Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Доимо аз Яҳува дилпур бошед!

Доимо аз Яҳува дилпур бошед!

«Ҳама вақт ба Ӯ таваккал кунед» (ЗАБ. 61:9).

1–3. Чӣ тавр эътимоди Павлус ба Яҳува мустаҳкам гашт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ТАСАВВУР кунед, ки шумо соли 64-и эраи мо дар сарзамини Рум зиндагӣ мекунед. Он замон пайравони Масеҳ бо азобу таъқибот рӯ ба рӯ мешуданд. Агар он вақт масеҳӣ мебудед, ҷони шумо ҳар рӯз зери хатар мебуд. Баъзеҳоро ҳайвонҳо пора-пора мекарданд. Дигаронро бошад, дар сутун меовехтанд ва зинда ба зинда месӯзониданд, то дар торикии шаб равшанӣ диҳанд. Ҳар рӯз шумо медонистед, ки ин чизҳо бо худи шумо низ рӯй дода метавонанд.

2 Эҳтимол дар он замонҳои нотинҷ Павлуси ҳавворӣ бори дуюм дар Рум маҳбус буд. Оё ҳамимононаш ба кӯмаки ӯ омаданд? Дар аввали дар маҳбас буданаш ӯ каме ғамгин буд ва ба Тимотиюс навишт: «Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд — бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад». Ба ин нигоҳ накарда Павлус гуфт, ки умуман бе кӯмак намондааст. Ӯ навишт: «[Исо] ёри ман буд ва маро қавӣ кард». Албатта, Яҳува ба воситаи Исо ба ӯ қуввати лозима медод. Оё ин кӯмак саривақт буд? Бешакк, чунки Павлус баъдтар навишт, ки «аз даҳони шер раҳо шудам» (2 Тим. 4:16, 17) *.

3 Павлус дар хотир дошт, ки чӣ тавр Яҳува ба ӯ дар гузашта кӯмак намуд. Аз ин рӯ ӯ боварӣ дошт, ки Яҳува барои ба озмоишҳо тоб овардан қувват медиҳад — ҳам ҳангоми озмоишҳои ҳозира ва ҳам ҳангоми душвориҳое ки дар оянда ӯро интизор буданд. Павлус дилпур буд, ки Исо ӯро «аз ҳар амали бад халосӣ» хоҳад дод (2 Тим. 4:18). Павлус фаҳмид, ки ҳатто дар вазъиятҳое ки одамон ба ӯ кӯмак карда наметавонанд, Яҳува ва Исо ба ӯ дасти ёрӣ дароз карда метавонанд!

ИМКОНИЯТҲО БАРОИ БА ЯҲУВА ТАКЯ КАРДАН

4, 5. а) Кӣ ба шумо ҳамеша кӯмаки лозимаро дода метавонад? б) Чӣ тавр шумо муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам карда метавонед?

4 Оё шумо ягон вақт дар вазъиятҳои душвор худро бекасу танҳо ҳис кардаед? Мумкин он вақт шумо ҷои коратонро аз даст додед ё дар мактаб бо фишор рӯ ба рӯ шудед. Ё шояд аз беморӣ ё душвории дигаре азоб кашидед. Эҳтимол шумо аз дигарон кӯмак пурсидед, лекин онҳо ба таври мехостагиатон ба шумо ёрдам накарданд. Дар ҳақиқат, баъзе душвориҳоро одамон ҳал карда наметавонанд. Пас, чӣ кор кардан мумкин аст? Каломи Худо ба мо мегӯяд: «Ба Худованд таваккал намо» (Мас. 3:5, 6). Аммо оё шумо дилпур буда метавонед, ки Ӯ ба шумо кӯмак мекунад? Албатта! Ва нақлҳои зиёди Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшанд, ки Яҳува дар ҳақиқат ба хизматгоронаш кӯмак мекунад.

5 Аз ин рӯ аз онҳое ки ба шумо кӯмаки лозима намерасонанд, хафа нашавед. Ба ҷои ин, мисли Павлус ба озмоишҳо чун ба имконияти пурра такя кардан ба Яҳува нигаред ва он гоҳ шумо ғамхории меҳрубононаи Ӯро дар худ ҳис хоҳед кард. Ин боварии шуморо нисбати Ӯ қавитар мекунад ва муносибататонро бо Ӯ аз пештара мустаҳкамтар мегардонад.

МО БОЯД БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕМ

6. Чаро такя кардан ба Яҳува, хусусан дар зери фишор, душвор буда метавонад?

