Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо «салтанати коҳинон» хоҳед буд

Шумо «салтанати коҳинон» хоҳед буд

«Шумо барои Ман салтанати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд» (ХУР. 19:6, ТДН).

1, 2. Насли зан аз кадом ҷиҳат ба муҳофизат ниёз дошт ва чаро?

ПЕШГӮИИ якуми Китоби Муқаддас дар иҷрошавии нияти Яҳува нақши муҳимро мебозад. Ҳангоми ба забон рондани ваъдаи боғи Адан Худо гуфт: «Дар миёни ту [Шайтон] ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам». Ин адоват, яъне душманӣ то чӣ андоза шадид хоҳад буд? Яҳува гуфт: «Вай [насли зан] сари ту [Шайтон]-ро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳас. 3:15). Аз ин суханон бармеояд, ки душманӣ байни мор ва зан то ба дараҷае сахт мешавад, ки Шайтон барои насли занро несту нобуд сохтан ягон зарра қувваташро дареғ нахоҳад дошт.

2 Пас тааҷҷубовар нест, ки забурнавис дар дуои худ оиди халқи интихобшудаи Худо нидо карда гуфт: «Инак, душманони Ту хурӯш мебароваранд, ва хасмҳои Ту сар мебардоранд. Бар зидди қавми Ту дасиса меандешанд, ва бар зидди паноҳкардагони Ту машварат менамоянд. Гуфтанд: “Меравем ва онҳоро нест мекунем, то ки халқе набошанд”» (Заб. 82:3–5). Насабномаи насли зан бояд аз нопокшавӣ ва нобудшавӣ нигоҳ дошта мешуд. Барои ин, Яҳува боз як қатор аҳдҳо баст, то ки ба иҷрошавии иродаи Ӯ мусоидат кунанд.

АҲДЕ КИ НАСЛРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

3, 4. а) Аҳди Қонун кай ба амал сар кард ва халқи Исроил ба чӣ розигӣ дод? б) Вазифаи аҳди Қонун аз чӣ иборат буд?

Вақте ки шумораи насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ба миллионҳо нафар расид, Яҳува аз онҳо халқе сохт, ки онро мо ҳамчун Исроили қадим медонем. Яҳува бо воситаи Мусо бо он халқ аҳде баст, ки дигар бо ҳеҷ кас набаста буд. Ӯ ба онҳо Қонунро дод ва халқи Исроил ба шартҳои он розӣ шуд. Ин шартномае, ки байни онҳо баста шуд, аҳди Қонун ном гирифт. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «[Мусо] китоби аҳдро гирифта, ба самъи қавм хонд, ва онҳо гуфтанд: “Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба амал хоҳем овард ва гӯш хоҳем дод”. Ва Мусо хун[-и говон]-ро гирифта, бар қавм пошид, ва гуфт: “Ин аст хуни аҳде ки Худованд бар ҳамаи ин суханон бо шумо бастааст”» (Хур. 24:3–8).

4 Аҳди Қонун соли 1513-и то эраи мо дар кӯҳи Сино ба амал сар кард. Ба воситаи ин аҳд халқи Исроили қадим ҳамчун халқи интихобшудаи Худо ҷудо карда шуд. Аз ин пас Яҳува Довар, Қонунгузор ва Подшоҳи онҳо гашт (Иш. 33:22). Таърихи халқи Исроил ба таври аён нишон медиҳад, ки дар ҳолати иҷро кардан ё накардани қонунҳои одилонаи Худо чӣ рӯй медод. Азбаски Қонун издивоҷ бо бутпарастон ва иштирок дар ибодати бардурӯғро манъ мекард, он насли Иброҳимро аз олудашавӣ нигоҳ медошт (Хур. 20:4–6; 34:12–16).

5. а) Аҳди Қонун ба халқи Исроил кадом имкониятро дода буд? б) Чаро Худо халқи Исроилро рад кард?

