Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар куҷое ки набошед, ба овози Яҳува гӯш диҳед

Дар куҷое ки набошед, ба овози Яҳува гӯш диҳед

«Гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: “Роҳ ин аст”» (ИШ. 30:21).

1, 2. Яҳува бо кадом роҳҳо бо ходимонаш сухан мегӯяд?

ДАР тӯли таърих одамон аз Яҳува бо роҳҳои гуногун роҳнамоиву дастурот мегирифтанд. Ӯ ба назди онҳо фариштагонро мефиристод, дар хоб ё дар рӯъё бо онҳо гап мезад, воқеаҳои ояндаро ба онҳо мекушод ва ё супоришҳои махсус медод (Ад. 7:89; Ҳиз. 1:1; Дон. 2:19). Дар мавриди дигар ӯ баъзе одамонро чун намояндаи худ интихоб карда, тавассути онҳо халқашро ҳидоят мекард. Новобаста аз он ки халқи Яҳува бо кадом роҳ аз Ӯ дастурот мегирифт, касе ки ба он роҳнамоӣ итоат мекард, ҳатман соҳиби баракат мешуд.

2 Имрӯз Яҳува халқашро ба воситаи Китоби Муқаддас, рӯҳулқудс ва ҷамъомад роҳнамоӣ мекунад (Аъм. 9:31; 15:28; 2 Тим. 3:16, 17). Дастуроте, ки мо аз Ӯ мегирем, чунон равшану фаҳмост, ки гӯё гӯшҳоямон аз қафо овозеро мешунаванд: «Роҳ ин аст, бо он биравед» (Иш. 30:21). Яҳува инчунин ба воситаи Исо овозашро ба мо мешунавонад. Ӯ ба Исо супориш додааст, ки ҷамъомадро тавассути «ғуломи мӯътамад ва доно» роҳнамоӣ кунад (Мат. 24:45). Мо бояд ба дастуроту роҳнамоии Яҳува ҷиддӣ муносибат кунем, зеро ҷовидона зистани мо аз итоаткор будан ё набудани мо вобаста аст (Ибр. 5:9).

3. Чӣ ба мо барои қабул кардани ҳидояти Яҳува халал расонда метавонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Шайтон медонад, ки дастуроти Яҳува ҳаёти моро наҷот медиҳад, барои ҳамин ӯ бо тамоми қувваташ мекӯшад ҳуши моро парешон кунад, то ки мо онро гӯш накунем. Ғайр аз ин,  дили маккори худи мо метавонад моро аз итоаткории пурра ба Яҳува боздорад (Ирм. 17:9). Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр бар ин монеаҳо, ки барои ба овози Яҳува гӯш додан халал мерасонанд, ғолиб омадан мумкин аст. Ҳамчунин дида мебароем, ки чӣ тавр гӯш кардани овози Яҳува ва дар дуо бо Ӯ гап задан ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар ҳар вазъу шароит муносибати наздикро бо Ӯ нигоҳ дорем.

МУБОРИЗА БО ДАСИСАҲОИ ШАЙТОН

4. Чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки фикрронии одамонро вайрон кунад?

4 Шайтон мекӯшад, ки бо истифодаи маълумоти дурӯғ ва тарғиботи гумроҳкунанда ба ақлу ҳуши одамон таъсир кунад (1 Юҳанно 5:19-ро бихонед.) Ба воситаи рӯзномаву китобҳо, маҷаллаҳо, радио, телевизион ва Интернет тамоми замин аз маълумот пур шудааст. Ҳарчанд аз ин воситаҳо баъзе маълумоти фоиданок ва шавқоварро гирифтан мумкин аст, аксар вақт онҳо рафтореро тарафдорӣ мекунанд, ки бар муқобили меъёрҳои Яҳува мебошад (Ирм. 2:13). Масалан, барномаҳои ахборотӣ ва фароғатӣ оиди бо ҳам издивоҷ кардани ду шахси ҳамҷинс бемалол сухан меронанд, ки гӯё он раво аст ва ягон ҷои бадие надорад. Дар натиҷа, бисёри одамон гумроҳ шуда, фикр мекунанд, ки чизе ки Китоби Муқаддас дар бораи ҳомосексуализм мегӯяд, аз ҳад сахтгирона аст (1 Қӯр. 6:9, 10).

5. Чӣ кор кунем, то сели фиребу найранги Шайтон моро шуста набарад?