6 Шояд шумо аз сабаби ягон душворӣ худро зиқу рӯҳафтода ҳис мекунед. Шумо дар ин вазъият ҳар кори аз дастатон меомадаро кардед ва дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсидед. Оё акнун шумо орому хотирҷамъ буда метавонед? Албатта! (Забур 61:9 ва 1 Петрус 5:7-ро бихонед.) Агар мо хоҳем, ки бо Яҳува муносибати наздик дошта бошем, хеле муҳим аст, ки ба Ӯ такя карданро ёд гирем. Лекин ин на ҳамеша осон аст. Чаро? Яке аз сабабҳо ин буда метавонад, ки Яҳува на ҳамеша ба дуоҳои мо дарҳол ҷавоб медиҳад (Заб. 12:2, 3; 73:10; 88:47; 89:13; Ҳаб. 1:2).

7. Чаро Яҳува ҳамеша ба дуоҳои мо дарҳол ҷавоб намедиҳад?

7 Чаро Яҳува ба ҳар як дуои мо дарҳол ҷавоб намедиҳад? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува мисли падар рафтор мекунад (Заб. 102:13). Падар бошад, ҳар як талаби фарзандашро зуд иҷро намекунад. Ӯ медонад, ки баъзе аз хоҳишҳои фарзандаш он қадар ҷиддӣ нестанд ва онҳо зудгузар мебошанд. Падар ҳамчунин медонад, ки барои фарзандаш чӣ хуб аст ва чӣ тавр ин метавонад ба дигарон таъсир кунад. Ӯ медонад, ки фарзандаш ба чӣ ниёз дорад ва кай талаби ӯро ба ҷо орад. Агар падар ҳар як талаби фарзандашро иҷро кунад, он гоҳ ӯ ғуломи фарзандаш мешавад. Падари осмонии мо Яҳува моро дӯст медорад. Чун Офаридгори хирадманд Ӯ медонад, ки мо ба чӣ ниёз дорем ва Ӯ худаш қарор мекунад, ки кай ин ё он талаби моро ба ҷо орад. Аз тарафи мо хуб мебуд, ки интизор шавем ва бинем, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад. (Бо Ишаъё 29:16; 45:9 муқоиса кунед.)

8. Дар мавриди тоб овардан ба озмоишҳо Яҳува ба мо чӣ ваъда медиҳад?

8 Сабаби дигари он ки Яҳува на ҳамеша ба дуоҳои мо дарҳол ҷавоб медиҳад, ин аст, ки Ӯ аз душвориҳои мо пурра хабардор мебошад (Заб. 102:14). Ӯ медонад, ки мо танҳо бо қуввати худ ба озмоишҳо тоб оварда наметавонем, аз ин рӯ падарвор моро дастгирӣ мекунад. Албатта, баъзан ба назарамон чунин метобад, ки мо дигар тобу тоқат карда наметавонем. Аммо Яҳува ба мо дилпурӣ мебахшад, ки ҳеҷ гоҳ намегузорад, то мо берун аз қувватамон азоб кашем. Бале, Ӯ ба мо сабукӣ мебахшад. (1 Қӯринтиён 10:13-ро бихонед.) Яҳува медонад, ки то чӣ андоза мо метавонем ба озмоишҳо тоб орем ва донистани ин моро тасаллӣ мебахшад.

9. Чӣ бояд кард, вақте Яҳува дарҳол ба дуоҳоямон ҷавоб намедиҳад?

Вақте Яҳува дарҳол ба дуоҳоямон ҷавоб намедиҳад, биёед пуртоқат бошем. Биёед дар хотир дорем: Яҳува сахт мехоҳад, ки ба мо кӯмак кунад, лекин Ӯ босаброна вақти муносибро интизор мешавад. Каломи Худо мегӯяд: «Худованд мунтазир аст, ки бар шумо меҳрубон бошад ва шумо аз лутфу раҳмати Ӯ бархурдор шавед, зеро Худованд Худои одил аст ва хушо ба ҳоли касоне ки ба Ӯ эътимод мекунанд» (Иш. 30:18, Тарҷумаи дарии форсӣ).

«ДАҲОНИ ШЕР»

10–12. а) Барои масеҳие ки шахси беморро нигоҳ мекунад, чӣ душвор буда метавонад? б) Вақте мо дар вазъиятҳои душвор ба Яҳува такя мекунем, ин чӣ тавр ба муносибати мову Ӯ таъсир мерасонад? Мисол оред.

