Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Каломи Худоро ба кор баред—он зинда аст!

Каломи Худоро ба кор баред—он зинда аст!

«Каломи Худо зинда ва таъсирбахш... аст» (ИБР. 4:12).

1, 2. Яҳува ба Мусо чӣ гуна супориш дод ва ӯро ба чӣ боварӣ бахшид?

ТАСАВВУР кунед, ки шумо дар назди ҳокими пурқудраттарини рӯи замин бояд дар бораи халқи Яҳува гап занед. Он вақт шуморо чӣ ҳиссиёте фаро мегирифт? Эҳтимол, шумо ба тарсу ҳаяҷон дода шуда, худро оҷизу нотавон ҳис мекардед. Шумо гапро аз чӣ сар мекардед? Шумо чӣ кор мекардед, то суханонатон таъсирбахш бошанд ва нишон диҳанд, ки шумо намояндаи Худои Таоло ҳастед?

2 Мусо маҳз ба чунин ҳолат дучор шуд. Яҳува ба ин «марди бағоят фурӯтан» гуфт, ки ӯро ба назди фиръавн фиристоданӣ аст, то ки ба воситаи ӯ халқи худро аз зулму ситами мисриён, аз ғуломӣ раҳо кунад (Ад. 12:3). Чӣ тавре ки минбаъд маълум гашт, фиръавн одами ҳавобаланду дағале буд, ки касеро писанд намекард (Хур. 5:1, 2). Аммо Яҳува мехост, ки Мусо рафта ба фиръавн амр диҳад, то ки ӯ миллионҳо ғуломонашро аз сарзамини Миср раҳо кунад! Мусо метарсид, ки аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонад. Барои ҳамин, ӯ ба Яҳува гуфт: «Ман кистам, ки назди фиръавн равам ва банӣ-Исроилро аз Миср берун оварам?» Вале Худо ӯро боварӣ бахшид, ки вай танҳо нест. Ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд» (Хур. 3:9–12).

3, 4. а) Мусо аз чӣ хавотир буд? б) Ба кадом маъно вазъияти шумо ба ҳолати Мусо монанд буда метавонад?

3 Мусо аз чӣ тарс дошт? Аз афташ, Мусо метарсид, ки фиръавн ба намояндаи Яҳува Худо гӯш нахоҳад дод. Мусо инчунин аз он хавотир буд, ки халқи худаш бовар намекунад, ки Яҳува ӯро  барои аз Миср берун овардани онҳо таъин намудааст. Аз ин рӯ, Мусо ба Яҳува гуфт: «Онҳо ба ман бовар нахоҳанд кард, ва ба овози ман гӯш нахоҳанд дод, зеро ки хоҳанд гуфт: “Худованд ба ту зоҳир нашудааст”» (Хур. 3:15–18; 4:1).

4 Аз ҷавоби Яҳува ба Мусо ва воқеаҳои баъдан рӯйдода ҳар яки мо барои худ дарси муҳиме гирифта метавонем. Дар асл, шояд ба шумо ҳеҷ гоҳ лозим наояд, ки дар ҳузури ягон одами калоншаванда сухан гӯед. Аммо шумо шояд баъзан ҳатто ҳангоми бо одамони оддӣ дар бораи Худо ва Салтанати Ӯ гап задан душворӣ кашида будед. Агар ҳамин хел шуда бошад, биёед бубинем, ки аз намунаи Мусо чӣ омӯхтан мумкин аст.

«ИН ЧИСТ ДАР ДАСТАТ?»

5. Яҳува ба дасти Мусо чӣ дод ва аз он чӣ тавр тарси ӯ бартараф шуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

