Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр Яҳува ба мо наздик мешавад?

Чӣ тавр Яҳува ба мо наздик мешавад?

«Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (ЯЪҚ. 4:8).

1. Одамизод ба чӣ ниёз дорад ва кӣ ин ниёзро қонеъ гардонда метавонад?

«ОДАМ бо одам зинда аст»,— мегӯяд як мақоли халқӣ. Ва ин ҳақ асту рост! Ду шахсро ҳамон вақт дӯстони ҷонӣ номидан мумкин аст, ки агар онҳо якдигарро хуб шиносанд ва қадр кунанд. Доштани муносибати наздик бо аъзоёни оила ва дӯстоне, ки моро ҳақиқатан нағз мебинанд, мефаҳманд ва қадр мекунанд, хушбахтии калон аст. Лекин Шахсе ҳаст, ки бо Ӯ мо бояд муносибати аз ҳама наздик дошта бошем. Ӯ Офаридгори мо — Яҳува аст (Воиз 12:1).

2. Яҳува ба мо чӣ ваъда медиҳад, вале чаро бисёриҳо ба ин ваъда бовар намекунанд?

2 Яҳува дар Каломаш моро бармеангезад, ки ба вай наздик шавем. Ӯ дар навбати худ ваъда медиҳад, ки ба мо «наздик хоҳад шуд» (Яъқ. 4:8). Чӣ фикри рӯҳбаландкунандаест ин! Бисёриҳо бовариашон намеояд, ки Худо мехостааст, ки ба одамони гунаҳкор наздик шавад. Ба фикри онҳо бо Худои пок дӯстӣ пайдо кардан номумкин аст, чунки Ӯ аз мо бениҳоят дур аст. Вале, оё ба Худо дар ҳақиқат наздик шудан мумкин аст?

3. Мо бояд дар бораи Яҳува чиро дарк кунем?

3 Дар асл ба Яҳува наздик шудан имконпазир аст, зеро Ӯ «аз ҳеҷ» касе, ки Ӯро меҷӯяд, «дур нест». (Аъмол 17:26, 27; Забур 144:18-ро бихонед.) Худованди мо ният дорад, ки ҳатто  одамони нокомил ба Ӯ наздик шаванд ва Ӯ бо омодагӣ ва бо камоли майл онҳоро чун дӯстони наздик қабул мекунад (Иш. 41:8; 55:6). Аз таҷрибаи ҳаёташ забурнавис чунин гуфта метавонист: «Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад. Хушо касе ки Ту ӯро баргузидаӣ ва муқарраб [наздик]-и Худ гардондаӣ» (Заб. 64:3, 5). Дар Китоби Муқаддас мисоли подшоҳи Яҳудо, Осо, оварда шудааст. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр Осо кӯшиш мекард, ки ба Худо наздик шавад ва чӣ гуна Яҳува ба ӯ наздик шуд *.

ДАРСИ ИБРАТ АЗ ГУЗАШТА

4. Шоҳ Осо ба халқи Яҳудо дар чӣ намунаи ибрат буд?

4 Шоҳ Осо нисбати ибодати пок ғайрати беандоза зоҳир кард. Ӯ маъбадро аз фоҳишагиву бутпарастӣ, ки дар мамлакат чуқур реша давонда буд, тоза кард (3 Подш. 15:9–13). Азбаски худи Осо ба қонунҳои Яҳува итоат мекард ва бо Ӯ муносибати наздик дошт, вай бо озодии сухан мардумро даъват мекард, ки «Худои падарони худро ҷӯё бошанд, ва шариат ва аҳкомро ба амал оваранд». Яҳува даҳ соли аввали ҳукмронии Осоро чунон баракат дод, ки дар тамоми мамлакат тинҷию оромӣ буд. Осо медонист, ки ин сулҳу осоиштагиро Яҳува додааст ва ӯ ба халқаш гуфт: «Замин ҳанӯз дар ихтиёри мост, зеро ки Худованд Худои худро ҷӯё шудаем,— мо Ӯро ҷӯё шудем, ва Ӯ аз ҳар тараф ба мо осудагӣ ато намуд» (2 Вақ. 14:1–7). Биёед бубинем, ки баъдтар чӣ рӯй дод.

