Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар адабиёти мо бисёр вақт гуфта мешуд, ки ягон чиз тимсоли чизи бузургтаре дар оянда мебошад. Чаро ҳозир чунин муқоисаҳо хеле кам ба назар мерасанд?

Дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) аз 15-уми сентябри соли 1950 фаҳмонида шуда буд, ки баъзан ягон ашё, шахс ё рӯйдод тимсоли чизи бузургтаре дар оянда мебошад.

Солҳои пеш дар адабиёти мо гуфта мешуд, ки чунин ходимони содиқи Худо ба монанди Дебӯро, Элиҳу, Йифтоҳ, Айюб, Роҳоб, Ривқо ва дигарон тимсол ё сояи масеҳиёни тадҳиншуда ва «анбӯҳи бузург» мебошанд (Ваҳй 7:9). Масалан дар он ҷо гуфта мешуд, ки Йифтоҳ, Айюб ва Ривқо тимсоли тадҳиншудагон мебошанду Дебӯро ва Роҳоб «анбӯҳи бузург»-ро тасвир мекунанд. Пас, чаро солҳои охир бародарон чунин хулоса намебароранд?

ТИМСОЛ

Барраи фисҳе ки дар Исроили қадим қурбонӣ мекарданд, тимсол буд (Ад. 9:2).

ИҶРОШАВИИ ОН ДАР ОЯНДА

Павлус ба Исо ишора карда ӯро «Фисҳи мо» номид (1 Қӯр. 5:7).

Сабаб ин нест, ки чунин муқоисакунӣ зидди Навиштаҳо мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе одамон тимсоли баъзе чиз ё касони дигар дар оянда мебошанд. Дар Ғалотиён 4:21–31 ҳаввории Павлус дар бораи Ҳоҷар ва Соро гап мезанад. Ӯ мегӯяд, ки ин воқеа маънои рамзӣ дорад. Ҳоҷар, ки канизи Иброҳим буд, Исроили аслиро тасвир мекунад. Соро, ки «зани озод» буд, ба қисми осмонии ташкилоти Худо, ки он ба таври рамзӣ завҷаи Худо номида мешавад, ишора мекунад. Дар ҳамин номаи худ ба ибриён Павлус Исоро бо Малкисодақ монанд мекунад ва мегӯяд, ки аз кадом ҷиҳат онҳо бо ҳам монандӣ доранд (Ибр. 6:20; 7:1–3). Баъдтар Павлус Ишаъё ва писарони ӯро ба Исо ва пайравони тадҳиншудааш монанд мекунад (Ибр. 2:13, 14). Азбаски Павлуси ҳавворӣ ин номаашро зери илҳоми илоҳӣ навишта буд, мо ба суханони ӯ боварии пурра дошта метавонем.

Аммо ҳатто он вақте ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ягон шахс шахси дигареро тасвир мекунад, мо набояд фикр кунем, ки ҳар як ҷузъиёти хурди рӯйдод ё чизи дигар дар ҳаёти он шахс тимсоли чизи бузургтаре дар оянда мебошад. Масалан Павлуси ҳавворӣ мегӯяд, ки Малкисодақ Исоро тасвир мекунад. Лекин ӯ намегӯяд, ки Малкисодақ боре ба Иброҳим, вақте ки ӯ чор подшоҳро мағлуб кард, нон ва шароб оварда буд. Барои ҳамин мо ҳеҷ асосе аз Навиштаҳо надорем, ки дар ин рӯйдод ягон маънои ниҳонро биҷӯем (Ҳас. 14:1, 18).

Муҳаққиқони Китоби Муқаддас, ки баъди марги Масеҳ зиндагӣ мекарданд, саргарми андешаҳои худ гашта гумроҳ шуданд. Дар бораи таълимоти Ориген, Амброзе ва Ҷером сухан гуфта, як энсиклопедияи Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Азбаски онҳо дар ҳама ҷои Китоби Муқаддас, ҳатто дар ҷузъҳои ночизи ягон воқеа тимсол меҷустанд, албатта онро меёфтанд. Онҳо фикр мекарданд, ки ҳатто ягон таълимоти сода ва осонфаҳм дар худ ягон маънои ниҳон дорад... масалан онҳо ба 153 моҳӣ доштани шогирдони Исо... ишора карда, ба ин рақам борҳои зиёд тафсири гуногун медоданд».

