Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ӯ одамонро дӯст медошт

Ӯ одамонро дӯст медошт

«Ба туфайли банӣ-одам ҳаловат мебурдам» (МАС. 8:31).

1, 2. Чӣ тавр Исо муҳаббаташро ба инсоният исбот кард?

ПИСАРИ ягоназоди Худо бузургтарин исботи хиради бепоёни Ӯ мебошад. Исо ёрдамчии Падараш буд ва ҳамроҳи Ӯ якҷоя кор мекард. Тасаввур кунед, ки чӣ қадар хурсанд буд Исо, вақте Яҳува «афлокро муҳайё мекард» ва «асосҳои заминро мегузошт»! Лекин бештар аз ин хурсандии Исо бо одамон алоқаманд буд (Мас. 8:22–31). Бале, Исо одамонро аз аввали офарида шуданашон дӯст медошт.

2 Баъдтар, вақте ки Исо осмонро тарк карда, ба замин ҳамчун инсон омад, садоқатмандиву муҳаббати худро нисбати Падараш ва инсоният нишон дод. Исо инро аз меҳрубонӣ кард ва ҷони худро барои «фидияи бисёр касон» дод (Флп. 2:5–8; Мат. 20:28). Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, Яҳува ба ӯ қувват медод, то мӯъҷиза ба амал орад. Ин мӯъҷизаҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза Исо одамонро дӯст медорад ва ба наздикӣ барои инсоният чизҳои аҷоиберо ба амал меоварад.

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Ҳангоми дар замин буданаш, Исо «аз Малакути Худо башорат» медод (Луқ. 4:43). Исо медонист, ки ин Малакут ё Салтанат номи Падари ӯро ҷалол медиҳад ва тамоми душвориҳои инсониятро ҳал мекунад. Барои ҳамин вақте ки ӯ мавъиза мекард, мӯъҷизаҳои бисёре ба амал меовард. Ин мӯъҷизаҳо нишон медоданд, ки Исо дар бораи одамон фикр мекард. Чаро дида баромадани онҳо бароямон муҳим аст? Муҳокима кардани ин мӯъҷизаҳо бовариамонро ба умеде ки нисбати оянда дорем, бештар мекунад. Биёед чор мӯъҷизаи ӯро дида бароем.

«МЕХОҲАМ, ПОК ШАВ!»

4. Вақте Исо марди махавиро вохӯрд, чӣ рӯй дод?

4 Ҳангоми мавъиза карданаш, Исо ба Ҷалил рафт. Дар яке аз шаҳрҳои он ҷо ӯ марди бемореро вохӯрд (Марқ. 1:39, 40). Луқо, ки духтур буд, бемории он мардро шарҳ дода мегӯяд, ки ӯ «пур аз махав» буд (Луқ. 5:12). Вақте он мард Исоро дид, ӯ рӯй ба замин ниҳода илтимос кард: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Марди махавӣ медонист, ки Исо метавонад ӯро шифо диҳад. Лекин ӯ мехост бидонад, ки оё Исо хоҳиш дорад ӯро шифо диҳад ё не. Чаро ӯ инро фаҳмидан мехост? Чунки ӯ ба муносибати фарисиён одат карда буд, ки онҳо махавиёнро одам ҳисоб намекарданд. Аммо Исо дар бораи чӣ фикр мекард? Ӯ ба марде ки эҳтимол, аз сабаби беморӣ афту андомаш безеб шуда буд, чӣ гуна муносибат кард? Агар шумо ба ҷои Исо мебудед, чӣ гуна муносибат мекардед?

5. Чӣ Исоро барангехт, ки махавиро шифо диҳад?

5 Аз афташ, он мард ба қонуни Мусо итоат накард ва «Наҷис!» гуфта фарёд назад. Лекин Исо аз ин ба ғазаб наомад ва он мардро барои ин ҷанг накард. Баръакс, ӯ дар бораи он мард ғам мехӯрд (Ибд. 13:43–46). Мо аниқ намедонем, ки Исо дар бораи чӣ фикр мекард, лекин мо медонем, ки ӯ чӣ ҳис мекард. Исо ба махавӣ раҳмаш омад ва ба бадани ӯ даст расонда гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Исо мӯъҷизаи аҷоибе ба амал овард ва он мардро аз махав шифо дод (Луқ. 5:13). Яҳува ба Исо қудрати бузурге дода буд, то ки ин мӯъҷизаро ба амал оварад ва нишон диҳад, ки то чӣ андоза одамонро дӯст медорад (Луқ. 5:17).

