Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нестшавии душмани охирин

Нестшавии душмани охирин

«Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст» (1 ҚӮР. 15:26).

1, 2. Одаму Ҳавво дар аввал дар кадом шароит мезистанд ва дар алоқамандӣ бо ин чӣ гуна саволҳо пайдо мешаванд?

ДАР аввали офарида шудани худ Одаму Ҳавво ягон душман надоштанд. Онҳо чун одамони комил дар биҳишт зиндагӣ мекарданд ва аз муносибати наздик бо Офаридгори худ ҳамчун духтару писари Ӯ баҳра мебурданд (Ҳас. 2:7–9; Луқ. 3:38). Дар бораи давомнокии ҳаёти Одаму Ҳавво аз амре, ки Худо ба онҳо дод, фаҳмидан мумкин буд. (Ҳастӣ 1:28-ро бихонед.) Онҳо метавонистанд дар муддати муайяни вақт «заминро пур» кунанд ва онро обод намоянд. Аммо барои пайваста бар ҳайвоноти рӯӣ замин ҳукмронӣ ва ғамхорӣ кардан онҳо бояд ҷовидона мезистанд. Яъне барои ҳамеша аз ӯҳдаи ин кор баромадан, ба онҳо лозим буд, ки ҳеҷ гоҳ намиранд.

2 Пас чаро имрӯз шароит тамоман дигар аст? Чӣ хел шуд, ки душманони инсоният ин қадар зиёд гаштаанд? Ва марг, ки душмани ашаддии мост, аз куҷо пайдо шуд? Барои бартараф кардани ин душманон Худо чӣ кор карданӣ аст? Ба ин ва дигар саволҳои бо ин мавзӯъ алоқаманд аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёфтан мумкин аст. Биёед якчанд порчаҳои муҳими Китоби Муқаддасро дида бароем.

ОГОҲИИ МЕҲРУБОНОНА

3, 4. а) Яҳува ба Одаму Ҳавво чӣ гуна амр дод? б) Итоат кардан ба ин амр то чӣ андоза муҳим буд?

3 Гарчанд Одам ва Ҳавво имконияти абадан зиндагӣ кардан доштанд, онҳо намиранда набуданд. Барои зинда мондан онҳо бояд нафас мегирифтанд, мехӯрданд, менӯшиданд ва хоб мерафтанд. Вале аз ҳама муҳимаш онҳо бояд бо Парвардигорашон муносибати наздик медоштанд (Такр. Ш. 8:3). Барои зинда мондан ва аз ҳаёт баҳра бурдан онҳо бояд ба роҳнамоии Худо гӯш медоданд. Ҳатто пеш аз офаридани Ҳавво, Яҳува ба таври аниқу равшан ба Одам гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳас. 2:16, 17).

4 «Дарахти маърифати неку бад» нишон медод, ки танҳо Худо ҳақ дорад муайян кунад, ки чӣ нек асту чӣ бад. Одам албатта некро аз бад фарқ карда метавонист, чунки ӯ ба сурати Худо офарида шуда буд ва дорои виҷдон буд. Дарахт бошад, ба Одаму Ҳавво ёдрас мекард, ки онҳо ҳамеша ба роҳнамоии Яҳува мӯҳтоҷ ҳастанд. Бо хӯрдани мева аз он дарахт онҳо гӯё ба Худо мегуфтанд: «Ба мо қонуну қоидаи ту даркор нест». Ва бо хӯрдани мева аз он дарахт онҳо ҳам худашон ва ҳам наслашонро ба марг гирифтор мекарданд.

ЧӢ ТАВР МАРГ БА ОИЛАИ ИНСОНӢ ВОРИД ШУД?

5. Чӣ Одаму Ҳавворо ба беитоатӣ тела дод?

