Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нақши занҳо дар иҷрошавии нияти Яҳува

Нақши занҳо дар иҷрошавии нияти Яҳува

«Мубашширзанон [занони мавъизагар] анбӯҳи азиманд» (ЗАБ. 67:12).

1, 2. а) Худо ба Одам кадом чизҳои хубро ато кард? б) Чаро Худо барои Одам занро офарид? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ЯҲУВА заминро беҳуда наофаридааст, «балки барои сукунату зиндагӣ онро сохтааст» (Иш. 45:18, ТТФ). Худо аввалин инсон, Одамро, комил офарида, ба ӯ хонаи зебое — боғи Аданро ато кард. Одам аз дарахтони баландқомат, обҳои равон ва бозии ҷонварони он боғ ҳаловат мебурд. Вале ба ӯ як чизи муҳим намерасид. Яҳува ба ин ишора карда, гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам... Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард. Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт». Вақте ки Одам аз хоб бедор шуд, аз хурсандӣ хитоб кард: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам; вай нисоъ [зан] номида шавад; зеро ки аз инсон гирифта шудааст» (Ҳас. 2:18–23).

2 Зан, ки атои беҳамтои Худо буд, барои Одам бояд мададгори комил мегардид. Зан ҳамчунин имконияти пуршараф дошт, ки фарзандон ба дунё орад. Маҳз барои ҳамин, «Одам зани худро Ҳавво ном ниҳод», чунки вай бояд модари ҳамаи одамони рӯи замин мешуд (Ҳас. 3:20). Бо марҳамати беҳамтояш Худо ба ҷуфти аввалини инсонӣ қобилият дод, ки онҳо дигар одамони комилро ба дунё оваранд. Ҳамин тариқ, тамоми замин оқибат ба биҳишт мубаддал ёфта, аз одамони  комил пур мешуд. Онҳо бояд бар ҳамаи дигар мавҷудоти зинда ҳукмронӣ мекарданд (Ҳас. 1:27, 28).

3. а) Барои баракатҳои Худоро соҳиб шудан Одаму Ҳавво бояд чӣ кор мекарданд, вале чӣ рӯй дод? б) Кадом саволҳоро мо дида мебароем?

3 Барои соҳиб шудан ба ин баракатҳо, Одаму Ҳавво бояд ба Яҳува ва ҳокимияти Ӯ итоат мекарданд (Ҳас. 2:15–17). Танҳо ба ҳамин шарт онҳо ниятеро, ки Худо нисбати онҳо дошт, иҷро карда метавонистанд. Аммо афсӯс, онҳо зери таъсири «мори қадимӣ», Шайтон, қарор гирифта ба муқобили Худо гуноҳ карданд (Ваҳй 12:9; Ҳас. 3:1–6). Чӣ тавр ин исён ба занҳо таъсир расонд? Дар гузашта занони худотарс чӣ корҳоро ба амал оварда буданд? Чаро занони масеҳии имрӯза, чун «анбӯҳи азим» тасвир ёфтаанд? (Заб. 67:12).

ИСЁНИ БОҒИ АДАН ЧӢ ОҚИБАТ ОВАРД?

4. Барои гуноҳи якумин ҷуфти инсонӣ кӣ ҷавобгар буд?

Вақте ки Худо оиди гуноҳи кардаи Одам пурсон шуд, вай бо чунин баҳонаи пучу беасос худро сафед кард: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам» (Ҳас. 3:12). Одам натанҳо гуноҳашро тан нагирифт, балки ҳамчунин айбро ба гардани зане, ки Худои ғамхору меҳрубон ба ӯ дода буд, бор карданӣ шуд. Гарчанд ҳам Одам ва ҳам Ҳавво гуноҳ карданд, лекин барои кори нодурусти онҳо маҳз Одам ҷавобгар буд. Аз ин рӯ, Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ба воситаи як одам, [яъне Одам] гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад» (Рум. 5:12).

5. Худо муддате ба ҳокимиятҳои инсонӣ роҳ дода чиро исбот кард?