5 Чӣ кор кунем, то сели фиребу найранги Шайтон моро шуста набарад? Агар мо Яҳуваро дӯст дорем, бояд некро аз бад фарқ карда тавонем. Чӣ тавр? — «Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи каломи [Худо]» (Заб. 118:9). Дастуроте, ки дар Каломи Худо дода шудааст, ба мо ёрӣ медиҳад, ки маълумоти дуруст ва ҳақро аз тарғиботи гумроҳкунанда фарқ кунем (Мас. 23:23). Исо аз Навиштаҳо иқтибос оварда гуфт, ки одамизод бояд «бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд» зиндагӣ кунад (Мат. 4:4). Мо бояд дар ҳаётамон чӣ тавр ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд гирем. Масалан, асрҳо пеш аз он ки Мусо оиди хиёнати ҳамсарӣ қонуни Яҳуваро нависад, Юсуфи ҷавон мефаҳмид, ки алоқаи ҷинсӣ бо зани Фӯтифар гуноҳ ба муқобили Худо аст. Ӯ фикри ба Яҳува беитоатӣ карданро ҳатто ба сараш роҳ намедод. (Ҳастӣ 39: 7–9-ро бихонед.) Ҳарчанд зани Фӯтифар муддати дароз ба ӯ фишор меовард, Юсуф бо иродаи қавӣ овози ӯро нею, овози Яҳуваро гӯш мекард. Имрӯз низ барои некро аз бад фарқ кардан, мо бояд ба овози Яҳува гӯш диҳем ва аз шунидани садои гӯшхароши тарғиботи шайтонӣ гӯши худро маҳкам кунем.

6, 7. Барои ба доми макру фиреби Шайтон наафтодан, мо бояд чӣ кор кунем?

6 Ҷаҳон инчунин аз ақидаҳои динии бо якдигар муқобил пур гаштааст. Аз сабаби чунин гуногунии таълимоти динӣ бисёр одамон фикр мекунанд, ки дини ҳақиқиро ёфта намешавад. Лекин онҳое, ки ба гӯш кардани овози Яҳува тайёранд, ҳақиқатро ба осонӣ ёфта метавонанд. Азбаски мо наметавонем ба ду овоз яку якбора гӯш диҳем, мо бояд интихоб намоем, ки ба овози кӣ гӯш кунем. Чӣ хеле ки гӯсфандон овози чӯпони худро шинохта, аз паси ӯ мераванд, мо низ бояд овози Исоро аз овози  бегонагон фарқ кунем. Яҳува ӯро бар гӯсфандонаш чӯпон таъин кардааст. (Юҳанно 10:3–5-ро бихонед.)

7 «Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед»,— гуфт Исо (Марқ. 4:24). Дастуроти Яҳува фаҳмо ва равшан аст, вале мо бояд дили итоаткор дошта бошем ва он ҳидоятро қабул кунем. Агар эҳтиёт нашавем, мо ба ҷои қабул кардани дастуроти пурмуҳаббати Худо, ба доми макру фиреби Шайтон афтода метавонем. Ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки мусиқиву филмҳои ин ҷаҳон, китобҳо ва барномаҳои телевизионӣ, шиносону муаллимон ё шахсони ба ном доно ҳаёти шуморо идора кунанд (Қӯл. 2:8).

8. а) Чӣ тавр Шайтон сустиҳои моро истифода бурда, ба осонӣ ба мо таъсир карда метавонад? б) Агар мо ба овози Яҳува гӯш надиҳем, чӣ рӯй доданаш мумкин аст?

8 Шайтон медонад, ки мо майлу хоҳиши гунаҳкорона дорем. Вақте ки ӯ аз сустиҳои мо истифода бурда, ба мо фишор меорад, нигоҳ доштани беайбӣ бароямон беҳад душвор буда метавонад (Юҳ. 8:44–47). Чӣ тавр мо чунин ҳолатҳои душворро бомуваффақият паси сар карда метавонем? Як мисол меорем. Шахсе шояд гуноҳе содир кунад, ки карданашро ҳеҷ гоҳ намехост. Чаро ин тавр шуд? Мумкин ӯ ба ягон вақтхушӣ чунон дода шуд, ки оҳиста-оҳиста ба овози Яҳува гӯш доданро бас кард (Рум. 7:15). Яъне, шояд вай дуо намегуфт, дар хизмат суст шуда буд ё ба ҷамъомадҳо намерафтагӣ шуд. Агар вай дар бобати ин корҳо бодиққат мебуд, он гоҳ мефаҳмид, ки дар дилаш чӣ гуна майлу хоҳишҳои нодуруст пайдо шуда истодаанд. Лекин ӯ ба ин аломатҳои огоҳкунанда аҳамият надод ё шояд дидаву дониста онҳоро рад намуд. Оқибат, ӯ ба хоҳиши нодуруст дода шуда, кореро кард, ки бад будани онро медонист. Агар мо нисбати овози Яҳува бодиққат бошем ва фикрҳои нодурустро дарҳол аз сари худ дур кунем, мо худро аз чунин хатои дардовар нигоҳ дошта метавонем. Ва агар мо овози Яҳуваро шунидан хоҳем, бояд фикру хоҳишҳои осиёнаро дар худ напарварем ва ақидаҳои осиёнро гӯш накунем (Мас. 11:9).

