Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Исо ба саддуқиён гуфт, ки эҳёшудагон «на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд» (Луқ. 20:34–36). Оё ӯ эҳёшавӣ дар рӯи заминро дар назар дошт?

Ин хеле саволи муҳим аст, хусусан барои он шахсоне ки ҳамсари азизашонро аз даст додаанд. Чунин касон шояд сахт мехоҳанд, ки ҳамсари маҳбубашонро дар дунёи нав дида, боз дар издивоҷ бо онҳо бипайванданд. Як марде, ки занаш вафот карда буд, мегӯяд: «Ман ва занам намехостем, ки издивоҷамон поён ёбад. Мо ҳамеша орзу доштем, ки якҷоя чун зану шавҳар абадан Худоро ибодат кунем. Ин орзу дар дили ман то ҳол боқӣ мондааст». Оё умеди асосноке ҳаст, ки эҳёшудагон дар биҳишт оиладор шуда метавонанд? Кӯтоҳ карда гӯем, мо инро аниқ намедонем.

Давоми солҳои зиёд дар адабиётамон гуфта мешуд, ки суханони Исо дар бораи эҳёшавӣ ва издивоҷ ба эҳёшавии заминӣ дахл доранд ва онҳое, ки дар дунёи нав зинда мегарданд, аз афташ дигар оиладор намешаванд * (Мат. 22:29, 30; Марқ. 12:24, 25; Луқ. 20:34–36). Оиди ин масъала мо ба таври қатъӣ чизе гуфта наметавонем. Лекин, эҳтимолияти бештар аст, ки суханони Исо ба эҳёшавии осмонӣ дахл доранд. Биёед ин суханонро васеътар дида бароем.

Ба ёд оред, ки Исо ин масъаларо дар кадом вазъият шарҳ дод. (Луқо 20:27–33-ро бихонед.) Саддуқиён, ки ба эҳёшавӣ боварӣ надоштанд, дар бораи эҳёшавӣ ва издивоҷи додаршӯӣ саволе бардошта, Исоро озмуданӣ шуданд *. Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Фарзандони ин дунё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд; лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дунё [«ҷаҳони оянда», Тарҷумаи форсии дарӣ] ва ба эҳёи мурдагон бишаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд» (Луқ. 20:34–36).

Чаро пеш дар адабиёти мо гуфта мешуд, ки эҳтимол Исо дар бораи эҳёшавии заминӣ сухан рондааст? Барои ин камаш ду далел оварда мешуд. Якум, азбаски саддуқиён эҳёшавӣ дар заминро дар назар доштанд, Исо мувофиқи фикрашон ба онҳо ҷавоб дод. Дуюм, Исо дар охири гапаш ба пайғамбарони содиқ — Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ишора кард, ки онҳо бояд барои зиндагӣ дар рӯи замин эҳё шаванд (Луқ. 20:37, 38).

Вале эҳтимолияти зиёд аст, ки Исо ҳангоми ҷавоб додан эҳёшавии осмониро дар назар дошт. Барои чӣ мо ба чунин хулоса омада метавонем? Биёед аз суханони Исо ду фикри асосиашро дида бароем.

«Онҳое ки сазовори расидан ба... эҳёи мурдагон бишаванд». Тадҳиншудагони содиқ «сазовори Малакути Худо ҳисоб» меёбанд (2 Тас. 1:5, 11). Онҳо дар асоси фидияи Исо одил эълон карда шудаанд, аз ин рӯ чун гунаҳкорони маҳкумшуда намемиранд (Рум. 5:1, 18; 8:1). Онҳо «хушбахт ва қуддус» номида мешаванд ва барои эҳёшавӣ ба ҳаёти осмонӣ сазоворанд (Ваҳй 20:5, 6). Вале дар байни онҳое, ки ба ҳаёти заминӣ эҳё мешаванд, «золимон» низ хоҳанд буд (Аъм. 24:15). Оё гуфтан мумкин аст, ки онҳо «сазовори» эҳёшавианд?

 «Дигар бор наметавонанд бимиранд». Исо нагуфт, ки «онҳо дигар нахоҳанд мурд», балки ӯ гуфт: «[Онҳо] дигар бор наметавонанд бимиранд». Дар дигар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ин фикр чунин тарҷума шудааст: «Марг ба онҳо дигар қудрат надорад» ва «онҳо дигар зери таъсири марг нестанд». Тадҳиншудагоне, ки то дами марг дар замин содиқ мемонанд, ба ҳаёти осмонӣ эҳё шуда, бефаноӣ, яъне ҳаёти бепоён ва намирандагиро соҳиб мешаванд (1 Қӯр. 15:53, 54). Ба онҳое, ки дар осмон эҳё мешаванд, марг дигар ягон қудрат нахоҳад дошт *.

