Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳоеро ки дар хизмати пурравақт мебошанд, қадр кунед

Онҳоеро ки дар хизмати пурравақт мебошанд, қадр кунед

«Доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо... мо ба ёд меоварем» (1 ТАС. 1:3).

1. Павлус нисбати онҳое ки барои мавъизаи хушхабар сахт меҳнат мекарданд, чӣ ҳиссиёт дошт?

ПАВЛУСИ ҳавворӣ онҳоеро ки баҳри мавъизаи хушхабар сахт меҳнат мекарданд, қадр менамуд. Ӯ дар бораи онҳо навишт: «Доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба... Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем» (1 Тас. 1:3). Яҳува низ корҳои аз муҳаббат кардаи ҳамаи ходимони содиқашро медонад. Хоҳ онҳо бисёр хизмат карда тавонанд, хоҳ кам, Ӯ онҳоро хеле қадр мекунад (Ибр. 6:10).

2. Дар ин мақола мо чиҳоро дида мебароем?

2 Бисёри ҳамимонони мо, ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз, барои ба Яҳува пурравақт хизмат кардан фидокориҳои бисёре кардаанд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки баъзеҳо дар асри як чӣ тавр ба Яҳува хизмат мекарданд. Ҳамчунин, баъзе намудҳои хизмати пурравақти замони ҳозираро муҳокима мекунем. Аз ин мавзӯъ мо мефаҳмем, ки чӣ тавр мо он бародарону хоҳарони азизро, ки худро ба намудҳои гуногуни хизмати махсус бахшидаанд, дастгирӣ карда метавонем.

МАСЕҲИЁНИ АСРИ ЯК

3, 4. а) Бародарону хоҳарон дар асри як бо кадом тарзҳо ба Яҳува хизмат мекарданд? б) Онҳо чӣ тавр хароҷоти моддии худро рӯпӯш мекарданд?

3 Исо чанде пас аз таъмид гирифтанаш кореро оғоз бахшид, ки он дар оянда бояд ба миқёси умумиҷаҳонӣ мерасид. Ин мавъизаи хушхабар буд (Луқ. 3:21–23; 4:14, 15, 43). Баъди марги Исо ҳаввориёнаш ба ин кор роҳбарӣ мекарданд ва хушхабар торафт бештар паҳн мешуд (Аъм. 5:42; 6:7). Баъзе масеҳиён, ба монанди Филиппуси башоратдиҳанда дар шаҳрҳои гуногуни Фаластин чун миссионер хизмат мекарданд (Аъм. 8:5, 40; 21:8). Павлус ва дигарон бошанд, барои мавъиза ба ҷойҳои аз ин ҳам дур сафар мекарданд (Аъм. 13:2–4, 14:26; 2 Қӯр. 1:19). Баъзеҳо, ба мисли Силвонус (Сило), Марқӯс ва Луқо барои нависандагони Китоби Муқаддас чун котиб хизмат мекарданд ё дар навиштани он иштирок менамуданд (1 Пет. 5:12). Хоҳарони масеҳӣ низ баробари бародарони содиқ меҳнат мекарданд (Аъм. 18:26; Рум. 16:1, 2). Дар бораи ҳаёт ва хизмати ҳамаи он масеҳиён дар Навиштаҳои Юнонӣ нақлҳои аҷоиб оварда шудаанд, ки хонданашон хеле шавқовар аст. Он ки дар Каломи Худо оиди ходимони пурравақт навишта шудааст, нишон медиҳад, ки Яҳува онҳоро бо некӣ дар ёд дорад.

4 Ходимони пурравақти асри як чӣ тавр худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекарданд? Ҳарчанд баъзан онҳо меҳмоннавозии ҳамимонон ва дигар намудҳои ёрии онҳоро қабул мекарданд, онҳо ҳеҷ гоҳ аз ҳамимононашон кӯмаки моддӣ намепурсиданд (1 Қӯр. 9:11–15). Баъзе воизони алоҳида ва ҷамъомадҳо бо омодагӣ оиди ниёзҳои онҳо ғамхорӣ менамуданд. (Аъмол 16:14, 15; Филиппиён 4:1518-ро бихонед.) Инчунин Павлус ва ҳамсафарони ӯ барои пӯшондани хароҷоти худ рӯзи нопурра кор мекарданд.