5 Ин аҳди Қонун оиди хизмати коҳинон низ чораҳо андешида буд. Он чорабиниҳо сояи амалҳои бузургтаре буданд, ки дар оянда дар миқёси калонтар иҷро мегардиданд (Ибр. 7:11; 10:1). Дар асл, ба воситаи ин аҳд халқи Исроил як имконияти беҳамтое дошт. Агар онҳо шартҳои Қонуни Яҳуваро иҷро мекарданд, салтанати коҳинон шуда метавонистанд. (Хуруҷ 19:5, 6-ро бихонед.) Аммо халқи Исроил ин шарту талаботро иҷро карда натавонист. Ба ҷои қадр кардани омадани Масеҳ, ки қисми асосии насли ваъдашудаи Иброҳим буд, онҳо ӯро рад карданд. Дар натиҷа, Худо ҳам он халқро рад кард.

Беитоатии исроилиён маънои онро надошт, ки Қонун вазифаи худро иҷро накард (Ба сархатҳои 3–6 нигаред)

6. Қонун чӣ вазифаро иҷро кард?

6 Исроил ба Яҳува содиқ намонд ва ҳамин тавр имконияти аз байни худ барпо кардани салтанати коҳинонро аз даст дод. Аммо ин маънои онро надошт, ки Қонун вазифаашро иҷро карда натавонист. Қонун бояд наслро муҳофизат мекард ва одамонро ба сӯи Масеҳ мебурд. Ҳамин ки Масеҳ меомад ва шинохта мешуд, вазифаи Қонун иҷрошуда ҳисоб меёфт. «Масеҳ анҷоми шариат аст»,— гуфта шудааст дар Китоби Муқаддас (Рум. 10:4). Аммо саволи зерин боқӣ мемонад: киҳо акнун имконият хоҳанд дошт, то ки салтанати коҳинонро ташкил диҳанд? Яҳува боз як шартномаи қонунӣ, яъне аҳди дигаре баст, то ки халқи наверо ташкил диҳад.

ПАЙДОШАВИИ ХАЛҚИ НАВ

7. Яҳува ба воситаи Ирмиё оиди аҳди нав чиро пешгӯӣ карда буд?

7 Пеш аз он ки аҳди Қонун бекор карда шавад, Яҳува тавассути Ирмиё-пайғамбар пешгӯӣ кард, ки Ӯ бо халқи Исроил «аҳди нав»-е мебандад. (Ирмиё 31:31–33-ро бихонед.) Аҳди нав аз аҳди Қонун бо он фарқ мекард, ки он бахшиши гуноҳҳоро бе овардани қурбониҳои ҳайвонот имконпазир месохт. Чӣ тавр?

8, 9. а) Хуни рехтаи Исо чӣ вазифаро иҷро кард? б) Ба онҳое, ки дар аҳди нав дохил мешаванд, чӣ имконият дода мешавад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Асрҳо пас, чордаҳуми нисони соли 33-и эраи мо, Исо маросими Шоми ёдбудро ҷорӣ кард. Ӯ косаи шароби сурхро ба даст гирифта, ба 11 ҳаввории содиқаш гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид [нав] аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад» (Луқ. 22:20). Дар Инҷили Матто суханони Исо оиди шароб чунин омадаанд: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад» (Мат. 26:27, 28).

9 Хуни рехтаи Исо ба аҳди нав қувваи қонунӣ бахшид. Ҳамчунин дар асоси ин қурбонӣ Худо тавонист, ки ба таври ҳамешагӣ бахшида шудани гуноҳҳоро имконпазир гардонад. Исо дар аҳди нав яке аз ин тарафҳо нест. Азбаски ӯ бегуноҳ буд, ӯ ба бахшиши гуноҳҳо ниёз надошт, лекин Худо арзиши хуни рехтаи Исоро барои бахшидани гуноҳҳои насли Одам ба кор бурда метавонист. Ва инчунин дар асоси ин қурбонӣ Яҳува метавонист баъзе одамони содиқро бо рӯҳулқудс тадҳин карда, чун писарони рӯҳонии худ қабул кунад. (Румиён 8:14−17-ро бихонед.) Онҳо дар назари Яҳува бегуноҳ ҳисоб ёфта, ба маъное мисли Исо Писари бегуноҳи Худо мегарданд. Тадҳиншудагон «ҳамирсони Масеҳ» гашта, имконияти пуршараферо, ки халқи Исроил аз даст дод, соҳиб мегарданд. Онҳо салтанати коҳинонро ташкил хоҳанд дод. Оиди онҳо Петруси ҳавворӣ навишт: «Шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед» (1 Пет. 2:9). Чӣ нақши муҳиме мебозад аҳди нав! Он имконият медиҳад, ки шогирдони Исо қисми дуюмдараҷаи насли Иброҳим гарданд.

