Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мисли Исо далер ва бофаҳм бошед

Мисли Исо далер ва бофаҳм бошед

«Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред» (1 ПЕТ. 1:8).

1, 2. а) Чӣ тавр мо наҷот ба даст оварда метавонем? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки диққати худро ба роҳе ки тай карда истодаем, равона созем?

 АЗ РӮЗЕ ки мо пайрави Исо шудем, мо гӯё тай кардани роҳеро сар кардем. Ва агар мо ин роҳро то охир равем, соҳиби ҳаёт шуда метавонем: ҳаёти заминӣ ё осмонӣ. Исо гуфта буд: «Ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 24:13). Агар мо бо роҳи ростӣ биравем, оқибат наҷот ёфта метавонем. Лекин мо бояд эҳтиёт кунем, ки аз ин роҳ берун қадам нагузорем ва дар рафти сафар раҳгум назанем (1 Юҳ. 2:15–17). Дар ин ба мо чӣ кӯмак карда метавонад?

2 Биёед фаромӯш накунем, ки мо аз паси Пешвоямон Исои Масеҳ роҳ рафта истодаем. Намунаи ӯ бошад, дар Китоби Муқаддас навишта шудааст. Барои ҳамин мо имконият дорем, ки бо шахсияти Исо шинос шуда, ӯро дӯст дорем ва ба ӯ имон пайдо кунем. (1 Петрус 1:8, 9-ро бихонед.) Ба хотир оред, ки Петруси ҳавворӣ намунаи Исоро бо пай монанд кард. Ӯ гуфт, ки мо бояд ба пайи қадамҳои ӯ нигоҳ карда аз пушташ равона шавем (1 Пет. 2:21). Агар чунин кунем, мо ба мақсади имонамон мерасем, яъне наҷот ба даст меорем *. Дар мақолаи гузашта мо дида баромадем, ки чӣ кор кунем, то ба фурӯтанӣ ва меҳрубонии Исо пайравӣ намоем. Ҳозир бошад, биёед ба ду хислати дигари ӯ назар карда фаҳмем, ки чӣ тавр мисли Исо далер ва бофаҳм бошем.

ИСО ДАЛЕР АСТ

3. Далерӣ чист ва чӣ тавр онро инкишоф додан мумкин аст?

3 Дар як фарҳанг калимаи далерӣ чун «шуҷоат... нотарсӣ, ҷуръат» маънидод карда шудааст. Дар луғати дигар чунин гуфта шудааст: «Шахси далер он касест, ки ба тарсу ҳарос дода нашуда, кореро мекунад, ки дигарон ба он ҷуръат намекунанд». Ин хислат чун «қобилияти муқобилат кардан бо душманӣ» шарҳ дода шудааст. Шахси далер «ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душвориҳо имон ва обрӯи худро аз даст намедиҳад». Далерӣ, дар навбати худ, бо тарс, умед ва муҳаббат алоқаи зич дорад. Чӣ тавр? Шахсе ки тарси Худоро дорад, аз одамон намеҳаросад (1 Подш. 11:7; Мас. 29:25). Агар шахс умеди ҳақиқӣ дошта бошад, ӯ диққати худро на ба душвориҳои ҳозирааш, балки ба баракатҳои оянда равона мекунад (Заб. 26:14). Муҳаббати фидокорона моро водор месозад, ки ҳатто вақте ба худи мо хатар таҳдид мекунад, далерӣ зоҳир кунем (Юҳ. 15:13). Вақте мо ба Худо таваккал карда ба Писари Ӯ пайравӣ менамоем, мо далерӣ пайдо мекунем (Заб. 27:7).

4. Чӣ тавр Исои хурдсол дар байни муаллимон далерӣ зоҳир кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

4 Ҳатто вақти писарчаи дувоздаҳсола буданаш, Исо далерона ҳақиқатро муҳофизат мекард. Воқеаеро ба ёд оред, ки Исо «дар маъбад... дар миёни муаллимон» нишаста буд. (Луқо 2:41–47-ро бихонед.) Он муаллимон на танҳо ба қонуни Мусо хуб сарфаҳм мерафтанд, балки аз урфу одати зиёде, ки он қонунро поймол мекарданд, хуб огоҳ буданд. Бешубҳа саволҳои ӯ саволҳои оддие набуданд, ки хурдсолон аз кунҷкобӣ медиҳанд. Гуфтан мумкин аст, ки саволҳои ӯ шахсро ба андеша кардан бармеангехтанд, ба тавре ки муаллимони маълумотноку босавод хомӯш нишаста ӯро гӯш мекарданд. Ва агар он устодон мехостанд, ки бо истифодаи саволҳои шубҳанок сари ӯро гаранг кунанд, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба мақсади худ нарасиданд. Бале, суханони ӯро шунида ҳамаи одамоне ки дар он ҷо буданд, аз он ҷумла муаллимон ба ҳайрат омаданд.