6. Дар мӯъҷизаҳои Исо чӣ ҷолиби диққат аст ва онҳо чиро нишон медиҳанд?

6 Исо бо қуввати Худо мӯъҷизаҳои зиёде ба амал меовард. Ӯ на танҳо махавиён, балки одамони гирифтори бемориҳои гуногунро шифо медод. Китоби Муқаддас дар бораи корҳои аҷоиби Исо мегӯяд: «Мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд» (Мат. 15:31). Имрӯз духтурон узви бадани шахси солимро гирифта ба ҷои узви одами касал мегузоранд. Лекин Исо қувват дошт, ки узвҳои аз кор баромадаи бадани одамонро шифо диҳад. Ӯ ҳатто аз дурӣ одамонро сиҳат мекард (Юҳ. 4:46–54). Ин мисолҳои аҷоиб чиро нишон медиҳанд? Онҳо нишон медиҳанд, ки Подшоҳи мо — Исо на танҳо қувват, балки хоҳиш низ дорад, ки ҳамаи бемориҳоро бартараф кунад. Тарзи муносибати Исо бо беморон, моро боварӣ мебахшад, ки пешгӯии зерини Китоби Муқаддас иҷро мешавад: «Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард» (Заб. 71:13). Дар он замон Исо орзуи дилашро амалӣ карда ҳама беморонро шифо хоҳад дод!

«БАРХЕЗ, БИСТАРАТРО БАРДОР ВА БИРАВ»

7, 8. Ҳангоме ки Исо аз Ҷалил ба Яҳудия сафар кард, бо ӯ чӣ рӯй дод?

7 Баъд аз шифо додани он марди махавӣ якчанд моҳ гузашта буд. Исо аз Ҷалил ба Яҳудия сафар карда дар он ҷо дар бораи Салтанати Худо мавъиза мекунад. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Исо бо хабаре ки мавъиза мекард ва муҳаббати худ ба дили ҳазорон одамон таъсир расонда буд. Ӯ хоҳиши сахт дошт, ки хушхабарро ба камбағалон башорат диҳад, озодиро ба асирон мавъиза кунад ва шикастадилонро шифо бахшад (Иш. 61:1, 2; Луқ. 4:18–21).

8 Дар моҳи нисон Исо барои ҷашн гирифтани иди Фисҳ ба Ерусалим сафар кард. Шаҳр дар ҷӯшу хурӯш буд, чунки ҳама барои иди муқаддас тайёрӣ медиданд. Дар шимоли маъбад ҳавзе бо номи Байт-Ҳасдо буд. Дар он ҷо Исо мардеро вохӯрд, ки роҳ гашта наметавонист.

9, 10. а) Чаро одамон дар назди ҳавзи Байт-Ҳасдо ҷамъ меомаданд? б) Исо дар назди ҳавз чӣ кор кард ва ин моро ба чӣ бармеангезад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

9 Беморони зиёде дар назди ҳавзи Байт-Ҳасдо ҷамъ шуда буданд. Барои чӣ? Онҳо боварӣ доштанд, ки ин ҳавзи ғайриоддӣ аст. Ба фикри онҳо, агар вақти ба ҳаракат омадани оби ҳавз шахси бемор ба даруни он медаромад, даррав сиҳат мешуд. Тасаввур кунед, ки дар гирду атрофи он ҳавз чӣ рӯй медод. Одамон хавотир, ғамгин ва ноумед буданд. Лекин чаро Исо, ки марди комил буд ва ҳеҷ гоҳ дар умри худ бемор нашуда буд, ба назди он ҳавз рафт? Муҳаббат ба одамон Исоро барангехт, ки ба он ҷо равад. Дар он ҷо марде буд, ки аллакай пеш аз таваллуд шудани Исо ба ин беморӣ гирифтор буд. (Юҳанно 5:5–9-ро бихонед.)