ХОДИМОНИ ПУРРАВАҚТ ДАР РӮЗҲОИ МО

5. Як ҷуфти масеҳӣ дар бораи ҳаёте, ки дар хизмати пурравақт мегузаронад, чӣ мегӯяд?

5 Имрӯз низ бисёр касон бо роҳҳои гуногун ба Яҳува пурравақт хизмат мекунанд. (Ба чорчӯбаи « Намудҳои гуногуни хизмати пурравақт» нигаред.) Онҳо ба тарзи ҳаёти худ чӣ гуна баҳо медиҳанд? Ин саволро шумо метавонед ба худи он бародарону хоҳарон диҳед ва ҷавоби онҳо албатта шуморо рӯҳбаланд хоҳад кард. Мисолеро дида мебароем. Як бародар чун пешрави доимӣ, пешрави махсус, миссионер ва дар кишвари хориҷа чун аъзои оилаи Байт-Ил хизмат кардааст. Ӯ мегӯяд: «Ман интихоб кардани хизмати пурравақтро яке аз қарорҳои беҳтарини ҳаёти худ меҳисобам. Дар 18-солагӣ ба ман лозим омад, ки қарори душвореро қабул кунам. Ман бояд аз се чиз якеро интихоб мекардам: таҳсил дар донишгоҳ, кори сердаромад бо рӯзи пурраи корӣ ё хизмати пешравӣ. Таҷриба нишон медиҳад, ки Яҳува он қурбониҳое, ки шумо баҳри хизмати пурравақт мекунед, фаромӯш намесозад. Ман дар хизмати пурравақт тавонистам ҳамаи маҳорату қобилиятеро, ки Яҳува ба ман дода буд, пурра истифода барам. Агар барои ин ҷаҳон кор мекардам, чунин имконият намедоштам. Зани ӯ мегӯяд: «Ҳар як таъинот барои баркамол шудани ман кӯмак мекард. Яҳува моро дар мавридҳои гуногун ҳимоя карда ба мо роҳ нишон медод. Мо кӯмаки ӯро борҳои зиёд ҳис мекардем. Агар мо дар муҳити бароҳати худ мемондем, ин чизҳо бо мо ҳеҷ гоҳ рӯй намедод. Ман барои ҳаёте, ки дар хизмати пурравақт мегузаронам, ҳар рӯз ба Яҳува шукр мегӯям». Оё шумо низ аз ҳаёти худ чунин қаноатмандӣ гирифтан мехоҳед?

6. Яҳува ба хизмати ҳар яки мо чӣ хел менигарад?

6 Албатта, шароити баъзеҳо имкон намедиҳад, ки ҳоло пурравақт хизмат кунанд. Лекин онҳо барои Салтанат ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд ва Яҳува инро қадр мекунад. Павлус дар нома ба Филемӯн бародарони ҷамъомади Қӯлассоро ба ёд оварда, ба баъзеи онҳо ном ба ном салом фиристод. (Филемӯн 1, 2-ро бихонед.) Павлус онҳоро қадр мекард ва бешубҳа Яҳува низ хизмати онҳоро пурарзиш меҳисобид. Ба ин монанд, Падари осмониамон хизмати шуморо ҳам қадр мекунад. Лекин чӣ тавр шумо ходимони пурравақтро дастгирӣ карда метавонед?

ПЕШРАВОНРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

7, 8. Хизмати пешравӣ чиро дар бар мегирад ва чӣ тавр дигар аъзоёни ҷамъомад пешравонро дастгирӣ карда метавонанд?

