Дар бораи он чи дар болост, фикр кунед
«Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст» (ҚӮЛ. 3:2).
1, 2. а) Чӣ нишон медиҳад, ки дар асри як ба ҷамъомади қӯлассиён хатар таҳдид мекард? б) Барои дар роҳи ҳақиқат устувор мондани бародарони Қӯлассо Павлус ба онҳо чӣ гуна насиҳат дод?
ҶАМЪОМАДИ масеҳиёни асри як дар Қӯлассо дар ҳолати хатарнок қарор дошт. Баъзеҳо дигаронро ба риоя кардани қонуни Мусо водор карда, дар ҷамъомад ҷудоӣ меандохтанд. Дигарон бошанд, тарафдори ақидаи фалсафие буданд, ки мувофиқи он бояд пурра аз хушиҳои ҳаёт даст кашида, гӯшанишин мешуданд. Барои мубориза бурдан бо чунин таълимоти бардурӯғ Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни Қӯлассо номае навишта онҳоро огоҳ кард: «Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад» (Қӯл. 2:8).
2 Агар он масеҳиёни тадҳиншуда диққаташонро ба ақидаҳои одамӣ равона мекарданд, онҳо аз имтиёзи писарони Худо гардидан рӯй мегардонданд (Қӯл. 2:20–23). Павлус мехост ба онҳо кӯмак кунад, ки муносибати пурқимматашонро бо Худо нигоҳ доранд. Аз ин рӯ ӯ ба онҳо чунин насиҳат дод: «Дар бораи он чи дар афроз [боло] аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст» (Қӯл. 3:2). Бале, бародарони Масеҳ бояд нигоҳи худро ба мероси абадие, ки барояшон дар осмон тайёр шуда буд, равона мекарданд (Қӯл. 1:4, 5).
3. а) Масеҳиёни тадҳиншуда чӣ гуна умед доранд? б) Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?
3 Имрӯз низ масеҳиёни тадҳиншуда доимо дар бораи он чизе ки дар болост, фикр мекунанд, яъне дар бораи Салтанати осмонии Худо ва умеди бо Масеҳ ҳукмронӣ кардани худ (Рум. 8:14–17). Вале дар бораи онҳое ки умеди заминӣ доранд, чӣ метавон гуфт? Оё насиҳати Павлус ба онҳо низ дахл дорад? Чӣ тавр «гӯсфандони дигар» фикрашонро ба чизҳое ки дар болост, равона карда метавонанд? (Юҳ. 10:16). Шахсони содиқи замони пеш ба мисли Иброҳим ва Мусо нигоҳ накарда ба душвориҳои шахсиашон ҳамеша оиди чизҳое ки дар болост, фикр мекарданд. Чӣ тавр мо ба намунаи онҳо пайравӣ карда метавонем?
ФИКР КАРДАН ОИДИ ЧИЗҲОЕ КИ ДАР БОЛОСТ, ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
4. Чӣ тавр гӯсфандони дигар диққати худро ба чизҳое ки дар болост, равона карда метавонанд?
4 Ҳарчанд гӯсфандони дигар умеди осмонӣ надоранд, онҳо низ метавонанд диққаташонро ба чизҳое ки дар болост, равона кунанд. Чӣ тавр? Агар Яҳува Худо ва Салтанати Ӯро дар ҳаёташон дар ҷои аввал гузоранд (Луқ. 10:25–27). Барои ин мо бояд ба Масеҳ чун ба намунаи ибрат нигарем (1 Пет. 2:21). Мисли бародарони асри як мо низ дар ҷаҳони Шайтон бо ақидаву таълимоти бардурӯғ, фалсафаи ҷаҳонӣ ва рӯҳияи пулпарастӣ дучор мешавем. (2 Қӯринтиён 10:5-ро бихонед.) Ҳамчун пайравони Исо мо бояд ҳушёру бедор бошем ва муносибатҳои бо Яҳува доштаамонро аз чунин хатарҳо муҳофизат кунем.
5. Чӣ тавр мо худро тафтиш карда метавонем, ки оё аз ҳад зиёд оиди чизҳои моддӣ фикр мекунем ё не?
