Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо бар Шайтон ғолиб омада метавонед!

Шумо бар Шайтон ғолиб омада метавонед!

«Ба... [Шайтон] бо имони қавӣ муқобилат кунед» (1 ПЕТ. 5:9).

1. а) Чаро махсусан ҳозир ба Шайтон муқобилат кардан муҳим аст? б) Аз куҷо мо медонем, ки ба Шайтон ғолиб омадан мумкин аст?

ШАЙТОН бо боқимондаи тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар ҷанг бурда истодааст (Юҳ. 10:16). Мақсади Шайтон ин аст, ки дар вақти каме ки дорад, шумораи ҳар чи зиёди ходимони Худоро ба коми худ кашад. (Ваҳй 12:9, 12-ро бихонед.) Оё мо бар Шайтон ғолиб баромада метавонем? Бале, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ба иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқ. 4:7).

2, 3. а) Чаро оне ки баъзеҳо ба вуҷуд доштани Шайтон боварӣ надоранд, ба фоидаи вай мебошад? б) Шумо аз куҷо медонед, ки Шайтон дар ҳақиқат вуҷуд дорад?

2 Бисёриҳо ҳатто фикри вуҷуд доштани Шайтонро мавриди мазоҳу масхара қарор медиҳанд. Ба фикри онҳо Шайтон ин мавҷудоти хаёлиест, ки танҳо дар нақлу ривоятҳо, филмҳои бадеӣ ва бозиҳои компютерӣ вуҷуд дорад. Ба гуфти онҳо шахси солимфикр набояд ба вуҷуд доштани мавҷудоти рӯҳӣ бовар кунад. Лекин ба фикри шумо, Шайтон ва девҳояш чӣ ҳис мекунанд, вақте мебинанд, ки одамон онҳоро шахсони афсонавӣ ва бофта ҳисоб мекунанд? Оё онҳо аз ин зиқ мешаванд? Не, албатта! Зеро агар одамон ба вуҷуд доштани Шайтон бовар накунанд, ба вай кунд кардани зеҳни онҳо осонтар мешавад (2 Қӯр. 4:4). Паҳн кардани он ақида, ки гӯё офаридаҳои рӯҳӣ вуҷуд надоранд, яке аз роҳҳоест, ки Шайтон барои гумроҳ сохтани одамон истифода мебарад.

3 Чун хизматгорони Яҳува мо аз фиреби Шайтон бехабар нестем. Мо медонем, ки вай шахсияти воқеӣ аст ва бо Ҳавво ба воситаи мор гап зада буд (Ҳас. 3:1–5). Вай бо Яҳува гап зада нияти Айюбро зери шубҳа гузошт (Айюб 1:9–12). Шайтон кӯшиш карда буд, ки Исоро ба васваса андозад (Мат. 4:1–10). Ва баъди он ки соли 1914 Исо Подшоҳ шуд, Шайтон бо тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар ҷангро сар кард (Ваҳй 12:17). Ин ҷанг ҳанӯз давом дорад, зеро Шайтон мекӯшад, ки имони боқимондаи 144 000 нафар ва дигар гӯсфандонро суст гардонад. Барои он ки дар ин ҷанг мағлуб нашавем, мо бояд ба Шайтон муқобилат кунем ва имони худро мустаҳкам нигоҳ дорем. Дар ин мақола мо се тарзи ба ӯ муқобилат карданро дида мебароем.

АЗ ҒУРУР КАНОРАГИРӢ КУНЕД

4. Чӣ тавр Шайтон пурғурур будани худро нишон дод?

4 Шайтон як зарра ҳам фурӯтанӣ надорад. Танҳо тасаввур кунед, ки то чӣ андоза офаридаи рӯҳӣ бояд бешарму ҳавобаланд бошад, ки ба ҳокимияти Яҳува дастдарозӣ кунад! Шайтон хост, ки дигарон ба ҷои Яҳува вайро ибодат кунанд. Аммо мо бояд аз фахри барзиёду ғурур дурӣ ҷӯем ва кӯшиш кунем, ки фурӯтаниро дар худ инкишоф диҳем. Бо ин корамон мо ба Шайтон муқобилият мекунем. (1 Петрус 5:5-ро бихонед.) Биёед дида бароем, ки дар кадом маврид ҳисси фахр ва ғурур бад буда метавонад.