7 Чун воизони боғайрати асри як, пешравон имрӯз барои ҷамъомадҳо сарчашмаи рӯҳбаландӣ мебошанд. Бисёр пешравон кӯшиш мекунанд, ки ҳар моҳ 70 соат хизмат кунанд. Чӣ тавр шумо ба онҳо кӯмак карда метавонед?

8 Як хоҳари пешрав бо номи Шэри аз таҷрибаи худ чунин мегӯяд: «Пешравон, ки ҳар рӯз ба хизмат мебароянд, ба назар бақувват метобанд. Лекин онҳо низ ба рӯҳбаландӣ ниёз доранд» (Рум. 1:11, 12). Хоҳари дигаре, ки давоми якчанд сол пешрав хизмат карда буд, дар бораи пешравони ҷамъомадаш чунин гуфт: «Онҳо беист меҳнат мекунанд. Вақте ки дигарон онҳоро бо мошинашон ба хизмат мебаранд, ба меҳмонӣ таклиф мекунанд, барои сӯзишворӣ каме пул медиҳанд, ё бо ягон роҳи дигар ёрдами моддӣ мерасонанд, онҳо хеле аз ин миннатдор мешаванд. Ҳамин тавр, аъзоёни ҷамъомад ғамхориашонро нисбати онҳо нишон медиҳанд».

9, 10. Баъзеҳо бо кадом роҳҳо пешравони ҷамъомадашонро дастгирӣ мекарданд?

9 Роҳи дигари дастгирӣ кардани пешравон ин дар хизмат бо онҳо ҳамкорӣ кардан аст. Пешраве бо номи Бобби мегӯяд, ки дар давоми ҳафта пешравон дар хизмат ба ҳамроҳ ниёз доранд. Пешрави дигаре аз ҷамъомади ӯ мегӯяд: «Барои бегоҳ ҳамроҳ ёфтан хеле душвор аст». Хоҳаре, ки ҳоло дар Байт-Или Бруклин хизмат мекунад, хизмати пешравиашро ба ёд оварда мегӯяд: «Як хоҳаре, ки мошин дошт, ба ман гуфта буд: “Ҳар гоҳе ки бе ҳамроҳ монӣ, ба ман занг зан ва ман бо ту ба хизмат меравам”. Ӯ хизмати пешравии маро пурра дастгирӣ мекард». Шэри қайд мекунад: «Баъди хизмат пешравони муҷаррад бисёр вақт худашон танҳо мемонанд. Шумо метавонед бародарону хоҳарони муҷаррадро гоҳ-гоҳ ба ибодати оилавии худ таклиф кунед. Вақте ки шумо ҳамроҳи онҳо бо чизе машғул мешавед, ин барои устувор мондани онҳо кӯмак мекунад».

10 Хоҳаре ки қариб 50 сол дар хизмати пурравақт буд, ба ёд меорад, ки пирон чӣ тавр ба ӯ ва дигар хоҳароне, ки ҳамроҳаш чун пешрав хизмат мекарданд, ёрӣ медоданд: «Пирони ҷамъомад дар ду моҳ як бор ба хабаргирии пешравон мерафтанд. Онҳо дар бораи саломатӣ, кору бор ва ғаму ташвишҳои мо пурсон мешуданд. Ва ин ғамхории онҳо ҳақиқатан ҳам самимӣ буд. Онҳо ба хонаи мо меомаданд, то бубинанд, ки оё ба мо ягон ёрдам даркор аст ё не». Ин ғамхориву дастгирии пирон ба мо намунаи масеҳии асри як, Анисифӯрусро, хотиррасон мекунад. Гарчанде ӯ худаш шахси оиладор буд ва бояд дар бораи оилааш ғамхорӣ мекард, ӯ Павлусро дар хизматаш дастгирӣ менамуд (2 Тим. 1:18).

11. Хизмати пешравони махсус чиро дар бар мегирад?