5. Дар давоми хизмати худ Исо чӣ тавр далерӣ нишон дод?

5 Дар давоми хизмати худ Исо далериро бо роҳҳои гуногун зоҳир мекард. Ӯ дурӯғи роҳбарони диниро, ки бо таълимоти худ халқро фиреб медоданд, далерона фош мекард (Мат. 23:13–36). Ӯ ба рӯҳияи зарарноки ин ҷаҳон дода нашуд (Юҳ. 16:33). Исо аз муқобилияти душманон натарсида, мавъиза карданро давом дод (Юҳ. 5:15–18; 7:14). Ӯ ду дафъа нотарсона маъбади Худоро аз касоне ки бо корҳои ношоистаашон онро нопок месохтанд, тоза кард (Мат. 21:12, 13; Юҳ. 2:14–17).

6. Чӣ тавр Исо дар рӯзи охирони ҳаёти заминиаш далерӣ нишон дод?

6 Аз дида баромадани он ки чӣ тавр Исо ҳангоми бо азобу шиканҷа рӯ ба рӯ шудан далерӣ зоҳир мекард, имонамон қавӣ мешавад. Биёед мефаҳмем, ки чӣ тавр Исо рӯзи охирини ҳаёти заминиаш далерӣ зоҳир кард. Исо медонист, ки ҳама ранҷу азоби ӯ аз хиёнаткории Яҳудо сар мешавад. Лекин дар рӯзи иди Фисҳ ӯ ба Яҳудо чунин гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ бикун» (Юҳ. 13:21–27). Дар боғи Ҷатсамонӣ, вақте ки сарбозон барои дастгир кардани ӯ омаданд, Исо худро пинҳон накард, балки ба назди сарбозон баромада далерона таслим шуд. Ҳарчанд дар он маврид ҳаёти худи ӯ дар хатар буд, Исо ба ҳимояи шогирдонаш баромада бо сарбозон далерона сухан гуфт (Юҳ. 18:1–8). Исо медонист, ки коҳинон барои куштани ӯ баҳона меҷӯянд, аммо нотарсона ба онҳо гуфт, ки ӯ Масеҳ ва Писари Худо мебошад (Марқ. 14:60–65). Исо то дами марги пуразоб беайбиашро нигоҳ дошт. Пеш аз марги худ ӯ оҳи пурдарде кашида фарёд зад: «Иҷро шуд» (Юҳ. 19:28–30).

МИСЛИ ИСО ДАЛЕР БОШЕД

7. Ҷавонон, аз он ки шумо Шоҳиди Яҳува Худо мебошед, чӣ ҳис мекунед ва чӣ тавр шумо далерии худро нишон дода метавонед?

7 Чӣ тавр мо ба далерии Исо пайравӣ карда метавонем? Дар мактаб. Ҷавонон, вақте шумо дар мактаб Шоҳиди Яҳува буданатонро пинҳон намекунед ва ҳатто нигоҳ накарда ба мазоҳу масхара, аз ин ор намекунед, шумо далерӣ зоҳир менамоед. Бо ин шумо нишон медиҳед, ки бо номи муқаддаси Яҳува мефахред. (Забур 85:12-ро бихонед.) Шояд дар мактаб ба шумо фишор меоранд, ки ба назарияи эволютсия бовар кунед. Лекин дар хотир дошта бошед, ки шумо барои бовар кардан ба ақидаи Китоби Муқаддас сабабҳои асоснок доред. Аз брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» истифода бурда, ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи имонатон ҳисобот талаб мекунад, ҷавобҳои боварибахш диҳед (1 Пет. 3:15). Дар бораи ҳақиқати Каломи Худо далерона гап зада, шумо бешубҳа аз ин хурсанд мешавед.