АҲДИ НАВ БА АМАЛ САР МЕКУНАД

10. Аҳди нав кай ба амал сар кард ва чаро маҳз аз ҳамон вақт?

10 Аҳди нав кай ба амал сар кард? — На аз он шабе ки Исо пеш аз маргаш дар бораи ин аҳд сухан ронда буд. Барои ба амал сар кардани он аҳд, хуни Исо бояд рехта мешуд ва арзиши он ба ҳузури Яҳува дар осмон пешкаш мегардид. Беш аз ин, ба касоне ки «ҳамирсони Масеҳ» мегаштанд, бояд рӯҳулқудс рехта мешуд. Аз ин рӯ, аҳди нав дар Пантикости соли 33-юми эраи мо, вақте ки шогирдони содиқи Исо бо рӯҳулқудс тадҳин шуданд, ба амал сар кард.

11. Аҳди нав ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба ғайрияҳудиён чӣ имконият дод ва чанд нафар ба он аҳд дохил мешаванд?

11 Ҳарчанд дар замони Ирмиё, вақте ки Яҳува оиди бастани аҳди нав эълон кард, аҳди Қонун ба маъное «кӯҳна» шуда буд, вале дар асл он то ба амал сар кардани аҳди нав бекор нашуда буд (Ибр. 8:13). Вақте ки аҳди нав ба амал сар кард, Худо ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба имондорони ғайрияҳудӣ бо як назар нигоҳ карда метавонист, чунки онҳо ба маънои рамзӣ «дар дил ба ҳасби рӯҳ» хатна карда шуда буданд (Рум. 2:29). Худо гуфта буд: «Қонунҳои Худро дар афкори [ақли] онҳо хоҳам гузошт ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт». Бо тадҳиншудагон аҳди нав баста, Ӯ ин суханони худро иҷро кард (Ибр. 8:10). Шумораи пурраи касоне ки ба аҳди нав дохил мешаванд, 144 000 нафар аст. Онҳо халқи нав — Исроили рӯҳонӣ, «Исроили Худо»-ро ташкил медиҳанд (Ғал. 6:16; Ваҳй 14:1, 4).

12. Байни аҳди Қонун ва аҳди нав чӣ монандиҳо вуҷуд доранд?

12 Аҳди Қонун ва аҳди нав чӣ монандиҳо доранд? Чуноне ки аҳди Қонун байни Яҳува ва халқи Исроил баста шуда буд, аҳди нав байни Яҳува ва Исроили рӯҳонӣ баста шудааст. Миёнарави аҳди қадим Мусо буд, миёнарави аҳди нав бошад, Исо. Аҳди Қонун бо пошидани хуни ҳайвонҳо тасдиқ карда шуда буд, аҳди нав бошад, бо хуни рехтаи Исо эътибори қонунӣ пайдо кард. Мусо пешвои исроилиён буд, ки зери аҳди Қонун қарор доштанд. Исо, сарвари ҷамъомад, роҳбари онҳоест, ки ба аҳди нав дохил мешаванд (Эфс. 1:22).

13, 14. а) Аҳди нав бо Салтанат чӣ гуна алоқаманд аст? б) Барои бо Масеҳ ҳукмронӣ кардани Исроили рӯҳонӣ чӣ даркор буд?

13 Алоқамандии аҳди нав бо Салтанат дар он аст, ки он халқи муқаддасеро ба вуҷуд меорад ва имконият медиҳад, ки аъзоёни он дар Салтанати осмонӣ подшоҳон ва коҳинон гарданд. Он халқ қисми дуюмдараҷаи насли Иброҳимро ташкил медиҳад (Ғал. 3:29). Ҳамин тариқ, аҳди нав он аҳдеро, ки бо Иброҳим баста шуда буд, қавӣ мегардонад.

14 Лекин дар Китоби Муқаддас оиди боз як аҳд сухан меравад, ки бо Салтанат алоқаманд аст. Аҳди нав исроилиёни рӯҳониро ба вуҷуд овард ва ба онҳо ҳуқуқ дод, ки «ҳамирсони Масеҳ» гарданд. Аммо барои он ки онҳо ҳамроҳи Исо дар Салтанати ӯ чун подшоҳон ва коҳинон хизмат кунанд, бастани боз як шартномаи ҳуқуқӣ лозим буд.