9. Барои чӣ саривақт муайян кардани хоҳиши нодурусти диламон муҳим аст?

9 Чӣ қадаре ки аз беморӣ барвақттар бохабар шавем, ҳамон қадар хуб аст, чунки ин ҳаёти шахсро наҷот дода метавонад. Ба ҳамин монанд, агар мо майлҳои гунаҳкоронаи худро ҳар чӣ зудтар пай барем, худро аз фалокат нигоҳ дошта метавонем. Аз рӯи хирад аст, ки бо баробари фаҳмидани чунин майлҳо, ба зудӣ бо онҳо мубориза барем, то ки ба «доми иблис» наафтем (2 Тим. 2:26). Чӣ бояд кард агар мо пай барем, ки фикру хоҳишҳоямон аз он чизе ки писанди Яҳува аст, дур мебошанд? Мо бояд ҳар чӣ зудтар ислоҳ шавем ва аз Ӯ роҳнамоӣ пурсида, ба овозаш аз таҳти дил гӯш диҳем (Иш. 44:22). Лекин дар асл, ҳатто баъди ислоҳ шудан, оқибати баъзе  хатогиҳо дардовар буда метавонад. Барои ҳамин, биёед беҳтараш аз роҳи Яҳува ҳеҷ гоҳ дур нашавем ва ба содир кардани чунин хатоҳои ҷиддӣ роҳ надиҳем!

Чӣ тавр доштани реҷаи хуби рӯҳонӣ шуморо аз дасисаҳои Шайтон муҳофизат карда метавонад? (Ба сархатҳои 4–9 нигаред)

БА ҒУРУР ВА ЧАШМГУРУСНАГӢ ҒОЛИБ ОЕД

10, 11. а) Баъзе аломатҳои ғурур кадоманд? б) Аз исёни Қӯраҳ, Дотон ва Абиром мо чиро меомӯзем?

10 Мо бояд дарк кунем, ки диламон низ моро гумроҳ карда метавонад. Чӣ таъсири калоне доранд майлҳои гунаҳкорона ба мо! Барои мисол ғурур ва чашмгуруснагиро дида мебароем. Фикр кунед, ки чӣ тавр ин хислатҳо ба гӯш додани овози Яҳува ба мо халал мерасонанд ва моро ба роҳи ҳалокат тела медиҳанд. Шахси мағрур худро аз будаш зиёд медонад. Ӯ шояд фикр кунад, ки ба кардани ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, ҳақ дорад. Ва касе набояд ба ӯ гӯяд, ки чиро кардан дуруст асту чиро не. Ӯ ба роҳнамоӣ ва маслиҳати ҳамимонон, пирони ҷамъомад ва ҳатто ташкилоти Худо нописанд буда метавонад. Барои чунин кас садои Яҳува бениҳоят паст гардидааст.

11 Дар давоми сафари тӯлонии исроилиён дар биёбон, Қӯраҳ, Дотон ва Абиром бар зидди ҳокимияти Мусо ва Ҳорун исён бардоштанд. Он исёнкорон аз рӯи кибру ғурур ба таври ба худашон маъқул Яҳуваро ибодат карданӣ шуданд. Яҳува бо онҳо чӣ кор кард? Ӯ ҳамаи он исёнкоронро ҷазо дод (Ад. 26:8–10). Чӣ дарси муҳимест ин воқеаи таърихӣ бароямон! Исён бар зидди Яҳува ба сарамон бадбахтӣ меорад. Биёед ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки «натиҷаи ғурур ҳалокат аст» (Мас. 16:18 Тарҷумаи форсии дарӣ; Иш. 13:11).

12, 13. а) Мисол оред, ки чӣ тавр ба чашмгуруснагӣ дода шудан бадбахтӣ оварда метавонад. б) Фаҳмонед, ки чаро агар лаҷоми хоҳиши тамаъкоронаро саривақт накашем, он ба зудӣ моро фаро мегирад.