8. Барои далерона мавъиза кардан мо кадом сабабҳо дорем?

8 Дар хизмат. Чун масеҳиёни ҳақиқӣ мо бояд «дар бораи Худованд далерона» сухан гӯем (Аъм. 14:3). Барои далерона мавъиза кардан мо чӣ сабабҳо дорем? Мо медонем, ки он чӣ мо ба дигарон мавъиза мекунем, ҳақиқат аст, чунки он бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст (Юҳ. 17:17). Мо дарк мекунем, ки ҳамкорони Худо ҳастем ва Ӯ моро бо рӯҳулқудси худ дастгирӣ мекунад (1 Қӯр. 3:6; Аъм. 4:31). Мо мефаҳмем, ки боғайратона мавъиза карда муҳаббати худро ба Яҳува ва одамон нишон медиҳем (Мат. 22:37–39). Агар мо дар кори мавъиза далер бошем, хомӯш намемонем. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки таълимоти дурӯғи динҳои ҷаҳонро, ки чашмони одамонро кӯр кардааст, фош кунем (2 Қӯр. 4:4). Ҳатто агар моро масхара кунанд, ба хабари мо гӯш надиҳанд ё ба мо муқобилат кунанд ҳам, мо ҳеҷ гоҳ мавъиза карданро бас намекунем (1 Тас. 2:1, 2).

9. Чӣ тавр ҳангоми душвориҳо мо далерӣ зоҳир карда метавонем?

9 Ҳангоми душвориҳо. Агар мо ба Яҳува такя кунем, Ӯ ба мо қувват ва имон медиҳад, ки вақти бо душвориву муқобилат дучор шудан устувор бимонем. Ҳангоми душвориҳо мо ба «Худои ҳар тасалло» муроҷиат карда аз ӯ қувват мепурсем (2 Қӯр. 1:3, 4; 1 Тас. 4:13). Вақте мо гирифтори касалии сахт ё захмдор мешавем, гарчанд азоб кашем ҳам, принсипҳои Каломи Худоро поймол намекунем. Агар муолиҷае ки ба мо пешниҳод мекунанд, бар зидди принсипҳои Китоби Муқаддас бошад, мо онро рад мекунем (Аъм. 15:28, 29). Вақте мо ғамгин мешавем, ё диламон «моро маҳкум менамояд», мо рӯҳафтода намешавем, зеро медонем, ки «Худованд ба дилшикастагон наздик аст» * (1 Юҳ. 3:19, 20; Заб. 33:19).

ИСО БОФАҲМ АСТ

10. Бофаҳм будан чӣ маъно дорад? Гуфтору рафтори шахси бофаҳм бояд чӣ гуна бошад?

10 Бофаҳм будан — ин қобилияти фарқ кардани нек аз бад ва интихоб намудани роҳи дуруст мебошад (Ибр. 5:14). Он хислатест, ки ба мо барои ба кор бурдани фаҳмиши худ дар масъалаҳои рӯҳонӣ кӯмак мерасонад. Шахси бофаҳм тавре рафтор мекунад, ки ба Худо писанд ояд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки бо суханони худ одамонро хафа накунад, балки онҳоро рӯҳбаланд созад (Мас. 11:12, 13). Одами бофаҳм дар хашм оҳиста аст (Мас. 14:29). Ӯ бо роҳи рост меравад ва аз он ба тарафи дигар майл намекунад (Мас. 15:21). Чӣ тавр мо ин хислатро ривоҷ дода метавонем? Барои ин мо бояд Каломи Худоро омӯхта, чизи фаҳмидаамонро дар зиндагӣ ба кор барем (Мас. 2:1–5, 10, 11). Дида баромадани намунаи Исо, ки шахси хирадмандтарин ва инсони аз ҳама бофаҳм буд, фоидабахш хоҳад буд.

11. Чӣ тавр Исо дар гуфтораш бофаҳм буданашро нишон дод?