Вақте ки Мусо дарди дилашро ба Худо баён кард, Худо ба ӯ ёд дод, то чӣ кор кунад, ки дигарон ба суханонаш ҷиддӣ муносибат кунанд. Дар китоби Хуруҷ дар ин бора навишта шудааст: «Худованд ба [Мусо] гуфт: “Ин чист дар дастат?” Вай гуфт: “Асо”. Ва Ӯ гуфт: “Онро ба замин парто!” Вай онро ба замин партофт, ва он ба море мубаддал шуд; ва Мусо аз пеши он гурехт. Ва Худованд ба Мусо гуфт: “Дастатро ёзонида, аз думаш бигир”. Вай дасташро ёзонида, онро гирифт, ва он дар дасташ ба асо мубаддал шуд». Ва Худо гуфт: «Ин корро бикун, то бовар кунанд, ки Худованд... ба ту зоҳир шудааст» (Хур. 4:2–5). Бале, Худо ба дасти Мусо асбоберо дод, ки бо ёрии он ӯ метавонист исбот кунад, ки хабари ӯ аз ҷониби Яҳува аст. Танҳо тасаввур кунед: он чизе, ки дар назари дигарон танҳо як чӯб буду халос бо қудрати Худо зинда мегардид! Бешубҳа, чунин мӯъҷиза суханони Мусоро боварибахш мекард ва равшан месохт, ки Яҳува бо ӯст. Барои ҳамин, Яҳува ба ӯ гуфт: «Ин асоро ба дастат бигир, ки ба воситаи он ту аломатҳо ба амал хоҳӣ овард» (Хур. 4:17). Бо ин аломати қудрати Худо дар даст, Мусо бо дили пур метавонист ба назди халқи худ ва фиръавн рафта, аз номи Худои ҳақиқӣ гап занад (Хур. 4:29–31; 7:8–13).

6. а) Ҳангоми мавъиза мо бояд дар даст чӣ дошта бошем ва чаро? б) Фаҳмонед, ки ба кадом маъно «каломи Худо зинда ва таъсирбахш» аст.

6 «Ин чист дар дастат?» Ин савол ба мо низ дахл дорад. Дар дасти мо бошад, Китоби Муқаддас аст ва мо барои кушодани он ҳамеша тайёрем. Гарчанд дар назари баъзеҳо Китоби Муқаддас як китоб асту халос, фаромӯш набояд кард, ки Яҳува маҳз тавассути он бо мо гап мезанад (2 Пет. 1:21). Дар он ваъдаҳои Худо оиди чизҳое, ки зери ҳукмронии Салтанати Ӯ ба амал меоянд, навишта шудаанд. Барои ҳамин, Павлуси ҳавворӣ навишт: «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш... аст». (Ибриён 4:12-ро бихонед.) Ваъдаҳои Яҳува хушку холӣ ва мурда нестанд, балки ҳамаи онҳо зиндаанд ва зина ба зина иҷро шуда истодаанд, зеро Яҳува пайваста барои иҷро кардани онҳо амал мекунад (Иш. 46:10; 55:11). Агар шахс оиди Каломи Худо ин чизи муҳимро дарк кунад, он гоҳ чизе ки ӯ аз Китоби Муқаддас мехонад, ба ҳаёти вай таъсири бузург расонда метавонад.

7. Чӣ тавр мо «каломи ростиро дуруст мавъиза» карда метавонем?

7 Бале, Яҳува ба дасти мо Каломи зиндаи худро додааст, ки бо ёрии он мо метавонем исбот кунем, ки хабари мо сазовори боварист ва аз ҷониби Худо аст. Пас, тааҷҷубовар нест, ки чаро баъди навиштани Нома ба Ибриён, Павлус писари рӯҳониаш, Тимотиюсро барангехт, ки «каломи ростиро дуруст мавъиза» кунад (2 Тим. 2:15). Мо низ бояд Каломро дуруст мавъиза кунем. Чӣ тавр? — Агар оятҳои мувофиқро интихоб карда, онҳоро бурро хонем. Бо ин роҳ, ба дили шунавандагон таъсир кардан мумкин аст. Рисолаҳое, ки соли 2013 ба чоп баромаданд, маҳз барои ҳамин пешбинӣ шудаанд.

ОЯТҲОИ МУВОФИҚРО ХОНЕД!

8. Як нозири хизматӣ оиди рисолаҳои нав чӣ гуфт?

8 Ҳамаи рисолаҳои нав сохти якхела доранд, барои ҳамин вақте ки истифодаи яке аз онҳоро ёд мегирем, мо ҳамаи онҳоро ба  кор бурда метавонем. Оё истифодаи онҳо қулай аст? Дар ин бора як нозири хизматӣ аз иёлоти Гавайи (ИМА) чунин навишт: «Мо ҳатто тасаввур карда наметавонистем, ки ин рисолаҳои нав ҳам дар хизмати хона ба хона ва ҳам дар кӯча ин қадар ёрдами калон мерасонанд». Ӯ аҳамият дод, ки ин рисолаҳо тавре сохта шудаанд, ки шавқи одамонро бедор карда, онҳоро водор месозанд, то ба осонӣ фикри худро баён намоянд. Азбаски дар саҳифаи аввали ин рисолаҳо савол ва се варианти ҷавоб оварда шудааст, соҳибхона аз додани ҷавоби нодуруст шарм намедорад.