11 Пешрави махсус будан боз як тарзи чун ходими пурравақт хизмат кардан мебошад. Бисёри бародарону хоҳароне ки бо чунин намуди хизмат машғуланд, мекӯшанд, ки ҳар моҳ 130 соат мавъиза кунанд. Онҳо ҳамчунин бо дигар корҳои ҷамъомад банд мебошанд. Барои ҳамин онҳо дар ягон ҷо кор намекунанд ё кам кор мекунанд. Барои пӯшонидани хароҷотҳои асосӣ аз тарафи ташкилот ба онҳо ҳар моҳ кӯмакпулии начандон калоне дода мешавад. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки диққаташонро ба хизмат равона кунанд.

12. Чӣ тавр пирон ва дигар аъзоёни ҷамъомад метавонанд пешравони махсусро дастгирӣ кунанд?

12 Чӣ тавр мо пешравони махсусро дастгирӣ карда метавонем? Як пире ки дар филиал хизмат мекунаду бо бисёр пешравони махсус муошират кардааст, чунин мегӯяд: «Пирон бояд бо онҳо сӯҳбат кунанд, аз вазъу шароиташон пурсон шаванд ва баъд аз он фаҳмида метавонанд, ки ба онҳо чӣ гуна ёрдам даркор аст. Баъзе Шоҳидон гумон мекунанд, ки пешравони махсус аз ҳама ҷиҳат таъминанду ба ягон ёрдам эҳтиёҷ надоранд, чунки онҳо аз ташкилот кӯмакпулӣ мегиранд. Лекин бародарони маҳаллӣ бо бисёр роҳҳо онҳоро дастгирӣ карда метавонанд». Монанди пешравони доимӣ, пешравони махсус низ бисёр вақт дар хизмат ҳамроҳ меҷӯянд. Вақте ки шумо бо онҳо ба мавъиза меравед, онҳо аз ин хеле хурсанд ва миннатдор мешаванд. Оё шумо метавонед аз ин ҷиҳат ба онҳо ёрдам кунед?

НОЗИРОНИ НОҲИЯВИРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

13, 14. а) Чиро мо набояд оиди нозирони ноҳиявӣ фаромӯш созем? б) Ба фикратон шумо онҳоеро ки чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунанд, чӣ тавр дастгирӣ карда метавонед?

13 Нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсарони онҳо бисёр вақт шахсони ботаҷриба ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват метобанд ва ин ҳақиқатан ҳам чунин аст. Лекин фаромӯш насозед, ки онҳо ҳам мисли мо ба суханони рӯҳбаландкунанда, ҳамкорӣ дар хизмат ва ба каме вақтхушиву дамгирӣ ниёз доранд. Мо бояд онҳоро аз ин ҷиҳат дастгирӣ кунем. Агар нозири ноҳиявӣ ё ҳамсараш ба беморхона афтанд ва ба муолиҷаи тиббӣ ё ҷарроҳӣ ниёз дошта бошанд-чӣ? Мо метавонем ба хабаргирии онҳо рафта таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир кунем ва дар бораи ниёзҳои моддиашон ғамхорӣ кунем. Нависандаи китоби Аъмол, Луқо, «табиби маҳбуб» буд ва дар бораи ниёзҳои Павлусу ҳамроҳони вай, ки ба ҷамъомадҳои гуногун сафар мекарданд, ғамхорӣ менамуд. Мо ҳам мисли он бародарони асри як ба нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсаронашон ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир карда метавонем (Қӯл. 4:14; Аъм. 20:5–21:18).

14 Нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсарони онҳо дастгириву меҳрубонии дӯстони наздикро қадр мекунанд. Як нозири ноҳиявӣ навишт: «Дӯстони ман гӯё медонанд, ки ман кай ба рӯҳбаландӣ ниёз дорам. Онҳо бо додани саволҳои оқилона аз ҳолу аҳволам пурсон мешаванд ва ин ба ман кӯмак мекунад, ки дар бораи ташвишҳоям гап занам. Шунавандаи бодиққат будани онҳо аллакай худаш кӯмаки калон аст». Нозирони ноҳиявӣ ва занони онҳо таваҷҷӯҳи шахсиеро, ки бародарону хоҳарони рӯҳонӣ ба онҳо зоҳир менамоянд, хеле қадр мекунанд.

