Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Кинзли тавонист, ман ҳам метавонам!»

«Кинзли тавонист, ман ҳам метавонам!»

ҲАМИН КИ бародар ба китфи Кинзли даст расонд, ӯ хониши Китоби Муқаддасро сар кард. Ин аввалин супориши ӯ дар Мактаби таълими мавъиза буд. Кинзли ҳар як калимаро бурро-бурро ва бе партофтани ҳиҷоҳо талаффуз кард. Аммо барои чӣ вақти хониш ӯ ба Китоби Муқаддасаш нигоҳ намекард?

Кинзли дар Шри-Ланка зиндагӣ мекунад ва ӯ нобино аст. Ҳамчунин гӯшҳои Кинзли нағз намешунаванд ва ӯ бо ёрии аробачаи маъюбӣ мегардад. Чӣ тавр ин мард дар бораи Яҳува фаҳмид ва худро ба Мактаби таълими мавъиза номнавис кард? Биёед ман ба шумо дар бораи ӯ каме нақл кунам.

Вақте бори аввал бо Кинзли вохӯрдам, ман ба ҳайрат омадам, ки то чӣ андоза ӯ ташнаи ҳақиқати Китоби Муқаддас буд. Ӯ аллакай бо якчанд Шоҳидон китоби «Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист» *-ро ба воситаи ҳуруфи Брайл омӯхта буд. Ин китоби ӯ аз истифодабарии зиёд хеле кӯҳна шуда буд. Ман таклиф кардам, ки омӯзишро аз нав сар кунем ва ӯ розӣ шуд. Лекин мо бо ду душворӣ рӯ ба рӯ шудем.

Як душворӣ дар он буд, ки Кинзли ҳамроҳи якчанд мардони дигар дар хонаи пиронсолону маъюбон зиндагӣ мекард. Азбаски он ҷо серғавғо буд ва Кинзли нағз намешунид, ман овозамро баланд карда гап мезадам. Ҳамаи он одамоне ки дар хона буданд, омӯзиши ҳарҳафтаинаи моро мешуниданд!

Душвории дигар дар он буд, ки Кинзли дар давоми омӯзиш фақат порчаи хурди маълумотро фаҳмида метавонист. Барои он ки омӯзишамон самаранок гузарад, ӯ аз таҳти дил тайёрӣ медид. Ӯ пешакӣ маълумоти лозимаро такрор ба такрор мехонд ва оятҳои овардашударо аз Китоби Муқаддасаш, ки бо ҳуруфи Брайл буд, мехонд. Кинзли ҳамчунин ҷавоби саволҳоро тайёр мекард. Ин усул дар ҳақиқат самаранок буд. Дар давоми омӯзишҳо ӯ пойҳояшро болои ҳам гузошта дар рӯи қолинчааш менишаст. Ӯ ба ҳаяҷон омада чизҳои омӯхтаашро бо овози баланд мефаҳмонд. Бо гузашти вақт мо дар як ҳафта ду маротиба омӯзиш мекардем ва он ду соат давом мекард!

ТАШРИФОРӢ БА ВОХӮРИҲО ВА ИШТИРОК ДАР ОНҲО

Кинзли ва Пол

Кинзли мехост ба Толори Салтанат равад ва дар ҷамъомадҳо иштирок кунад, лекин ин барояш хеле душвор буд. Бе кӯмаки дигарон ӯ наметавонист ба аробача ё мошин савор шавад ва ба Толори Салтанат равад. Лекин бисёре аз аъзоёни ҷамъомад бо навбат дар ин ба ӯ ёрӣ мерасонданд. Онҳо бо хурсандӣ Кинзлиро дастгирӣ мекарданд. Дар давоми ҷамъомад Кинзли динамикро ба гӯшаш наздик карда, барномаро бодиққат гӯш мекард ва ҳатто шарҳ ҳам медод!

Баъди он ки якчанд бор омӯзиш гузаронидем, Кинзли қарор кард, ки худро ба Мактаби таълими мавъиза номнавис мекунад. Ду ҳафта пеш аз супориши аввалинаш ман аз ӯ пурсидам, ки оё ӯ барои хондан тайёрӣ дидааст ё не. Ӯ дилпурона гуфт: «Ҳа, бародар. Ман қариб 30 бор машқ кардам». Ман ӯро барои кӯшишҳояш таъриф кардам ва хоҳиш намудам, ки дар назди ман хонад. Ӯ Китоби Муқаддасашро кушод ва ба матни Брайл дасти худро гузошта ба хондан сар кард. Ман аҳамият додам, ки ӯ мисли ҳарвақта бо ангуштонаш аз як сатр ба сатри дигар намегузарад, лекин ҳамзамон матнро дуруст мехонад. Ӯ ҳамаи он порчаҳои Китоби Муқаддасро, ки дар Мактаби таълими мавъиза мехонд, аз ёд медонист!

Дар он лаҳза аз чашмонам ашк мерехт ва бовариам намеомад. Ман аз Кинзли пурсидам, ки чӣ тавр ӯ танҳо 30 маротиба машқ карда ҳамаи он оятҳоро ба хотир гирифта тавонист. Ӯ гуфт: «Не, ман дар як рӯз 30 маротиба машқ мекунам». Маълум шуд, ки Кинзли дар давоми як моҳ дар болои қолинчааш нишаста матнро то пурра аз ёд карданаш такрор ба такрор мехондааст!

Оқибат он рӯзе ки Кинзли бояд дар Толори Салтанат баромад мекард, фаро расид. Вақте ки баромади ӯ ба охир расид, ҳамаи ҳозирон бо ҷӯшу хурӯш қарсак заданд. Бисёриҳо аз дидани кӯшишу ғайрати ин омӯзандаи нав гиря мекарданд. Воизе ки боре аз сабаби ҳаяҷон дасту по гум карда супоришашро то ба охир иҷро накарда буд, аз бародарон хоҳиш кард, ки боз ба ӯ супориш диҳанд. Барои чӣ? Ӯ гуфт: «Кинзли инро карда тавонист, ман ҳам метавонам!»

6-уми сентябри с. 2008, баъди се соли омӯзиши Китоби Муқаддас Кинзли таъмид гирифт. Ӯ 13-уми майи с. 2014 вафот кард. Чун хизматгори содиқи Яҳува ӯ боварӣ дошт, ки дар Биҳишти рӯи замин эҳё мешавад ва бо қуввату саломатии комил хизмати худро давом медиҳад (Иш. 35:5, 6). (Нақл кард Пол Мэкменес.)

^ сарх. 4 Соли 1995 нашр шудааст. Ин китоб дигар чоп намешавад.