Муҳаққиқи дигар, Аврелий Августин чунин ақида дошт, ки он ки чӣ тавр Исо 5000 нафарро бо панҷ нони ҷавин ва ду моҳӣ сер кард, маънои рамзӣ дорад. Ӯ гуфт, ки панҷ нони ҷавин панҷ китоби Мусоро дар назар дорад. Ва азбаски ҷав аз гандум арзонтар аст, ин маънои онро дорад, ки арзиши «Аҳди Қадим» аз «Аҳди Ҷадид» камтар аст. Ҳамчунин, ба фикри ӯ ду моҳӣ подшоҳ ва коҳинро тасвир мекарданд. Ба фикри дигар муҳаққиқ оне ки Эсов нахустзодагиашро ба як табақ наск фурӯхт, ба он ишора мекунад, ки Исо ба қимати хуни сурхи худ инсониятро аз гуноҳ харид ва ба он умеди осмонӣ бахшид.

Агар ба назари шумо чунин хулосаҳо бофтаву нотабиӣ тобанд, пас, ба шумо фаҳмост, ки душвории ин мавзӯъ дар чист. Одамон фаҳмида наметавонанд, ки кадом рӯйдоди Китоби Муқаддас тимсоли чизи бузургтаресту кадомаш не. Барои ҳамин аз ҳама хулосаи дуруст ин аст: дар куҷое ки Навиштаҳо мегӯянд, ки ин ё он рӯйдод, ашё ё шахс тимсоли чизест, мо онро қабул мекунем. Бе ягон далел ё асос аз Китоби Муқаддас мо набояд хулоса барорем, ки ягон воқеа, ашё ё шахс тимсоли чизе мебошад.

Пас, чӣ тавр мо аз воқеаҳо ва намунаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда манфиат гирифта метавонем? Дар Румиён 15:4 Павлуси ҳавворӣ чунин навишта буд: «Ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем». Павлус ба тадҳиншудагони асри як гуфт, ки онҳо аз рӯйдодҳо ва намунаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда барои худ дарсҳои зиёде гирифта метавонанд. Лекин аз он замон инҷониб, ҳамаи масеҳиён, хоҳ умеди осмонӣ дошта бошанд, хоҳ заминӣ, аз мисолҳои Навиштаҳо барои худ дарс мегирифтанд (Юҳ. 10:16; 2 Тим. 3:1).

Аксари гуфтаҳои Китоби Муқаддас танҳо ба як гурӯҳи алоҳидаи масеҳиён дахл надоранд. Гуфтан мумкин нест, ки онҳо танҳо барои масеҳиёни тадҳиншуда, гӯсфандони дигар, ё ходимони Худо, ки дар замони муайяне зиндагӣ мекарданд, навишта шудаанд. Масалан ранҷу азобе ки Айюб кашида буд, танҳо рамзи машаққати масеҳиёни тадҳиншуда ҳангоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ нест. Бисёри хизматгорони Худо, чи тадҳиншудагону чи «гӯсфандони дигар», ба монанди Айюб азоб кашидаанд ва аз омӯхтани саргузашти ӯ баҳра бурдаанд. Онҳо наҷотеро ки Яҳува медиҳад, диданд ва дарк карданд, ки «Худованд раҳмон ва бахшанда аст» (Яъқ. 5:11).

Дар ҷамъомадҳои мо пирони ҷавон мисли Элиҳуи хирадманд, пешравони боғайрату далер ба монанди Йифтоҳ, бародару хоҳарони пуртоқат мисли Айюб ва хоҳарони калонсол, ки ба монанди Дебӯро содиқона хизмат мекунанд, кам нестанд. Мо аз Яҳува Худо хеле миннатдорем, ки «ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем».

Аз ин рӯ мо кӯшиш намекунем, ки дар ҳар як порчаи Китоби Муқаддас пешгӯӣ ҷӯем. Ба ҷои ин, мо диққати асосиро ба дарсе ки аз он гирифтан мумкин аст, равона мекунем.