10 Зери озмоишҳои сахт шумо шояд худро мисли Павлус ҳис мекунед, яъне гӯё шумо дар дарун ё дар пеши «даҳони шер» мебошед. Дар чунин вазъият ба Яҳува такя кардан бениҳоят муҳим аст. Мумкин шумо ягон аъзои оилаатонро, ки бемор аст, нигоҳубин мекунед. Шояд шумо ба Яҳува дуо гуфта, аз Ӯ кӯмак мепурсед, то ба шумо хирад ва қувват диҳад *. Ва шумо оромӣ ҳис хоҳед кард, агар дилпур бошед, ки Яҳува вазъияти шуморо хуб медонад. Ӯ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба душворӣ тоб оред ва ба Ӯ содиқ монед (Заб. 31:8).

11 Лекин баъзан ба назаратон чунин метобад, ки Яҳува ба шумо кӯмак накарда истодааст. Мумкин шумо бо ягон қарори духтурон розӣ нестед. Ё хешу таборе ки шумо аз онҳо тасаллӣ умедвор будед, вазъиятро аз будаш бадтар мекунанд. Ҳамеша дилпур бошед, ки Яҳува шуморо дастгирӣ мекунад. Ба Ӯ наздик шавед. (1 Подшоҳон 30:3, 6-ро бихонед.) Дертар, вақте шумо дарк мекунед, ки чӣ тавр Яҳува ба шумо кӯмак кард, муносибататон бо Ӯ мустаҳкамтар мегардад.

12 Линда * ном хоҳаре айнан ҳамин чизро дар худ ҳис кард. Ӯ волидонашро ҳангоми рӯзҳои охири ҳаёташон нигоҳубин мекард. Ӯ мегӯяд: «Он вақт барои шавҳарам, бародарам ва ман донистани он ки бояд чӣ кор кунем, душвор буд. Баъзан мо ҳис мекардем, ки дигар қувват надорем. Лекин ҳоло ба гузашта нигоҳ карда мо хуб дарк мекунем, ки Яҳува он вақт бо мо буд. Ӯ моро қувват мебахшид ва чизҳои бароямон лозимаро медод, ҳатто он лаҳзаҳое ки мо чӣ кор карданамонро намедонистем».

13. Чӣ тавр такя кардан ба Яҳува ба Ронда кӯмак кард, ки як қатор мусибатҳоро паси сар кунад?

13 Агар мо пурра ба Яҳува такя кунем, ин метавонад ба мо кӯмак расонад, то ба мусибатҳо тоб орем. Масалан, хоҳарамон Ронда чунин вазъиятро аз сар гузаронд. Шавҳари ӯ, ки Шоҳиди Яҳува набуд, мехост бо ӯ ҷудо шавад. Дар муддати ин вақт бародари ин хоҳар гирифтори бемории сили пӯст шуд. Баъди якчанд моҳ ҳамсари бародараш вафот кард. Каме баъд, вақте хоҳар ба худ омад, ӯ пешрави доимӣ шуд. Чанде пас модари ӯ вафот кард. Чӣ ба Ронда кӯмак намуд, ки ин мусибатҳоро аз сар гузаронад? Ӯ мегӯяд: «Ман ҳар рӯз бо Яҳува сӯҳбат мекардам, ҳатто ҳангоми қабули қарорҳои на он қадар муҳим. Ба туфайли ин Яҳува бароям шахси воқеӣ гашт. Акнун ман ба Яҳува такя мекунам, на ба худам ё ба каси дигаре. Яҳува дар ҳақиқат маро дастгирӣ мекард ва нисбати ҳама ниёзҳои ман ғамхорӣ менамуд. Дар натиҷа, ман ҳис кардам, ки Яҳува дасти маро гирифтааст».

Ҳатто дар дохили оила душвориҳо метавонанд муносибати моро бо Яҳува зери хатар гузоранд (Ба сархатҳои 14–16 нигаред.)

14. Чӣ тавр дар мавриди аз ҷамъомад хориҷ шудани аъзои оилаатон Яҳува ба шумо кӯмак мекунад?

14 Вазъияти дигареро дида мебароем. Фарз кунед, ки ягон аъзои оилаатон аз ҷамъомад хориҷ шудааст. Шумо медонед, ки Китоби Муқаддас дар бораи шахсони аз ҷамъомад хориҷшуда чӣ мегӯяд (1 Қӯр. 5:11; 2 Юҳ. 10). Лекин азбаски шумо он шахсро дӯст медоред, шумо фикр мекунед, ки дар ин маврид итоат кардан ба амри Яҳува хеле душвор ё ҳатто имконнопазир аст *. Оё шумо дилпуред, ки Падари осмониатон ба шумо барои содиқона итоат кардан ба амри худ қувват медиҳад? Оё шумо ба ин вазъият чун ба имконияти ба Яҳува наздик шудан менигаред?

