Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад

Ҷавобҳои равшан ва бомантиқи Китоби Муқаддас ба ман сахт таъсир карданд

Ҷавобҳои равшан ва бомантиқи Китоби Муқаддас ба ман сахт таъсир карданд
  • СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1948

  • МАМЛАКАТ: ВЕНГРИЯ

  • ДАР ГУЗАШТА: ОРЗУ ДОШТ, КИ БА САВОЛҲОИ МУҲИМИ ҲАЁТ ҶАВОБ ЁБАД

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ман дар шаҳри Секешфеҳервари Венгрия ба дунё омадам. Ин шаҳри қадимӣ таърихи ҳазорсола дорад. Лекин ман ҳатто имрӯз нишонаҳои даҳшатовареро, ки аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ боқӣ монда буд, ҳанӯз дар хотир дорам.

Дар аввали кӯдакиям тарбияи маро бобою бибиям ба ӯҳда доштанд. Аз он давра хотироти ширине боқӣ мондааст, хусусан хотироти бибиҷони меҳрубонам Элизабет. Ӯ дар ман имони қавӣ ба Худоро инкишоф дод. Дар синни сесолагиам ман ҳар бегоҳ ҳамроҳи бибиам як дуои Исоро, ки онро «Дуои намунавӣ» низ меноманд, такрор мекардам. Маънои ин дуоро ман то синни бистсолагиам намефаҳмидам.

Солҳои аввал маро бобою бибиям нигоҳубин мекарданд, чунки волидонам рӯзу шаб кор мекарданд, ба умеди он ки пули кофӣ ҷамъ карда хонаи хубе харанд. Лекин дар шанбеи дуюми ҳар моҳ мо ҳамроҳи аҳли оила ҷамъ мешудем ва якҷоя хӯроки шом мехӯрдем. Он лаҳзаҳо барои ман хеле азиз буданд.

Соли 1958 волидонам ба муроду мақсадашон расиданд; онҳо имконият пайдо карданд, ки хона харанд, то ҳар сеямон дар он зиндагӣ кунем. Акнун ман ҳамроҳи падару модарам зиндагӣ мекардам. Он вақт хурсандии ман ҳадду канор надошт! Вале шаш моҳ пас нохушие рӯй дод. Падарам аз сабаби касалии саратон вафот кард.

Ман худро болу пар шикаста ҳис мекардам. Дар хотир дорам, ки чунин дуо гуфта будам: «Худоҷон, аз Ту илтимосу илтиҷо мекунам, ки падарам зинда монад. Вай ба ман сахт даркор аст. Барои чӣ Ту ба дуоҳои ман ҷавоб намедиҳӣ?» Ман сахт донистан мехостам, ки падарам дар куҷо аст. Ман аз худ мепурсидам: «Оё ӯ ба осмон рафтааст? Ё ҳаёташ тамоман қатъ шудааст?» Ман ба бачаҳои дигар, ки падар доштанд, ҳасад мебурдам.

Солҳои зиёд ман қариб ҳар рӯз ба қабристон мерафтам ва дар сари қабри падарам ба зону нишаста дуо мегуфтам: «Худоҷон, ман мехоҳам бифаҳмам, ки падарам дар куҷо аст. Илтимос, ба ман ёрдам кун». Ҳамчунин ман дар дуо аз Худо мепурсидам, ки ба ман дар фаҳмидани маънои ҳаёт кӯмак кунад.

Дар синни 13-солагиам ман қарор кардам, ки забони олмониро аз худ мекунам. Ман фикр мекардам, ки шояд аз адабиёти бою ғании олмонӣ ман ба саволҳоям ҷавоб ёфта метавонам. Соли 1966 ман таҳсиламро дар шаҳри Йена, ки он вақт қисми Олмони Шарқӣ буд, сар кардам. Ман бо ҷӯшу хурӯш китобҳои файласуфони олмониро мехондам, хусусан он китобҳоеро ки дар бораи маънои ҳастии одамизод гап мезаданд. Ҳарчанд аз он китобҳо баъзе чизҳои ҷолибро фаҳмида бошам ҳам, ҳеҷ яке аз онҳо маро пурра қонеъ накарданд. Ман дар бораи ёфтани ҷавобҳо дуо гуфтанро давом медодам.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД.

Соли 1970 ман ба Венгрия баргаштам. Дар он ҷо ман бо ҳамсари ояндаам Роза вохӯрдам. Он вақт Венгрия зери ҳокимияти коммунистӣ қарор дошт. Аз ин рӯ чанде пас аз оиладоршавиамон ману Роза ба Австрия гурехтем. Мақсади мо ин буд, ки оқибат ба Сидней (Австралия), ки тағоям он ҷо зиндагӣ мекард, муҳоҷират кунем.