5 Оё тарзи фикрронии ин дунё нисбати пулу мол ба ақли мо таъсир накардааст? Одатан аз рафтор ва фикрҳои мо маълум мегардад, ки мо чиро дӯст медорем. Исо гуфта буд: «Ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд» (Мат. 6:21). Барои муайян кардани он ки дили мо ба чӣ майл дорад, хуб мебуд, ки вақт аз вақт худро тафтиш карда аз худ бипурсем: барои оиди масъалаҳои пулӣ фикр кардан ман чӣ қадар вақт сарф мекунам? Оё ман бо фикри бизнес ва ба даст овардани даромад андармон нестам? Оё ман аз ҳад зиёд аз паи он намедавам, ки ҳаёти худро бароҳаттар созам? Ё ман мекӯшам, ки чашми худро оддӣ нигоҳ дошта, диққатамро ба чизҳои рӯҳонӣ равона кунам? (Мат. 6:22). Исо гуфт, ки касоне ки «дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун» мекунанд, муносибатҳои бо Яҳува доштаашонро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд (Мат. 6:19, 20, 24).
6. Чӣ тавр бар зидди хоҳишҳои нафсонӣ ғолиб баромадан мумкин аст?
6 Азбаски мо одамони нокомил ҳастем, мо ба кардани корҳои нодуруст майл дорем. (Румиён 7:21–25-ро бихонед.) Бе таъсири рӯҳи муқаддаси Худо мо метавонем ба корҳои «зулмот», яъне ба «айёшӣ [айшу ишрат] ва мастигарӣ... шаҳватпарастӣ ва фисқу фуҷур» дода шавем (Рум. 13:12, 13). Барои ғолиб омадан дар мубориза бо «он чӣ бар замин аст», яъне чизҳое ки ба кардани онҳо ҷисми мо майл дорад, мо бояд диққатамонро ба чизҳое ки дар болост, равона кунем. Албатта ин кори осон нест ва саъю кӯшиш металабад. Барои ҳамин, Павлуси ҳавворӣ гуфт: «Ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам» (1 Қӯр. 9:27). Бешубҳа, агар мо хоҳем, ки дар ин роҳи ҳаёт бимонем, бояд доимо лаҷоми хоҳишҳои худро кашем. Биёед мисоли ду хизматгори содиқи Худоро, ки дар «назари Худо писанд» буданд, дида бароем (Ибр. 11:6).
ИБРОҲИМ БА ЯҲУВА ИМОН ОВАРД
7, 8. а) Иброҳиму Соро бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд? б) Иброҳим диққаташро ба чӣ равона мекард?
7 Вақте Яҳува ба Иброҳим амр дод, ки ҳамроҳи оилааш ба замини Канъон кӯчад, ӯ бо омодагӣ ба ин итоат кард. Азбаски Иброҳим имон ва итоаткорӣ зоҳир кард, Яҳува бо ӯ аҳд баста гуфт: «Аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам» (Ҳас. 12:2). Вале солҳо сипарӣ шуданд, аммо Иброҳиму Соро то ҳол фарзанд надоштанд. Ба чунин хулоса омадан мумкин буд, ки Яҳува ваъдаи ба Иброҳим додаашро фаромӯш кардааст. Ба болои ин, зиндагӣ дар замини Канъон осон набуд. Иброҳим ва аҳли оилааш хона, хешу табори худ ва ҳаёти бароҳату осударо дар шаҳри Ур тарк карда ба он ҷо омада буданд. Барои ба Канъон расидан, ба онҳо лозим омад, ки зиёда аз 1600 километр роҳро тай кунанд. Дар он ҷо онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд, ба ҳуҷуми ғоратгарон рӯ ба рӯ мешуданд ва аз қаҳтӣ азоб мекашиданд (Ҳас. 12:5, 10; 13:18; 14:10–16). Лекин ба шаҳри Ур баргаштан ҳатто дар ҳушу ёдашон набуд. (Ибриён 11:8–12, 15-ро бихонед.)
8 Ба ҷои диққаташро ба чизҳои заминӣ равона кардан, Иброҳим «ба Худованд имон овард» (Ҳас. 15:6). Бале, ӯ пайваста дар бораи ваъдаҳои Худо фикр мекард. Худои Таоло имони Иброҳимро дида, ба ӯ зоҳир шуда гуфт: «“Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ”. Ва ба ӯ гуфт: “Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд”» (Ҳас. 15:5). Гуфтан мумкин аст, ки он суханон ба Иброҳим дилпурӣ бахшида буданд. Эҳтимол ҳар боре ки ӯ ба осмони пурситора назар медӯхт, ваъдаи Яҳуваро оиди зиёд кардани наслаш ба хотир меовард. Ва дар вақти муқарраркардаи Яҳува, Иброҳим, чуноне ки ба ӯ ваъда дода шуд, соҳиби писар гашт (Ҳас. 21:1, 2).
9. Чӣ тавр намунаи Иброҳим моро бармеангезад, ки доим бо хизмати Худо банд бошем?
