Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо боварӣ доред, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастед?

Оё шумо боварӣ доред, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастед?

«Дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист» (РУМ. 12:2).

1. Рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият дар вақтҳои ҷанг чӣ кор мекарданд?

МАГАР иродаи Худо ҳамин аст, ки масеҳиёни ҳақиқӣ ба ҷанг рафта одамони дигар миллатҳоро бикушанд? Дар давоми сад соли гузашта бисёри одамоне, ки худро масеҳӣ меномиданд, маҳз ҳамин хел мекарданд. Рӯҳониёни католикӣ дар давоми ҷанг аскарон ва яроқҳои онҳоро баракат медоданд, то ки онҳо бар зидди католикони дигар миллат ҷанг кунанд. Ин гап дар ҳаққи рӯҳониёни протестантӣ низ ҳақ аст. Мисоли чунин куштору хунрезии зиёд Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мебошад.

2, 3. Дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва баъд аз он Шоҳидони Яҳува чӣ гуна рафтор мекарданд?

2 Шоҳидони Яҳува дар он замон чӣ гуна рафтор мекарданд? Таърих гувоҳ аст, ки Шоҳидон ҳамчун масеҳиёни ҳақиқӣ касеро тарафгирӣ намекарданд. Чаро онҳо дар ин айёми ҷанг бетарафиро нигоҳ медоштанд? Чунки онҳо ба намунаи Исо пайравӣ намуда ба суханони ӯ гӯш медоданд. Ӯ гуфта буд: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:35). Шоҳидон инчунин фикр мекарданд, ки он насиҳате, ки Павлус солҳои пеш ба масеҳиёни Қӯринт дода буд, ба онҳо низ дахл дорад. (2 Қӯринтиён 10:3, 4-ро бихонед.)

3 Азбаски виҷдони масеҳиёни ҳақиқӣ дар асоси Китоби Муқаддас тарбия ёфтааст, онҳо ҷангро на таълим мегиранд ва на дар он иштирок мекунанд. Барои нигоҳ доштани мавқеи бетарафиашон ҳазорҳо Шоҳидони пиру ҷавон ва марду зан таъқиб карда мешуданд. Бисёри онҳоро ба маҳкамаҳо меандохтанд. Баъзеи дигарашонро дар лагерҳо зиндонӣ намуда, ба корҳои вазнин маҷбур мекарданд. Дар замони Германияи фашистӣ баъзеҳо ҳатто кушта шуданд. Гарчанде онҳоро дар Аврупо бераҳмона азобу шиканҷа медоданд, Шоҳидон фаромӯш намекарданд, ки ба мавъиза кардани хушхабари Салтанат вазифадоранд. Онҳо дар маҳбас, лагерҳои консентратсионӣ ва ҳангоми дар бадарға буданашон дар бораи имонашон шаҳодат медоданд *. Баъдтар, вақте ки соли 1994 халқиятҳои Руанда байни ҳам душманӣ варзида якдигарро нест мекарданд, Шоҳидон дар ин амалиёт ягон зарра ҳамроҳ намешуданд. Ҳамчунин онҳо дар кашмакашҳои хунине, ки ҳангоми тақсим шудани Югославияи пештара дар кишварҳои Балкан рӯй дод, ягон тарафро ишғол накарданд.

4. Мавқеи бетарафиро ишғол кардани Шоҳидон чӣ тавр ба дигарон таъсир расонд?

4 Чунин рафтори Шоҳидонро дида, ҳазорон одамон дар тамоми ҷаҳон бовар карданд, ки онҳо ба Худо ва одамон муҳаббати ҳақиқӣ доранд. Гуфтан мумкин аст, ки онҳо масеҳиёни ҳақиқӣ мебошанд. Вале боз дигар ҷонибҳои ибодатамон ба бисёриҳо боварӣ бахшиданд, ки Шоҳидони Яҳува масеҳиёни ҳақиқиянд.