5 Шайтон ҷуфти аввалини инсониро ба чунин фикр тела дод, ки гӯё ба онҳо ҳокимияти Яҳува даркор нест. Ҳамин тавр, чунин саволи муҳим бардошта шуд: Кӣ ба ҳукмронӣ кардан ҳуқуқ дорад? Барои ба ин савол ба таври ҳамешагӣ ҷавоб додан, Худо муддати муайян роҳ дод, ки одамон худашон ҳокими худ бошанд. Ӯ медонист, ки вақт хато будани фикри онҳоро нишон медиҳад. Худованд хуб медонист, ки онҳо бе ҳукмронии Ӯ хушбахт шуда наметавонанд ва ин бо гузашти вақт маълум шуд. Тӯли асрҳо ҳокимияти инсонӣ ба одамизод ранҷу азоби зиёд овард. Масалан, танҳо дар худи асри гузашта тақрибан 100 миллион нафар дар ҷангҳо ҳалок гаштанд, ки дар байни онҳо миллионҳо одамони бегуноҳ — мардону занон ва ҳатто кӯдакон ҳам буданд. Яъне аллакай равшан исбот мегардад, ки «роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирм. 10:23). Инро дарк намуда, мо Яҳуваро Ҳокими худ мешуморем. (Масалҳо 3:5, 6-ро бихонед.)

6. Дар бисёр давлатҳо ба занҳо чӣ гуна муносибат мекунанд?

6 Дар ин ҷаҳоне, ки зери ҳокимияти Шайтон аст, ҳам мардон ва ҳам занон бо муносибати бераҳмона рӯбарӯ мешаванд (Воиз 8:9; 1 Юҳ. 5:19). Лекин зарари баъзе зӯровариҳои даҳшатнокро маҳз занҳо дар худ ҳис кардаанд. Мувофиқи як маълумот, дар тамоми ҷаҳон тахминан 30 фоизи занон аз тарафи мардон ба зӯроварӣ ё таҷовуз дучор мешаванд. Дар баъзе давлатҳо мардон дар ҷомеа назар ба занон мақоми баландтар доранд, зеро онҳо давомдиҳандаи насл ҳисоб ёфта, волидони пиронсолашонро нигоҳубин мекунанд. Дар ҷойҳои дигар бошад, волидон духтаронро бори гарон ҳисобида, аз таваллуди духтар хурсанд намешаванд ва аксарияти кӯдаконе, ки исқоти ҳамл карда мешаванд, духтаронанд.

7. Худо марду занро чӣ гуна офарида буд?

7 Равшан аст, ки муносибати бераҳмона нисбати занон ба Худо маъқул нест. Ӯ занонро эҳтиром мекунад ва бо онҳо аз рӯи адолат муносибат менамояд. Ин аз он маълум аст, ки Ӯ Ҳавворо комил ва бо хусусиятҳое офарид, ки барои Одам на ғулом, балки ёри хубу мувофиқ бошад. Ва ин яке аз сабабҳое буд, ки чаро Худо дар охири рӯзи шашуми офариниш ба ҳама  чизи офаридааш нигариста хитоб кард: «Инак, хеле хуб аст» (Ҳас. 1:31). Бале, ҳар он чизе, ки Яҳува сохт, «хеле хуб» буд. Ӯ ҳам мард ва ҳам занро некӯ ва бенуқсон офарид.

ЗАНОНЕ, КИ БА ЯҲУВА ПИСАНД БУДАНД

8. а) Рафтору кирдори одамон имрӯз дар кулли худ чӣ гуна аст? б) Дар давоми тамоми таърих чӣ гуна одамон ба Худо писанд буданд?

8 Баъди исён дар боғи Адан рафтору гуфтори мардон ва занон торафт фасод шудан гирифт ва хусусан дар давоми асри гузашта он аз пештара ҳам бадтар гашт. Китоби Муқаддас пешгӯӣ карда буд, ки дар охирзамон вайронии ахлоқи одамон ба авҷи худ хоҳад расид. Дар ҳақиқат, имрӯз бадкории одамон чунон зиёд гаштааст, ки ин айёмро барҳақ «замонҳои сахт» номидан мумкин аст (2 Тим. 3:1–5). Лекин дар тӯли тамоми таърих, мардону заноне зиндагӣ кардаанд, ки ба Худо писанд буданд, чунки онҳо ба Яҳува такя мекарданд ва Ӯро Ҳокими худ шуморида, ба қонунҳояш итоат менамуданд. (Забур 70:5-ро бихонед.)

9. Чанд кас аз Тӯфон наҷот ёфт ва чаро?