10 Исо аз марди бемор пурсид, ки оё ӯ мехоҳад сиҳат шавад ё не. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр он мард оҳи сарде кашида ба Исо мегӯяд, ки ӯ мехоҳад ба даруни ҳавз дарояд, лекин касе нест, ки ба ӯ ёрдам кунад. Исо ба он мард фармуд, ки аз ҷояш хезад ва бистарашро бардошта равад. Ба сухани Исо гӯш карда он мард кореро мекунад, ки ба назар ғайриимкон метофт. Ӯ бистарашро гирифта аз ҷояш мехезад ва роҳ рафтан мегирад! Ин мӯъҷиза нишон медиҳад, ки дар дунёи нав Исо чӣ кор карданӣ аст. Ҳамчунин дар ин воқеа муҳаббати Исо аён мегардад. Ӯ одамонеро ки ба кӯмак мӯҳтоҷ буданд, ҷустуҷӯ мекард. Намунаи Исо моро бармеангезад, ки дар маҳалли худ ғамзадагону шикастадилонро ҷустуҷӯ кунем.

«КИСТ, КИ ЛИБОСИ МАРО ЛАМС КАРД?»

11. Чӣ тавр Марқӯс 5:25–34 дилсӯз будани Исоро нишон медиҳад?

11 Марқӯс 5:25–34-ро бихонед. Як зане 12 сол боз аз касалии хунравӣ азоб мекашид. Аз боиси ин беморӣ ӯ аз мардум шарм медошт. Он ба ҳар ҷиҳати ҳаёташ таъсир карда буд. Зани бечора ҳатто наметавонист барои ибодат кардани Худо ба маъбад равад. Ӯ барои шифо ёфтан ҳамаи дороии худро сарф карда назди духтурони зиёд мерафт, аммо ҳолаш баръакс бадтар мешуд. Лекин як рӯз ӯ илоҷи дигари ҳалли душвориашро ёфт. Ӯ хост, ки ба назди Исо ном марде равад. Ба даруни анбӯҳи мардум даромада, ӯ ба либоси Исо даст расонд (Ибд. 15:19, 25). Исо пай бурд, ки қуввае аз ӯ берун рафт ва ба мардум муроҷиат карда гуфт: «Кист, ки либоси маро ламс кард?» Он зан «тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт». Исо дарк кард, ки он занро Яҳува шифо додааст ва бо меҳрубонӣ ба ӯ гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош».

Бо мӯъҷизаҳои худ Исо нишон дод, ки ӯ ба мо ғамхору дилсӯз аст (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)

12. а) Дар асоси чизҳое ки дида баромадем, шумо шахсияти Исоро чӣ гуна тасвир мекардед? б) Исо ба мо чӣ намунае гузоштааст?

12 Чӣ қадар меҳрубон аст Исо! Ӯ нисбати касоне ки аз ягон беморӣ азоб мекашиданд, ҳамеша ҳамдард буд. Аммо Шайтон мехоҳад моро бовар кунонад, ки моро ҳеҷ кас дӯст намедорад ва мо ба касе даркор нестем. Исо бо мӯъҷизаҳои худ нишон дод, ки моро дар ҳақиқат дӯст медорад. Чӣ қадар ғамхору дилсӯз аст Подшоҳ ва Саркоҳини мо! (Ибр. 4:15). Шояд бароямон ҳиссиёти касонеро ки муддати дурудароз бемор мебошанд, фаҳмидан душвор аст, хусусан агар худамон ягон бор чунин касал нашуда бошем. Лекин Исо, гарчанд шахси комил буд ва ҳеҷ гоҳ бемор нашуда буд, дар муносибат бо беморон ҳамдард ва дилсӯз буд. Пас, биёед бо ҷону дил ба намунаи Исо пайравӣ кунем (1 Пет. 3:8).

«ИСО ГИРЯ КАРД»

13. Воқеаи зинда шудани Лаъзор дар бораи Исо чиро ошкор мекунад?

13 Дарду алами одамонро дида дили Исо ба онҳо сӯхт. Гарчанд Исо медонист, ки Лаъзорро зинда мегардонад, ӯ «оҳи аламноке кашид» ва «музтариб шуд». (Юҳанно 11:33–36-ро бихонед.) Исо аз нишон додани эҳсосоти худ ор намедошт. Ӯ Лаъзор ва аҳли оилаашро чунон дӯст медошт, ки қудрати худододашро истифода бурда Лаъзорро зинда кард (Юҳ. 11:43, 44).