БУЗУРГТАРИН КОРИ ТАЪЛИМДИҲӢ ДАР ТАЪРИХ

5. Пайравони аввалаи Масеҳ шоҳиди кадом дигаргунӣ шуданд?

5 Дар аввали хизмати худ, Исо то чи андоза муҳим будани мавъизаи Салтанати Худоро нишон дод. Исо бо интихоб кардани 12 шогирдаш ба мавъизаи умумиҷаҳонӣ асос гузошт. Баъдтар бошад, ӯ 70 нафар шогирдонро таълим дод, ки чӣ гуна бояд мавъиза кунанд (Луқ. 6:13; 10:1). Онҳо бояд аввал ба яҳудиён мавъиза мекарданд. Лекин баъдтар як дигаргунӣ рӯй дод. Акнун шогирдони Исо бояд хушхабарро ба ғайрияҳудиён мерасонданд. Барои шогирдони боғайрати яҳудӣ ин як навигарии калоне буд (Аъм. 1:8).

6. Петрус аз куҷо фаҳмид, ки Худо рӯйбин нест?

Петруси ҳавворӣ ба хонаи Корнилюс, ки ғайрияҳудӣ буд, фиристода шуд. Петрус фаҳмид, ки Худо як миллатро аз дигараш боло намеҳисобад. Корнилюс ва аҳли хонаводаи ӯ таъмид гирифтанд. Масеҳият акнун дар ҷойҳои дигар низ паҳн мешуд; одамони тамоми миллатҳо метавонистанд ҳақиқатро шунаванд ва онро қабул кунанд (Аъм. 10:9–48). Шогирдони Исо хушхабарро акнун бояд дар тамоми замин мавъиза мекарданд.

7, 8. Ташкилоти Яҳува барои ба тамоми халқу миллатҳо расонидани хушхабар кадом корро пеш гирифтааст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

7 Чуноне ки таърихи имрӯзаи Шоҳидони Яҳува нишон медиҳад, онҳое ки дар ташкилот роҳбариро ба ӯҳда доранд, кори мавъизаи хушхабар ва таълимдиҳиро бо ҷидду ҷаҳд дастгирӣ мекунанд. Имрӯз қариб ҳашт миллион Шоҳиди Яҳува ҳар кори аз дасташон меомадаро карда хушхабарро ба зиёда аз 600 забон паҳн карда истодаанд ва дар оянда ба забонҳои аз ин ҳам бештар паҳн хоҳанд кард. Шоҳидони Яҳуваро одамон аз мавъизаи хона ба хонаашон мешиносанд. Онҳо инчунин дар кӯчаҳо мавъиза мекунанд ва баъзан барои ин мизҳои намоишӣ ва аробачаҳои адабиётдорро истифода мебаранд.

8 Зиёда аз 2900 нафар тарҷумон таълими махсусро гирифта, Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфтаро тарҷума мекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки хушхабар на фақат ба забонҳои асосӣ, балки ба садҳо забони дигар низ дастрас бошад. Гарчанд он забонҳо машҳур нестанд, аммо лафзи модарии миллионҳо нафар мебошанд. Масалан, миллионҳо сокинони Испания каталанҳоянд, ки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаашон бо забони модарии худ, яъне каталанӣ гап мезананд. Вақтҳои охир дар минтақаҳои Андорра, Аликанте, Ҷазираҳои Балеар, Валенсия забони каталанӣ аз нав зинда шуда истодааст. Шоҳидони Яҳува ба забони каталанӣ на танҳо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро мебароранд, балки бо ин забон ҷамъомадҳо низ мегузаронанд. Бо забони модариашон гӯш кардани барномаи вохӯриҳо ба дили мардуми каталан таъсир мерасонад.

9, 10. Барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки ташкилоти Худо оиди ниёзҳои рӯҳонии ҳамаи одамон ғамхорӣ мекунад?