9, 10. а) Чӣ тавр рисолаҳои нав моро ба истифода бурдани Китоби Муқаддас бармеангезанд? б) Аз истифодаи кадом рисолаҳо шумо муваффақияти бештар ба даст оварда будед ва чаро?

9 Ҳар яки ин рисолаҳо моро бармеангезанд, ки ояти ба мавзӯъ мувофиқро хонем. Барои мисол, биёед рисолаи «Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?»-ро дида бароем. Чуноне ки дар боло гуфтем, дар рӯи рисола баъди савол се варианти ҷавоб оварда шудааст: «бале», «не», «шояд». Баъди он ки соҳибхона аз ин ҷавобҳо якеашро чун фикри шахсӣ интихоб мекунад, даруни рисоларо кушоед ва бе илова кардани гапи зиёдатӣ чунин гӯед: «Бинед, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд». Сипас ояти Ваҳй 21:3, 4-ро хонед.

10 Ҳангоми истифодабарии рисолаи «Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доред?» низ айнан ҳамин тавр кардан мумкин аст. Новобаста аз он ки соҳибхона кадом варианти ҷавобро интихоб мекунад, даруни рисоларо кушода, ба ӯ гӯед: «Китоби Муқаддас мегӯяд, ки тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист». Инчунин метавонед қайд кунед: «Аслан ин оят суханони бештарро дар бар мегирад». Сипас, Китоби Муқаддасро кушода оятҳои 2 Тимотиюс 3:16, 17-ро пурра бихонед.

11, 12. а) Дар хизмат чӣ ба шумо қаноатмандӣ меорад? б) Барои боздид кардан рисолаҳо ба шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонанд?

11 Вобаста аз андозаи шавқи соҳибхона муайян созед, ки чӣ қадар маълумоти дар рисола овардашударо хонда, бо ӯ муҳокима карда метавонед. Ҳатто агар соҳибхона дар ташрифи аввал шавқи зиёд зоҳир накунад ҳам, хондани як-ду оят аллакай ба шумо қаноатмандӣ меорад. Баъдтар, дар ташрифҳои навбатӣ сӯҳбатро давом дода метавонед.

12 Дар қафои ҳар як рисола дар поёни сарлавҳаи «Дар ин бора фикр кунед» як савол ва якчанд оят оварда шудааст, ки онҳоро ҳангоми боздид муҳокима карда метавонед. Масалан, дар қафои рисолаи «Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?» чунин савол омадааст: «Чӣ тавр Худо  ҷаҳони имрӯзаро беҳтар месозад?» Баъди савол оятҳои Масалҳо 2:21, 22 ва Дониёл 2:44 оварда шудаанд. Дар қафои рисолаи «Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?» чунин савол омадааст: «Чаро мо пир мешавем ва мемирем?» Баъди савол оятҳои Ҳастӣ 3:17–19 ва Румиён 5:12 оварда шудаанд.

13. Фаҳмонед, ки чӣ тавр бо истифодаи рисолаҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардан мумкин аст.

13 Рисолаҳоро ҳамчун зина барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас истифода баред. Дар қафои рисолаҳо, дар поён коди махсусе (QR) ҷойгир аст, ки агар шахс онро бо планшет ё телефонаш акс гирад, ӯ рост ба сайти мо медарояд. Аз он ҷо ӯ шояд маълумотеро ёбад, ки ӯро барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас барангезад. Рисолаҳо инчунин ба брошураи «Хабарҳои нағз» ва дарси муайяни он ишора мекунанд. Масалан, дар рисолаи «Ин ҷаҳон дар дасти кист?» ба дарси 5 ишора карда шудааст. Рисолаи «Калиди хушбахтии оила дар чист?» ба дарси 9 ишора мекунад. Мо дар боло тарзи истифодаи рисолаҳои навро муҳокима кардем. Агар шумо ин тарзро ба кор баред, дар ташрифҳои аввал ва боздидҳо истифода бурдани Китоби Муқаддас ба шумо одат мешавад. Дар натиҷа, шумо бо одамони бештар омӯзиш сар карда метавонед. Боз чӣ тавр Каломи Худоро дар хизмат самаранок истифода бурдан мумкин аст?

МАВЗӮЪҲОЕРО МУҲОКИМА КУНЕД, КИ ОДАМОНРО БА ТАШВИШ МЕОРАНД

14, 15. Павлус ба хизмат чӣ гуна муносибат дошт ва мо чӣ тавр ба намунаи ӯ пайравӣ карда метавонем?

