Дар кори мавъиза ғайрати худро нигоҳ доред
МАВЪИЗАИ хушхабар ин муҳимтарин корест, ки имрӯз дар рӯи замин карда мешавад. Чун яке аз Шоҳидони Яҳува шумо бешубҳа фахр мекунед, ки дар кори шогирдсозӣ иштирок доред. Лекин пӯшида нест, ки баъзан ба воизону пешравон нигоҳ доштани ҷидду ҷаҳд дар хизмат осон нест.
Ба баъзе воизон дар хизмати хона ба хона ёфтани касе ки ба сӯҳбат кардан моил аст, хеле душвор аст. Илова бар ин аксарияти одамон одатан дар хонаашон нестанд. Ва ҳатто агар онҳоро дар хонаашон ёбем ҳам, чунин мешавад, ки онҳо нисбати хушхабар бепарвоёна ё бадқаҳрона муносибат мекунанд. Дигар воизон бошанд, гарчанд дар минтақае хизмат мекунанд, ки одамон ба гӯш кардани хушхабар тайёранд, онҳо метарсанд, ки аз ӯҳдаи вазифаашон намебароянд. Баъзе бародару хоҳарон интизор набуданд, ки тӯли солҳои зиёд хизмат мекунанд ва аз ин хаста шуданд.
Оё ходимони Яҳува ба ҳайрат меоянд, ки аз сабаби баъзе душвориҳо онҳо аз хизмат кардан хаставу дилмонда мешаванд? Мо набояд аз ин ҳайрон шавем. Магар аз рӯи мантиқ нест, ки дар ҷаҳоне ки зери роҳбарии Шайтон аст, ҳақиқати наҷотбахши Худоро мавъиза кардан душвор хоҳад буд? (1 Юҳ. 5:19).
Аммо бо кадом душворие ки рӯ ба рӯ нашавед, дониста бошед, ки бо кӯмаки Яҳува шумо онро паси сар карда метавонед. Чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад, ки ғайрататон дар мавъиза зиёдтар шавад? Биёед баъзе маслиҳатҳоро дида бароем.
БА КАМТАҶРИБАГОН КӮМАК КУНЕД
Ҳар сол ҳазорон нафар таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува мешаванд. Агар шумо нав таъмид гирифта бошед, аз масеҳиёни пуртаҷриба омӯхтан барои шумо фоиданок хоҳад буд. Лекин агар шумо солҳои зиёд дар хизмати мавъиза бошед, пас, фикр кунед, ки ба камтаҷрибагон кӯмак кардан то чӣ андоза самарабахш хоҳад буд.
Исо медонист, ки барои воизони хуб шудан ба шогирдонаш роҳнамоӣ даркор буд ва худаш Луқ. 8:1). Дар рӯзҳои мо низ барои тайёр кардани воизони қобилиятнок ниёз вуҷуд дорад.
дар ин кор барояшон намуна гузошт (Мо набояд фикр кунем, ки танҳо бо иштирок дар хизмати мавъиза қобилияти воиз худ аз худ афзудан мегирад. Лозим аст, ки шахси пуртаҷриба бо меҳрубонӣ ва мулоимӣ мавъиза карданро ба ӯ ёд диҳад. Хусусан ба мавридҳои зерин аҳамият додан даркор аст: 1) тайёр кардани пешниҳод ва машқ кардани он, 2) истифода бурдани он дар кӯча ё минтақа, 3) пешкаш кардани адабиёт, 4) боздид кардани шавқманд, 5) сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас. Агар шахси камтаҷриба мушоҳидакор бошаду кӯшиш кунад, ки аз масеҳии таҷрибадор усулҳои мавъизакуниро ёд гирад, ӯ ҳатман дар ин кор муваффақ мегардад (Луқ. 6:40). Вақте наввоизонро дигарон гӯш мекунанд ва дар вақти лозима ба онҳо кӯмак мерасонанд, онҳо аз ин хурсанд мешаванд. Онҳо ҳамчунин ба таъриф ва ё ягон маслиҳату пешниҳод ниёз доранд (Воиз 4:9, 10).