11 Рафтору гуфтори Исо, бофаҳм буданашро нишон медод. Гуфтори ӯ. Исо бо «суханони файзбахш»-аш шунавандагонро ба ҳайрат меовард (Луқ. 4:22; Мат. 7:28). Ӯ ба ҷои чизе аз худ гуфтан ҳамеша ба Каломи Худо муроҷиат мекард. Исо медонист, ки дар кадом маврид кадом ҷои Навиштаҳоро иқтибос орад (Мат. 4:4, 7, 10; 12:1–5; Луқ. 4:16–21). Исо Навиштаҳоро тавре мефаҳмонд, ки ба дили шунавандагон таъсири сахт расонад. Боре, баъди эҳёшавии Исо, вақте ки шогирдонаш дар роҳ ба Аммоус буданд, ӯ ба онҳо ҳамроҳ шуд. Дар аснои роҳ ӯ «он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод». Баъд аз дидор бо ӯ шогирдонаш чунин гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вақте ки Ӯ... Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?» (Луқ. 24:27, 32).

12, 13. Дар мавриди худдорӣ ва бофаҳмӣ Исо чӣ гуна намуна гузошт?

12 Рӯҳияи ӯ. Чун шахси бофаҳм Исо кӯшиш мекард, ки худдорӣ кунад ва пурсабр бошад (Мас. 16:32). Исо шахси ҳалим буд (Мат. 11:29). Ӯ ба хатогиҳои шогирдонаш нигоҳ накарда нисбати онҳо доимо пурсабр буд (Марқ. 14:34–38; Луқ. 22:24–27). Исо ҳатто ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо беадолатӣ оромиро аз даст намедод (1 Пет. 2:23).

13 Исо чун шахси бофаҳм бомулоҳиза буд. Исо Қонуни Мусоро на танҳо медонист, балки моҳияти онро мефаҳмид ва мувофиқи он амал мекард. Биёед воқеаи дар Марқӯс 5:25–34 навишташударо дида бароем. (Оятро бихонед.) Зане ки гирифтори касалии хунравӣ буд, аз байни гурӯҳи одамон гузашта ба либоси Исо даст расонд ва шифо ёфт. Мувофиқи Қонун он зан нопок буд, барои ҳамин ӯ набояд ба касе даст мерасонд (Ибд. 15:25–27). Лекин Исо, ки ба маънои «бузургтарин аҳкоми шариат», аз он ҷумла «марҳамат ва имон» сарфаҳм мерафт, он занро барои ламс кардани либосаш сарзаниш накард (Мат. 23:23). Баръакс, ӯ бо меҳрубонӣ ба зан гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош». Маҳз аз сабаби бофаҳму фаросат буданаш Исо меҳрубонӣ зоҳир кард. То чӣ андоза таъсирбахш аст намунаи ӯ!

14. Исо кадом қарорҳоро қабул кард ва чӣ тавр ӯ тавонист роҳи худро то охир тай кунад?

14 Тарзи ҳаёти ӯ. Исо роҳи дурустро интихоб кард ва бо ин бофаҳм буданашро нишон дод. Ӯ умри худро ба кори мавъиза сарф карда ҳаёташро ба ин кор пурра бахшида буд (Луқ. 4:43). Исо ҳамеша қарорҳои хуб қабул мекард. Он қарорҳо ба ӯ кӯмак мерасонданд, ки кори мавъизаро ба хубӣ анҷом диҳад. Ҳамчунин интихоб кардани тарзи ҳаёти оддӣ ба Исо кӯмак кард, ки аз роҳи пешгирифтааш нагардад ва онро то охир тай кунад. Ин ба ӯ имкон дод, ки вақт ва қуввати лозимаро ба хизмати мавъиза сарф кунад (Луқ. 9:58). Ӯ дарк кард, ки баъд аз рафтанаш кори мавъизаро бояд касе роҳбарӣ кунад, барои ҳамин, ҳангоми дар замин буданаш, ӯ шогирдонашро ба ин кор тайёр кард (Луқ. 10:1–12; Юҳ. 14:12). Ӯ ба шогирдонаш ваъда дод, ки то охирзамон бо кори Салтанат банд хоҳад буд ва ба онҳо кӯмак хоҳад кард (Мат. 28:19, 20).

МИСЛИ ИСО БОФАҲМ БОШЕД

Ба чӣ шавқ доштани одамонро пай бурда, суханони мувофиқро интихоб кунед (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Чӣ тавр мо дар гуфторамон бофаҳм буданамонро нишон дода метавонем?