9 Ба монанди Иброҳим мо ҳам интизори иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува ҳастем (2 Пет. 3:13). Агар мо диққатамонро ба чизҳое ки дар болост, равона накунем, ба назарамон чунин тофта метавонад, ки ваъдаҳои Яҳува ҳоло ба ин қарибиҳо иҷро намешаванд ва дар натиҷа мо дар корҳои рӯҳонӣ суст шуда метавонем. Масалан, оё шумо дар гузашта барои чун пешрав хизмат кардан ё бо ягон роҳи дигар васеъ кардани хизмат аз баҳри чизе баромада будед? Агар ҳа, шумо сазовори таърифед. Лекин дар бораи ҳозир чӣ гуфтан мумкин? Оё шумо мисли Иброҳим барои Яҳува ҳар кори аз дастатон меомадаро карда, ба баракатҳои оянда назар медӯзед? (Ибр. 11:10). Иброҳим ба Яҳува «имон овард ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд» (Рум. 4:3).
МУСО «НОНАМОЁНРО» МЕДИД
10. Мусо дар чӣ гуна шароит ба воя расида буд?
10 Шахси дигаре, ки диққаташро ба чизҳои дар боло буда равона мекард, Мусо буд. Дар айёми наврасиаш ӯ «тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифт». Ин ҳикмату дониши гирифтаи ӯ оддӣ набуд, чунки Миср дар он замон давлати абарқудрат ҳисоб меёфт ва Мусо дар дарбори фиръавн калон шуда буд. Пас ҷои тааҷҷуб нест, ки Мусо бо чунин саводи баланд «дар сухан ва амал қавӣ шуд» (Аъм. 7:22). Тасаввур кунед, ки чӣ имкониятҳое барояш боз буданд! Аммо Мусо диққаташро ба чизи муҳимтар — иҷро кардани иродаи Худо равона кард.
11, 12. Мусо чӣ гуна донишро аз ҳама бештар қадр мекард ва мо инро аз куҷо медонем?
11 Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар айёми кӯдакии Мусо модари ҳаққонии ӯ Юкобад ба вай дар бораи Худои яҳудиён таълим дода буд. Барои Мусо дониш дар бораи Яҳува аз ҳар ганҷу сарват қиматтар буд. Барои ҳамин, Ибриён 11:24–27-ро бихонед.) Дар ҳақиқат, дониши рӯҳонӣ ва имон ба Яҳува Мусоро барангехт, ки диққаташро ба чизҳое ки дар болост, равона кунад.
ӯ аз баҳри имтиёзҳое, ки дар дарбори фиръавн дошта метавонист, баромад, то иродаи Худоро иҷро кунад. (12 Ҳарчанд Мусо илму дониши беҳтарини замони худро гирифта буд, ӯ онро барои шахси мансабдори Миср ё одами бою машҳур шудан истифода набурд. Баръакс, ӯ «нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад, ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад». Пас аз солҳои зиёд ба Мусо на ҳикмати Миср, балки дониши рӯҳониаш даркор шуд, то ки халқи Яҳуваро роҳбарӣ кунад.
13, 14. а) Чӣ ба Мусо кӯмак кард, то ба вазифае, ки Худо ба ӯ доданӣ буд, тайёр шавад? б) Мисли Мусо ба мо чӣ кор кардан лозим аст?
13 Мусо Яҳува ва халқи Ӯро, ки дар он замон дар Миср ғулом буд, дӯст медошт. Дар синни 40-солагӣ ӯ фикр кард, ки барои аз ғуломӣ озод кардани халқи Худо аллакай тайёр аст (Аъм. 7:23–25). Лекин пеш аз он ки Яҳува ба ӯ ин таъинотро диҳад, ба Мусо лозим буд, ки дар худ баъзе хислатҳои муҳим, ба монанди фурӯтанӣ, пуртоқатӣ, ҳалимӣ ва худдориро инкишоф диҳад (Мас. 15:33). Мусо бояд қобилиятҳоеро инкишоф медод, ки барои истодагарӣ дар озмоишу душвориҳои ҷиддии дарпешбуда кӯмак мекарданд. Чил соли дар чӯпонӣ гузаронидаи ӯ ба инкишоф додани ин хислатҳо ёрӣ дод.
