Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Вақте баргаштӣ, бародаронатро устувор гардон»

«Вақте баргаштӣ, бародаронатро устувор гардон»

БАЪДИ он ки Петрус шогирди Исо буданашро инкор кард, овози худро баланд карда зор-зор гирист. Ҳарчанд ба худи Петрус лозим буд, ки камбудии худро ислоҳ кунад, Исо мехост ӯро барои кӯмак ба дигарон истифода барад. Барои ҳамин, Исо ба вай гуфт: «Вақте баргаштӣ, бародаронатро устувор гардон» (Луқ. 22:32, Тарҷумаи форсии дарӣ; 22:54–62). Баъдтар, Петрус яке аз сутунҳои ҷамъомади асри як гашт (Ғал. 2:9). Ба ин монанд, бародаре, ки пештар чун пир хизмат мекард, аз нав метавонад он масъулиятро бар ӯҳда гирад ва ҳамимононро рӯҳан устувор гардонад.

Баъзе касоне, ки як вақтҳо чун пири ҷамъомад хизмат мекарданд ва сипас аз ин масъулият дур карда шуданд, шояд ҳис кунанд, ки онҳо гӯё аз ӯҳдаи иҷрои ин кор набаромаданд. Ҳулио * ном бародар, ки дар Амрикои Ҷанубӣ зиёда аз 20 сол чун пир хизмат карда буд, мегӯяд: «Тайёр кардани нутқҳо, бародару хоҳаронро хабар гирифтан ва чӯпонӣ кардани рамаи Яҳува дар ҳаёти ман нақши муҳимро мебозид! Вақте ки ман аз ин таъинот маҳрум шудам, маънои зиндагиам гум шуд. Хулоса, ин бароям давраи вазнине буд». Ҳоло бошад, Ҳулио аз нав пири ҷамъомад шуда хизмат мекунад.

«ИНРО БАРОИ ХУД ШОДИИ БУЗУРГ ҲИСОБ КУНЕД»

Яъқуби ҳавворӣ навишта буд: «Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед» (Яъқ. 1:2). Яъқуб дар бораи душвориҳое сухан меронад, ки аз рӯи нокомилии худамон ё содиқ мондан ба Худо пайдо мешаванд. Ӯ худхоҳиву худпарастӣ, рӯихотиркунӣ ва дигар хислатҳоро номбар кард (Яъқ. 1:14; 2:1; 4:1, 2, 11). Вақте ки Яҳува ба мо дарси адаб медиҳад, ин дарднок буда метавонад (Ибр. 12:11). Аммо чунин душвориҳо набояд моро рӯҳафтода кунанд.

Ҳатто агар мо таъиноти худро дар ҷамъомад аз даст дода бошем ҳам, мо имконият дорем, ки то чӣ андоза мустаҳкам будани имонамонро бисанҷем ва муҳаббати худро ба Яҳува нишон диҳем. Ҳамчунин оиди он андеша кардан мумкин аст, ки мо аз кадом ният хизмат мекардем. Оё мо ба гирифтани ин  таъинот барои манфиати худ кӯшиш карда будем ё аз рӯи муҳаббат ба Худо? Оё мо дар хотир доштем, ки ҷамъомад аз они Худост ва он сазовори ғамхориву муҳаббат аст? (Аъм. 20:28–30). Онҳое, ки пештар чун пир хизмат мекарданду ҳоло не, агар ба Худо хизмат карданро хурсандона давом диҳанд, бо ин нишон хоҳанд дод, ки муҳаббаташон нисбати Яҳува самимист. Ҳамин тавр, онҳо ба ҳама, аз ҷумла ба Шайтон исбот хоҳанд кард, ки хизматашон аз дилу нияти соф аст.

Ҳангоме ки шоҳ Довуд гуноҳҳои ҷиддӣ содир кард, Худо ӯро мазаммат кард. Азбаски Довуд сарзаниши Яҳуваро қабул кард, гуноҳҳояш бахшида шуд. Довуд дар ин бора суруда буд: «Хушо касе ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст. Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад, ва дар рӯҳи вай ҳилагарӣ нест» (Заб. 31:1, 2). Ин сарзаниш ба Довуд фоида овард, чунки баъдтар ӯ барои халқи Худо чӯпони боз ҳам беҳтаре гардид.

Аксар вақт бародароне, ки пеш чун пир хизмат мекарданд, ҳангоми ба таъиноти худ баргаштан, аз пештара дида чӯпони беҳтар мегарданд. Яке аз он бародарон чунин мегӯяд: «Акнун ман беҳтар мефаҳмам, ки ба онҳое, ки хатогӣ мекунанд, чӣ тавр ёрдам диҳам». Пири дигаре мегӯяд: «Ҳоло ман ба бародарон хизмат карданро аз пештара дида бештар қадр мекунам».

ОЁ ШУМО МЕТАВОНЕД БАРГАРДЕД?