15 Биёед роҳи дигареро дида бароем, ки чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда метавонем. Гуфтори мо. Ҳангоми сӯҳбат бо ҳамимонамон мо аз суханоне ки дили касро меранҷонанд, канорагирӣ карда суханонеро ба кор мебарем, ки онҳоро рӯҳбаланд созанд (Эфс. 4:29). Вақте мо ба дигарон дар бораи Салтанати Худо шаҳодат медиҳем, кӯшиш мекунем, ки суханонамон намакин бошанд (Қӯл. 4:6). Ҳангоми мавъизаи хона ба хона мо кӯшиш мекунем, ки аввал шавқи соҳибхонаро фаҳмида, баъд мавзӯи сӯҳбатро интихоб кунем. Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сухани нарм на танҳо дари хонаи одамонро боз мекунад, балки дари дилҳои онҳоро низ. Вақте мо дар бораи имонамон гап мезанем, мо кӯшиш мекунем, ки аз рӯи Китоби Муқаддас ҷавоб диҳем. Азбаски мо ба он боварӣ ва такя мекунем, дар ҳар маврид мекӯшем, ки аз он истифода барем. Мо дарк мекунем, ки Каломи Худо назар ба суханони мо ба дили одамон ҳазорон маротиба бештар таъсир мекунад (Ибр. 4:12).

16, 17. а) Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки дар хашм оҳиста ва бомулоҳиза ҳастем? б) Чӣ тавр мо диққати худро ба мавъиза равона карда метавонем?

16 Рӯҳияи мо. Бофаҳм будан ба мо кӯмак мекунад, ки дар хашм оҳиста бошем ва худдорӣ зоҳир кунем (Яъқ. 1:19). Вақте одамон моро хафа мекунанд, мо мекӯшем, ки ба суханон ва рафтори онҳо диққат надода сабаби асосии амали онҳоро пай барем. Агар мо чунин фаҳмиш зоҳир кунем, мо ба хатогиҳои онҳо чашм мепӯшем (Мас. 19:11). Ин хислат ҳамчунин ба мо кӯмак мекунад, ки бомулоҳиза бошем. Мо нисбати ҳамимононамон серталаб намешавем. Мо дар ёд хоҳем дошт, ки ҳама паҳлӯҳои вазъияти онҳоро намедонем ва шояд то охир дарк намекунем, ки кадом душвориҳо ба сари онҳо меоянд. Мо бо омодагӣ ба онҳо гӯш медиҳем ва, агар дуруст бошад, бо фикри онҳо розӣ мешавем (Флп. 4:5).

17 Тарзи ҳаёти мо. Азбаски мо пайравони Исо ҳастем, мо дарк мекунем, ки шарафи бузургтарин — ин иштирок дар кори мавъизаи Салтанат мебошад. Дар зиндагӣ қарорҳои дуруст қабул карда, мо мекӯшем, ки диққатро ба кори мавъиза равона созем ва ҳамин тавр роҳи худро то охир тай мекунем. Салтанати Худоро дар ҷои аввал гузошта, мо ҳаёти оддиро ба сар мебарем, то ки вақт ва қуввати худро то охири ин тартибот ба мавъизаи хушхабар равона карда тавонем (Мат. 6:33; 24:14).

18. Мо бояд чӣ кор кунем, то ки роҳи пешгирифтаамонро то охир тай намоем?

18 Аз муҳокимаи якчанд хислати Исо мо бешубҳа баҳра гирифтем. Лекин тасаввур кунед, ки дида баромадани хислатҳои дигари Исо то чӣ андоза фоидабахш хоҳад буд! Ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба ӯ бештар монанд шавем. Пас, биёед чун пайравони Исо аз паи ӯ равона шавем, то ки оҳиста-оҳиста ба Он Шахсе ки Исо пайравиаш мекард, наздиктар шавем — ба Яҳува Худо!

^ сарх. 2 Суханони 1 Петрус 1:8, 9 барои масеҳиёне ки умеди осмонӣ доранд, навишта шуда буд. Ба ҳар ҳол, ин оятҳоро нисбати масеҳиёни умеди заминӣ дошта низ ба кор бурдан мумкин аст.

^ сарх. 9 Мисоли бародару хоҳаронеро ки далерона ба душвориҳо тоб меоварданд, аз адабиёти зерин хондан мумкин аст: «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 декабри соли 2000, саҳ. 24–28; «Бедор шавед!» (рус.) аз 22 апрели соли 2003, саҳ. 18–21 ва 22 январи соли 1995, саҳ. 11–15.