14 Оё Мусо аз ҳаёти чӯпониаш ягон чизи фоиданок омӯхт? Албатта! Каломи Худо мегӯяд, ки «Мусо марди бағоят фурӯтан» гашт, «бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст» (Ад. 12:3). Фурӯтание, ки ӯ инкишоф дод, ба ӯ кӯмак мекард, ки бо одамони гуногун пурсаброна муомила кунад ва вазъиятҳои мушкили онҳоро ҳал намояд (Хур. 18:26). Ба ин монанд, мо низ бояд дар худ хислатҳои лозимаро инкишоф диҳем, то аз «азоби азим» гузашта, ба дунёи нави Худо дароем (Ваҳй 7:14). Оё мо бо ҳамаи одамон, аз он ҷумла бо одамоне ки мо тундмиҷоз ва зудранҷ меҳисобем, муросо карда метавонем? Хуб мебуд, ки аз рӯи насиҳати зерини Петруси ҳавворӣ амал кунем: «Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред» (1 Пет. 2:17).
БИЁЕД ДИҚҚАТАМОНРО БА ЧИЗҲОЕ КИ ДАР БОЛОСТ, РАВОНА КУНЕМ
15, 16. а) Чаро диққатро ба чизҳое ки дар болост, равона кардан ҳаётан муҳим аст? б) Барои чӣ ба масеҳиён ҳама вақт рафтори хуб доштан лозим аст?
15 Мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем (2 Тим. 3:1). Пас, хеле муҳим аст, ки диққатамонро ба чизҳои дуруст равона кунем, то ки рӯҳан бедор ва ҳушёр монем (1 Тас. 5:6–9). Биёед ҳоло бубинем, ки чӣ тавр дар се ҷониби ҳаётамон чунин карда метавонем.
16 Рафтори мо. Петрус муҳиммияти рафтори хубро қайд намуда гуфт: «Дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо... аъмоли некатонро дида, Худоро... ҳамду сано хонанд» (1 Пет. 2:12). Хоҳ дар хона бошем, хоҳ дар мактаб ва хоҳ дар вақти бозӣ ё хизмат мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то бо рафтори хубамон ба номи Яҳува ҷалол орем. Рост аст, ки чун одамони нокомил ҳамаи мо баъзан хато мекунем (Рум. 3:23). Вале доимо «дар роҳи имон ба таври нек талош» намуда, мо дар мубориза бар зидди ҷисми гунаҳкорамон ғолиб омада метавонем (1 Тим. 6:12).
17. Чӣ тавр мо ба тарзи фикрронии Исо пайравӣ карда метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
17 Рӯҳияи мо. Доштани рафтори хуб аз доштани рӯҳияи дуруст вобаста аст. Павлуси ҳавворӣ гуфт: «Бигзор дар шумо айнан ҳамон тарзи фикрроние Фил. 2:5, ТДН). Исо чӣ гуна рӯҳия дошт? Ӯ хоксору фурӯтан буд. Ин хислат ӯро бармеангехт, ки дар хизмат рӯҳияи фидокорӣ зоҳир кунад. Ҳушу хаёли ӯ доим ба мавъиза кардани хушхабари Салтанат равона буд (Марқ. 1:38; 13:10). Исо ҳамеша ба Каломи Худо такя мекард (Юҳ. 7:16; 8:28). Ӯ Навиштаҳоро чунон чуқур меомӯхт, ки метавонист аз ҷои дилхоҳи он иқтибос орад, онро муҳофизат кунад ва маънидод намояд. Агар мо низ дар хизмат ва омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас фурӯтану боғайрат бошем, рӯҳияамон торафт бештар ба рӯҳияи Исо монанд мегардад.
бошад, ки Исои Масеҳ дошт» (18. Бо кадом роҳи муҳим мо кори Яҳуваро дастгирӣ карда метавонем?
18 Дастгирӣ кардани кори Яҳува. Яҳува ният дорад, ки «ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин... аст, хам шавад» (Фил. 2:9–11). Гарчанде Исо мавқеи хеле баланд дорад, ӯ бо фурӯтанӣ ба Падараш итоат мекунад. Мо низ бояд мисли ӯ рафтор кунем (1 Қӯр. 15:28). Чӣ тавр? Агар дар супориши шогирдсозӣ аз таҳти дил иштирок карда, кори Яҳуваро дастгирӣ кунем (Мат. 28:19). Инчунин, мо мехоҳем «ба ҳама» одамон — ҳам ба дигарон ва ҳам ҳамимонони худ некӣ кунем (Ғал. 6:10).
19. Мо бояд дар чӣ азми қавӣ дошта бошем?
19 Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, зеро Ӯ ба мо хотиррасон мекунад, то доим диққатамонро ба чизҳое ки дар болост, равона кунем! Барои ин, мо бояд «майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон-давон тай кунем» (Ибр. 12:1). Биёед, кори Яҳуваро «аз ҷону дил ба ҷо» орем ва он гоҳ Падари осмониамон моро ба таври фаровон баракат хоҳад дод (Қӯл. 3:23, 24).