«[Яҳува] ба сурати абадӣ мазаммат намекунад»,— навишт забурнавис (Заб 102:9). Барои ҳамин мо набояд фикр кунем, ки Худо ба шахсе, ки гуноҳи ҷиддӣ содир карда буд, дигар ҳеҷ гоҳ бовар намекунад. «Ман аз хатои кардаам сахт рӯҳафтода будам»,— мегӯяд Рикардо, ки баъди солҳои зиёди чун пир хизмат карданаш ин масъулиятро аз даст дод. «Дар давоми солҳои зиёд ман худро ноӯҳдабаро ҳис мекардам ва ин ба ман халал мерасонд, ки баргашта ба бародарон чун нозир хизмат кунам. Ман аз худ дилпур набудам, ки аз нав худро чун шахси боваринок нишон дода метавонам. Аммо азбаски ман ба дигарон кӯмак карданро дӯст медоштам, ман метавонистам омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронам, бародаронро дар Толори Салтанат рӯҳбаланд кунам ва бо онҳо дар хизмати мавъиза ҳамкорӣ намоям. Ҳамаи ин ба ман кӯмак кард, ки аз нав ба худ боварии бештар пайдо кунам ва ҳоло ман аз нав чун пир хизмат мекунам».

Яҳува ба бисёр касон кӯмак кард, то аз нав чун пир бо шодмонӣ хизмат кунанд

Агар бародаре аз боиси воқеаи гузашта ба дил кина гирад, ин барои ба таъиноти пештарааш бозгаштан монеа шуда метавонад. То чӣ андоза хуб мебуд, ки мо мисли хизматгори Яҳува,— Довуд,  бошем! Ӯ аз шоҳи ҳасудхӯр — Шоул мегурехт ва сарсону саргардон буд. Борҳо Довуд имконият дошт, ки қасди худро аз Шоул гирад, вале ӯ чунин накард (1 Подш. 24:4–7; 26:8–12). Вақте Шоул дар ҷанг ҳалок гашт, Довуд барои ӯ мотам гирифта, ӯ ва писараш Йӯнотонро дар марсияи худ шахсони «маҳбуб ва меҳрубон» номид (2 Подш. 1:21–23). Чӣ хеле мебинем, Довуд дар дилаш кина нагирифт.

Агар шумо фикр кунед, ки дигарон нисбататон беадолатона рафтор карданд ё ин ки вазъияти шуморо пурра нафаҳмиданд, нагузоред, ки шуморо ҳиссиёти хафагӣ фаро гирад. Масалан, вақте ки Вилиам баъди 30-соли хизмат ҳамчун пири ҷамъомад дар Бритониё аз таъиноташ маҳрум гашт, ӯ аз баъзе пирони дигар гиламанд шуд. Чӣ ба Вилиам кӯмак кард, ки бар ҳиссиёти манфии худ ғолиб ояд? «Хондани китоби Айюб маро рӯҳбаланд кард,— гуфт ӯ,— агар Яҳува ба Айюб барои бо се рафиқаш оштӣ шудан кӯмак карда бошад, пас то чӣ андоза зиёдтар Ӯ ба ман барои оштӣ шудан бо пирони масеҳӣ кӯмак хоҳад кард!» (Айюб 42:7–9).

ХУДО ОНҲОЕРО, КИ АЗ НАВ ЧУН ЧӮПОН ХИЗМАТ МЕКУНАНД, БАРАКАТ МЕДИҲАД

Мумкин шумо бо хоҳиши худ аз чӯпонӣ кардани рамаи Яҳува даст кашида бошед. Хуб мебуд, ки оиди сабаби ин рафтори худ мулоҳиза ронед. Оё сабабаш душвориҳои шахсиатон буд? Ё дар ҳаёти шумо чизҳои дигари аз ин кор муҳимтар пайдо шуданд? Ё шумо аз нокомилии дигарон рӯҳафтода шудед? Чӣ хеле ки набошад, дар ёд дошта бошед, ки пеш шумо барои ба дигарон ёрдам додан имкониятҳои бештар доштед. Нутқҳои шумо ҳамимононро устувор мегардонд, намунаи шумо онҳоро рӯҳбаланд мекард ва ҳангоме ки шумо ба хабаргирии онҳо мерафтед, ин барои истодагарӣ дар озмоишҳо ба онҳо қувват мебахшид. Хизмати шумо чун пири вафодори ҷамъомад дили Яҳуваро шод мегардонд, чуноне ки дили худи шумо аз ин шод мешуд (Мас. 27:11).

Бо хурсандӣ дар хизмати муқаддас иштирок карда, муҳаббати худро ба Яҳува нишон диҳед

Яҳува ба пирони зиёде кӯмак расонд, то ки ба масъулияти пештараи худ баргашта, аз нав хурсандиро дар чунин намуди хизмат ҳис кунанд. Хоҳ шумо аз ин масъулият маҳрум шуда бошед, хоҳ бо хоҳиши худ онро гузошта будед, шумо аз сари нав барои пири ҷамъомад гардидан кӯшиш карда метавонед (1 Тим. 3:1). Павлус «дуо ва илтимосро бас» намекард, то ки масеҳиёни шаҳри Қӯлассо бо дониши аниқи иродаи Худо пур гашта «ба тавре ки муносиби Худованд» аст, рафтор намоянд ва «аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд» оянд (Қӯл. 1:9, 10). Агар шумо барои аз нав чун пир хизмат кардан шарафманд гардидед, ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ қувват, сабру тоқат ва шодмонӣ пурсед. Дар ин рӯзҳои охир халқи Худо ба кӯмаки рӯҳонии чӯпонони ғамхор мӯҳтоҷ аст. Оё шумо имконият доред ва тайёред, ки баргашта бародарони худро устувор гардонед?

^ сарх. 3 Баъзе номҳо иваз шудаанд.