БО ҲАМРОҲИ ХУД СӮҲБАТ КУНЕД
Баъзан ба кӯшишатон нигоҳ накарда, шояд дар минтақа касе ба шумо хуб гӯш надиҳад. Аммо мавридро истифода бурда шумо аз сӯҳбат бо ҳамроҳатон хурсандӣ гирифта метавонед. Охир, Исо беҳуда шогирдонашро «ҷуфт-ҷуфт» ба мавъиза нафиристод (Луқ. 10:1). Бо якдигар ҳамкорӣ карда онҳо якдигарро рӯҳбаланд карда метавонистанд. Вақте ки мо бо ҳамимонамон дар мавъиза мегузаронем, имконияти хубест, ки якдигарро рӯҳбаланд ва устувор созем (Рум. 1:12).
Шумо ҳангоми сӯҳбат дар бораи чӣ гап зада метавонед? Фикр кунед, ки оё ба наздикӣ бо шумо ягон воқеаи рӯҳбаландкунанда рӯй дод? Оё шумо ҳангоми омӯзиши шахсӣ ё оилавӣ ягон фикри шавқоварро пайдо кардед? Ё шояд ягон чизи дар ҷамъомад шунидаатон шуморо хурсанд сохт? Шояд ҳамроҳи шумо касе бошад, ки одатан бо ӯ хизмат намекунед. Оё шумо медонед, ки ӯ чӣ тавр ба ҳақиқат омадааст? Чӣ ба ӯ боварӣ бахшид, ки ташкилоти моро Яҳува роҳбарӣ мекунад? Ӯ дар хизмат дорои кадом имтиёзҳо буд ва чиро аз сар гузаронда аст? Шояд шумо низ чизеро аз саргузашти худ ба ӯ нақл карда тавонед. Агар ин тавр кунед, хоҳ дар хизмат ба шумо гӯш диҳанд, хоҳ не, шумо хурсандиро нигоҳ дошта метавонед (1 Тас. 5:11).
ОМӮЗИШИ МУНТАЗАМ ДОШТА БОШЕД
Як роҳи муҳими нигоҳ доштани ғайрат дар хизмат ин одати хуби хондани адабиётамон мебошад. Азбаски ғуломи мӯътамад ва доно оиди мавзӯъҳои гуногун маводи зиёде чоп мекунад, шумо дар омӯзиши мавзӯъҳои рӯҳонӣ интихоби Мат. 24:45). Биёед барои мисол як мавзӯъро дида мебароем: чаро кори мавъизаи Салтанат муҳим аст? Чорчӯбаи овардашуда ба ин савол ҷавоб медиҳад.
зиёде доред (Дида баромадани маслиҳатҳои чорчӯба шуморо водор мекунад, ки хизмати худро бо ҷидду ҷаҳд давом диҳед. Шумо дар пеши худ чунин мақсад гузошта метавонед, ки ин рӯйхатро пурратар карда, барои нишон додани аҳамияти мавъиза сабабҳои дигар ёбед. Баъд дар бораи он сабабҳо ва оятҳое ки он фикрҳоро тасдиқ мекунанд, мулоҳиза кунед. Ин бешак ғайрати шуморо дар хизмат бештар мегардонад.
БАРОИ БА КОР БУРДАНИ ПЕШНИҲОДОТИ НАВ ТАЙЁР БОШЕД
Ташкилоти Яҳува доимо пешниҳодоте чоп мекунад, ки барои беҳтар кардани хизматамон пешбинӣ шудаанд. Ба ғайр аз мавъизаи хона ба хона, шумо ба дигар намудҳои хизмат, ба монанди шаҳодатдиҳӣ ба воситаи мактуб, телефон, мавъиза дар кӯча ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хизмати ғайрирасмӣ ва ё мавъиза дар маҳалли корӣ машғул шуда метавонед. Ҳамчунин мо корҳоямонро тавре ба нақша мегирем, то ба маҳалле ки ба он кам ташриф меоранд, равем.
Оё шумо барои ба кор бурдани пешниҳодоти нав тайёред? Касоне ки чунин карданд, аз натиҷаҳои бадастовардаашон шод гаштанд. Биёед се мисолро дида мебароем.