АҲДЕ КИ БА ДИГАРОН ИМКОН МЕДИҲАД, КИ БО ИСО ҲУКМ РОНАНД

15. Исо бо шогирдони вафодораш кадом аҳдро баст?

15 Баъди ҷорӣ кардани Шоми ёдбуд, Исо бо шогирдони вафодораш аҳде баст, ки он аҳд оиди Салтанат ном гирифтааст. (Луқо 22:28–30-ро бихонед.) Ин аҳд аз дигар аҳдҳо як фарқияти калон дошт. Дар он аҳд Яҳува яке аз тарафҳо нест. Ин аҳди шахсии Исо бо шогирдони тадҳиншудааш мебошад. Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст [«бо ман аҳд бастааст», ТДН]». Исо ин ҷо аз афташ ба он аҳде ишора мекард, ки Яҳува бо ӯ баста буд, то ки ӯ «ба монанди Малкисодақ» то абад коҳин бошад (Ибр. 5:5, 6).

16. Аҳд оиди Салтанат ба масеҳиёни тадҳиншуда чӣ имконият медиҳад?

16 Ёздаҳ ҳаввории вафодори Исо дар озмоишҳояш бо ӯ буданд. Аҳд оиди Салтанат ба онҳо боварӣ мебахшид, ки онҳо бар тахтҳо нишаста ҳамроҳи ӯ дар осмон чун подшоҳон ҳукмронӣ ва чун коҳинон хизмат хоҳанд намуд. Аммо на фақат он 11 нафар ба чунин имтиёз сазовор мешаванд. Исо ҳангоме ки ҷалол ёфт, ба Юҳаннои ҳавворӣ дар рӯъё зоҳир шуда гуфт: «Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам» (Ваҳй 3:21). Ҳамин тавр, аҳд оиди салтанат бо 144 000 нафар тадҳиншудагон баста шуд (Ваҳй 5:9, 10; 7:4). Ин аҳд ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ кунанд. Инро ба мисоли зерин монанд кардан мумкин аст: духтаре аз оилаи номдор ба шоҳзодае ба шавҳар баромада, дар ҳукмронӣ бо ӯ ҳамроҳ мешавад. Ба ҳамин монанд, дар Навиштаҳо масеҳиёни тадҳиншуда «завҷа»-и Масеҳ, ё ки «бокираи поке», ки «ба Масеҳ пешниҳод» шудааст, номида шудаанд (Ваҳй 19:7, 8; 21:9; 2 Қӯр. 11:2).

БА САЛТАНАТИ ХУДО ИМОНИ УСТУВОР ДОШТА БОШЕД

17, 18. а) Шаш аҳдеро, ки бо Салтанат алоқаманданд, номбар кунед. б) Чаро мо ба Салтанат боварии қавӣ дошта метавонем?

17 Ҳамаи он аҳдҳое, ки мо дар ин ду мақола дида баромадем, бо ин ё он ҷониби муҳими Салтанат алоқаманданд. (Ба чорчӯбаи «Чӣ тавр Худо нияташро амалӣ мегардонад?» нигаред.) Ин нишон медиҳад, ки сохтори Салтанат бар шартномаҳои ҳуқуқӣ асос ёфтааст. Барои ҳамин, мо бо дили пур ба Салтанати Масеҳоӣ бовар карда метавонем. Он воситаест, ки Худо барои амалӣ кардани нияти аввалаи худ оиди замин ва инсоният истифода бурда истодааст (Ваҳй 11:15).

Бо воситаи Салтанати Масеҳоӣ Яҳува нияташро оиди замин иҷро мекунад (Ба сархатҳои 15–18 нигаред)

18 Оё ягон шубҳае ҳаст, ки корҳое ки Салтанат ба ҷо меорад, баракатҳои ҷовидона оварда метавонанд? Албатта не. Бо боварии қавӣ мо метавонем дар бораи омадани Салтанати Худо ба дигарон хабар диҳем. Он ягона роҳи ҳалли тамоми мушкилиҳои инсоният аст. Биёед, бо ҷидду ҷаҳд ин ҳақиқатро ба дигарон эълон намоем! (Мат. 24:14).