Бо назардошти суханони дар боло гуфташуда мо ба чӣ хулоса омада метавонем? Гуфтан мумкин аст, ки суханони Исо оиди издивоҷ ва эҳёшавӣ ба эҳёшавии осмонӣ дахл дошта метавонанд. Агар чунин хулоса дуруст бошад, пас, суханони Исо ба мо баъзе чизҳоро дар бораи онҳое, ки ба ҳаёти осмонӣ эҳё мегарданд, ошкор мекунад: онҳо оиладор намешаванд, онҳо мурда наметавонанд ва чун офаридаҳои рӯҳӣ дар олами рӯҳонӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо чунин андешаронӣ якчанд саволро ба миён меорад.

Якум савол ин аст, ки чаро Исо ҳангоми ҷавоб додан ба саволи саддуқиён дар бораи эҳёшавии осмонӣ гап зад, ҳол он ки онҳо шояд эҳёшавии заминиро дар назар доштанд? Исо на ҳамеша ба мухолифонаш мувофиқи чизе, ки онҳо фикр мекарданд, ҷавоб медод. Масалан, вақте яҳудиён аз ӯ талаб карданд, ки ба онҳо мӯъҷиза нишон диҳад, ӯ гуфт: «Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард». Исо медонист, ки онҳо дар бораи маъбади аслӣ фикр мекунанд, «лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт» (Юҳ. 2:18–21). Шояд Исо фикр мекард, ки ба саволи саддуқиёни риёкор, ки на ба эҳёшавӣ ва на ба вуҷудияти фариштагон бовар доштанд, пурра ҷавоб додан шарт нест (Мас. 23:9; Мат. 7:6; Аъм. 23:8). Ӯ мумкин беҳтар донист, ки дар бораи эҳёшавии осмонӣ ҳақиқатро ошкор кунад, то ки шогирдонаш аз ин манфиат гиранд. Зеро онҳоро дар оянда чунин эҳёшавӣ интизор буд.

Дуюм, чаро Исо дар охири муҳокимааш лозим донист, ки ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ки дар замин эҳё карда мешаванд, ишора кунад? (Матто 22:31, 32-ро бихонед.) Аҳамият диҳед, ки Исо пеш аз он ки дар бораи ин шахсон гӯяд, ибораи «дар бораи эҳёи мурдагон»-ро ба кор бурд. Ба туфайли ин ибора диққатро ба дигар чиз ҷалб кардан мумкин буд. Сипас, Исо аз навиштаҳои Мусо истифода бурд, зеро саддуқиён даъво доштанд, ки ба он бовар мекунанд. Ӯ суханони Яҳуваро, ки дар назди буттаи сӯзон ба Мусо гуфт, чун далели иловагӣ овард, ки эҳёшавӣ (дар ин маврид ӯ эҳёшавии заминиро дар назар дошт) нияти аслии Худо аст! (Хур. 3:1–6).

Сеюм, агар суханони Исо оиди эҳёшавӣ ва издивоҷ ба эҳёшавии осмонӣ дахл дошта бошанд, пас оё онҳое, ки барои зиндагӣ дар рӯи замин эҳё мешаванд издивоҷ карда метавонанд ё не? Каломи Худо ба ин савол ҷавоби аниқ намедиҳад. Агар Исо дар ҳақиқат оиди эҳёшавии осмонӣ гап мезад, пас суханонаш оиди издивоҷ кардан ё накардани онҳое, ки дар замин эҳё мешаванд ягон маълумот намедиҳанд.

Ҳамзамон аз Каломи Худо мо аниқ медонем, ки марг пайванди издивоҷро мебурад. Барои ҳамин, мард ва ё зане, ки баъди марги ҳамсараш аз нав оиладор шудан мехоҳад, худро гунаҳкор ҳис карданаш лозим нест. Ин қарори шахсӣ аст ва ҳеҷ кас набояд чунин шахсро барои аз нав оиладор шуданаш танқид кунад (Рум. 7:2, 3; 1 Қӯр. 7:39).

Фаҳмост, ки мо оиди ҳаёт дар дунёи нав саволҳои бисёр дошта метавонем. Ба ҷои фарзу тахмин кардани чизҳое, ки ҳоло ба мо маълум нестанд, биёед интизор шуда бубинем, ки чӣ мешавад. Вале мо бешубҳа пурра боварӣ дошта метавонем, ки одамони итоаткор албатта хушбахт хоҳанд буд, зеро Яҳува ҳама ниёзҳо ва хоҳишҳои онҳоро ба таври беҳтарин қонеъ хоҳад кард (Заб. 144:16).

^ сарх. 4 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15-уми июни соли 1989, саҳифаҳои 22, 23 нигаред.

^ сарх. 5 Дар замони қадим чунин расм буд, ки агар мард соҳиби писар нашуда вафот мекард, бародараш бояд зани бевамондаи вайро мегирифт, то ки фарзанд ба дунё оварда, насли бародарашро давом диҳад (Ҳас. 38:8; Такр. Ш. 25:5, 6).

^ сарх. 9 Касоне, ки барои ҳаёти заминӣ эҳё мешаванд, имконият пайдо мекунанд, ки на бефаноӣ, балки ҳаёти ҷовидониро соҳиб шаванд. Барои фарқияти байни бефаноӣ ва ҳаёти ҷовидониро фаҳмидан, ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 ноябри соли 2007, саҳифаи 21 нигаред.