9 Дар замонҳои Нӯҳ, вақте ки Худо инсонияти дар гуноҳ ғӯтидаро ба воситаи Тӯфон нест кард, ҳамагӣ якчанд нафар наҷот ёфтанд. Агар то Тӯфон бародарону хоҳарони Нӯҳ ҳанӯз зинда буданд, пас онҳо низ аз обҳои Тӯфон ҳалок гаштанд (Ҳас. 5:30). Вале, ҷолиби диққат аст, ки миқдори баробари мардон ва занон наҷот ёфтанд: Нӯҳ ва занаш, се писараш ва се келинаш. Онҳо барои он наҷот ёфтанд, ки аз Худо метарсиданд ва иродаи Ӯро иҷро мекарданд. Миллиардҳо одамоне, ки имрӯз дар тамоми замин зиндагӣ мекунанд, маҳз аз он ҳашт нафари ба Яҳува содиқ пайдо шудаанд (Ҳас. 7:7; 1 Пет. 3:20).

10. Чаро занони худотарси пайғамбарони содиқ ба Яҳува писанд буданд?

10 Агар ба замонҳои баъдтар нигарем, занони худотарси пайғамбарони содиқ низ ба Худо писанд буданд. Лекин агар онҳо аз зиндагиашон доимо менолиданду ношукрӣ мекарданд, Яҳува аз онҳо розӣ намебуд (Яҳд. 16). Иброҳиму Соро шаҳри бароҳати Урро тарк карданд ва дар сарзамини дигар муҳоҷир шуда дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд. Тасаввур кардан душвор аст, ки Соро доимо аз зиндагиаш норозигӣ баён карда, нолаю шикоят карда бошад. Баръакс, Соро ба Иброҳим «итоат намуда, ӯро оғо меномид» (1 Пет. 3:6). Ҳамчунин, дар бораи намунаи Ривқо фикр кунед. Ӯ барои Исҳоқ баракате аз ҷониби Яҳува буд, чунки ҳамсари хеле хуб гардид. Тааҷҷубовар нест, ки чаро шавҳари ӯ Исҳоқ «ба вай дил баст; ва... пас аз азои модари худ тасаллӣ ёфт» (Ҳас. 24:67). Ва мо то чӣ андоза хурсандем, ки имрӯз дар байнамон чунин занони худотарс ба монанди Соро ва Ривқо бисёранд!

11. Чӣ тавр ду момодояи ибрӣ далерӣ зоҳир карданд?

11 Дар давоми ғуломӣ дар Миср, шумораи исроилиён бениҳоят зиёд гашт ва фиръавн амр дод, ки ҳамаи писарбачаҳои ибрӣ баъди таваллуд кушта шаванд. Лекин дар бораи момодояҳои ибрӣ Шифро ва Фуо, ки ба занони исроилӣ ҳангоми таваллуд ёрдам медоданд, фикр кунед. Азбаски онҳо аз Яҳува метарсиданд, далерона амал карда, кӯдаконро зинда мегузоштанд. Барои ҳамин, Ӯ онҳоро баракат дода, ба худи онҳо низ оила дод (Хур. 1:15–21).

12. Дар мавриди Дебӯро ва Ёил кадом чиз ҷолиби диққат аст?

12 Дар рӯзҳои доварон, яке аз занҳои ба Яҳува писанд, Дебӯрои набия буд. Ӯ барои аз зулми канъониён озод кардани Исроил довар Бороқро ташвиқ кард ва худаш низ ба ӯ дар ин кор ёрдам дод. Лекин Дебӯро пешгӯӣ кард, ки ҷалол барои ғалаба бар канъониён аз они Бороқ нахоҳад буд. Ӯ гуфт, ки Худо роҳбари лашкари канъониён, Сисроро «ба дасти зане хоҳад супурд». Ва вақте ки зани ғайрияҳудӣ Ёил ӯро кушт, ин пешгӯӣ иҷро шуд (Дов. 4:4–9, 17–22).

13. Китоби Муқаддас дар бораи Абиҷайл чӣ мегӯяд?

 13 Боз як зани сазовори диққат ин Абиҷайл мебошад, ки дар асри XI то эраи мо зиндагӣ кардааст. Ӯ бисёр зани бофаросат буд, аммо шавҳари ӯ Нобол марди дағал, нобакор ва бефаҳм буд (1 Подш. 25:2, 3, 25). Довуд ва одамони ӯ чорвои Ноболро муддате муҳофизат карданд, вале вақте ки онҳо аз Нобол каме озуқа пурсиданд, «ӯ ба онҳо дағалона муносибат намуд» ва ба онҳо чизе надод. Аз ин рафтори Нобол, Довуд чунон ба ғазаб омад, ки Нобол ва одамонашро несту нобуд карданӣ шуд. Инро шунида, Абиҷайл даррав чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ гирифта, барои Довуд ва одамонаш бурд ва ҳамин тавр хунрезиро пешгирӣ намуд (1 Подш. 25:8–18). Баъдтар, Довуд ӯро барои ин кораш таъриф карда гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки туро имрӯз ба пешвози ман фиристод» (1 Подш. 25:32). Баъди мурдани Нобол, Довуд Абиҷайлро ба занӣ гирифт (1 Подш. 25:37–42).

