Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шавҳарон, бигзор хонаи шумо мисли паноҳгоҳ бошад

Шавҳарон, бигзор хонаи шумо мисли паноҳгоҳ бошад

ЗАНОН ба чӣ гуна кӯмак ниёз доранд? Бисёриҳо фикр мекунанд, ки вазифаи асосии шавҳар ин аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани оила аст. Лекин баъзе занон ҳарчанд аз ҷиҳати моддӣ таъминанд, дар ҳолати хавотирӣ ва ҳатто тарсу ҳарос қарор доранд. Зане аз Испания, ки Роза ном дорад, дар бораи шахсе ки бо ӯ оиладор шуда буд, чунин мегӯяд: «Бо одамони бегона шавҳарам хушмуомила буд, дар хона бошад, дағал». Зане бо номи Ҷой, ки аз Нигерия аст, илова мекунад: «Вақте ман бо шавҳарам розӣ намешудам, ӯ мегуфт: “Ман шавҳари ту ҳастам, барои ҳамин чизе ки гӯям, ҳамонро мекунӣ”».

Чӣ тавр шавҳарон вазифаи худро бо меҳрубонӣ иҷро карда метавонанд? Шавҳарон, оё хонаи худро ҷои «фароғат» ва осоишта карда метавонед? (Рут 1:9).

ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС ОИДИ МАВҚЕИ ШАВҲАРОН ЧӢ ГУФТА ШУДААСТ?

Ҳарчанд зану шавҳар дар назари Яҳува баробаранд, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар яке аз ҳамсарон дар оила нақши муайяни худро доранд. Дар Румиён 7:2 гуфта шудааст, ки зани оиладор зери «шариати шавҳардорӣ» қарор дорад. Чи тавре ки бисёр корхонаҳо сарвар ё назоратчӣ доранд, Худо шавҳарро сарвари оила таъин кардааст (1 Қӯр. 11:3). Шавҳарон бояд назорати кори оилаи худро ба ӯҳда гиранд.

Чӣ тавр шавҳарон вазифаеро ки Худо ба ӯҳдаашон супоридааст, бояд ба ҷо оранд? Китоби Муқаддас ба онҳо чунин маслиҳат медиҳад: «Занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба... [ҷамъомад] муҳаббат дошт» (Эфс. 5:25). Ҳарчанд Исо ҳеҷ гоҳ оиладор нашуда буд, намунаи ӯ ба шумо кӯмак мекунад, ки шавҳари хуб бошед. Биёед дида мебароем, ки чӣ тавр шумо ба ӯ пайравӣ карда метавонед.

ШАВҲАРОН, БА НАМУНАИ ИСО ПАЙРАВӢ КУНЕД

Исо имконият меҷуст, ки дигаронро рӯҳбаланд кунад ва бори онҳоро сабук созад. Исо ба одамони ғамзадаву афсурдадил, ки зери бори гарони мушкилиҳои шахсӣ қарор доштанд, чунин гуфт: «Назди Ман оед... Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид» (Мат. 11:28, 29). Исо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ сабукӣ мебахшид ва ҳамчунин кӯмаки саривақтии рӯҳонӣ мерасонд. Шубҳае нест, ки одамон озодона ба Исо муроҷиат мекарданд, то ки ӯ бори ғаму ташвишҳояшонро сабук созад.

Чӣ тавр шавҳарон ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд? Имконият ҷӯед, то дар корҳои хона ба занатон кӯмак кунед. Ба баъзе занон ҳиссиёти Роза шинос аст. Ӯ аз зиндагии худ шикоят карда мегӯяд: «Ман барои шавҳарам канизак будам». Баръакси ин, марде бо номи Квэку, ки оилаи хушбахт дорад, мегӯяд: «Ман бисёр вақт аз занам мепурсам, ки чӣ кор кунам, то кори ӯро сабук кунам. Ман ҳамсарамро дӯст медорам, барои ҳамин имконият меҷӯям, то дар корҳои хона ба вай ёрӣ расонам».

