Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё дарахти бурида аз нав сабзида метавонад?

Оё дарахти бурида аз нав сабзида метавонад?

ДАР муқоиса бо дарахтони арзи Лубнон дарахти зайтун, ки каҷу килеб ва шохаҳои печ дар печ дорад, он қадар зебо ва боҳашамат наметобад. Лекин дарахти зайтун дорои як хосияти аҷоиб мебошад. Он ба барфу борон ва нури офтоб чунон тобовар аст, ки баъзе дарахтони он ҳатто то ҳазор сол умр дидаанд. Дарахти зайтун дорои решаи дарозу паҳн мебошад, ки ҳатто вақти нест шудани танааш ба дарахт ғизо дода метавонад. То вақте ки решааш зинда аст, он аз нав рӯида метавонад.

Пайғамбар Айюб боварӣ дошт, ки ҳатто баъд аз он ки бимирад, аз нав зинда мешавад (Айюб 14:13–15). Ӯ боварӣ дошт, ки Худо метавонад ӯро зинда кунад ва барои ин ӯ мисоли дарахтро истифода бурд, ки он эҳтимол дарахти зайтун буд. Айюб навишт: «Барои дарахт умеде ҳаст: агар бурида шавад, боз хоҳад сабзид». Баъди хушксолии сахт, вақте ки борон заминро сероб мегардонад, дарахти зайтуни хушкшуда аз нав зинда шуда месабзад ва он «мисли ниҳоле ки нав шинонда бошад, шохаҳо хоҳад расонид» (Айюб 14:7–9).

Ва чи хеле ки боғбон орзуи онро дорад, ки дарахти буридаи зайтун аз нав бирӯяд, ҳамин тавр Яҳува Худо муштоқи он аст, ки ходимони худ ва дигар одамонро ба ҳаёт баргардонад (Мат. 22:31, 32; Юҳ. 5:28, 29; Аъм. 24:15). Дидани мурдагони аз нав зиндашуда ва аз ҳаёти беохиру пурмаъно баҳра бурдани онҳо дар ҳақиқат шодии бузурге хоҳад буд!