12 Чашмгуруснагӣ низ хатарнок аст. Шахси тамаъкор ва чашмгурусна бисёр вақт чизҳои зиёдро ба худ раво дида, аз чорчӯбаи рафтори шоиста берун мебарояд. Вай фикр мекунад, ки соҳиби чизҳое шуда метавонад, ки ба ӯ тааллуқ надоранд. Биёед мисолеро дида бароем. Сарлашкари арамӣ Наамон бемории махав дошт ва пайғамбари Худо Элишоъ ӯро шифо бахшид. Наамон чунон аз ӯ миннатдор шуд, ки пулу ҳадя пешкаш кард, лекин Элишоъ нагирифт. Аммо хизматгори Элишоъ Ҷеҳазӣ бошад, ба он ҳадяҳо чашм ало кард. Ҷеҳазӣ ба худ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд қасам, ки ман аз қафои [Наамон] давида, чизе аз вай хоҳам гирифт». Пинҳонӣ аз Элишоъ вай аз қафои Наамон тохта, ба ӯ расид ва гапи дурӯғ зад, то ки аз ӯ «як киккар нуқра ва ду даста либос» гирад. Бо Ҷеҳазии чашмгурусна чӣ рӯй дод? Махаве, ки Наамон дошт, ба ӯ гузашт! (4 Подш. 5:20–27).

13 Хоҳиши тамаъкорона метавонад дар аввал хурд бошад, вале агар лаҷоми онро сари вақт накашем, он метавонад тез афзоиш ёфта, ақлу дили шахсро пурра фаро гирад. Нақли Китоби Муқаддас оиди Охон равшан нишон медиҳад, ки чашмгуруснагӣ касро ба чӣ тела дода метавонад. Аҳамият диҳед, чӣ тавр хоҳиши нодурусти Охон зуд авҷ гирифт. Ӯ гуфт: «Вақте ки дар миёни ғанимат як ҷомаи зебои шинъорӣ, ва дусад сиқл нуқра, ва як сихи тиллоро, ки вазнаш панҷоҳ сиқл буд, дидам, онҳоро тамаъ намуда, гирифтам». Ба ҷои аз худ дур кардани хоҳиши нодуруст, Охон ҳарисона он чизҳоро дуздид ва бурда дар хаймаи худ пинҳон кард. Вақте ки гуноҳи Охон фош гардид, Еҳушаъ ба ӯ гуфт, ки Яҳува ба сари ӯ фалокат хоҳад овард. Охон ва оилааш дар худи ҳамон рӯз сангсор карда, кушта шуданд (Еҳ. 7:11, 21, 24, 25). Хатари ба васвасаи ҳирсу тамаъ дода шудан ҳамеша ба мо таҳдид мекунад. Барои ҳамин, биёед, аз ҳар намуди чашмгуруснагӣ ҳазар кунем (Луқ. 12:15). Ҳарчанд дар майнаи мо баъзан фикрҳои нодуруст ва хоҳишҳои бадахлоқона пайдо мешаванд, ба мо хеле муҳим аст, ки фикрҳои худро идора кунем ва нагузорем, ки хоҳишҳоямон моро ба кардани гуноҳ тела диҳанд. (Яъқуб 1:14, 15-ро бихонед.)

14. Чӣ кор кунем, то ба васвасаи ғурур ва чашмгуруснагӣ дода нашавем?

14 Бале, ҳам ғурур ва ҳам чашмгуруснагӣ нохушӣ оварда метавонад. Оиди оқибати  гуноҳ андеша кардан ба мо кӯмак мерасонад, ки ба овози Яҳува гӯш доданро давом диҳем (Такр. Ш. 32:29). Дар Китоби Муқаддас Яҳува ба мо манфиати роҳи рост ва оқибати бади роҳи каҷро нишон медиҳад. Агар дар мо васвасаи ба ғурур ё чашмгуруснагӣ дода шудан пайдо шавад, хуб мебуд, ки оқибати рафтори хатои худро фикр кунем. Мо бояд андеша кунем, ки чӣ тавр ин рафтор ба худамон, наздиконамон ва хусусан ба муносибатҳоямон бо Яҳува таъсир карда метавонад.

БО ЯҲУВА МУОШИРАТИ НАЗДИКРО НИГОҲ ДОРЕД

15. Аз намунаи Исо мо барои худ чӣ дарс мегирем?