5 Баъди офаридани Ҳавво Одам ӯро аз қонуне, ки Худо дода буд, огоҳ кард. Ҳавво ин қонунро хуб дар ёдаш гирифт, зеро вақте ки аз ӯ пурсиданд, ӯ тавонист, ки он қонунро қариб аз ёд гӯяд (Ҳас. 3:1–3). Кӣ ӯро пурсид? Шахсияти айёре, ки худро ҳамчун мор нишон дод. Шахсияте, ки аз пушти мор истода гап мезад, Шайтон Иблис, писари рӯҳонии Худо буд, ки дар дилаш хоҳиш пайдо карда буд, ки худаш ҳоким ва аз Худо новобаста бошад. (Бо Яъқуб 1:14, 15 муқоиса кунед.) Барои ба мақсади бади худ расидан ӯ Худоро ба дурӯғгӯӣ айбдор кард. Ӯ Ҳавворо фиреб дода гуфт, ки агар аз итоати Худо баромада, меваро хӯрад, ӯ намемирад, балки монанди Худо мешавад (Ҳас. 3:4, 5). Ҳавво ба фиреби ӯ бовар карда, аз меваи дарахт гирифта хӯрд ва бо ин нишон дод, ки бе Худо, худаш мустақилона зиндагӣ кардан мехоҳад. Баъд вай шавҳарашро низ розӣ кард ва ӯ ҳам хӯрд (Ҳас. 3:6, 17). Шайтон дурӯғ гуфт. (1 Тимотиюс 2:14-ро бихонед.) Лекин Одам дидаву дониста, «ба овози» зани худ гӯш дод. Аз назари аввал мор ба онҳо дӯст менамуд, аммо шахсияте ки аз пушти мор гап мезад, дар асл душмани бераҳми онҳо буд, ки аз оқибати ин кор ба хубӣ хабардор буд.

6, 7. Яҳува чун Довар бо Одаму Ҳавво чӣ гуна рафтор кард?

6 Гарчанд Яҳува ба Одаму Ҳавво ҳаёт ва тамоми чизи дигарро дода буд, онҳо бар зидди Ӯ исён бардоштанд. Албатта, Яҳува аз воқеаи рӯйдода огоҳ буд. (1 Вақ. 28:9; Масалҳо 15:3-ро бихонед.) Лекин Ӯ ба он се нафари гуноҳкарда имкон дод, то онҳо нишон диҳанд, ки дар асл нисбати Ӯ чӣ ҳиссиёт доранд. Чун Падар Яҳува албатта аз кори кардаи онҳо сахт ғамгин шуд. (Бо Ҳастӣ 6:6 муқоиса кунед.) Сипас, ҳамчун Довари одил Ӯ ба гунаҳкорон мувофиқи рафтори кардаашон ҳукм баровард.

7 Худо ба Одам гуфта буд: «Рӯзе ки аз [дарахти маърифати неку бад] бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд». Одам аз афташ гумон мекард, ки худи ҳамон рӯз пеш аз нишастани офтоб мемурад. Аммо каме баъдтар, «дар вақти салқинии рӯз» Яҳува бо Одаму Ҳавво гап зад (Ҳас. 3:8). Ӯ бо онҳо гӯё мурофиаи судӣ гузаронда, воқеаи рӯйдодаро аз даҳони худи онҳо шунид (Ҳас. 3:9–13). Сипас, Ӯ ҳукми бар онҳо баровардаи худро эълон кард (Ҳас. 3:14–19). Агар Яҳува онҳоро худи ҳамон лаҳза нест мекард, ин нишон медод, ки нияти Ӯ оиди Одаму Ҳавво ва насли онҳо иҷро нагардид (Иш. 55:11). Гарчанде таъсири гуноҳ аз худи ҳамон лаҳза сар шуд, Яҳува ба онҳо имкон дод, ки фарзандон ба дунё оваранд ва онҳо ояндаи хуб дошта бошанд. Азбаски барои Яҳува ҳазор сол чун як рӯз аст, гуфтан мумкин аст, ки дар назари Ӯ Одаму Ҳавво худи ҳамон «рӯз» мурданд (2 Пет. 3:8).

8, 9. Чӣ тавр гуноҳи Одам ба наслаш таъсир кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Оё рафтори Одаму Ҳавво ба фарзандони онҳо таъсир расонд? Бале. Дар Румиён 5:12 дар ин бора навишта шудааст: «Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд». Аввалин касе ки тӯъмаи марг гашт, ин Ҳобили росткор буд (Ҳас. 4:8). Баъдтар бошад, фарзандону наберагони Одам пир мешуданду мемурданд. Оё онҳо бо марг гуноҳро низ мерос гирифтанд? Дар ин бора Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ба воситаи беитоатии як кас бисёр касон гунаҳкор шуданд» (Рум. 5:19). Ҳамин тавр, гуноҳу марге, ки мо аз Одам мерос гирифтем, душмани бераҳми инсоният гардид, ки аз онҳо роҳи гурез нест. Гарчанде мо аниқ гуфта наметавонем, ки гуноҳу марг чӣ хел аз Одам ба насли ӯ гузашт, оқибатҳои онро мо бо чашми худ мебинем.