Якум мисоле ки мо дида мебароем, ин маслиҳати «Хизмат ба Салтанат» дар бораи сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас мебошад. Ин маслиҳатро ба кор бурда хоҳарамон Эйприл ба се нафар ҳамкораш омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод кард. Тасаввур кунед, ки то чӣ андоза ба ҳайрат омад хоҳарамон, вақте ҳар сеи онҳо пешниҳоди ӯро қабул карданд! Илова бар ин
ҳар сеи онҳо ба ҷамъомадҳо ташриф оварданро сар карданд!Мисоли дуюм бо паҳн кардани маҷаллаҳоямон алоқаманд аст. Ғуломи мӯътамад моро водор мекунад, то мо одамонеро ҷустуҷӯ кунем, ки ба онҳо ягон мақолаи маҷаллаамон маъқул мешавад. Нозири ноҳиявие маълумот дод, ки як маҷаллаеро, ки дар бораи шинаҳо буд, дар ҳама мағозаҳои шинафурӯшӣ паҳн намуд. Ҳамчунин ӯ ҳамроҳи занаш нашри дигари маҷаллаи «Бедор шавед»-ро, ки «Меҳнати духтуронро қадр кунед» ном дошт, қариб ба 100 офиси духтурони маҳаллашон паҳн намуд. Ӯ мегӯяд: «Чунин ташрифҳо хеле муфид буданд, чунки ин тавр одамон бо мо ва адабиётамон шинос мешаванд. Баъди ошноӣ пайдо кардан, мо кӯшиш мекардем, ки бо он одамон рафтуомади бештар кунем».
Мисоли сеюм дар бораи шаҳодатдиҳӣ ба воситаи телефон мебошад. Хоҳаре бо номи Ҷуди ба идораи марказӣ мактуб навишта барои пешниҳоди мавъиза ба воситаи телефон миннатдорӣ баён намуд. Ӯ маълумот медиҳад, ки саломатии модари 86-солааш хеле бад аст. Аз ин рӯ модараш ба ин намуди хизмат машғул мебошад ва аз ин хурсандӣ мегирад. Айни ҳол модараш ба воситаи телефон бо зани 92-солае мунтазам омӯзиш мегузаронад.
Пешниҳодоте ки дар адабиётамон чоп мешаванд, дар ҳақиқат қобили корбурданд. Аз онҳо истифода баред. Онҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки хурсандӣ ва ғайратро дар хизмат нигоҳ доред.
МАҚСАДҲОИ АЗ ҚУВВАТ БЕРУН НАГУЗОРЕД
Муваффақияти мо аз он вобаста нест, ки мо чанд маҷалла паҳн кардем, чӣ қадар омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронем ва чанд касро ба ҳақиқат овардем. Пайғамбар Нӯҳро ба хотир оваред. Ба ғайр аз оилаи худаш, ӯ боз киро ба ҳақиқат овард? Бале, ҳеҷ касро. Лекин бешак гуфта метавонем, ки Нӯҳ воизи хуб буд. Барои ҳамин, биёед фаромӯш насозем, ки аз ҳама муҳим ин содиқона ба Яҳува хизмат кардан аст (1 Қӯр. 4:2).
Бисёри воизон ба хулосае омаданд, ки барои зиёд кардани шавқ нисбати мавъиза бояд мақсадҳои аз қувват берун нагузоранд. Чӣ тавр? Баъзе фикрҳо дар чорчӯбаи ин саҳифа оварда шудаанд.
Бо кӯмаки Яҳува кӯшиш намоед, ки бо тарзҳои гуногун хизмати худро беҳтар ва самарабахштар гардонед. Ҳангоме ки ба мақсадҳои худ мерасед, шумо хурсандӣ ва қаноатмандиро ҳис мекунед. Ҳамчунин шумо боварӣ ҳосил мекунед, ки ҳама чизи аз дастатон меомадаро кардед.
Албатта мавъиза кардани хушхабари Салтанат на ҳамеша осон аст. Лекин шумо метавонед бо ғайрат хизмат карда ҷидду ҷаҳдро аз даст надиҳед. Ҳангоми мавъиза бо ҳамроҳатон дар мавзӯъҳои рӯҳонӣ сӯҳбат кунед, омӯзиши мунтазами шахсӣ ё оилавӣ дошта бошед, пешниҳодеро ки дар адабиётамон чоп мешавад, ба кор баред ва мақсадҳои аз қуввати худ берун нагузоред. Дар хотир доред, ки Худо ба шумо имконияти бебаҳое додааст, ки Шоҳиди Ӯ бошед ва ҳақиқати Ӯро мавъиза кунед (Иш. 43:10). Агар шумо ғайратро аз даст надода хизмати худро давом диҳед, бешубҳа хурсандии беандозае ҳис хоҳед кард!