АЪЗОЁНИ БАЙТ-ИЛРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

15, 16. Кори ходимони Байт-Ил ва Толорҳои Салтанат чӣ гуна аст ва чӣ тавр мо онҳоро дастгирӣ карда метавонем?

15 Ходимони Байт-Ил ва онҳое ки Толорҳои Салтанатро нигоҳубин мекунанд, дар пешравии кори Салтанат саҳми калон мегузоранд. Агар дар ҷамъомади шумо ё ноҳияатон ходимони Байт-Ил бошанд, чӣ тавр шумо онҳоро дастгирӣ карда метавонед?

16 Вақте ки онҳо бори аввал ба Байт-Ил меоянд, онҳо шояд хонаву наздикон ва дӯстони худро ёд мекунанд. Вақте ки дигар аъзоёни Байт-Ил ва ҷамъомад бо ин байтилчиёни нав дӯст мешаванд, онҳо миннатдор мегарданд (Марқ. 10:29, 30). Реҷаи муқаррарии кори Байт-Ил ба онҳо имконият медиҳад, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф оранд ва ҳар ҳафта дар хизмати мавъиза иштирок кунанд. Вале баъзан ба ходимони Байт-Ил аз реҷаи корӣ зиёдтар кор кардан лозим меояд. Вақте ки аъзоёни ҷамъомад ба ин чиз фаҳмиш зоҳир мекунанд ва меҳнати ходимони Байт-Ил қадр мекунанд, ин ба ҳама манфиат меорад. (1 Таслӯникиён 2:9-ро бихонед.)

ДАСТГИРИИ ХОДИМОНЕ, КИ ДАР МАМЛАКАТИ ДИГАР ХИЗМАТ МЕКУНАНД

17, 18. Ходимони пурравақте, ки ба кишварҳои хориҷа таъин мешаванд, чӣ гуна таъинотҳо доранд?

17 Баъзе ходимони пурравақт барои хизмат ба дигар мамлакат таъин мешаванд. Шояд хӯрду хӯроки он ҷо, забон ва маданияти маҳаллӣ, боду ҳаво аз он чизҳое, ки дар ватани онҳо буд, сахт фарқ кунад. Ба онҳо лозим меояд, ки ба тарзи нави ҳаёт одат кунанд. Он ходимони пурравақт чӣ гуна таъинотҳо доранд?

18 Баъзеҳо миссионер мебошанд ва асосан вақти худро дар хизмати мавъиза мегузаронанд. Онҳо воизон ва муаллимони моҳиранд ва чизҳои омӯхтаашонро дар ҷамъомадҳои худ ба дигарон таълим медиҳанд. Аз тарафи филиал ба миссионерон ҷои зист ва кӯмакпулии начандон калоне дода мешавад, ки барои рӯпӯш кардани хароҷотҳои асосӣ ёрӣ медиҳад. Дигар шахсоне ки ба кишвари хориҷа таъин шудаанд, дар филиал хизмат мекунанд ё ба сохтмони биноҳои филиал, офисҳои тарҷумонӣ, Толори Салтанат ва Толори анҷуманҳо кӯмак мекунанд. Онҳо бо хӯрду хӯрок, ҷои зист ва дигар чизҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд. Мисли аъзоёни оилаи Байт-Ил онҳо мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меоранд ва мавъиза мекунанд. Аъзоёни ҷамъомади маҳаллӣ аз таҷрибаву кордонии онҳо манфиати зиёд гирифта метавонанд.

19. Оиди онҳое ки барои хизмат ба мамлакати мо омадаанд, чиро бояд дар хотир дорем?

