Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

То чӣ андоза дӯстии шумо бо Яҳува наздик аст?

То чӣ андоза дӯстии шумо бо Яҳува наздик аст?

«Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (ЯЪҚ. 4:8).

1. Чаро мо бояд муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам нигоҳ дорем?

ОЁ ШУМО худро ба Худо бахшида ҳамчун Шоҳиди Яҳува таъмид гирифтаед? Агар ҳа, пас, шумо соҳиби ганҷи бебаҳоед, ки ин дӯстӣ бо Худост. Аммо ин муносибат зери фишори ҷаҳони Шайтон ва ҷисми нокомили худи мо мебошад. Ҳамаи масеҳиён бо ин ҳолат дучор мешаванд. Аз ин рӯ чи қадаре ки тавонем, мо бояд муносибати худро бо Яҳува мустаҳкамтар гардонем.

2. а) Муносибат чист? (Ба эзоҳ нигаред.) б) Чӣ тавр мо муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам карда метавонем?

2 То чӣ андоза муносибати шумо бо Яҳува наздик аст? Оё мехоҳед, ки онро мустаҳкамтар гардонед? Ояти Яъқуб 4:8 мегӯяд, ки чӣ тавр инро карда метавонем: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд». Аҳамият диҳед, ки ин ҷо оиди муносибати дутарафа сухан меравад *. Агар мо барои ба Яҳува наздик шудан қадам гузорем, Ӯ низ барои ба мо наздик шудан қадам мегузорад. Ва бо он ки ба Ӯ наздиктар мешавем, бовариамон ба ҳақиқӣ будани Ӯ бештар мегардад. Дар натиҷа, мо низ мисли Исо бо дилпурӣ гуфта метавонем: «Фиристандаи Ман ҳақиқист... Ман Ӯро мешиносам» (Юҳ. 7:28, 29). Шумо кадом қадамҳоро гузошта метавонед, то ба Яҳува наздик шавед?

Чӣ тавр мо бо Яҳува муошират карда метавонем? (Ба сархати 3 нигаред.)

3. Ба туфайли чӣ мо бо Яҳува муошират карда метавонем?

3 Агар мо ба Яҳува наздик шудан хоҳем, хеле муҳим аст, ки бо Ӯ мунтазам муошират кунем. Чӣ тавр мо бо Худо муошират карда метавонем? Агар ягон дӯстамон аз мо дур зиндагӣ кунад, мо бо ӯ чӣ тавр муошират мекунем? Эҳтимол мо ба якдигар мактуб менависем ва ба воситаи телефон сӯҳбат мекунем. Ба Яҳува зуд-зуд дуо гуфта мо бо Ӯ муошират мекунем. (Забур 141:2-ро бихонед.) Лекин чӣ тавр мо мегузорем, ки Яҳува бо мо гап занад? Ба воситаи хониши мунтазами Каломаш ва мулоҳиза дар бораи чизҳои хондаамон. (Ишаъё 30:20, 21-ро бихонед.) Биёед дида мебароем, ки чӣ тавр ба воситаи ин ду намуди муошират мо метавонем муносибатамонро бо Яҳува мустаҳкамтар созем ва Ӯ бароямон аз пештара бештар Дӯсти ҳақиқӣ гардад.

БА ВОСИТАИ ОМӮЗИШИ КАЛОМИ ХУДО БА ЯҲУВА ГӮШ ДИҲЕД

4, 5. Чӣ тавр Яҳува шахсан бо шумо ба воситаи Китоби Муқаддас муошират мекунад? Мисол оред.

4 Мо медонем, ки Китоби Муқаддас ин мактуби Худо ба тамоми инсоният аст. Лекин оё Китоби Муқаддас шахсан ба шумо барои ба Яҳува наздик шудан кӯмак карда метавонад? Албатта! Чӣ тавр? Ҳангоми хониши мунтазами Китоби Муқаддас аҳамият диҳед, ки нисбати чизи хондаатон чӣ гуна назар ё ҳиссиёт доред. Дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр чизи хондаатонро ба кор бурда метавонед. Бо ин роҳ шумо ба Яҳува мегузоред, ки бо шумо гап занад ва ин шуморо ба Ӯ наздик мекунад (Ибр. 4:12; Яъқ. 1:23–25).

