Оё ба шумо ғизои «сари вақт» дода мешавад?
МО ДАР замони аз ҳама душвортарини таърихи инсоният зиндагӣ мекунем (2 Тим. 3:1–5). Ҳар рӯз муҳаббати мо ба Яҳува ва итоаткориамон ба меъёрҳои одилонаи Ӯ озмуда мешавад. Исо омадани чунин замонҳои сахтро пешакӣ медонист. Барои ҳамин, ӯ ба пайравонаш ваъда дод, ки барои то охир истодагарӣ кардан ба онҳо ёрдами лозима хоҳад бахшид (Мат. 24:3, 13; 28:20). Барои ба онҳо тасаллӣ ва қуввати рӯҳонӣ бахшидан, ӯ ғуломи мӯътамадро таъин кард, то ки ба онҳо «сари вақт хӯрок диҳад» (Мат. 24:45, 46).
Ғуломи мӯътамад ва доно соли 1919 таъин гардид ва аз ҳамон вақт сар карда, ин ғулом халқи Худоро бо забонҳои гуногун бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин мекунад (Мат. 24:14; Ваҳй 22:17). Лекин маводҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта ба миқдори якхела ба ҳамаи забонҳо дастрас нестанд ва на ҳама кас ба хондани адабиётҳои электронии мо имконият дорад. Масалан, барои баъзеҳо мақола ва видеонаворҳое, ки фақат дар сайти jw.org мебароянд, дастрас нестанд. Оё ин маънои онро дорад, ки баъзеҳо аз ғизои рӯҳонии лозима маҳруманд? Барои ба хулосаи дуруст омадан, биёед чор саволи муҳимро дида бароем.
1. Дар дастархони рӯҳоние, ки Яҳува барои мо меорояд, хӯроки асосӣ кадом аст?
Вақте Шайтон Исоро васваса карда гуфт, ки сангҳоро ба нон табдил диҳад, Исо ҷавоб дод: «Инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд» (Мат. 4:3, 4, «Хушхабар»). «Сухан»-и Худо дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (2 Пет. 1:20, 21). Пас, дар дастархони рӯҳонии мо ғизои асосӣ ин Китоби Муқаддас мебошад (2 Тим. 3:16, 17).
Ташкилоти Яҳува «Тарҷумаи дунёи нав»-и Навиштаҳои Муқаддасро пурра ё қисман ба зиёда аз 120 забон дастрас гардондааст ва ҳар сол он ба забонҳои боз ҳам зиёд тарҷума мешавад. Илова бар ин, миллиардҳо нусха тарҷумаҳои дигари Китоби Муқаддас пурра ё қисман ба ҳазорон забон дастрасанд. Ин дастоварди бузург мувофиқи иродаи Яҳува аст, зеро «Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:3, 4). «Ҳеҷ махлуқе нест, ки аз [чашми Яҳува] ниҳон бошад». Барои ҳамин, мо дилпур буда метавонем, ки Ӯ онҳоеро, ки ниёзҳои рӯҳониашонро дарк мекунанд, ба ташкилоташ ҷалб мекунад ва онҳоро ҳатман бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунад (Мат. 5:3, 6; Юҳ. 6:44; 10:14; Ибр. 4:13).
2. Чаро барои рӯҳан ғизо гирифтани мо адабиётамон нақши муҳим мебозад?