19 Чӣ тавр шумо ходимони пурравақтеро, ки барои хизмат ба мамлакати шумо омадаанд, дастгирӣ карда метавонед? Дар ёд доред, ки онҳо шояд ҳоло ба хӯрду хӯроки маҳаллӣ одат накардаанд, хусусан вақтҳои аввал. Шумо метавонед ҳангоми ба меҳмонӣ таклиф кардани онҳо инро дар ёд доред; пешакӣ аз онҳо пурсидан мумкин аст, ки чӣ хӯрдан мехоҳанд ё чиро чашиданӣ ҳастанд. Шояд барои онҳо ёд гирифтани забон ва маданияти маҳалли шумо каме душвор бошад, аз ин рӯ бо онҳо пурсабр бошед. Мумкин вақти муайян лозим аст, то ки онҳо ба ҳама гапҳои шумо пурра сарфаҳм раванд, лекин шумо метавонед ба онҳо барои дуруст талаффуз кардани калимаҳо ёрдам кунед. Онҳо бешубҳа мехоҳанд забони шуморо ёд гиранд!

20. Бо кадом роҳ шумо ба ходимони пурравақт ва волидони онҳо кӯмак карда метавонед?

20 Ба ходимони пурравақте, ки солҳои бисёр аз хона дур хизмат мекарданд, шояд қарор қабул кардан лозим ояд, ки ба волидони пиронсолашон чӣ тавр кӯмак кунанд. Агар волидон Шоҳиди Яҳува бошанд, онҳо эҳтимол мехоҳанд, ки фарзандонашон дар таъиноти худ бимонанд (3 Юҳ. 4). Албатта, агар волидон ба ғамхорӣ мӯҳтоҷ бошанд, ходимони пурравақт ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд ва то ҳадди имкон зуд-зуд рафта, онҳоро хабар мегиранд. Лекин, бародарону хоҳароне, ки дар наздикии волидони онҳо зиндагӣ доранд, дар ғамхорӣ кардан ба онҳо ёрдами худро пешкаш карда метавонанд. Дар хотир доред, ки ходимони пурравақт бо вазифаи хеле муҳим — дастгирӣ кардани кори заруртарини рӯи замин банд мебошанд (Мат. 28:19, 20). Агар волидони ходимони пурравақт ба кӯмак мӯҳтоҷ шаванд, оё шумо ё ҷамъомадатон ба онҳо дасти ёрӣ дароз карда метавонед?

21. Ходимони пурравақт ба кӯмак ва суханони рӯҳбаландкунандаи дигарон чӣ гуна муносибат мекунанд?

21 Бисёри одамон сахт меҳнат мекунанд, то ки пулу мол ба даст оранд. Вале онҳое ки хизмати пурравақтро интихоб кардаанд, барои он сахт меҳнат мекунанд, ки Яҳува ва одамонро дӯст медоранд. Онҳо ҳар гуна ёриву дастгирии шуморо бисёр қадр хоҳанд кард. Як хоҳаре, ки дар мамлакати дигар чун ходими пурравақт хизмат мекунад, чунин гуфт: «Ҳатто навиштани номаи хурди миннатдорӣ нишон медиҳад, ки дигарон дар бораи ту фикр мекунанд ва аз коре, ки ту мекунӣ, хурсанданд».

22. Шумо оиди хизмати пурравақт чӣ фикр доред?

22 Ба Яҳува пурравақт хизмат кардан дар ҳақиқат роҳи беҳтарини ҳаёт аст. Он ғайрату кӯшиши бисёрро металабад, вале шавқовар асту қаноатмандии зиёд меорад. Ва он тайёрии хубест барои хизмати хурсандиоваре, ки ҳамаи ходимони содиқи Яҳуваро зери ҳукмронии Салтанат интизор аст. Биёед, «доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат»-и ходимони пурравақтро ба ёд орем ва онҳоро қадр кунем (1 Тас. 1:3).