15. Чаро Одам дар боғи Адан ба амри Яҳува гӯш надод?

15 Лаҳзае дар бораи инсони аввалин — Одам фикр кунед. Оё ӯ боварӣ дошт, ки ба амри Яҳува беитоатӣ карда, зинда мемонад? Не, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Одам фирефта нашудааст» (1 Тим. 2:14). Пас, чаро Одам нисбати Яҳува беитоатӣ кард? Ӯ аз дасти занаш он меваро гирифта хӯрд, зеро занашро бештар аз Яҳува дӯст медошт. Ба ҷои он ки ба амри Яҳува гӯш диҳад, Одам ба гапи занаш гӯш дод (Ҳас. 3:6, 17).

16. Нисбати кӣ муҳаббати мо бояд пурзӯртар бошад ва чаро?

16 Оё ин қарори Одам нишон медиҳад, ки мо набояд хешу таборамонро дӯст дорем? Албатта, не! Аммо муҳаббати мо нисбати Яҳува бояд пурзӯртар бошад. (Матто 22:37, 38-ро бихонед.) Агар муҳаббати мо нисбати Яҳува зиёдтар бошад, мо метавонем ба хешу таборамон ба таври беҳтарин кӯмак намоем, новобаста аз он ки онҳо ба Яҳува хизмат мекунанд ё не. Пас, муҳаббат ва боварии худро нисбати Ӯ қавӣ гардонем. Агар шумо оиди аъзои оилаатон, ки аз ҷамъомад хориҷ шудааст, ташвиш кашед, ба Яҳува дуо гуфта дили худро ба Ӯ холӣ кунед * (Рум. 12:12; Флп. 4:6, 7). Ҳатто ба ин вазъияти душвор чун ба имконияти мустаҳкам кардани муносибатҳои худ бо Яҳува нигоҳ кунед. Он гоҳ шумо метавонед ба Ӯ такя кунед ва дилпур бошед, ки итоаткорӣ ба Ӯ натиҷаҳои хуб меорад.

ВАҚТЕ КИ ЯҲУВАРО ИНТИЗОРЕМ

Бо кори мавъиза банд буда аз Яҳува дилпур буданатонро нишон диҳед (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Чӣ тавр мо бо он ки бо кори мавъиза машғулем, ба Яҳува такя карданамро нишон медиҳем?

17 Чаро Яҳува Павлусро аз даҳони шер раҳо кард? Худи ҳавворӣ мегӯяд: «То ки ба воситаи ман башорат тамоман [пурра] эълон гардад ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд» (2 Тим. 4:17). Агар мо монанди Павлус бо кори мавъиза банд бошем, мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува инро мебинад ва ҳамаи чизҳои бароямон лозимаро «ба таври илова» медиҳад (Мат. 6:33). Чун воизони Салтанат ба мо мавъизаи хушхабар супорида шудааст ва Яҳува моро ҳамкорони худ меномад (1 Тас. 2:4; 1 Қӯр. 3:9). Ба туфайли ин мо то он вақте ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб надиҳад, Ӯро интизор мешавем.

18. Чӣ тавр мо метавонем дилпуриамонро нисбати Яҳува зиёдтар ва муносибати худро бо Ӯ мустаҳкамтар гардонем?

18 Пас, биёед вақти боқимондаро барои мустаҳкам кардани муносибати худ бо Яҳува истифода барем. Агар ягон вазъият моро ба ташвиш орад, хуб мебуд, ки онро чун имконияти наздик шудан ба Яҳува истифода барем. Китоби Муқаддасро хонед, омӯзед ва дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза ронед. Доимо ба Яҳува дуо гӯед ва бо кори мавъиза банд бошед. Дар ин сурат шумо аз Яҳува дилпур буда метавонед, ки Ӯ барои паси сар кардани мусибатҳои ҳозира ва оянда кӯмак хоҳад расонд.

^ сарх. 2 Аз даҳони шер раҳо шудани Павлус маънои аслӣ ё маҷозӣ дошт.

^ сарх. 10 Мақолаҳои зерин барои кӯмак ба масеҳиёне ки нигоҳубини шахси беморро ба ӯҳда доранд, чоп шудаанд: «Бедор шавед!» (рус.) аз 8 феврали с. 1994, 8 феврали соли 1997, 22 майи с. 2000 ва 22 январи с. 2001.

^ сарх. 12 Номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 16 Мақолаҳои зерин барои кӯмак ба шахсонест, ки ягон аъзои оилаашон аз Яҳува дур шудааст: «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 сентябри с. 2006, саҳифаҳои 17–21 ва 15 январи соли 2007, саҳифаҳои 17–20.