Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Издивоҷ «фақат дар Худованд» ҳоло ҳам имконпазир аст?

Издивоҷ «фақат дар Худованд» ҳоло ҳам имконпазир аст?

«Ман аз ҷамъомад то ҳол ҳамсар наёфтам ва метарсам, ки боқимондаи умрам дар танҳоӣ мегузарад».

«Дар ҷаҳон баъзе мардон меҳрубон, дӯстдор ва оқиланд. Онҳо нисбати эътиқоди ман зид нестанд ва ба назарам аз баъзе бародарони ҷамъомад беҳтаранд».

Баъзе ходимони Худо дар мавриди ҷустуҷӯи ҳамсар чунин фикр доранд. Ҳамзамон онҳо бо маслиҳати Павлус оиди «фақат дар Худованд» издивоҷ кардан — маслиҳате ки барои ҳамаи масеҳиён бояд роҳнамо бошад — хуб шиносанд (1 Қӯр. 7:39). Пас, чаро онҳо чунин ақида доранд?

ЧАРО БАЪЗЕҲО ШУБҲА ДОРАНД?

Ба ақидаи онҳо аз сабаби баробар набудани шумораи хоҳару бародарони муҷаррад ёфтани ҳамсари мувофиқ душвор аст. Чунин ҳолатро дар бисёр мамлакатҳо дидан мумкин аст. Ду мисолро дида мебароем. Дар Корея ба ҳисоби миёна аз байни 100 Шоҳиди муҷаррад 57 нафараш хоҳарон ва 43 нафараш бародарон мебошанд. Дар Колумбия бошад, 66 фоизи Шоҳидони муҷаррадро хоҳарон ташкил медиҳанд, 34 фоизашро бошад, бародарон.

Дар баъзе ҷойҳо волидони ҳамимоннабудаи хоҳар аз бародар қалини калон талаб мекунанд. Аз ин рӯ бародарон хавотир мешаванд, ки оё зӯрашон мерасида бошад ё не. Чунин монеаҳоро ба назар гирифта хоҳар метавонад фикр кунад, ки «фақат дар Худованд» ёфтани ҳамсар душвор аст. Мумкин ӯ аз худ мепурсад: «Оё ёфтани ҳамсари мувофиқ дар байни ҳамимонон имконпазир аст?» *

АЗ ЯҲУВА ДИЛПУР БОШЕД

Агар ягон вақт ба сари шумо чунин фикр омада бошад, дилпур бошед, ки Яҳува вазъияти шуморо мефаҳмад. Беш аз ин, Ӯ медонад, ки шумо нисбати ин мавзӯъ чӣ фикр доред (2 Вақ. 6:29, 30).

Яҳува дар Каломаш дастурот дод, ки «фақат дар Худованд» издивоҷ кунем. Чаро? Зеро Ӯ медонад, ки ин бар манфиати худи мост. Ӯ на танҳо мехоҳад, ки хизматгоронашро аз оқибати роҳи бехирадонаи интихобкардаашон муҳофизат кунад, балки ҳамчунин хушбахтии моро хоҳон аст. Вақте дар рӯзҳои Наҳемё бисёре аз яҳудиён бо занҳои аҷнабӣ, ки ба Яҳува ибодат намекарданд, издивоҷ карданд, пайғамбар ба намунаи бади Сулаймон ишора кард. Гарчанд Сулаймон «барои Худои худ маҳбуб буд», ӯро «занони аҷнабӣ дар роҳи гуноҳ андохтанд» (Наҳ. 13:23–26). Аз ин рӯ Яҳува ба ходимони имрӯзааш дастурот дод, ки танҳо бо ҳамимононашон оиладор шаванд (Заб. 18:8–11; Иш. 48:17, 18). Масеҳиёни ҳақиқӣ барои муҳаббату ғамхории Яҳува миннатдоранд ва ба дастуроти Ӯ итоат мекунанд. Вақте ба Яҳува чун ба Ҳокими Даҳр итоат менамоем, мо эътироф мекунем, ки Ӯ ба роҳнамоӣ кардани қадамҳоямон ҳақ дорад (Мас. 1:5).

Шумо бешубҳа ҳар кори аз дастатон меомадаро мекунед, то бо шахсе ки шуморо аз Худо дур карда метавонад, зери «юғи бегона» набошед (2 Қӯр. 6:14). Маслиҳати Яҳува ҳамеша қобили корбурд аст ва имрӯз бисёре аз масеҳиён роҳи итоаткорӣ ба Худоро интихоб мекунанд. Лекин баъзеҳо бошанд, дигар хел рафтор мекунанд.