5. Кадом вазъият маълум сохт, ки Осо ба Худо такя мекунад ва оқибат он чӣ тавр ҳал шуд?

5 Лаҳзае худро ба ҷои Осо гузоред. Зораҳи ҳабашӣ бар зидди ӯ лашкар кашида, бо 1 000 000 нафар ҷанговар ва 300 аробаи ҷангӣ ба Яҳудо наздик мешуд (2 Вақ. 14:8–10). Агар чунин лашкари сершумор ба мамлакати шумо наздик мешуд, шумо чӣ кор мекардед? Тасаввур кунед, ки қувваи ҳарбии шумо ҳамагӣ аз 580 000 ҷанговар иборат асту халос! Қӯшуни душман аз лашкари шумо қариб ду баробар зиёд аст. Оё шумо ҳайрон мешудед, ки чаро Худо ба ин ҳамла роҳ дода истодааст? Оё барои ҳалли ин вазъияти фавқулода шумо ба хиради худ такя мекардед? Тарзи муносибати Осо ба ин вазъият нишон медиҳад, ки вай бо Яҳува муносибати наздик дошт ва ба Ӯ такя мекард. Ӯ сӯи Яҳува нидо карда гуфт: «Эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем, ва ба исми Ту назди ин анбӯҳ омадаем. Ту Худованд Худои мо ҳастӣ, намон, ки одамизод аз Ту зӯр барояд». Яҳува ба дуову зории Осо чӣ гуна ҷавоб дод? «Худованд ҳабашиёнро пеши Осо ва пеши Яҳудо шикаст дод». Ҳатто як нафар ҳам аз лашкари душман зинда намонд (2 Вақ. 14:11–13).

6. Аз кадом ҷиҳат мо бояд ба Осо пайравӣ кунем?

6 Чаро Осо пурра боварӣ дошта метавонист, ки Яҳува ӯро муҳофизат мекунад? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Осо он чиро, ки дар назари Худованд рост буд... ба амал меовард» ва дили ӯ «ба Худованд амин буд» (3 Подш. 15:11, 14). Мо бояд аз ин ҷиҳат ба Осо пайравӣ кунем. Дили мо низ бояд ба Яҳува пурра «амин», яъне содиқ бошад. Ин чиз ҳаётан муҳим аст, то ки мо ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда бо Ӯ муносибати наздик дошта бошем. Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки Ӯ барои моро ба худ наздик сохтан, аллакай чора андешидааст. Худи Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, ки бо Ӯ муносибати наздик пайдо карда, онро нигоҳ дорем. Биёед ҳоло ду роҳеро дида бароем, ки Яҳува барои бо худ наздик шудан бароямон кушодааст.

ЯҲУВА ТАВАССУТИ ФИДЯ БА МО НАЗДИК МЕШАВАД

7. а) Барои ба Яҳува наздик шудан мо чӣ сабабҳо дорем? б) Олитарин тарзе, ки Худо моро ба худ ҷалб кард, кадом аст?

7 Яҳува ба одамизод муҳаббаташро бо он зоҳир кард, ки барои мо хонаи зебо — заминро офарид. Ӯ то ҳол муҳаббати  худро бо он нишон дода истодааст, ки ниёзҳои ҷисмонии моро қонеъ мегардонад (Аъм. 17:28; Ваҳй 4:11). Аз ҳама муҳимаш, Яҳува аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба мо ғамхорӣ мекунад (Луқ. 12:42). Ӯ моро боварӣ мебахшад, ки ҳар як дуои моро шахсан гӯш мекунад (1 Юҳ. 5:14). Аммо олитарин тарзе ки Яҳува муҳаббаташро изҳор карда худро ба мо наздик сохт — ин пардохтани фидия буд. (1 Юҳанно 4:9, 10, 19-ро бихонед.) Яҳува «Писари ягонаи Худро» барои мо қурбон кард, то ки мо аз гуноҳ ва марг озод шавем (Юҳ. 3:16).

8, 9. Исо дар иҷроиши нияти Яҳува чӣ нақш мебозад?