5 Масалан, вақте шумо суханони зерини Исоро мехонед, чӣ фикр мекунед: «Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед»? Агар корҳои Салтанат дар ҷои аввали ҳаёти шумо бошад, он гоҳ шумо ҳис хоҳед кард, ки Яҳува аз шумо розист. Ва ё ин суханонро хонда шумо шояд дарк кунед, ки метавонед ҳаёти худро одитар гардонед ва бештар кӯшиш кунед, ки хизмат ба Яҳуваро дар ҷои аввал монед. Дар ин сурат ҳис мекунед, ки Яҳува ба шумо нишон дода истодааст, ки барои ба Ӯ наздик шудан чӣ кор бояд кунед (Мат. 6:19, 20).

6, 7. а) Омӯзиши Китоби Муқаддас ба муҳаббати мо ба Яҳува ва муҳаббати Ӯ нисбати мо чӣ гуна таъсир мекунад? б) Ҳангоми омӯзиши шахсӣ мақсади асосии мо бояд чӣ бошад?

6 Ба туфайли омӯзиши Навиштаҳо мо мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳатҳо худро беҳтар созем. Он ҳамчунин миннатдории моро нисбати он корҳое ки Яҳува аз муҳаббат баҳри мо кард, зиёд мегардонад. Вақте муҳаббати мо ба Яҳува инкишоф меёбад, муҳаббати Ӯ низ нисбати мо зиёд мегардад ва дар натиҷа муносибати мо бо Ӯ мустаҳкамтар мегардад. (1 Қӯринтиён 8:3-ро бихонед.)

7 Агар мо ба Яҳува наздик шудан хоҳем, хеле муҳим аст, ки Китоби Муқаддасро бо нияти дуруст омӯзем. Дар Юҳанно 17:3 гуфта шудааст: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд». Пас, мақсади асосии мо на танҳо гирифтани дониш, балки Яҳуваро чун Шахсият беҳтар шинохтан аст. (Хуруҷ 33:13-ро бихонед; Заб. 24:4).

8. а) Ҳангоми хондани саргузашти подшоҳ Азарёҳу аз 4 Подшоҳон 15:1–5 чӣ савол пайдо шуда метавонад? б) Агар мо Яҳуваро хуб шиносем, мо аз чӣ дилпур буда метавонем?

8 Агар мо Яҳуваро хуб шиносем ва Ӯ барои мо Дӯсти наздик бошад, мо ҳангоми хондани ягон воқеа ё порча аз Китоби Муқаддас аз ҳад зиёд хавотир намешавем, ки чаро Яҳува ин ё он тавр амал кард. Мисоли чунин воқеа ин саргузашти подшоҳ Азарё мебошад. Ҳангоми подшоҳии ӯ халқи Яҳудо худоёни бардурӯғро парастиш мекард. Подшоҳ Азарё бошад, ба онҳо ҳамроҳ намешуд. Ӯ «он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал» меовард (4 Подш. 15:1–5). Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Яҳува ӯро ба бемории махав гирифтор кард. Чаро? Дар китоби чоруми Подшоҳон чизе дар ин бора гуфта намешавад. Дар ин сурат оё мо бояд фикр кунем, ки Яҳува нисбати ӯ беадолатона муносибат кард? Агар мо Яҳуваро хуб шиносем, набояд чунин хулоса барорем. Касоне ки Ӯро мешиносанд, медонанд, ки Ӯ ҳамеша «аз рӯи инсоф ҷазо» медиҳад (Ирм. 30:11). Пас, ҳатто агар надонем, ки чаро Яҳува нисбати Азарё чунин рафтор кард, мо боварӣ дошта метавонем, ки довариаш одилона буд.

9. Ба туфайли кадом тафсилот мо мефаҳмем, ки чаро Яҳува Азарёро гирифтори махав кард?

9 Китоби Муқаддас дар бораи ҳаёти подшоҳ Азарё, ки ҳамчунин чун подшоҳ Узиё зикр шудааст, маълумоти бештар медиҳад (4 Подш. 15:7, 32). Дар 2 Вақоеънома 26:3–5, 16–21 гуфта шудааст, ки ӯ «он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард». Лекин дар он ҷо ҳамчунин гуфта мешавад, ки баъдтар «дилаш то ба дараҷаи бадкирдорӣ мутакаббир гардид». Подшоҳ кореро карданӣ шуд, ки ба он танҳо коҳинон ҳақ доштанд. Ҳаштоду як коҳин ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуданд ва барои ислоҳ кардани ӯ кӯшиш карданд. Ба ин подшоҳ Узиё чӣ тавр муносибат кард? Ӯ чунон мағрур шуд, ки «ғазабаш бар коҳинон аланга зад». Пас, тааҷҷубовар нест, ки чаро Яҳува ӯро ба касалии махав гирифтор кард.