ВОҚЕЪБИН БОШЕД

Маги * ном хоҳаре аз Австралия мефаҳмонад, ки чӣ тавр ӯ бо шахси ҳамимоннабуда мулоқоту шиносоиро сар кард. Ӯ нақл мекунад: «Ман ба бисёр вохӯриҳо намерафтам, то ки ҳамроҳи ӯ вақт гузаронам. Ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст шудам». Ратана ном хоҳаре аз Ҳиндустон нисбати ҳамкурсаш, ки омӯзишро сар карда буд, муносибати ошиқона пайдо кард. Лекин он ҷавон танҳо бо мақсади бо ӯ мулоқот кардан омӯзиш мекард. Оқибат хоҳар аз ҳақиқат рафт ва барои бо он ҷавон издивоҷ кардан дини дигарро қабул кард.

Нденка ном хоҳаре аз Камерун дар синни 19-солагиаш бо марде ки Шоҳиди Яҳува набуд, издивоҷ кард. Пеш аз тӯй ҷавон ба Нденка ваъда дод, ки ӯ метавонад озодона ба ҷамъомадҳояш равад. Лекин баъди ду ҳафтаи тӯяшон ӯ ба вохӯриҳо ташриф овардани хоҳарро манъ кард. Хоҳар мегӯяд: «Ман худро танҳою партофташуда ҳис мекардам ва зор-зор мегиристам. Ман дарк кардам, ки ҳаётам дигар дар ихтиёри худам нест. Маро азоби виҷдон ором намегузошт».

Рост аст, ки баъзе масеҳиён бо шахсони ҳамимоннабуда оиладор шуданд, ки онҳо меҳрубону боинсоф буданд. Лекин ҳатто агар шумо бо шахси ҳамимоннабудае оиладор шавед, ки ба назаратон меҳрубон тобад, дар бораи саволҳои зерин мулоҳиза ронед: «Ин ба муносибати шумову Яҳува чӣ гуна таъсир мекунад? Худи шумо аз донистани он ки ба маслиҳати Яҳува гӯш надодед, чӣ ҳис мекунед? Ва, аз ҳама муҳимаш, Яҳува дар бораи қарори шумо чӣ ҳис мекунад?» (Мас. 1:33).

Дар саросари ҷаҳон хоҳару бародарон аз таҷрибаи худ медонанд, ки итоат ба амри «фақат дар Худованд» издивоҷ кардан ин беҳтарин қарор аст. Масеҳиёни муҷаррад барои хурсанд кардани дили Яҳува ба таври қатъӣ қарор карданд, ки танҳо бо ҳамимоне издивоҷ мекунанд, ки барояшон ҳамсари мувофиқ мешавад. Ба Мичико ном хоҳаре аз Ҷопон хешовандонаш фишор оварданд, то бо шахсе ки Шоҳиди Яҳува нест, хонадор шавад. Ҳамзамон ӯ дид, ки баъзе дӯстон ва шиносонаш аз ҷамъомад барои худ ҳамсар ёфтанд. Ӯ мегӯяд: «Ман ба худ мегуфтам, ки азбаски Яҳува Худои хушбахт аст, хушбахтии мо аз оиладор будан ё набуданамон вобаста нест. Ман ҳамчунин боварӣ дорам, ки Ӯ муроди дили моро иҷро мекунад. Барои ҳамин агар мо хоҳиши оиладоршавӣ дошта бошему лекин ҳамсари мувофиқ наёбем, бароямон муддате муҷаррад мондан беҳтар аст» (1 Тим. 1:11). Баъдтар Мичико бо як бародари олиҷанобе оиладор шуд ва ӯ хеле хурсанд аст, ки ба амри Яҳува итоат кард.

Баъзе бародарон низ муддате интизор шуданд, то барои худ ҳамсари мувофиқу муносиб ёбанд. Масалан, яке аз онҳо Билл аз Австралия мебошад. Ӯ мегӯяд, ки муддате диққаташро ба ҷавонзаноне ки Шоҳиди Яҳува набуданд, равона мекард. Бо вуҷуди ин ӯ бо ягон нафари онҳо муносибати наздик инкишоф намедод, чунки намехост зери «юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам» кунад. Баъд дар давоми солҳо ба ӯ якчанд хоҳарон аз ҷамъомад маъқул шуданд ва ӯ хост бо онҳо аз наздик шинос шавад, лекин онҳо розӣ нашуданд. Танҳо баъди 30 соли интизорӣ Билл бо хоҳаре шинос шуд, ки барояш ҳамсари муносиб буд. Билл мегӯяд: «Ман афсӯс намехӯрам. Ман худро хушбахт ҳис мекунам, чунки мо метавонем якҷоя хизмат кунем, ҳамроҳ омӯзиш ва ибодат кунем. Ман хурсандам, ки бо дӯстони ҳамсарам вомехӯрам ва муошират мекунам, чунки ҳамаи онҳо Шоҳидони Яҳува мебошанд. Принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда мо кӯшиш мекунем, ки издивоҷамон хушбахт бошад».