Барои қавӣ гаштани имонамон, танҳо хондани Китоби Муқаддас кам аст. Мо бояд чизи хондагиамонро фаҳмем ва онро ба кор барем (Яъқ. 1:22–25). Инро мисоли хоҷасарои ҳабашӣ, ки дар асри як зиндагӣ мекард, нишон медиҳад. Шогирди Исо Филиппус дид, ки ӯ Каломи Худоро мехонад ва аз ӯ пурсид: «Оё мефаҳмӣ он чиро, ки мехонӣ?» Хоҷасаро ҷавоб дод: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» (Аъм. 8:26–31). Сипас, Филиппус ба ӯ кӯмак кард, ки маънои чизи хондаашро фаҳмад. Ин ба дили хоҷасаро чунон таъсир кард, ки ӯ таъмид гирифт (Аъм. 8:32–38). Ба ин монанд, китобу маҷаллаҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаи мо дар гирифтани дониши аниқи ростӣ ёрӣ медиҳанд. Онҳо ба диламон таъсир намуда, моро бармеангезанд, ки чизи омӯхтаамонро ба кор барем (Қӯл. 1:9, 10).
Тавассути адабиётамон, Яҳува ходимонашро ба таври фаровон ғизои рӯҳонӣ медиҳад (Иш. 65:13). Масалан, маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ба зиёда аз 210 забон дастрас аст. Он пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро мефаҳмонад, барои сарфаҳм рафтан ба ҳақиқатҳои чуқури он ёрдам мекунад ва ташвиқ менамояд, ки мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунем. Маҷаллаи «Бедор шавед!», ки қариб ба 100 забон мебарояд, дониши моро оиди офаридаҳои аҷоиби Яҳува васеъ мегардонад. Он маҷалла чӣ тавр ба кор бурдани маслиҳатҳои амалии Китоби Муқаддасро нишон медиҳад (Мас. 3:21–23; Рум. 1:20). Айни замон ғуломи мӯътамад маводи бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ба зиёда аз 680 забон пешкаш мекунад. Оё шумо ҳар рӯз барои хондани Китоби Муқаддас вақт ҷудо мекунед? Оё шумо ҳар як маҷаллаи нав ва ҳар як адабиёти наверо, ки ҳар сол ба забонатон чоп мешавад, хонда мебароед?
Ғайр аз китобу маҷаллаҳо, ташкилоти Яҳува нақшаи нутқҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро тайёр мекунад, ки мо онҳоро дар вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳоямон мешунавем. Оё шумо аз нутқҳо, драмаҳо, намоишҳо ва мусоҳибаҳое, ки дар он чорабиниҳои рӯҳонӣ пешкаш карда мешаванд, баҳра мебаред? Бешакк, Яҳува бароямон доим дастархони пур аз нозу неъмати рӯҳонӣ меорояд! (Иш. 25:6).
3. Агар ҳамаи адабиётҳои ташкилотамон ба забони шумо дастрас набошанд, магар ин маънои онро дорад, ки шумо ба серӣ ғизои рӯҳонӣ намехӯред?
Албатта не. Ба баъзе ходимони Яҳува дар баъзе маврид аз дигарон дида зиёдтар хӯроки рӯҳонӣ дастрас аст. Чаро мо набояд аз ин ба ҳайрат оем? Биёед мисоли ҳаввориёнро дида бароем. Онҳо назар ба дигар шогирдони асри як зиёдтар дастурот мегирифтанд (Марқ. 4:10; 9:35–37). Бо вуҷуди ин, дигар шогирдон аз ғизои рӯҳонӣ камӣ надоштанд; онҳо ба таври лозима ғизои рӯҳониро мегирифтанд (Эфс. 4:20–24; 1 Пет. 1:8).
Ҳамчунин ҷолиби диққат аст, ки аксари суханони гуфтаи Исо ва корҳои кардаи ӯ дар Китоби Муқаддас навишта нашудаанд. Юҳаннои ҳавворӣ навишт: «Боз бисёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дунё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист» (Юҳ. 21:25). Масеҳиёни асри як дар бораи Исо назар ба мо бисёртар маълумот доштанд. Лекин чунин фикр кардан нодуруст мебуд, ки мо гӯё аз чизи муҳиме маҳрумем. Яҳува оиди мо низ ғамхорӣ кардааст, то дар бораи Устоди худ, Исо, дониши кофӣ дошта бошем ва аз паи ӯ равона шавем (1 Пет. 2:21).