14 Павлус самимона мехост, ки дар хизмат «шумораи бештари одамонро» ба ҳақиқат ҷалб намояд. (1 Қӯринтиён 9:19–23-ро бихонед.) Ӯ мекӯшид, ки яҳудиён, одамони аҳли шариат, шахсони бешариат ва нотавононро ҷалб кунад. Бале, ӯ тайёр буд, ки «барои ҳама кас... ҳама чиз» шавад, «то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот» диҳад (Аъм. 20:21). Чӣ тавр мо дар хизмат ба намунаи Павлус пайравӣ карда, ҳақиқатро ба ҳар гуна одамон расонда метавонем? (1 Тим. 2:3, 4).

15 Намунаи пешниҳодот ҳар моҳ дар «Хизмат ба Салтанати Худо» чоп мешавад. Дар хизмат онҳоро санҷида бинед. Аммо, агар ба одамони маҳалли шумо ягон мавзӯъҳои дигар шавқовар бошанд, метавонед, дар асоси ҳамин мавзӯъҳо пешниҳод тайёр кунед. Дар бораи маҳалли зистатон, одамонаш ва чизҳое, ки онҳоро ба ташвиш меорад, фикр кунед. Сипас он оятеро, ки ба ниёзи онҳо мувофиқат мекунад, интихоб кунед. Як нозири ноҳиявӣ дар бораи он ки чӣ тавр ӯ ва занаш Китоби Муқаддасро истифода мебаранд, чунин мегӯяд: «Агар мо кӯтоҳ сухан ронда, мағзи гапро гӯем, бисёриҳо ба хабари мо гӯш медиҳанд. Баъд аз саломуалейк, мо Китоби Муқаддаси худро кушода, оятро мехонем». Якчанд мавзӯъҳои санҷидашуда, саволҳо ва оятҳоеро, ки дар маҳаллатон қобили корбурданд, интихоб кунед.

Оё шумо дар хизмат Китоби Муқаддас ва рисолаҳоро ба таври хуб истифода мебаред? (Ба сархатҳои 8 –13 нигаред)

16. Фаҳмонед, ки Ишаъё 14:7-ро дар хизмат чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст.

16 Агар шумо дар макони нотинҷ зиндагӣ кунед, ба одамон чунин савол дода метавонед: «Тасаввур кунед, ки шумо рӯзе газетаеро ба даст гирифта мебинед, ки дар сарлавҳаи он бо ҳарфҳои калон чунин навишта шудааст: “Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд; ҳамаи мардум аз хурсандӣ бо овози баланд суруд мехонанд”. Медонед, дар Китоби Муқаддас дар Ишаъё 14:7 айнан суханони ба ин монанд гуфта шудаанд. Дар асл, дар Китоби Муқаддас оиди ояндаи тинҷу ором ваъдаҳои зиёде навишта шудаанд». Сипас, яке аз он ваъдаҳоро аз Китоби Муқаддас хонда диҳед.

17. Чӣ тавр Матто 4:4-ро истифода бурда, сӯҳбатро сар карда метавонем?

17 Оё дар маҳалли шумо ба одамон пул кор кардан душвор аст? Агар чунин бошад, шумо метавонед сӯҳбатро бо суханони зерин сар кунед: «Барои хушиву хушбахтии оила ба одам чӣ қадар пул даркор аст?» Новобаста аз ҷавоби шахс, чунин гуфта метавонед: «Одамони бисёре ҳастанд, ки аз ин  ҳам пули зиёд кор мекунанд, аммо ба ин нигоҳ накарда, дар оилаи онҳо хушиву хурсандӣ нест. Пас, ба фикри шумо барои хушбахт будан чӣ даркор аст?» Сипас, Матто 4:4-ро хонда ба ӯ омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод кунед.

18. Барои тасаллӣ додани дигарон чӣ тавр мо ояти Ирмиё 29:11-ро истифода бурда метавонем?

18 Оё одамони маҳалли шумо дар натиҷаи ягон офати ба наздикӣ рӯйдодае азоб мекашанд? Агар ҳа, пас шумо пешниҳодатонро бо суханони зерин сар карда метавонед: «Ман ба назди шумо омадам, то ба шумо хабари тасаллибахше расонам. (Ирмиё 29:11-ро бихонед.) Аҳамият диҳед, ки Худо нисбати мо се чизро хоҳон аст: “осоиштагӣ”, “ояндаи нек” ва “умедворӣ”. Худо мехоҳад, ки мо ҳаёти бароҳат дошта бошем. Магар донистани ин бароямон тасаллибахш нест? Лекин чӣ тавр ин хел шуда метавонад?» Сипас, диққати соҳибхонаро бевосита ба дарси мувофиқи брошураи «Хабарҳои нағз» равона кунед.