ЯҲУВАРО ИНТИЗОР ШАВЕД

Дар давоми вақте ки ҳамсари муносибро интизоред, шумо чӣ кор карда метавонед? Шумо шояд дар бораи он фикр мекунед, ки барои чӣ оиладор нестед. Агар фикр кунед, ки сабаб дар итоаткорӣ ба амри Яҳува аст, пас, дилпур бошед, ки ин ба Яҳува писанд аст (1 Подш. 15:22; Мас. 27:11). Шумо метавонед доимо дили худро «ба ҳузури Ӯ холӣ кунед» (Заб. 61:9). Он гоҳ дуоҳои шумо пурмаънотар ва дӯстиатон бо Яҳува рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегардад. Шумо метавонед дилпур бошед, ки Яҳува дар бораи хоҳишҳо ва ниёзҳои шумо ғамхорӣ мекунад, зеро шумо дар назари Ӯ пурарзишед. Яҳува ба ҳеҷ кас шавҳар ё занро ваъда намедиҳад. Аммо агар ба шумо оила дар ҳақиқат даркор бошад, Яҳува роҳи беҳтарини қонеъ кардани ин ниёзи шуморо медонад (Заб. 144:16; Мат. 6:32).

Баъзан шумо шояд худро мисли Довуди забурнавис ҳис мекунед. Ӯ гуфта буд: «Ба зудӣ маро иҷобат намо, эй Худованд! Рӯҳам хаста шудааст; рӯи Худро аз ман пинҳон надор» (Заб. 142:5–7, 10). Дар чунин лаҳзаҳо ба Падари осмониатон вақт диҳед, то иродаи худро нисбати шумо нишон диҳад. Бо он ки Каломи Худоро мехонеду дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза меронед, шумо нишон медиҳед, ки Ӯро гӯш мекунед. Ҳамин тавр шумо мефаҳмед, ки Яҳува аз шумо чӣ интизор аст ва чӣ тавр Ӯ дар гузашта ба хизматгоронаш кӯмак мекард. Вақте Яҳуваро гӯш мекунед, хоҳиши ба Ӯ итоаткор монданатон қавитар мегардад.

Масеҳиёни муҷаррад ҳам дар ҷамъомад ва ҳам дар назари Яҳува қадру қимати беандоза доранд

Шумо боз чӣ кор карда метавонед, то солҳои муҷаррадиатон хурсандиовар ва самаранок гузаранд? Шумо метавонед ин вақтро барои инкишоф додани бофаҳмӣ, саховатмандӣ, меҳнатдӯстӣ, қаноатмандӣ, садоқатмандӣ ва пайдо кардани номи нек, ки барои барпо кардани оилаи хушбахт муҳиманд, истифода баред (Ҳас. 24:16–21; Рут 1:16, 17; 2:6, 7, 11; Мас. 31:10–27). Дар кори мавъиза ва дигар корҳои рӯҳонӣ пурра иштирок карда аввал манфиати Салтанатро ҷӯед. Ҳамин тавр шумо худро аз қарорҳои бехирадона муҳофизат мекунед. Билл дар бораи солҳои муҷаррадиаш чунин мегӯяд: «Он солҳо хеле тез гузаштанд! Дар он вақт ман чун пешрав ба Яҳува хизмат мекардам».

Бале, «фақат дар Худованд» издивоҷ кардан ҳоло ҳам имконпазир аст. Итоат ба ин амр ба шумо кӯмак мекунад, ки Яҳуваро ҷалол диҳед ва хушбахту қаноатманд бимонед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Хушо касе ки аз Худованд метарсад; ба аҳкоми Ӯ бисёр шавқ дорад... Фаровонӣ ва сарват дар хонаи ӯст; ва адолати ӯ то абад қоим аст» (Заб. 111:1, 3). Пас, бо иродаи қавӣ ба амри «фақат дар Худованд» издивоҷ кардан итоат кунед.

^ сарх. 7 Дар ин мақола мо нуқтаи назари хоҳаронро нисбати ин мавзӯъ дида мебароем. Ҳамзамон баъзе принсипҳоро нисбати бародарон низ ба кор бурдан мумкин аст.

^ сарх. 13 Баъзе номҳо иваз шудаанд.