9 Чунин кори тарҷумонӣ ва таълимдиҳӣ дар бисёри маҳаллҳои дигар низ иҷро карда мешавад. Забони расмии давлати Мексика испанӣ мебошад, аммо халқиятҳои калони маҳаллӣ бо забони модарии худ гап мезананд. Мардуми Майя яке аз чунин халқиятҳо мебошад. Филиал дар Мексика гурӯҳи тарҷумонии забони майяро маҳз дар ҳамон қисми мамлакат ҷойгир кард, ки он ҷо онҳо тавонанд забони модариашонро ҳар рӯз шунаванд ва бо он гап зананд. Мисоли дигар давлати Непал мебошад, ки 29 миллион аҳолӣ дорад. Дар ин мамлакат тахминан 120 забон ба кор бурда мешавад, аммо зиёда аз 10 миллион нафар бо забони непалӣ гап мезанад ва бисёр сокинони дигар бошанд, онро ҳамчун забони дуюм истифода мебаранд. Адабиёти мо ба ин забон ҳам нашр мегардад.

10 Аз кӯмаку дастгирие, ки ба бисёр гурӯҳҳои тарҷумонӣ дар тамоми ҷаҳон пешкаш карда мешавад, маълум аст, ки ташкилоти Яҳува то чӣ андоза ба амри мавъизаи хушхабар дар бораи Салтанат ҷиддӣ муносибат менамоянд. Ҳангоми маъракаҳои паҳнкунӣ чандин миллион рисолаҳо, брошураҳо ва маҷаллаҳо дар тамоми ҷаҳон бепул тақсим карда шудаанд. Хароҷот аз ҳисоби хайрияҳои ихтиёрии Шоҳидони Яҳува пӯшонида мешавад. Онҳо адабиётро намефурӯшанд, балки ба дастуроти зерини Исо гӯш медиҳанд: «Муфт ёфтаед, муфт диҳед» (Мат. 10:8).

Гурӯҳи тарҷумонӣ ба забони олмонии поён маҷалла тайёр карда истодааст (Ба сархати 10 нигаред)

Адабиёти ба забони олмонии поён дар Парагвай истифода бурда мешавад (Ҳамчунин ба расми аввали мақола нигаред)

11, 12. Кадом кори Шоҳидони Яҳува дигаронро боварӣ мебахшад, ки онҳо масеҳиёни ҳақиқианд?

11 Ҳамчун воизону омӯзгорони вафодори Худо Шоҳидони Яҳува боварии комил доранд, ки ҳақиқатро ёфтаанд. Аз ин рӯ онҳо барои ба одамони дигар халқу миллатҳо расондани хабари Салтанат фидокориҳои зиёд мекунанд. Бисёриҳо ҳаёташонро оддӣ гардонда, забон ва маданияти халқи дигарро меомӯзанд, то ки дар ин кори наҷотбахш фаъолона иштирок кунанд. Ин кори умумиҷаҳонии таълим ва башоратдиҳии Шоҳидони Яҳува боз як исботи он аст, ки одамон онҳоро пайравони ҳақиқии Исои Масеҳ меҳисобанд.

12 Шоҳидон ҳамаи ин корро аз баҳри он мекунанд, зеро боварӣ доранд, ки дар роҳи ҳақиқатанд. Аммо боз чӣ миллионҳо одамонро боварӣ бахшид, ки Шоҳидони Яҳува дар роҳи ростианд? (Румиён 14:17, 18-ро бихонед.)

ЧАРО ОНҲО БОВАРӢ ДОРАНД, КИ ДАР РОҲИ ҲАҚИҚАТАНД?

13. Чӣ тавр дар ташкилоти Шоҳидон ахлоқи пок нигоҳ дошта мешавад?