14. Духтарони Шаллум дар кадом кор иштирок намуданд ва чӣ тавр занони масеҳии имрӯза корҳои ба ин монандро иҷро мекунанд?

14 Вақте ки лашкари Бобил Ерусалимро соли 607-уми то эраи мо забт карда маъбадро хароб кард, бисёр мардону занон ва кӯдакон ҳалок гаштанд. Соли 455-уми то эраи мо таҳти роҳбарии Наҳемё деворҳои Ерусалим аз нав барқарор шуданд. Дар байни касоне, ки дар азнавсозии деворҳо иштирок мекарданд, духтарони Шаллум низ буданд. Падари онҳо сардори нисфи ноҳияи Ерусалим буд (Наҳ. 3:12). Лекин онҳо нигоҳ накарда ба он ки духтари раиси шаҳр буданд, бо хурсандӣ корҳои оддиро иҷро мекарданд. Имрӯз низ, бисёр занони масеҳӣ хурсандона дар сохтмони ҷойҳои ибодат корҳои гуногунро иҷро мекунанд. Бешубҳа, мо онҳоро хеле дӯст медорем ва меҳнаташонро қадр мекунем.

ЗАНОНИ ХУДОТАРСИ АСРИ ЯК

15. Худо Марямро ба чӣ шарафманд гардонд?

15 Тахминан дар асри якуми эраи мо Яҳува ба як қатор занҳо имтиёзҳои бузург бахшид. Яке аз онҳо духтари бокира Марям буд. Ӯ номзади Юсуф буд, вале пеш аз он ки онҳо оиладор шаванд, ӯ ба таври мӯъҷиза зери таъсири рӯҳулқудс ҳомиладор гашт. Барои чӣ Худо маҳз Марямро интихоб кард, ки модари Исо гардад? Бешубҳа, ӯ хусусиятҳои хуби рӯҳонӣ дошт, ки барои тарбия кардану ба воя расондани писари комилаш лозим буданд. Чӣ имтиёзе буд модари инсони бузургтарини тамоми давру замон гардидан! (Мат. 1:18–25).

16. Бо мисол фаҳмонед, ки Исо бо занон чӣ гуна муносибат мекард.

16 Исо низ бо занон хеле меҳрубон буд. Масалан занеро, ки дувоздаҳ сол аз хунравӣ азоб мекашид, ба ёд оред. Ӯ аз қафои Исо омада, ба либоси ӯ даст расонд. Исо ба ҷои ӯро сарзаниш кардан, меҳрубонона ба ӯ гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош» (Марқ. 5:25–34).

17. Дар Пантикости соли 33-юми эраи мо чӣ воқеаи аҷибе рӯй дод?

17 Баъзе заноне, ки шогирди Исо гашта буданд, ба ӯ ва ҳаввориёнаш хизмат мекарданд (Луқ. 8:1–3). Дар Пантикости соли 33-юми эраи мо қариб ба 120 нафар шогирдони Исо, ки дар байни онҳо ҳам мардон ва ҳам занон буданд, ба таври махсус рӯҳулқудси Худо рехта шуд. (Аъмол 2:1–4-ро бихонед.) Ин воқеаро Юил-пайғамбар пешгӯӣ карда буд: «Ман [Яҳува] Рӯҳи Худро ба тамоми башар хоҳам рехт, ва писарони шумо ва духтарони шумо нубувват хоҳанд намуд... бар ғуломон ва канизони шумо низ Рӯҳи Худро хоҳам рехт» (Юил 2:28, 29). Тавассути ин мӯъҷиза Худо нишон дод, ки Ӯ аз халқи хиёнаткори Исроил рӯй гардонда, илтифоташро ба халқи наве равона кардааст. Ин халқи нав «Исроили Худо» буд, ки ба он ҳам мардон ва ҳам занон дохил мешуданд (Ғал. 3:28; 6:15, 16). Дар байни масеҳизаноне, ки дар асри як ба Худо хизмат мекарданд, чор духтари бокираи Филиппуси башоратдиҳанда низ буданд (Аъм. 21:8, 9).