8 Яҳува ҳатто барои одамоне, ки то замони Масеҳ зиндагӣ карда буданд, имконият дод, ки аз фидия баҳравар шаванд. Чӣ тавр? Аз замоне, ки Яҳува дар бораи Наҷотдиҳандаи инсоният пешгӯӣ карда буд, фидия дар назари Ӯ аллакай пардохташуда ҳисоб меёфт, зеро Ӯ медонист, ки нияташ ҳатман амалӣ мегардад (Ҳас. 3:15). Асрҳо пас, Павлуси ҳавворӣ барои фидияи Исо ба Худо миннатдориашро баён кард. Ӯ фаҳмонд, ки маҳз ба туфайли фидия, Худо «гуноҳҳоеро ки одамон дар замонҳои пеш содир мекарданд, мебахшид» (Рум. 3:21–26, ТДН). Аз ҳамин сабаб, мо ба Худо танҳо ба воситаи Исо наздик шуда метавонем.

9 Яҳува танҳо ба воситаи Исо ба одамони фурӯтан имконият медиҳад, ки бо Ӯ дӯст шаванд ва аз муносибати наздик бо Ӯ хушбахт гарданд. Чӣ тавр Навиштаҳо инро тасдиқ мекунанд? Павлус навишта буд: «Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:6–8). Гарчанде мо сазовори он набудем, Яҳува аз рӯи муҳаббати беандозааш ин фидияро бароямон пардохт. «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад» — гуфт Исо. Дар мавриди дигар ӯ қайд кард: «Касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳ. 6:44; 14:6). Яҳува рӯҳи муқаддасашро истифода бурда, ба воситаи Исо одамонро ба худ ҷалб менамояд. Ӯ ба одамон кӯмак мекунад, то ки бо Ӯ дӯст шуда ҳаёти ҷовидонӣ ёбанд. (Яҳудо 20, 21-ро бихонед.) Биёед тарзи дигареро бинем, ки чӣ тавр Яҳува моро ба худ ҷалб мекунад.

ЯҲУВА ТАВАССУТИ КАЛОМАШ МОРО БА ХУД ҶАЛБ МЕКУНАД

10. Аз Китоби Муқаддас кадом чизҳоро мефаҳмем, ки моро ба Худо наздик мекунанд?

10 Агар аҳамият дода бошед, то ин сархат аз 14 китоби гуногуни Навиштаҳои Муқаддас оятҳо оварда шудаанд. Дар ҳақиқат, бе Китоби Муқаддас мо аз куҷо медонистем, ки ба Офаридгори худ наздик шуда метавонем? Бе он, мо чӣ хел мефаҳмидем, ки Яҳува барои мо фидия додааст ва тавассути Исо моро ба худ наздик мекунад? Танҳо аз он мо дар бораи хусусиятҳои зебои Яҳува ва ниятҳои олиҷанобе, ки Ӯ нисбати одамизод дорад, фаҳмида метавонем. Масалан, дар Хуруҷ 34:6, 7 Яҳува худро ба Мусо чун «Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо, ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад» тасвир кардааст. Кӣ ба чунин Шахс наздик шудан намехост? Яҳува медонад, ки чӣ қадаре ки мо дар бораи Ӯ аз саҳифаҳои Каломаш бисёртар фаҳмем, Ӯ бароямон ҳамон қадар бештар воқеӣ мегардад ва мо худро ба Ӯ наздиктар ҳис мекунем.

11. Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки дар бораи хусусиятҳо ва роҳҳои Яҳува бисёртар фаҳмем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Дар сарсухани китоби «Ба Яҳува наздик шавед» * фаҳмонда шудааст, ки чӣ тавр мо бо Худо муносибати наздик пайдо карда метавонем. Он ҷо гуфта шудааст: «Дӯстии хуб аз беҳтар шинохтани якдигар сар мешавад. Вақте ки мо бо кас аз наздик шинос шуда, оҳиста-оҳиста хислатҳои хуби ӯро мефаҳмему, онҳоро қадр мекунем, дӯстии мо қавитар мегардад ва мо ба он кас дил мебандем. Азбаски  хусусиятҳо ва роҳҳои Худоро Китоби Муқаддас ба мо ошкор мекунад, мо бояд онро хеле бодиққат омӯзем». Пас, чӣ қадар мо аз Яҳува миннатдорем, ки бо роҳбарии Ӯ Каломаш ба таври ба мо фаҳмо навишта шудааст!

12. Чаро Яҳува навиштани Китоби Муқаддасро маҳз ба одамон супурда буд?