Инчунин дар бораи номаҳое фикр кунед, ки ҳаввориён ба ҷамъомадҳои асри як менавиштанд. Лекин на ҳамаи онҳо дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд. Камаш як номаи Павлус ба Китоби Муқаддас дохил карда нашудааст (Қӯл. 4:16). Вале азбаски мо ин номаро надорем, оё гуфтан мумкин аст, ки ба таври кофӣ хӯроки рӯҳонӣ намегирем? Не. Яҳува медонад, ки мо ба чӣ ниёз дорем ва Ӯ барои рӯҳан бақувват монданамон моро ба серӣ ғизо медиҳад (Мат. 6:8).
Яҳува медонад, ки мо ба чӣ ниёз дорем ва Ӯ барои рӯҳан бақувват монданамон моро ба серӣ ғизо медиҳад
Имрӯз барои баъзе ходимони Яҳува назар ба дигарон бештар ғизои рӯҳонӣ дастрас аст. Шояд шумо бо забоне гап мезанед, ки ба он ҳамагӣ якчанд адабиёти мо дастрас асту халос. Агар чунин бошад, зиқ нашавед! Дилпур бошед, ки Яҳува дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунад. Маводҳоеро, ки бо забони шумо дастрасанд, омӯзед ва агар имкон бошад, ба вохӯриҳое, ки бо забони ба шумо фаҳмо мегузаранд, равед. Он гоҳ муносибати шумо бо Яҳува албатта мустаҳкам хоҳад монд (Заб. 1:2; Ибр. 10:24, 25).
4. Агар барои шумо маводҳои дар сайти jw.org буда дастрас набошанд, оё аз ин имони шумо суст мегардад?
Дар вебсайти мо нусхаҳои электронии маҷаллаҳо ва дигар адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта гузошта мешаванд. Вебсайт инчунин барои ҷуфтон, наврасон ва оилаҳое, ки кӯдакони хурд доранд, маълумоти муфид пешкаш мекунад. Оилаҳо метавонанд ин маълумотро дар ибодати оилавии худ дида бароянд. Ҳамчунин вебсайти мо дар бораи барномаҳои махсус, ба монанди хатмкунии мактаби Ҷилъод ва вохӯрии ҳарсола ҳисобот медиҳад. Он бародарияти умумиҷаҳонии моро оиди офатҳои табиӣ ва мурофиаҳои судии бо халқи Яҳува алоқаманд хабардор карда меистад (1 Пет. 5:8, 9). Ин вебсайт ҳамчунин барои мавъиза воситаи хеле хуб аст, чунки хушхабарро ҳатто дар ҷойҳое, ки фаъолияти мо маҳдуд ё манъ аст, бемалол дастрас мегардонад.
Лекин хоҳ сайти мо ба шумо дастрас бошад, хоҳ не, шумо метавонед рӯҳан устувор монед. Ғуломи мӯътамад кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки барои рӯҳан бақувват мондани ҳамаи масеҳиён маводи чопӣ ба таври кофӣ дастрас бошад. Аз ин рӯ, шумо набояд худро вазифадор ҳис кунед, ки барои даромадан ба сайти jw.org бояд ҳатман таҷҳизоти электронӣ харед. Баъзеҳо шояд бо хоҳиши худ ягон маводи дар сайти мо бударо барои шахсоне, ки Интернет надоранд, чоп карда диҳанд. Лекин ҷамъомадҳо барои кардани ин кор вазифадор нестанд.
Мо хеле миннатдорем, ки Исо ба ваъдааш вафо карда, оиди ниёзҳои рӯҳонии мо ғамхорӣ мекунад. Ин рӯзҳои сахти охирзамон босуръат ба анҷоми худ наздик шуда истодаанд. Аммо мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува додани хӯроки рӯҳонии «сари вақт»-ро ба мо давом медиҳад.