19. Фаҳмонед, ки чӣ тавр оятҳои Ваҳй 14:6, 7-ро дар сӯҳбат бо одамони диндор истифода бурдан мумкин аст.

19 Оё одамони маҳалли шумо ба мавзӯи дин шавқ доранд? Агар ҳа, пас сӯҳбатро аз саволи зерин сар карда метавонед: «Агар фариштае бо шумо гап мезад, шумо сухани ӯро гӯш мекардед?» Баъди гӯш кардани ҷавоби ӯ метавонед Ваҳй 14:6, 7-ро кушоед. (Оятҳоро бихонед.) Баъд илова кунед: «Дар ин ҷо навишта шудааст, ки мо бояд аз Худо тарсем. Лекин аз Худо дар ҳақиқат тарсидан чӣ маъно дорад?» Баъди гӯш кардани ҷавоби шахс, миннатдорӣ баён намуда, сипас диққаташро ба ояти Такрори Шариат 6:2 равона кунед. Он ҷо гуфта шудааст: «Аз Худованд Худои худ тарсида, тамоми фароиз ва аҳкоми Ӯро, ки ман ба ту амр мефармоям риоя намо». «Чӣ хеле ки мебинем, тарс аз Худо ин риоя кардани аҳкоми Ӯ мебошад. Аммо бисёриҳо дар бораи муҳимтарин аҳкоми Худо, яъне бо тамоми дилу ҷон дӯст доштани Ӯ, намедонанд». Ва дафъаи дигар оиди чӣ тавр муҳаббатамонро ба Худо нишон дода метавонем, сӯҳбат кардан мумкин аст.

20. а) Чӣ тавр бо ёрии ояти Масалҳо 30:4 дар бораи номи Худо сӯҳбатро сар карда метавонем? б) Одатан шумо кадом оятро истифода мебаред, ки натиҷаи хуб меорад?

20 Бо ҷавонон бошад, шумо метавонед сӯҳбатро чунин сар кунед: «Ман мехостам оятеро хонам, ки дар он саволи шавқоваре оварда шудааст. (Масалҳо 30:4-ро бихонед.) Ягон инсон ба кардани корҳои дар ин ҷо тасвиршуда қодир нест, пас фаҳмост, ки ин ҷо сухан дар бораи Худо меравад *. Мо номи Ӯро аз куҷо фаҳмида метавонем? Ман бо хурсандӣ онро ба шумо нишон дода метавонам».

БИГЗОР КАЛОМИ ХУДО ХИЗМАТИ ШУМОРО БЕҲТАР ГАРДОНАД

21, 22. а) Хондани оятҳои мувофиқ чӣ тавр ҳаёти шахсро дигаргун карда метавонад? б) Мо бо азми қавӣ чиро дар хизмат ба кор бурдан мехоҳем?

21 Мо пешакӣ намедонем, ки хондани кадом оят ба кӣ чӣ гуна таъсир мекунад. Масалан, ду Шоҳид дар Австралия дари хонаи як ҷавонзанеро тақ-тақ карданд. Яке аз онҳо аз ӯ пурсид: «Оё шумо медонед, ки номи Худо чист?» Ва сипас ояти Забур 82:19-ро хонд. «Ҳуш аз сарам канд!— мегӯяд зан.— Баъди рафтани онҳо, ман 56 км роҳро тай карда, ба мағозаи китобфурӯшӣ рафтам, то ки ин номро дар дигар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ва ҳамчунин аз фарҳанг бинам. Ба Яҳува будани номи Худо боварӣ ҳосил карда, ман фаҳмидам, ки боз чизҳои бисёре будааст, ки ман намедонистаам». Чанде пас, ӯ ва шавҳаршавандааш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд ва баъдтар ҳардуяшон таъмид гирифтанд.

22 Каломи Худо ҳаёти онҳоеро, ки онро мехонанд ва ба ваъдаҳои зиндаи Яҳува имони қавӣ зоҳир мекунанд, дигаргун месозад. (1 Таслӯникиён 2:13-ро бихонед.) Суханони Китоби Муқаддас аз суханони худи мо дида, садҳо маротиба таъсири зиёд мерасонанд. Барои ҳамин, биёед аз ҳар як фурсати муносиб истифода бурда, Каломи Худоро ба кор барем. Он зинда аст!

^ сарх. 20 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 июни с. 1989, мақолаи «Саволҳои хонандагон», саҳ. 23.