10. Чаро ба мо лозим нест, ки сабаби ҳар як амали Яҳуваро донем ва чӣ тавр мо бовариамонро нисбати роҳҳои одилонаи Ӯ мустаҳкам карда метавонем?

10 Мо аз ин чӣ дарси муҳиме мегирем? Дар мавриди подшоҳ Азарё мо маълумоти кофӣ дорем, ки чаро Яҳува ӯро ҷазо дод. Лекин агар дар Китоби Муқаддас сабаби ин ё он тавр амал кардани Яҳува ба пуррагӣ нақл карда нашуда бошад-чӣ? Оё он гоҳ шумо дилпур буда метавонед, ки Ӯ комилан дуруст ва аз рӯи адолат амал кардааст? Оё шумо розиед, ки маълумоти дар Китоби Муқаддас навишташуда барои боварӣ доштан ба он ки ҳама қарорҳои Худо дурусту одилонаанд, бас аст? (Такр. Ш. 32:4). Бо беҳтар шинос шудан бо шахсияти Худоямон Яҳува муҳаббат ва боварии мо нисбати Ӯ зиёд мегардад. Дар ин сурат ба мо лозим нест, ки сабаби ин ё он тавр рафтор кардани Ӯро дар ҳар маврид донем. Бо омӯхтани Китоби Муқаддас Яҳува ба мо боз ҳам наздиктар шуда, бароямон шахси воқеӣ мегардад (Заб. 76:13, 14).

БА ВОСИТАИ ДУО БО ЯҲУВА ГАП ЗАНЕД

11–13. Чаро шумо боварӣ доред, ки Яҳува дуоҳоро мешунавад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Ба воситаи дуо мо ба Яҳува наздик мешавем. Мо Ӯро ҳамду сипос мегӯем ва аз Ӯ роҳнамоӣ мепурсем (Заб. 31:8). Лекин барои он ки мо бо Яҳува дӯсти наздик шавем, бояд дилпур бошем, ки Ӯ дуоҳои моро мешунавад.

12 Баъзе одамон мегӯянд, ки дар асл Худо ба дуоҳои одамон гӯш намекунад ва дуо танҳо аз ҷиҳати психологӣ фоида дораду халос. Онҳо мегӯянд, ки ҳангоми дуо шахс фикру хаёлашро ба тартиб дароварда, дарди дилашро баён мекунад. Ин ба шахс кӯмак мекунад, ки ҳалли душвориашро ёбад ва худро беҳтар ҳис кунад. Ба гуфти онҳо, маҳз аз ҳамин сабаб одамон фикр мекунанд, ки Худо ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад. Лекин гарчанд дуо аз ин ҷиҳатҳо фоиданок аст, он гуфтугӯи одам бо худаш нест. Яҳува дар ҳақиқат дуоҳои моро мешунавад. Чаро мо ба ин боварӣ дошта метавонем?

13 Дар бораи ин фикр кунед: пеш аз он ки Исо ба замин ояд, ӯ шоҳиди он буд, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳои хизматгоронаш ҷавоб медиҳад. Ҳангоми дар замин буданаш, худи ӯ ба Падари осмониаш дуо гуфта, дар бораи фикру ҳиссиёти худ ба Ӯ гап мезад. Агар Исо фикр мекард, ки Яҳува дуоҳоро гӯш намекунад, оё тамоми шаб ба Ӯ дилашро холӣ карда менишаст? (Луқ. 6:12; 22:40–46). Магар Исо ба шогирдонаш чӣ тавр дуо гуфтанро ёд медод, агар ӯ инро танҳо як тарзи худоромкунӣ меҳисобид? Исо як зарра ҳам шубҳа надошт, ки дуо ин гуфтугӯ бо Яҳува мебошад. Боре ӯ ба Падараш муроҷиат карда чунин гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ. Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ» (Юҳ. 11:41, 42). Мо низ мисли Исо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ба дуоҳои мо гӯш медиҳад (Заб. 64:3).