5, 6. а) Оё доштани фахру ифтихор ҳамеша нодуруст аст? Фаҳмонед. б) Чаро ғурур хатарнок аст ва кадом мисолҳо аз Китоби Муқаддас инро нишон медиҳанд?

5 Дар як луғат дар бораи фахр гуфта мешавад, ки он «ҳисси худэҳтиромкунӣ, номус» ва «қаноатмандӣ аз дастовардҳои худ ё наздикон» мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки бо чизе ё касе фахр кардан ягон бадие надорад. Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни таслӯникӣ гуфт: «Мо дар калисоҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед» (2 Тас. 1:4). Агар мо низ аз муваффақиятҳои дигарон ё ҳатто худамон қаноатманд бошем, ин хуб аст. Ҳамчунин мо набояд аз оилаи худ, маданият ё маҳалле ки дар он ба воя расидаем, шарм дорем (Аъм. 21:39).

6 Лекин мо бояд эҳтиёт шавем, ки ҳисси фахру ифтихор ба ғурур табдил наёбад, зеро он метавонад ба дӯстии мову Яҳува зарар расонад. Агар дар мо ғурур бошад, мо ба ҷои он ки маслиҳатро фурӯтанона қабул кунем, аз он хафа мешавем ё онро рад мекунем (Заб. 140:5). Шахси мағрур касест, ки худро аз ҳад боло мегирад ва фикр мекунад, ки аз дигарон беҳтар аст. Ғурур бо ҳавобаландӣ, кибр ва каттагӣ алоқаманд аст. Яҳува аз чунин хислат нафрат дорад (Омӯс 6:8). Вақте Шайтон мебинад, ки одамон ба кибру ғурураш пайравӣ мекунанд, вай хеле шод мешавад. Нимрӯд, фиръавн ва Абшолӯм бо рафтори худ баръало ин хислати Шайтонро зоҳир мекарданд ва мо медонем, ки оқибати онҳо чӣ гуна буд (Ҳас. 10:8, 9; Хур. 5:1, 2; 2 Подш. 15:4–6). Ҳамчунин мо дар хотир дорем, ки ғурур Қобилро ба кадом кор тела дод. Худо ба ӯ маслиҳати хуб дод, лекин аз сабаби шахси мағрур буданаш, ӯ онро қабул накард. Ӯ якравӣ карда гуфтаи Худоро рад намуд ва бар зидди Яҳува гуноҳ кард (Ҳас. 4:6–8).

7, 8. а) Нажодпарастӣ чист ва чӣ тавр он бо ғурур алоқаманд аст? б) Фаҳмонед, ки чӣ тавр ғурур сулҳу осоиштагиро дар ҷамъомад вайрон карда метавонад?

7 Имрӯз одамон шаклҳои гуногуни ғурурро зоҳир мекунанд, ки он ба шикаст оварда мерасонад. Яке аз намудҳои ғурур ин нажодпарастӣ мебошад. Шахси нажодпараст фикр мекунад, ки як нажод аз дигаре болотар аст. Ба фикри чунин шахс намояндагони баъзе нажодҳо аз вақти таваллуд дорои ягон маҳдудият мебошанд. Чунин тарзи фикрронӣ ба ҷангу ҷидол ва хунрезиҳои зиёде овардааст.

8 Албатта, дар ҷамъомади масеҳӣ миллатчигӣ ё нажодпарастӣ набояд дида шавад. Лекин норозигӣ дар байни ҳамимонон, ки аз ғурур сар мешавад, метавонад аз ҳад гузарад. Бо баъзе масеҳиёни асри як чунин шуда буд. Барои ҳамин Яъқуби ҳавворӣ ба онҳо чунин саволи таъсирбахш дод: «Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост?» (Яъқ. 4:1). Агар мо нисбати дигарон ҳисси нафрат дошта бошем ва худро аз онҳо беҳтар ҳисобем, ин ба гуфтор ва рафтори мо таъсир расонда метавонад. Мо ягон чизе мегӯем ё мекунем, ки онҳоро сахт хафа мекунад (Мас. 12:18). Дар ҳақиқат, ғурур сулҳу осоиштагиро дар ҷамъомад вайрон карда метавонад.

9. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонад, ки аз нажодпарастӣ ва ҳар намуди ғурур дурӣ ҷӯем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

9 Агар мо каме ҳам худро аз дигарон болотар шуморем, бояд дар ёд дорем, ки «ҳар касе ки дили мағрур дорад, назди Худованд зишт аст» (Мас. 16:5). Ҳамчунин мо бояд ба худ чунин савол диҳем: «Оё ман фикр мекунам, ки аз одамони дигар миллат, нажод ва ё маданият беҳтарам?» Агар чунин бошад, мо фаромӯш мекунем, ки Худо «ҳамаи қавмҳои насли одамизодро... аз як хун ба вуҷуд овардааст» (Аъм. 17:26). Пас, аз ин бармеояд, ки ҳама одамон як нажод мебошанд, зеро аз як шахс, яъне аз Одам пайдо шудаанд. Фикри он ки Худо як нажодро аз дигаре беҳтар офаридааст, аблаҳона мебошад. Агар тарзи фикрронии мо чунин бошад, мо ба Шайтон роҳ медиҳем, ки дар ҷамъомади масеҳӣ тухми ҷудоӣ бикорад ва муҳаббату ягонагиро барҳам диҳад (Юҳ. 13:35). Барои бар Шайтон ғолиб омадан мо бояд аз ҳар намуди ғурур канорагирӣ кунем (Мас. 16:18).

АЗ ЧИЗПАРАСТӢ ВА МУҲАББАТ БА ҶАҲОН ҲАЗАР КУНЕД

10, 11. а) Чаро нисбати ин ҷаҳон муҳаббат инкишоф додан осон буда метавонад? б) Чӣ тавр Димос эҳтимол нисбат ба дунё муҳаббат нишон дод?

10 Шайтон «мири ин ҷаҳон» аст ва он дар «дар зери ҳукумати» вай мебошад (Юҳ. 12:31; 1 Юҳ. 5:19). Барои ҳамин, бисёри чизҳои ин ҷаҳон ба меъёрҳои Китоби Муқаддас зиданд. Албатта, на ҳама чизе ки ин ҷаҳон пешкаш мекунад, бад аст. Аммо мо бояд эҳтиёт бошем, зеро Шайтон бо майли том ҷаҳони худро истифода мебарад, то ки моро ба гуноҳ тела диҳад. Ӯ ба воситаи ҷаҳони худ кӯшиш мекунад, ки дар мо муҳаббат ба дунёро инкишоф диҳад ва мо нисбати ибодатамон ба Яҳува хунукназарона муносибат кунем. (1 Юҳанно 2:15, 16-ро бихонед.)

11 Сад афсӯс, ки баъзе аз масеҳиёни асри як ба ҷаҳон меҳр бастанд. Масалан, Павлус навишта буд: «Димос ин дунёро дӯст дошт» (2 Тим. 4:10). Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта нашудааст, ки Димос ба кадом чизи ин дунё, ки сабаби аз Павлус ҷудо шудани ӯ гашт, дил баст. Шояд Димос чизҳои моддиро аз хизмат ба Яҳува бештар дӯст медоштагӣ шуд. Агар чунин шуда бошад, пас, ӯ имконияти пуршарафи ба Худо хизмат карданро аз даст дод. Аммо ба ивази чӣ? Агар Димос ҳамкорӣ бо Павлусро интихоб мекард, Яҳува бешубҳа ба сари ӯ баракатҳои зиёдеро мерехт. Лекин магар ин ҷаҳон чизи беҳтареро ба ӯ пешкаш карда метавонист? (Мас. 10:22).

12. Чӣ тавр мо ба доми пулу мол афтода метавонем?