14, 15. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува сахт мехоҳад одамонро аз азобу ранҷ озод кунад? б) Чӣ тавр эҳёшавӣ бо хотираи Яҳува алоқаманд аст?

14 Хислатҳои Исо ба Падараш чунон монанд аст, ки дар Китоби Муқаддас ӯ «тасвири аниқ»-и Худо номида шудааст (Ибр. 1:3, ТДН). Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки мӯъҷизаҳои Исо нишон медиҳанд, ки Яҳува низ сахт мехоҳад, то беморӣ, ранҷ ва маргро аз байн барад. Ин хоҳиш чунон сахт аст, ки бо сухан онро тасвир кардан номумкин аст. Исо гуфта буд: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд... берун хоҳанд омад» (Юҳ. 5:28, 29).

15 Ин эҳёшавӣ ба туфайли хотираи бепоёни Яҳува имконпазир аст. Худои Қодир, ки ҳама мавҷудоти зинда ва тамоми дунёро офаридааст, ҳама одамонро дар хотир дошта метавонад. Ӯ қодир аст, ки шахсияти наздикони аз даст додаамонро ба пуррагӣ дар хотираш дорад (Иш. 40:26). Ӯ на танҳо метавонад, балки мехоҳад онҳоро дар хотир дошта бошад. Эҳёшавии Лаъзор ва дигар касоне ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, нишон медиҳанд, ки ба наздикӣ мо шоҳиди воқеаҳои аҷоибе хоҳем буд!

МО АЗ МӮЪҶИЗАҲОИ ИСО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

16. Ходимони имрӯзаи Худо кадом имконияти нотакроре доранд?

16 Агар мо то охир содиқ монем, имконият дорем, ки шоҳиди яке аз мӯъҷизаҳои бузургтарин шавем: мо метавонем аз мусибати бузург зинда гузарем! Баъд аз Ҳармиҷидӯн бошад, мо мӯъҷизаҳои зиёдтареро хоҳем дид (Иш. 33:24; 35:5, 6; Ваҳй 21:4). Дар он замон ба одамон айнак барои дидан, асо барои роҳ гаштан ва таҷҳизот барои шунидани садо даркор намешавад. Яҳува ба касоне ки баъди Ҳармиҷидӯн зинда мемонанд, саломатии комил ато мекунад ва вазифаҳои зиёде месупорад. Онҳо тамоми заминро ба Биҳишти зебо табдил медиҳанд (Заб. 113:24).

17, 18. а) Барои чӣ Исо мӯъҷизаҳо ба амал меовард? б) Чаро мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то дар дунёи нав бошем?

17 Имрӯз вақте «анбӯҳи бузург» дар бораи он мехонад, ки чӣ тавр Исо беморонро шифо медод, имонашон нисбати умеди оянда қавӣ мегардад (Ваҳй 7:9). Мо низ он вақтеро интизорем, ки дар оянда комилан сиҳату саломат мешавем. Ин мӯъҷизаҳо баръало нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза Писари ягоназоди Худо нисбати одамон меҳру муҳаббат дорад (Юҳ. 10:11; 15:12, 13). Ин дар навбати худ нишон медиҳад, ки Падари ӯ — Яҳува ғами ҳар яки моро мехӯрад (Юҳ. 5:19).

18 Дунёи имрӯза пур аз оҳу нола, дарду ранҷ ва марг мебошад (Рум. 8:22). Барои ҳамин ҳамаи мо ба дунёи нав мӯҳтоҷем, то аз саломатии комиле ки Худо ваъда додааст, баҳра барем. Китоби Малокӣ 4:2 ваъда медиҳад, ки тарсгорони Худо «мисли гӯсолаҳои охурӣ ҷастухез» хоҳанд кард, чунки аз банди гуноҳу нокомилӣ озод мешаванд. Бигзор миннатдорӣ ба Яҳува ва имон ба ваъдаҳои Ӯ моро водор кунад, ки ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то дар дунёи нав зиндагӣ кунем. Дар ҳақиқат, мӯъҷизаҳое ки Исо ба амал меовард, танҳо қатрае аз он дарёи баракатҳоеанд, ки ҳангоми Ҳукмронии ҳазорсола Яҳува ба мо ато мекунад!