14, 15. а) Чӣ тавр мо аниқу равшан дуо гуфта натиҷаи онро дида метавонем? б) Чӣ тавр дуо ба як хоҳар кӯмак кард, ки ба Яҳува наздиктар шавад?

14 Баъзан Яҳува ба дуоҳои мо аён ҷавоб намедиҳад. Лекин агар шумо дар дуоҳоятон кӯшиш кунед, ки чизеро аз Яҳува аниқу равшан пурсед, он гоҳ шумо равшантар пай бурда метавонед, ки Ӯ ба дуоҳоятон ҷавоб додааст. Вақте шумо инро дарк мекунед, Яҳува бароятон бештар воқеӣ мегардад. Ҳамчунин агар шумо сирри дили худро ба Яҳува ошкор кунед, Ӯ ба шумо боз ҳам наздиктар мешавад.

15 Биёед мисоли Кэтиро * дида мебароем. Ӯ мунтазам дар хизмати мавъиза иштирок мекард, лекин аз он хурсандӣ намегирифт. Хоҳар мегӯяд: «Ба ман мавъиза кардан маъқул набуд. Ин кор ба ман тамоман намефорид. Вақте ки ман аз корам баромадам, як пири ҷамъомад маро ташвиқ кард, ки пешрави доимӣ шавам. Ӯ ҳатто ба ман варақаро дод, то ки ман онро пур кунам. Ман қарор додам, ки пешрав мешавам, лекин ҳар рӯз ба Яҳува дуо мегуфтам, ки дар дилам нисбати мавъиза муҳаббат пайдо шавад». Оё Яҳува ба дуои хоҳар ҷавоб дод? Ӯ мегӯяд: «Се сол мешавад, ки ман чун пешрав хизмат карда истодаам. Азбаски ман акнун дар мавъиза бештар иштирок мекунам ва аз хоҳарони дигар чизҳои зиёдеро меомӯзам, маҳорати мавъиза карданам беҳтар шуд». Оё акнун мавъиза кардан ба ӯ маъқул аст? Хоҳар мегӯяд: «Ба ман мавъиза кардан на танҳо маъқул аст, ман онро бо ҷону дил дӯст медорам. Беш аз ин муносибати ман бо Яҳува назар ба ҳарвақта беҳтар гардид». Дуоҳои Кэти дар ҳақиқат ба ӯ кӯмак карданд, ки ба Яҳува наздиктар шавад.

ҲАР ЧИЗЕ КИ АЗ ДАСТАТОН ОЯД, КУНЕД

16, 17. а) Барои нигоҳ доштан ва инкишоф додани муносибати худ бо Яҳува мо чӣ кор карда метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

16 Мо метавонем то абад ба Яҳува наздик шудан гирем. Агар мо хоҳем, ки Худо ба мо наздик шавад, мо низ аз тарафи худ бояд қадам гузорем. Биёед доимо ба воситаи дуо ва омӯзиши Китоби Муқаддас бо Яҳува муошират кунем. Ба туфайли ин ду чиз муносибатамон бо Ӯ боз ҳам наздиктар мешавад. Ин ба мо кӯмак мерасонад, ки ба душвориву озмоишҳо тоб оварем.

Инкишоф додани муносибати наздик бо Яҳува мақсадест, ки ба он бояд тамоми умр кӯшид (Ба сархатҳои 16 ва 17 нигаред.)

17 Лекин баъзан ҳарчанд мо гаштаву баргашта ба Яҳува дуо мегӯем, душвориҳоямон нест намешаванд. Дар чунин ҳолат имони мо ба Яҳува суст шуда метавонад. Дар мо шояд шубҳа пайдо шавад ва мо аз худ бипурсем: «Оё Яҳува дар ҳақиқат дуоҳои маро мешунавад? Оё Ӯ маро дӯсти худ мешуморад ё не?» Дар чунин мавридҳо мо чӣ гуна рафтор карда метавонем? Инро аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.

^ сарх. 2 Муносибат — бо ин ё он тарз алоқаманд будан, робита ё ҳиссиёт доштани ду шахсро мефаҳмонад. Чи тавре ки қарсак аз ду тараф мебарояд, ҳамин тавр, барои инкишоф додани муносибат кӯшиши ҳар ду ҷониб дар талаб аст.

^ сарх. 15 Номҳо иваз шудаанд.