13 Биёед бубинем, ки чаро баъзе масеҳиёни содиқи имрӯза боварӣ доранд, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастанд. Як бародаре, ки солҳои зиёд ба Яҳува хизмат кардааст, ҳиссиёташро чунин баён кард: «Кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд, то ташкилоти Яҳува аз ҷиҳати ахлоқӣ пок ва беайб нигоҳ дошта шавад». Чи хеле ки ӯ мегӯяд, «новобаста аз он ки шахс дар ҷамъомад чӣ масъулият дорад, агар лозим ояд, нисбати ӯ чораҳои ислоҳкунанда андешида мешаванд ё барои ислоҳи хатогиаш маслиҳат дода мешавад». Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз рӯи меъёрҳои баланди ахлоқии Худо зиндагӣ кунем? Дар ин кор ба мо принсипҳои Китоби Муқаддас ва намунаи Исо ва шогирдонаш ёрӣ медиҳанд. Чи хеле ки таърихи имрӯзаи ташкилотамон нишон медиҳад, танҳо миқдори начандон зиёди одамон бо сабаби вайрон кардани меъёрҳои Худо аз ҷамъомад хориҷ шудаанд. Аксарияти Шоҳидон, аз ҷумла онҳое ки то ҳақиқат ҳаёти нодуруст мебурданду баъд ислоҳ шуданд, ахлоқи покро нигоҳ медоранд ва зиндагии намунавӣ ба сар мебаранд. (1 Қӯринтиён 6:9–11-ро бихонед.)

14. Бисёри онҳое ки аз ҷамъомад хориҷ шуда буданд, чӣ кор карданд ва он чӣ натиҷа овард?

14 Дар бораи онҳое ки мувофиқи талаботи Навиштаҳо аз ҷамъомад хориҷ шуда буданд, чӣ гуфтан мумкин аст? Ҳазорон нафари онҳо аз корҳои ношоистаи худ пушаймон шуданд ва аз нав гарму ҷӯшон ба ҷамъомад қабул гаштанд. (2 Қӯринтиён 2:6–8-ро бихонед.) Дар натиҷаи риояи меъёрҳои баланди ахлоқӣ ҷамъомади масеҳӣ пок нигоҳ дошта мешавад. Ин Шоҳидони Яҳуваро боварӣ мебахшад, ки маҳз ташкилоти онҳо писанди Худо аст. Дар муқоиса бо калисоҳои зиёд, ки ба ҳар гуна рафтору кирдори ношоиста чашм мепӯшанд, дар ташкилоти Худо, меъёрҳои баланди ахлоқиро риоя мекунанд. Ин фарқият аллакай бисёр одамонро боварӣ мебахшад, ки ҳақиқат дар мост.

15. Чаро як бародар ба хулоса омад, ки вай дар роҳи ҳақиқат аст?

15 Чаро дигар Шоҳидони ботаҷриба ба хулоса омаданд, ки ин роҳи ҳақиқат аст? Як бародари 54-сола гуфт: «Аз давраи наврасӣ имони ман ба ин се чиз асос меёфт: 1) ба он ки Худо вуҷуд дорад, 2) ба он ки Китоби Муқаддас зери илҳоми Ӯ навишта шудааст, 3) ба он ки Ӯ имрӯз ҷамъомади Шоҳидони Яҳуваро истифода бурда онро баракат медиҳад. Дар давоми солҳо омӯзиш карда ман доим месанҷидам, ки оё боварии ман ба ин се чиз асоснок аст ё не. Сол аз сол бовариам ба ин се чиз боз ҳам зиёдтар мешуд, имонам қавитар мегардид ва ман бештар дарк мекардам, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастам».

16. Кадом хусусияти ҳақиқат ба як хоҳар таъсир кард?

16 Хоҳари оиладоре, ки дар идораи марказии Ню-Йорк кор мекунад, дар бораи ташкилоти Яҳува чунин мегӯяд: «Ин ягона созмонест, ки номи Яҳуваро бо ҷидду ҷаҳд эълон мекунад. Ин кор мантиқан дуруст аст, чунки дар худи Китоби Муқаддас номи Худо тақрибан 7000 маротиба вомехӯрад. Ба ман инчунин суханони дар 2 Вақоеънома 16:9 навишташуда сахт таъсир мекунанд: “Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд”». Ӯ боз мегӯяд: «Ҳақиқат ба ман нишон дод, ки бояд чӣ гуна дилам ба Яҳува содиқ бошад, то ки Ӯ маро тақвият намояд. Ман муносибати худро бо Яҳува аз ҳама чиз авло медонам. Ва ман нақши Исоро дар расондани дониши ростӣ, ки ман аз он баҳра мегирам, қадр мекунам».