Дере нагузашта ман дар Австрия ҷойи кор ёфтам. Рӯзе як ҳамкорам гуфт, ки ман ба ҳама саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёфта метавонам. Ӯ ба ман якчанд китоберо дод, ки дар бораи Китоби Муқаддас буданд. Ман бо майли том он китобҳоро хондам ва хоҳиш пайдо кардам, ки боз бештар фаҳмам. Сипас ман купони он китобҳоро пур карда ба Шоҳидони Яҳува фиристодам ва адабиёти бештар дархост кардам.

Дар якумин солгарди рӯзи тӯямон ба назди ману Роза як Шоҳиди ҷавони австриягӣ ташриф овард. Ӯ адабиёти дархосткардаи маро овард ва ба ман омӯзиши Китоби Муқаддасро пешкаш кард. Ман таклифи ӯро қабул кардам. Азбаски ман ташнаи дониш будам, мо ҳар ҳафта ду маротиба омӯзиш мегузаронидем. Ҳар як омӯзиш тақрибан чор соат давом мекард!

Ман аз он чизҳое ки Шоҳидон аз Китоби Муқаддас таълим медоданд, ба ваҷд меомадам. Вақте онҳо аз Китоби Муқаддаси худам ба забони венгерӣ номи Худо — Яҳуваро нишон доданд, ҳуш аз сарам канд. Дар давоми 27 соле ки ба калисо мерафтам, ман аз даҳони ягон кас дар бораи номи Худо нашунида будам. Ба ман ҷавобҳои равшан ва бомантиқи Китоби Муқаддас сахт таъсир карданд. Масалан, ман фаҳмидам, ки марг мисли хоби гарон аст (Воиз 9:5, 10; Юҳ. 11:11–15). Ман ҳамчунин дар бораи ваъдаи Китоби Муқаддас оиди дунёи нав, ки дар он марг дигар нахоҳад буд, фаҳмидам (Ваҳй 21:3, 4). Ман умед дорам, ки падарамро боз мебинам, чунки дар дунёи нав «эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъм. 24:15).

Роза дар омӯзиши Китоби Муқаддас ба ман ҳамроҳ шуд. Мо тез пешравӣ кардем ва дар муддати фақат ду моҳ омӯзишро тамом кардем! * Мо ба ҳар як вохӯрии Шоҳидони Яҳува, ки дар Толори Салтанат мегузашт, ташриф меовардем. Муҳаббат, инсондӯстӣ ва ягонагие ки байни Шоҳидони Яҳува ҳукмфармо буд, моро ба ваҷд меовард (Юҳ. 13:34, 35).

Соли 1976 ба ману Роза иҷозат доданд, ки ба Австралия равем. Мо дарҳол Шоҳидони Яҳуваро ёфтем. Дар байни Шоҳидони маҳаллӣ мо ҳис мекардем, ки гӯё дар хонаи худ ҳастем. Соли 1978 мо Шоҳиди Яҳува шудем.

ҲАЁТИ МАН БЕҲТАР ГАШТ.

Ман оқибат ба он саволҳое ки солҳои сол маро азоб медоданд, ҷавоб ёфтам. Ба Яҳува Худо рӯз аз рӯз наздик шуда ман ҳамчунин Падари беҳтаринро ёфтам (Яъқ. 4:8). Умед ба он ки дар дунёи нав падари худро боз мебинам, бароям сарчашмаи хурсандист (Юҳ. 5:28, 29).

Соли 1989 ману Роза қарор додем, ки ба Венгрия бармегардем, то дар бораи имони навамон ба ёру дӯст, хешовандон ва ҳамчунин дигар шахсоне ки бо онҳо вомехӯрем, гап занем. Мо имконияти олиҷаноб доштем, ки ба садҳо одамон Китоби Муқаддасро таълим диҳем. Беш аз 70 нафари онҳо, аз он ҷумла модари ман хизмати Яҳуваро пеша карданд ва мо аз ин хеле шодем.

Тӯли 17 сол ман дуо мегуфтам, ки ба саволҳоям ҷавоб ёбам. 39 соли дигар сипарӣ шуду ман дуо гуфтанро давом медиҳам, лекин ҳоло ман дар дуоям мегӯям: «Эй Падари меҳрубони осмонӣ, раҳмат ба Ту, ки ба дуои овони кӯдакиам ҷавоб додӣ!»

^ сарх. 18 Баъзеҳо мувофиқи барномае ки дар он солҳо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарониданд, дар давоми тақрибан шаш моҳ омӯзишро тамом мекарданд.