12 Яҳува метавонист навиштани Китоби Муқаддасро ба фариштагон супориш диҳад, зеро онҳо ба мо ва ҳаётамон шавқи беандоза доранд (1 Пет. 1:12). Бешубҳа, фариштагон каломи бар одамон равонашудаи Худоро нависта метавонистанд. Лекин оё онҳо метавонистанд ба ҳама чиз мисли одамон назар кунанд ва ниёзу ҳиссиёт, заифиҳо ва майлу хоҳишҳои моро тасвир кунанд? Не, Яҳува медонад, ки аз ин ҷиҳатҳо фариштагон аз мо фарқи калон доранд. Ӯ бохирадона амал карда, барои навиштани Китоби Муқаддас одамонро истифода бурд. Вақте ки мо дар бораи ғаму андӯҳ, тарс, шубҳа ва хатогиҳои нависандагони Китоби Муқаддас ва дигар одамон мехонем, мо дарди онҳоро дар худ ҳис мекунем. Ва вақте ки мо оиди шодиву хурсандии онҳо мехонем, мо метавонем хурсандии онҳоро дар худ эҳсос кунем. Мисли пайғамбар Илёс, ҳамаи нависандагони Китоби Муқаддас шахсоне буданд ба «монанди мо» (Яъқ. 5:17).

13. Вақте ки шумо дуои Юнусро аз Китоби Муқаддас мехонед, шумо чӣ ҳис мекунед?

13 Масалан, фикр кунед: агар ягон фаришта дар бораи саргузашти Юнус менавишт, оё ӯ метавонист он тарсу ҳаросеро, ки Юнус ҳангоми аз супориши Худо гурехтан ҳис мекард, пурра тасвир кунад? Не. Барои ҳамин, то чӣ андоза хуб аст, ки Яҳува худи Юнусро интихоб кард, то дар бораи саргузашташ ва дар бораи дуои гарму самимие, ки аз қаъри баҳр ба Худо гуфт, нависад! Юнус гуфт: «Вақте ки ҷонам дар ман аз ҳол мерафт, Худовандро ба ёд овардам» (Юнус 1:3, 10; 2:1–9).

14. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳиссиёти Ишаъё ба мо шинос аст?

14 Инчунин мо метавонем дар бораи  мисоли Ишаъё-пайғамбар фикр кунем. Ба ӯ низ Яҳува гуфт, ки дар бораи худаш нависад. Баъди он ки дар рӯъё ҷалоли Худоро дид, Ишаъё дарк кард, ки то чӣ андоза одами нокомил ва гунаҳкор аст. Ва ӯ гуфт: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам,— ва чашмонам Подшоҳро, Худованди лашкарҳоро дидааст» (Иш. 6:5). Оё ягон фаришта дар бораи худ чунин гуфта метавонист? Не, вале Ишаъё метавонист ва азбаски мо ҳам мисли Ишаъё нокомил ҳастем, ҳиссиёти ӯро фаҳмида метавонем.

15, 16. а) Чаро мо ҳиссиёти дигар одамонро фаҳмида метавонем? Мисол оред. б) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба Яҳува наздиктар шавем?

15 Оё ягон фариштае метавонист мисли Яъқуб дар бораи худ гӯяд, ки «сазовор нестам» ё чун Петрус гӯянд, ки «шахси гуноҳкор ҳастам»? (Ҳас. 32:10; Луқ. 5:8). Оё фариштагон мисли шогирдони Исо, ки баъзан «ҳаросон» мешуданд, ягон бор ба тарс дода мешаванд? Ё ки онҳо чун Павлус ва дигарон барои далерона мавъиза кардани хушхабар ба дастгириву қуввати бештар эҳтиёҷ доранд? (Юҳ. 6:19; 1 Тас. 2:2). Не, чунки фариштагон аз ҳама ҷиҳат комил буда, назар ба одамон тавонотаранд. Аммо Яҳува барои навиштани Китоби Муқаддас одамони мисли мо нокомилро истифода бурдааст. Барои ҳамин ҳиссиётеро, ки онҳо баён кардаанд, мо зуд фаҳмида метавонем. Каломи Худоро хонда, мо дар ҳақиқат метавонем «бо шодикунандагон шодӣ» кунем ва «бо гирякунандагон гиря» кунем (Рум. 12:15).