17. Марде ки пештар атеист буд, ҳоло ба чӣ боварӣ дорад ва чаро?

17 Марде ки пештар атеист буд, чунин мегӯяд: «Офариниш маро боварӣ мебахшад, ки Худо мехоҳад, то одамон аз зиндагӣ ҳаловат баранд, барои ҳамин Ӯ намегузорад, ки ранҷу азоб абадан давом кунад. Гарчанде рӯз аз рӯз одамон аз Худо дур шуда истодаанд, халқи Яҳува дар имон, ҷидду ҷаҳд ва муҳаббат афзуда истодааст. Танҳо рӯҳи Яҳува ба ин мӯъҷиза қодир аст». (1 Петрус 4:1–4-ро бихонед.)

18. Дар бораи эҳсосоти ду бародар шумо чӣ гуфта метавонед?

18 Як Шоҳиди дигаре, ки солҳои дароз хизмат мекунад, фаҳмонд, ки чаро ба ҳақиқат будани ин роҳ боварӣ дорад: «Аз мушоҳидаву омӯхтани ҳаёту фаъолияти Шоҳидон дар тӯли солҳои дароз, ман боварӣ пайдо кардам, ки Шоҳидон кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, ки айнан мисли масеҳиёни асри як амал кунанд. Ҳангоми сафар карданам ман аҳлу тифоқ будани Шоҳидонро дар тамоми ҷаҳон дидам. Ҳақиқати Китоби Муқаддас ба ман қаноатмандӣ ва хушбахтӣ меорад». Вақте аз як бародаре, ки синнаш аз 60 гузаштааст, пурсиданд, ки чаро вай ба ҳақиқат будани ин роҳ боварӣ дорад, ӯ фаҳмонд: «Мо ҳаёт ва хизмати Исоро ба таври муфассал омӯхтем ва намунаи ӯ ба мо таъсир кард. Мо тарзи ҳаёти худро тағйир додем, то ки бо воситаи Исо ба Худо наздиктар шавем. Мо фидияи Исоро ҳамчун воситаи наҷот эътироф намудем. Ва мо медонем, ки ӯ аз марг эҳё гардид, чунки шаҳодати шоҳидони боваринокро дорем». (1 Қӯринтиён 15:3–8-ро бихонед.)

ҲАҚИҚАТРО ДОНИСТА МО БОЯД ЧӢ КОР КУНЕМ?

19, 20. а) Павлус ба ҷамъомади Рум дар бораи кадом супориш хотиррасон кард? б) Ҳамчун масеҳиёне, ки худро ба Худо бахшидаанд, мо ба чӣ шарафмандем?

19 Ҳамчун масеҳиёни инсондӯст, мо дониши пурарзиши ҳақиқатро дар даруни худ дошта намеистем. Павлус ба бародарони ҷамъомади Рум гуфт: «Агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд [«Ҳазрат», ТДН] аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт; чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст» (Рум. 10:9, 10).

20 Мо чун шахсоне, ки ҳаётамонро ба Худо бахшидаем, боварӣ дорем, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастем. Мо он вазифаеро, ки Худо ба мо супоридааст — ба дигарон таълим додани хушхабари Салтанатро барои худ шараф меҳисобем. Пас, бигзор ҳангоми мавъиза на танҳо аз гуфтори мо, балки аз боварии қавии мо маълум бошад, ки мо ҳақиқатро ёфтаем.

^ сарх. 3 Ба китоби «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» (рус.) саҳ. 191–198 ва 448–454 нигаред.