12 Бо мо низ чизи ба ин монанд рӯй дода метавонад. Чун масеҳиён мо мехоҳем, ки худамон ва оилаамонро таъмин кунем (1 Тим. 5:8). Яҳува низ мехоҳад, ки мо зиндагии бароҳат дошта бошем. Масалан, барои зиндагии хуб доштани Одаму Ҳавво Ӯ боғи зебои Аданро сохт (Ҳас. 2:9). Шайтон медонад, ки мо ба пулу мол майл дорем ва вай аз ин хоҳиши мо суиистифода карда метавонад (Мат. 13:22). Бисёри одамон фикр мекунанд, ки боигарӣ онҳоро хушбахт ё муваффақ месозад. Ин дурӯғи маҳз аст. Агар мо чунин фикр кунем, мо метавонем дороии аз ҳама пурқимат — муносибати бо Яҳува доштаамонро аз даст диҳем. Исо пайравони худро огоҳ карда буд: «Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно [сарват] хизмат кунед» (Мат. 6:24). Агар мо ғуломи пулу мол шавем, он гоҳ ба Яҳува хизмат карданро бас мекунем ва дар ин сурат Шайтон ба мақсади худ мерасад. Пас, биёед нагузорем, ки муҳаббат ба пулу мол дӯстии моро бо Яҳува вайрон кунад. Барои ба Шайтон ғолиб баромадан, мо бояд нисбати чизҳои моддӣ назари дуруст дошта бошем. (1 Тимотиюс 6:6–10-ро бихонед.)

БА БАДАХЛОҚИИ ҶИНСӢ МУҚОБИЛАТ КУНЕД

13. Чӣ тавр ин ҷаҳон нисбати издивоҷу алоқаи ҷинсӣ назари нодурустро паҳн мекунад?

13 Як доми дигари Шайтон ин бадахлоқии ҷинсӣ мебошад. Бисёри одамон фикр мекунанд, ки вафодории ҳамсарӣ як одати кӯҳнашуда мебошаду озодии шахсро маҳдуд мекунад. Масалан, зане ки ҳунарманди машҳури синамо мебошад, гуфт, ки одам наметавонад ба ҳамсари худ то охири ҳаёт содиқ монад. Ӯ илова кард: «Ман ягон касро намешиносам, ки вай ҳамсари вафодор бошад ё хоҳад, ки вафодор бимонад». Як марди ҳунарпеша низ бо фикри он зан розист: «Ба фикри ман ба мо хос нест, ки бо як кас то охири ҳаётамон умр ба сар барем». Шайтон хеле шод мешавад, вақте одамони машҳур нисбати атои пурқимати Яҳува хунукназарӣ мекунанд. Шайтон нисбати ин ато як зарра ҳам эҳтиром надорад. Вай намехоҳад, ки ҳамсарон ба якдигар содиқ монанд ва хушбахтиро нигоҳ доранд. Пас, биёед бикӯшем, то ба Шайтон ғолиб бароем ва нисбати издивоҷ нуқтаи назари Яҳуваро дошта бошем.

14, 15. Чӣ тавр мо аз бадахлоқии ҷинсӣ даргурез буда метавонем?

14 Новобаста аз он ки мо оиладорем ё не, мо бояд кӯшиш кунем, ки аз ҳар намуди бадахлоқии ҷинсӣ даргурез бошем. Оё ин осон аст? Албатта, не! Масалан, агар шумо ҷавон бошед, шояд баъзан мешунавед, ки ҳамсинфонатон лоф мезананд, ки бо ҳар кӣ хоҳанд, алоқаи ҷинсӣ карда метавонанд. Онҳо шояд нақл кунанд, ки ба воситаи телефон суратҳои бешармона мефиристанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар баъзе мамлакатҳо чунин кор амали ғайриқонунӣ ҳисоб ёфта, ба паҳн кардани порнографияи кӯдакона баробар дониста мешавад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад» (1 Қӯр. 6:18). Ба воситаи алоқаи ҷинсӣ бемориҳои хатарнок паҳн шуда, боиси марг ва азобу ранҷи одамони зиёд шудаанд. Шумораи зиёди ҷавононе ки оиладор нестанду лекин ба алоқаи ҷинсӣ даст задаанд, мегӯянд, ки аз кори кардаашон хеле пушаймонанд. Дар асл, он чизе ки дар бораи алоқаи ҷинсӣ дар соҳаи вақтхушӣ мегӯянд, аз ҳақиқат хеле дур аст. Ба мо мегӯянд, ки агар қонунҳои Худоро шиканем, оқибатҳои талхи онро намечашем. Агар ба чунин дурӯғҳо бовар кунем, мо ба доми «фиреби гуноҳ» меафтем (Ибр. 3:13).