9 Пас аз рӯи мантиқ аст, ки Китоби Муқаддас гуноҳ ва маргро ба рӯпӯше, ки «бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст» ва пардае, ки «бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст», монанд мекунад (Иш. 25:7). Ягон кас аз гуноҳ ва марг гурехта наметавонад. Аз ҳамин сабаб Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «дар Одам ҳама мемиранд» (1 Қӯр. 15:22). Табиист, ки Павлуси ҳавворӣ чунин савол медиҳад: «Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?» Оё ягон кас Павлусро аз ин наҷот дода метавонист? * (Рум. 7:24).

ГУНОҲ ВА МАРГ НЕСТ ХОҲАНД ШУД

10. а) Кадом оятҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки Яҳува маргро нест мекунад? б) Ин оятҳо дар бораи Яҳува ва Писараш чиро ошкор мекунанд?

10 Танҳо Яҳува Павлусро наҷот дода метавонист. Ишаъё пайғамбар баъди он ки дар бораи «рӯпӯш» навишт, дар ояти навбатӣ қайд кард: «Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард» (Иш. 25:8). Чи хеле ки падари меҳрубон фарзандашро аз азоб халос карда, обҳои дидаашро пок мекунад, ба монанди ин Яҳува низ бо омодагӣ маргро нест мекунад. Дар ин кор Исо ба Ӯ дастёрӣ хоҳад кард. Дар 1 Қӯринтиён 15:22 омадааст: «Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд». Ҳамчунин, Павлус вақте пурсид, ки «кӣ маро аз... мамот раҳоӣ медиҳад?», худаш ба саволаш ҷавоб дод: «Худоро ба воситаи... Исои Масеҳ шукр мегӯям» (Рум. 7:25). Равшан аст, ки бо исёни Одаму Ҳавво муҳаббати Яҳува нисбати инсоният хунук нагаштааст. Ва Исо, ки дар офариниши одам дастёри Худо буд, то ҳол одамонро дӯст медорад (Мас. 8:30, 31). Аммо ин наҷот чӣ тавр амалӣ мегардад?

11. Яҳува барои аз марг озод кардани одамизод чӣ кор кард?

11 Вақте ки Одам гуноҳ кард, Яҳува ӯро ба марг маҳкум намуд. Дар натиҷа тамоми одамон нокомилӣ ва маргро мерос гирифтанд (Рум. 5:12, 16). Дар Румиён 5:18 фаҳмонда шудааст: «Ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд» (Рум. 5:18). Яҳува барои одамизодро аз марг озод кардан ва ҳамзамон аз доираи меъёрҳои одилонаи худ набаромадан чӣ кор карда метавонист? Исо ба ин савол ҷавоб дода гуфт: «Писари Одам... барои он омад, ки... ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад» (Мат. 20:28). Писари аввалини рӯҳонии Яҳува дар замин таваллуд шуда ҳамчун инсони комил метавонист фидияи мувофиқ бидиҳад. Ин фидия чӣ тавр адолати Яҳуваро нишон медиҳад? (1 Тим. 2:5, 6).

12. Кадом фидияи мувофиқ адолатро ба амал овард?

12 Ҳамчун инсони комил Исо метавонист абадан зиндагӣ кунад. Яҳува барои Одам маҳз ҳаминро мехост. Нияти Яҳува ин буд, ки замин аз фарзандони комили Одам пур шавад. Азбаски Исо Падараш ва инсониятро хеле дӯст медошт, ӯ ҷонашро барои одамон фидо кард. Ҳаёте ки ӯ қурбон кард ба ҳаёте, ки Одам аз даст дода буд, баробар буд. Баъд аз ин Яҳува писарашро ҳамчун офаридаи рӯҳӣ эҳё кард (1 Пет. 3:18). Ин фидия мувофиқи адолати Яҳува буд, чунки як ҳаёти комил ба ивази дигар ҳаёти комил дода шуд. Ба туфайли ин, фарзандони Одам он ҳаёти абадиро, ки Одам гум кард, ба даст оварда метавонанд. Ба маъное Исо ҷои Одамро гирифт. Павлус мефаҳмонад: «Чунин навишта шудааст: “Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт”. Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш аст» (1 Қӯр. 15:45).

Ҳобил — якумин шахсе ки маргро чашид, аз фидияи Исо баҳра хоҳад бурд (Ба сархати 13 нигаред)

13. Барои ба мурдагон озодӣ бахшидан «Одами охирин» чӣ кор мекунад?

13 Дар ояндаи наздик «Одами охирин» ҳамчун «рӯҳи ҳаётбахш» ба насли Одам ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад бахшид. Аксарияти одамоне, ки дар замони гузашта мурда буданд, ба ҳаёт бозмегарданд. Онҳо барои дар рӯи замин зиндагӣ кардан эҳё хоҳанд шуд (Юҳ. 5:28, 29).