16 Вақте ки мо оиди он мулоҳиза мекунем, ки Яҳува дар замонҳои пеш бо ходимони содиқаш чӣ хел муносибат мекард, мо дар бораи Худои худ бисёр чизҳои аҷоибро мефаҳмем. Мо мебинем, ки чӣ тавр Ӯ нисбати одамони нокомил пуртоқатӣ ва меҳрубонӣ зоҳир карда, ба онҳо наздик мешуд. Ҳамин тавр, мо бо Яҳува хубтар шинос мешавем. Дар натиҷа, муҳаббати мо ба Яҳува боз ҳам чуқуртар мегардад ва мо бо Ӯ наздиктар мешавем. (Забур 24:14-ро бихонед.)

БИГЗОР ПАЙВАНДҲОИ ДӮСТИАТОН БО ЯҲУВА КАНДАНАШАВАНДА БОШАНД

17. а) Азарёҳу ба Осо чӣ насиҳати хубе дод? б) Чӣ тавр Осо насиҳати Азарёҳуро рад кард ва ин ба чӣ оқибат овард?

17 Баъди он ки шоҳ Осо бар лашкари ҳабашиён ғолиб омад, пайғамбар Азарёҳу ба пешвозаш баромада, ба ӯ ва халқаш насиҳати бохирадонае дод. Азарёҳу гуфт: «Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед, ва агар Ӯро ҷӯё шавед, Ӯ барои шумо ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк кунед, Ӯ шуморо тарк хоҳад кард» (2 Вақ. 15:1, 2). Аммо мутаассифона баъдтар Осо дар ҳаёташ аз рӯи ин насиҳат рафтор накард. Вақте ки салтанати шимолии Исроил ба мамлакати ӯ ҳуҷум кард, Осо барои кӯмак ба подшоҳи Арам муроҷиат кард. Ба ҷои он ки боз аз Яҳува ёрдам пурсад, ӯ бо бутпарастон аҳд баст. Аз ин рӯ, ба ӯ гуфта шуд: «Ту дар ин бобат аблаҳӣ кардӣ, бинобар ин минбаъд ба ҷангҳо мубтало хоҳӣ шуд». Солҳои минбаъдаи ҳукмронии ӯ пур аз ҷангу нооромӣ буданд (2 Вақ. 16:1–9). Мо аз ин барои худ чӣ дарс гирифта метавонем?

18, 19. а) Агар ҳис кунем, ки муносибатамон бо Худо қадре суст шудааст, бояд чӣ кор кунем? б) Чӣ тавр мо доимо ба Яҳува наздик шуда метавонем?

18 Мо набояд ҳеҷ гоҳ аз Яҳува дур шавем. Агар мо ҳис кунем, ки аз Яҳува каме дур шудаем, бояд мувофиқи суханони Ҳушаъ 12:6 амал кунем: «Сӯи Худои худ руҷӯъ намо [баргард], марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо». Пас, биёед бо миннатдорӣ оиди фидия мулоҳиза ронем ва Каломи Яҳуваро ҷуқур омӯзем. Ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки рӯз аз рӯз ба Ӯ наздиктар шавем. (Такрори Шариат 13:4-ро бихонед.)

19 «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст» — гуфта буд, забурнавис (Заб. 72:28). Барои мо низ ба Худо наздик шудан некӯст. Биёед, ҳар яки мо мақсад гузорем, ки доим дар бораи Яҳува чизҳои навро фаҳмида, ҳамин тавр бо Ӯ боз ҳам наздиктар шавем. Он гоҳ мо дарк хоҳем кард, ки барои дӯст доштани Ӯ сабабҳои боз ҳам бештар дорем. Ва агар мо ба Яҳува наздик шудан гирем, Ӯ низ ба мо наздик шудан мегирад — ҳозир ва то абад!

^ сарх. 3 Ба мақолаи «Барои аъмолатон подоше ҳаст» (рус.) «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми августи соли 2012, ба саҳ. 8 нигаред.

^ сарх. 11 Ин китоб бо забони русӣ дастрас аст.

Чӣ тавр тарзи муносибати Яҳува бо Юнус ва Петрус шуморо ба Ӯ наздик мекунад? (Ба сархатҳои 13 ва 15 нигаред)