 «АНБӮҲИ АЗИМ»-И ЗАНОН

18, 19. а) Дар ибодати ҳақиқӣ Худо ҳам ба занон ва ҳам ба мардон чӣ имтиёзе бахшидааст? б) Забурнавис дар бораи заноне, ки хушхабарро эълон мекунанд, чӣ гуфта буд?

18 Дар охири солҳои 1800-ум якчанд нафар мардону занон ба ибодати ҳақиқӣ шавқи чуқур зоҳир карданд. Онҳо ба маънои рамзӣ аҷдодони рӯҳонии касонеанд, ки имрӯз дар иҷрошавии суханони зерин иштирок доранд: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Мат. 24:14).

19 Аз он гурӯҳи хурди Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас имрӯз ташкилоти Шоҳидони Яҳува, ки қариб аз 8 000 000 нафар иборат аст, пайдо гардид. Ғайр аз ин, соли гузашта зиёда аз 11 000 000 нафари дигар ба маросими Шоми ёдбуди марги Масеҳ ташриф оварданд. Ин нишон медиҳад, ки боз бисёриҳо ба Китоби Муқаддас ва фаъолияти мо шавқ зоҳир мекунанд. Дар аксари мамлакатҳо қисми зиёди он ташрифовардагон занҳоянд. Ҳамчунин, дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 1 000 000 воизони пурравақт ҳастанд, ки аксарияташонро занон ташкил медиҳанд. Худо дар ҳақиқат занони содиқро шарафманд гардондааст, ки дар иҷрошавии суханони зерини забурнавис иштирок кунанд: «Худованд амр мефармояд; мубашширзанон [занони мавъизагар] анбӯҳи азиманд» (Заб. 67:12).

Заноне, ки хушхабарро эълон мекунанд, дар ҳақиқат «анбӯҳи азиманд» (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред)

БАРАКАТҲОИ БУЗУРГЕ, КИ ЗАНҲОИ ХУДОТАРСРО ИНТИЗОРАНД

20. Кадом мавзӯъҳоро ба реҷаи омӯзиши худ даровардан хуб мебуд?

20 Дар Китоби Муқаддас дар бораи бисёр занҳои содиқ гуфта шудааст. Дар як мақола дида баромадани мисоли ҳамаи онҳо аз имкон берун аст. Вале ҳамаи мо дар бораи онҳо аз Каломи Худо ва адабиётҳоямон хонда метавонем. Барои мисол, мо метавонем оиди вафодории Рут мулоҳиза ронем (Рут 1:16, 17). Аз Навиштаҳои Муқаддас хондани китобе, ки ба номи малика Эстер гузошта шудааст ва инчунин мутолиаи мақолаҳо дар бораи ӯ имони моро мустаҳкам мегардонад. Мо метавонем муҳокимаи чунин мавзӯъҳоро ба реҷаи ибодати оилавиамон дароварда, аз ин манфиат гирем. Ва ё агар муҷаррад бошем, метавонем чунин мавзӯъҳоро дар омӯзиши шахсиамон дида бароем.

21. Чӣ тавр занҳои худотарс дар замонҳои душвор ба Яҳува садоқатмандӣ нишон доданд?

21 Бешубҳа, Яҳува мавъизаи занони масеҳиро баракат медиҳад ва онҳоро дар ин замонҳои душвор дастгирӣ мекунад. Масалан, бо мадади Ӯ бисёр занони худотарс дар замони тартиботи фашистӣ ва коммунистӣ беайбии худро нигоҳ доштанд. Онҳо аз сабаби ба Худо итоаткор монданашон азобҳои сахт кашиданд, баъзеашон бошанд, ҳатто ҳаёташонро аз даст доданд (Аъм. 5:29). Имрӯз низ чун дар гузашта хоҳарон ва ҳамчунин бародаронамон ҳокимияти Худоро дастгирӣ мекунанд. Дар асл Яҳува, чун дар мавриди исроилиёни қадим аз дасти рости онҳо дошта мегӯяд: «Натарс, Ман ба ту кӯмак мекунам» (Иш. 41:10–13, Тарҷумаи форсии дарӣ).

22. Дар оянда моро кадом имкониятҳои олиҷаноб интизоранд?

22 Дар ояндаи наздик мардону занони худотарс заминро ба биҳишт табдил хоҳанд дод ва ба миллионҳо эҳёшудагон дар фаҳмидани ниятҳои Яҳува кӯмак хоҳанд кард. То расидани он вақт, биёед шарафи ба Яҳува «якдилона» хизмат карданро қадр кунем (Саф. 3:9).