14. Барои бартараф кардани нокомилии насли Одам Яҳува чиро пешбинӣ кардааст?

14 Чӣ тавр одамон аз чанголи нокомилӣ раҳо шуда метавонанд? Барои ин корро иҷро кардан Яҳува ҳокимияти осмонӣ барпо кард. Ҳокимони он Салтанат, Исо ва 144 000 нафар мебошанд, ки аз байни одамон интихоб шудаанд. (Ваҳй 5:9, 10-ро бихонед.) Азбаски онҳо аз миёни одамони нокомил гирифта шуданд, онҳо ҳиссиёти тобеонашонро фаҳмида метавонанд. Дар давоми ҳазор сол Исо ва онҳое ки бо ӯ ҳукмронӣ мекунанд ба одамон барои ба комилият расидан кӯмак хоҳанд кард (Ваҳй 20:6).

15, 16. а) Китоби Муқаддас «душмани охирин... мамот» гуфта чиро дар назар дорад ва он кай нест карда мешавад? б) Мувофиқи 1 Қӯринтиён 15:28 Исо дар вақти муносиб чӣ кор хоҳад кард?

15 Дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Салтанат одамони итоаткор аз тамоми душманоне, ки аз сабаби гуноҳи Одам пайдо шуда буданд, халосӣ меёбанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд. Ҳар яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд [онҳое ки ҳамроҳаш подшоҳӣ мекунанд] дар вақти омадани Ӯ. Баъд охират фаро мерасад, ки он вақт Ӯ Малакутро ба Худо ва Падар месупорад ва ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад; зеро Ӯ бояд салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад. Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст» (1 Қӯр. 15:22–26). Бале, марге ки мо аз Одам мерос гирифтаем, оқибат нест мегардад. «Рӯпӯше», ки ҳоло бар тамоми инсоният пӯшонида шудааст, абадан нест карда хоҳад шуд (Иш. 25:7, 8).

16 Павлуси ҳавворӣ суханони илҳомбахшидаашро чунин хотима мебахшад: «Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, он гоҳ Худи Писар ҳам ба Он ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кард, мутеъ хоҳад шуд, то ки Худо кулл дар кулл бошад» (1 Қӯр. 15:28). Он гоҳ мақсади ҳукмронии Исо иҷро мегардад. Сипас, ӯ бо хурсандӣ ҳокимиятро ба Падар баргардонда, ба Ӯ оилаи комили одамизодро пешниҳод хоҳад кард.

17. Бо Шайтон оқибат чӣ мешавад?

17 Бо Шайтон, ки сабабгори тамоми бадбахтиҳои инсоният аст, чӣ рӯй медиҳад? Ҷавоб ба ин савол дар Ваҳй 20:7–15 оварда шудааст. Ҳангоми санҷиши охирини одамони комил ба Шайтон иҷозат дода мешавад, ки онҳоро гумроҳ созад. Сипас Шайтон ва ҳамаи касоне, ки аз паи ӯ мераванд, абадан нест карда мешаванд. Ин «мамоти дуюм» номида шудааст (Ваҳй 21:8). Ин намуди марг ҳеҷ гоҳ маҳв карда намешавад, яъне касе ки ҳангоми «мамоти дуюм» мемирад, ҳеҷ гоҳ зинда намешавад. Агар мо ба Яҳува вафодор бошем, мо набояд аз «мамоти дуюм» тарсем.

18. Супорише, ки Худо ба Одам дод, чӣ тавр иҷро мегардад?

18 Вақте ки ҳамаи одамон ба комилият мерасанд, Яҳува онҳоро ба ҳаёти ҷовидонӣ сазовор хоҳад донист. Дар он вақт одамон бе ягон душман зиндагӣ хоҳанд кард. Супорише, ки Худо ба Одам дода буд, бе иштироки худи ӯ иҷро мегардад. Насли ӯ заминро пур карда, аз нигоҳубини ҳайвоноту набототи он ҳаловат хоҳанд бурд. То чӣ андоза мо миннатдорем, ки Яҳува дар ояндаи наздик душмани охирини мо, маргро, нест хоҳад кард!

^ сарх. 9 Дар китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (англ.), қисми 2, саҳ. 247 гуфта шудааст: «Вақте ки олимон сабаби пиршавӣ ва марги инсонро фаҳмонданӣ мешаванд, онҳо як чизи муҳимро сарфи назар мекунанд. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки ҳукми маргро ба ҷуфти аввалини инсонӣ худи Офаридгор баровардааст. Барои ҳамин одамон ба таври пурра ба он сарфаҳм рафта наметавонанд».