15 Агар дар шумо васвасаи содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ пайдо шавад, шумо чӣ кор мекунед? Сустии худро эътироф кунед (Рум. 7:22, 23). Ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ қувват бипурсед (Флп. 4:6, 7, 13). Аз ҳолатҳое ки шуморо ба ин кор тела дода метавонанд, даргурез бошед (Мас. 22:3). Ва ҳамин ки васваса пайдо шавад, дарҳол онро рад кунед (Ҳас. 39:12).

16. Ба васвасаҳои Шайтон Исо чӣ ҷавоб дод ва мо аз намунаи ӯ чӣ меомӯзем?

16 Дар муқобилат кардан ба васвасаҳо Исо ба мо намунаи олиҷаноб гузоштааст. Ӯ фирефтаи ваъдаҳои Шайтон нашуд ва дар бораи ҷиҳатҳои мусбату манфии васвасаҳо фикр ҳам накард. Ба ҷои ин, Исо дарҳол ба Шайтон ҷавоб медод: «Навишта шудааст». (Матто 4:4–10-ро бихонед.) Исо Каломи Худоро хуб медонист ва ба туфайли ин ҳангоми дучор шудан бо васвасаҳо, дарҳол аз он иқтибос меовард. Барои ба Шайтон ғолиб омадан мо бояд нагузорем, ки ба васваса дода шуда, ба бадахлоқии ҷинсӣ даст занем (1 Қӯр. 6:9, 10).

САБР КУНЕД ВА ҒОЛИБ ОЕД

17, 18. а) Баъзе аз домҳое ки Шайтон истифода мебарад, кадоманд ва чаро мо аз чунин душвориҳо ҳайрон намешавем? б) Шайтонро чӣ интизор аст ва чаро ин моро бармеангезад, ки то ба охир сабр кунем?

17 Мо дар ин мақола фақат се доми Шайтон — ғурур, муҳаббат ба пулу мол ва бадахлоқии ҷинсиро дида баромадем. Дар асл, Шайтон домҳои аз ин ҳам зиёдтаре дорад. Масалан, баъзе масеҳиён аз тарафи хешу табор ба муқобилият рӯ ба рӯ мешаванд, дигаронро бошад, ҳамсинфонашон масхара мекунанд. Баъзеи дигар масеҳиён дар ҷое мавъиза мекунанд, ки фаъолияти мо аз тарафи ҳукуматдорон манъ карда шудааст. Мо аз ин ҳайрон намешавем, зеро Исо пайравони худро огоҳ карда буд: «Аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 10:22).

Шайтон несту нобуд карда мешавад (Ба сархати 18 нигаред.)

18 Чӣ тавр мо дар мубориза бо Шайтон ғолиб омада метавонем? Исо гуфта буд: «Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод» (Луқ. 21:19). Одамон ҳеҷ гоҳ ба мо зарари бартарафнашаванда расонида наметавонанд. Ҳеҷ кас моро аз муносибатҳои бо Яҳува доштаамон маҳрум карда наметавонад, агар худамон ба ин роҳ надиҳем (Рум. 8:38, 39). Ҳатто агар баъзе аз ходимони содиқи Яҳува вафот кунанд ҳам, ин маънои онро надорад, ки Шайтон бар онҳо ғолиб омад, зеро Яҳува онҳоро эҳё мекунад (Юҳ. 5:28, 29). Аммо Шайтон оянда надорад. Баъди несту нобудшавии ин ҷаҳон вай ба муддати 1000 сол ба варта партофта хоҳад шуд (Ваҳй 20:1–3). Дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ Шайтон «аз зиндони худ озод хоҳад шуд» ва дар як муддати кӯтоҳе кӯшиш хоҳад кард, то инсонияти комилро гумроҳ созад. Баъди ин Иблис несту нобуд карда мешавад (Ваҳй 20:7–10). Барои Шайтон умеде нест. Шумо бошед, ноумед нестед! Аз ин рӯ минбаъд низ ба Шайтон муқобилат кунед ва имони худро қавӣ нигоҳ доред. Шумо метавонед бар Шайтон ғолиб оед!