15 Яҳува барои мо ҳаёти аз ҳама беҳтаринро мехоҳад (Заб. 1:1–3). Ӯ ба мо сари вақт дастуроти лозима медиҳад. (Ибриён 4:16-ро бихонед.) Исо ҳарчанд комил буд, ӯ мунтазам бо Яҳува муошират мекард ва доимо дуо мегуфт. Яҳува Исоро бо тарзҳои аҷоиб дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекард. Ӯ дар интихоби 12 ҳаввориаш ба Исо роҳ нишон дод, фариштагонро барои хизмати ӯ фиристод ва тавассути рӯҳулқудсаш дастгирӣ мекард. Яҳува ҳатто аз осмон гап зад, то аз Исо розӣ буданашро нишон диҳад ва ӯро дастгирӣ намояд (Мат. 3:17; 17:5; Марқ. 1:12, 13; Луқ. 6:12, 13; Юҳ. 12:28). Мисли Исо, мо ҳам бояд мунтазам дар дуо диламонро ба Худо холӣ кунем (Заб. 61:8, 9; Ибр 5:7). Ба туфайли дуо, мо низ метавонем бо Яҳува муоширати наздикро нигоҳ дошта, тавре зиндагӣ кунем, ки номи Ӯро ҷалол диҳем.

16. Яҳува барои гӯш кардани овозаш ба мо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?

16 Гарчанд Яҳува ҳамеша ба мо маслиҳату насиҳат медиҳад, Ӯ касеро маҷбур намекунад, ки мувофиқи он амал кунад. Барои гӯш кардан ба овози Яҳува, мо бояд аз Ӯ рӯҳулқудс пурсем ва Ӯ саховатмандона онро ба мо медиҳад. (Луқо 11:10–13-ро бихонед.) Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд ба он чизе ки мешунавем, диққат диҳем (Луқ. 8:18). Агар мо аз Яҳува барои мубориза бо майлҳои бадахлоқона кӯмак пурсему лекин тамошои порнография ё филмҳои бадахлоқонаро давом диҳем, бо ин нишон медиҳем, ки дар асл ёрдами Ӯро намехоҳем. Агар ҳақиқатан ёрдами Яҳуваро хоҳем, мо бояд дар ҷойҳое қарор дошта бошем, ки дар он ҷо рӯҳулқудси Яҳува ҳаст. Масалан, мо медонем, ки рӯҳи Ӯ дар вохӯриҳои ҷамъомад ҳаст. Бисёри ходимони Яҳува дар вохӯриҳоямон овози Яҳуваро гӯш карда, ҳамин тавр худро аз нохушиҳо нигоҳ доштаанд. Ташрифорӣ ба ҷамъомад ёрӣ медиҳад, ки дар диламон пайдо шудани майлу хоҳишҳои нодурустро пай барем ва сипас аз болои худ кор карда, худро ислоҳ кунем (Заб. 72:12–17; 142:10).

ҲАМЕША БА ОВОЗИ ЯҲУВА БОДИҚҚАТ ГӮШ ДИҲЕД

17. Чаро ба хиради худ такя кардан хатарнок аст?

17 Мо аз ҳаёти шоҳи Исроил Довуд барои худ дарси муҳиме гирифта метавонем. То даме ки Довуд ба Яҳува такя мекард, ӯ корҳои бузургро анҷом медод. Дар айёми наврасиаш ӯ тавонист бар Ҷолёти азимҷусса ғолиб ояд. Баъдтар ӯ сарбоз шуд ва сипас шоҳи мамлакат гашт. Ӯ халқи Худоро муҳофизат мекард ва барои некӯаҳволии он қарорҳои хуб мебаровард. Вале, вақте Довуд ба хиради худ такя кард, дилаш ӯро фиреб дод. Ӯ бо Батшобаъ гуноҳи ҷиддӣ содир намуд ва ҳатто куштани шавҳари ӯ, Уриёро, ташкил кард. Лекин, вақте Яҳува Довудро мазаммат кард, ӯ овози Яҳуваро фурӯтанона гӯш карда, ба гуноҳаш иқрор шуд ва муносибаташро бо Яҳува аз нав барқарор кард (Заб. 50:6, 8, 12, 13).

18. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки доим овози Яҳуваро шунавем?

18 Биёед ба насиҳати дар 1 Қӯринтиён 10:12 навишташуда гӯш диҳем ва худбовар нашавем. Азбаски мо «қадамҳои худро» ҳидоят карда наметавонем, мо ё ба овози Яҳува гӯш медиҳем ё ба овози Шайтон (Ирм. 10:23). Дуо ба мо кӯмак мекунад, ки овози Яҳуваро шунавем. Аз ин рӯ биёед, пайваста дуо гуфта, мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал кунем ва ба он чизе ки Яҳува мегӯяд, бодиққат бошем.