Исо ғамхору дилсӯз буд. Зани камбағале 12 сол боз аз касалие азоб мекашид. Вақте ӯ дар бораи мӯъҷизаҳои Исо шунид, чунин гуфт: «Агар лоақал либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам». Ва ҳамин тавр ҳам шуд! Зан ба Исо наздик шуда ба домани либосаш расид ва шифо ёфт. Шояд баъзеҳо рафтори ӯро нораво меҳисобиданд, лекин Исо дид, ки дили ӯ пур аз ғаму андӯҳ аст *. Исо бо меҳрубонӣ ба ӯ гуфт: «Духтарам... аз касалии худ дар амон бош». Ӯ на танҳо занро хиҷолат ё танбеҳ надод, балки кори бештареро кард: ӯ ба бемории зан диққат дод. Ин рафтори ӯ дилсӯз ва ҳамдард буданашро нишон дод (Марқ. 5:25–34).

Чӣ тавр шавҳарон ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд? Вақте завҷаатон худро бад ҳис мекунад, нисбати ӯ боз ҳам бештар ғамхору дилсӯз бошед. Кӯшиш кунед, ки ҳолати ӯро фаҳмед ва пуртоқатӣ зоҳир намоед. Сарвари оилае бо номи Рикардо нақл мекунад: «Вақте мебинам, ки занам хеле ҳассос аст, ман сахт кӯшиш мекунам, то аз гуфтани чизе ки аҳволи ӯро бадтар мекунад, худдорӣ намоям».

Исо бо шогирдони худ муошират мекард. Исо бо шогирдонаш дар ҳама мавзӯъҳо гап мезад. Боре ӯ ба шогирдонаш чунин гуфт: «Ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам» (Юҳ. 15:15). Рост аст, ки баъзан Исо мехост танҳо бимонад ва бо фикру мулоҳиза ва дуогӯӣ машғул шавад. Лекин ҳамзамон ӯ бо шогирдонаш вақт мегузаронд ва дар бораи ғаму ташвиши худ бо онҳо гап мезад. Шаби пеш аз маргаш ӯ аз шогирдонаш пинҳон надошта гуфт, ки ҷонаш аз барои азобу уқубате ки дар пеш буд, «маҳзун шудааст» (Мат. 26:38). Ҳатто агар рафтори онҳо ӯро зиқ мекард ҳам, Исо ҳеҷ гоҳ бо онҳо муошират карданро бас намекард (Мат. 26:40, 41).

Дар бораи намунаи Исо андеша карда, мардон метавонанд вазифаи худро чун шавҳар ва падар хуб иҷро кунанд

Чӣ тавр шавҳарон ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд? Бо завҷаатон дар бораи фикру ҳиссиёти худ гап занед. Занон метавонанд шикоят кунанд, ки шавҳарашон дар назди дигарон хушгапу хушчақчақ аст, лекин дар хона хапу дам мешинад. Аҳамият диҳед, ки Ана дар бораи он ки шавҳараш ба ӯ дилашро холӣ мекунад, чӣ мегӯяд: «Ман ҳис мекунам, ки ӯ маро дар ҳақиқат дӯст медорад ва ман дӯсти наздикаш ҳастам».

Бо мақсади ҷазо додани завҷаатон бо ӯ қаҳрӣ нашавед. Зане чунин мегӯяд: «Вақте шавҳарам аз ман меранҷид, ӯ рӯзҳои дароз бо ман гап намезад. Ман аз ин худро гунаҳкор ва ночиз ҳис мекардам». Эдвин, ки ба намунаи Исо пайравӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Вақте ки ман асабонӣ мешавам, худи ҳамон лаҳза ҷавоб намедиҳам. Ман барои ҳал кардани масъала вақти муносибро интихоб мекунам».

Ҷой, зане ки дар боло суханонаш оварда шуда буданд, мегӯяд, ки рафтори шавҳараш баъди бо Шоҳидони Яҳува сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дигар шуд. Ӯ нақл мекунад: «Шавҳарам акнун беҳтар шудааст. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ба Исо пайравӣ намуда, нисбати ман боз ҳам меҳрубон бошад». Миллионҳо ҳамсарон аз бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас фоида гирифтанд. Оё шумо низ мехостед яке аз онҳо бошед? Бо Шоҳидони Яҳува тамос гирифта омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро дархост кунед.

^ сарх. 10 Мувофиқи қонуни Мусо зане ки гирифтори чунин беморӣ буд, нопок ҳисобида мешуд ва агар он зан ба касе даст мерасонд, он шахс низ нопок мегардид (Ибд. 15:19, 25).