиёт чоп мекарданд. Вале ба ҳар ҳол, онҳо ба дастгирии бародарони давлатҳои дигар ниёз доштанд. Яҳува онҳоро дар фаъолияташон муҳофизат мекард. Ҳангоми хизмат дар филиал, мо ин бародаронро, ки солҳои зиёд дар вазъиятҳои душвор содиқона хизмат кардаанд, дӯст доштем.
ТАШРИФИ МАХСУС БА РУМИНИЯ
Соли 1989 ман имконияти пуршараф доштам, ки аъзои Ҳайати роҳбарикунанда бародар Теодор Ярачро дар сафар ба Руминия ҳамроҳӣ кунам. Мақсади сафари мо дар он буд, ки ба гурӯҳи калони бародароне, ки аз нав ба ташкилот баргаштан мехостанд, кӯмак кунем. Аз соли 1949 сар карда, ин бародарон бо сабабҳои гуногун худро аз ташкилот ҷудо карданд ва ҷамъомадҳои худашонро ташкил дода буданд. Вале онҳо
мавъиза карданро давом медоданд ва шахсони навомадаро таъмид медоданд. Онҳо низ чун бародароне, ки қисми ташкилот буданд, барои нигоҳ доштани бетарафии масеҳӣ ҳабс мешуданд. Дар давлати Руминия ҳанӯз фаъолияти мо манъ буд, барои ҳамин мо дар хонаи бародар Рамфил Албу бо чор пирони асосӣ ва намояндагоне, ки Кумитаи филиали Руминия таъин карда буд, ба таври махфӣ вохӯрдем. Ҳамчунин бародари австриягӣ Ролф Келнер моро чун тарҷумон ҳамроҳӣ мекард.Шоми рӯзи дигар, бародар Албу чор пирони дигарро розӣ кунонданӣ шуд, ки ба мо ҳамроҳ шаванд. Ӯ гуфт: «Агар ҳозир мо ин корро накунем, шояд дигар ҳеҷ гоҳ чунин имконият нашавад». Баъди ин, қариб 5000 бародарон ба ташкилот баргаштанд. Ин чӣ ғалабаи бузурге буд барои Яҳува ва чӣ зарбае сахте барои Шайтон!
Дар охири соли 1989, пеш аз шикаст хӯрдани сохтори коммунистӣ дар Аврупои Шарқӣ, Ҳайати роҳбарикунанда ману занамро даъват намуданд, ки барои хизмат ба идораи марказӣ, ба Ню-Йорк кӯчем. Ин барои мо тӯҳфаи ногаҳонӣ буд. Мо хизматро дар Байт-Или Бруклин моҳи июли соли 1990 сар кардем. Соли 1992, ман чун ёрдамчии Кумитаи хизматии Ҳайати роҳбарикунанда таъин шудам ва аз соли 1994 сар карда, ман шарафманд шудам, ки дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат кунам.
МУЛОҲИЗА ОИДИ ГУЗАШТА ВА НАЗАР БА СӮИ ОЯНДА
Дар гузашта ман дар меҳмонхона чун пешхизмат кор карда, ба одамон хӯрок мекашондам. Ҳоло бошад, ман имконияти пуршараф дорам, ки ҳамроҳи дигарон дар тайёр кардан ва тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ барои бародарияти умумиҷаҳониамон, иштирок кунам (Мат. 24:45–47). Ба зиёда аз 50 соли хизмати махсуси пурравақти худ нигариста, ман нисбати Яҳува миннатдории самимӣ ҳис мекунам. Вақте ман мебинам, ки чӣ тавр Яҳува бародарияти умумиҷаҳонии моро баракат медиҳад, дилам аз шодӣ лабрез мегардад. Ман ба анҷуманҳои байналхалқии Шоҳидони Яҳува рафтанро дӯст медорам, чунки дар онҳо мо дар бораи Падари осмониамон, Яҳува ва оиди ҳақиқати Китоби Муқаддас таълим мегирем.
Ман дуо мегӯям, ки боз миллионҳо одамон Китоби Муқаддасро омӯзиш карда, ҳақиқатро қабул намоянд ва дар ягонагӣ бо бародарияти умумиҷаҳонии мо ба Яҳува ибодат кунанд (1 Пет. 2:17). Ҳамчунин ман интизори онам, ки аз осмон истода, дар замин эҳёшавии мурдагонро мушоҳида кунам ва ниҳоят, падари заминии худро бубинам. Ман умедворам, ки ӯ, модарам ва дигар хешовандони азизам, баъди эҳё шуданашон хоҳиш хоҳанд дошт, ки Яҳуваро ибодат кунанд.
Ман интизори онам, ки аз осмон истода, дар замин эҳёшавии мурдагонро мушоҳида кунам ва ниҳоят падари заминии худро бубинам
^ сарх. 15 Тарҷумаи ҳоли онҳо дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) аз 1 ноябри с. 1979 нашр гардидааст.
^ сарх. 27 Ҳоло ба ҷои ходими ҷамъомад ва ёрдамчии ходими ҷамъомад, ба ҳар як ҷамъомад координатори ҳайати пирон ва котиб таъин мешаванд.