Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми I)

Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми I)

«Исми Ту муқаддас бод» (МАТ. 6:9).

1. Ҳангоми мавъиза мо дуои намунавии Исоро барои фаҳмонидани чӣ истифода мебарем?

БИСЁРИҲО дуои намунавии Исоро аз ёд гуфта метавонанд. Дар хизмати хона ба хона мо ба ин дуо ишора карда ба одамон мефаҳмонем, ки Худо Салтанат дорад ва он ба наздикӣ дар рӯи замин дигаргуниҳои олиҷанобе ба амал меорад. Мо ҳамчунин ба суханони аввали ин дуо ишора карда мефаҳмонем, ки Худо номи шахсӣ дорад ва он бояд муқаддас гардад ё «муқаддас шумурда шавад» (Мат. 6:9 ТҶФ, эзоҳ).

2. Мо аз куҷо медонем, ки Исо намехост, ки мо дуои намунавиро аз ёд карда, такрор ба такрор гӯем?

2 Оё Исо мехост, ки мо мисли масеҳиёни ин ҷаҳон ин дуоро аз ёд карда, такрор ба такрор гӯем? Не. Пеш аз фаҳмондани дуои намунавӣ ӯ чунин гуфт: «Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Мат. 6:7, ТДН). Бори дигар бошад, ӯ дуояшро такрор кард, аммо калимаҳои дигарро истифода бурд (Луқ. 11:1–4). Исо ба мо нишон дод, ки дар бораи чӣ мо бояд дуо гӯем. Барои ҳамин ин дуо дуои намунавӣ номида мешавад.

3. Ҳангоми дида баромадани дуои намунавӣ мо оиди кадом саволҳо фикр карда метавонем?

3 Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо дуои намунавиро бодиққат дида мебароем. Дар рафти омӯзиши ин мақола аз худ бипурсед: «Чӣ тавр дуои намунавӣ ба ман кӯмак менамояд, то дуоҳоямро беҳтар гардонам?» Ва аз ҳама муҳимаш: «Оё ман мувофиқи ин дуо зиндагӣ мекунам?»

«ЭЙ ПАДАРИ МО, КИ ДАР ОСМОНӢ!»

4. Ибораи «Падари мо» чиро нишон медиҳад ва ба кадом маъно Яҳува Падари мост?

4 Оне ки Исо «Падари ман» неву «Падари мо» гуфт, моро хотиррасон мекунад, ки Яҳува барои ҳама бародарону хоҳарони рӯҳониамон Падар мебошад (1 Пет. 2:17). Чӣ имконияти пуршарафе! Масеҳиёни тадҳиншуда, ки Худо онҳоро чун фарзандони худ қабул кардааст, ба Худо ба маънои пурра «Падар» гуфта муроҷиат карда метавонанд (Рум. 8:15–17). Дар бораи масеҳиёне ки умеди заминӣ доранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо низ Яҳуваро «Падар» гуфта метавонанд, чунки Ӯ ба онҳо ҳаёт медиҳад ва ниёзҳояшонро қонеъ мекунад. Лекин онҳо ба маънои пурра он вақт фарзандони Худо мешаванд, ки ба комилият расанд ва ҳангоми озмоиши охирин ба Яҳува содиқ бимонанд (Рум. 8:21; Ваҳй 20:7, 8).

5, 6. Чизи беҳтарине ки падару модар ба фарзандони худ дода метавонанд чист ва ҳар як фарзанд бо он бояд чӣ кор кунад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

Вақте падару модар ба фарзандонашон ба Яҳува дуо гуфтанро ёд медиҳанд ва мефаҳмонанд, ки Ӯ Падари меҳрубон аст, кори хубе мекунанд. Бародаре ки ҳоло ҳамчун нозири ноҳиявӣ дар Африқои Ҷанубӣ хизмат мекунад, мегӯяд: «Аз рӯзи таваллуди духтаронам, ман ҳар шабе ки дар хона будам, ҳамроҳи онҳо дуо мегуфтам. Духтаронам мегӯянд, ки аниқ дар ёд надоранд, ки ман чӣ мегуфтам, лекин онҳо оромӣ, бехатарӣ ва муқаддас будани муошират бо Худоро ҳис мекарданд. То андозае ки мумкин буд, ман онҳоро бармеангехтам, ки баланд дуо гӯянд. Ин ба ман кӯмак мекард, ки ба дили онҳо назаре андозам ва фаҳмам ки чӣ тавр онҳо ҳиссиёту фикри худро ба Яҳува баён мекунанд. Баъд ман ба таври мулоим аз дуои намунавӣ ягон маслиҳат медодам, то ки дуоҳояшон пурмаъно ва беҳтар шаванд».

6 Духтарони ӯ муносибати худро бо Яҳува инкишоф додан гирифтанд. Ҳоло онҳо бо шавҳарони худ дар хизмати пурравақт мебошанд. Чизи беҳтарине, ки падару модар ба фарзандони худ дода метавонанд, ин кӯмак дар пайдо кардани муносибати наздик бо Яҳува мебошад. Аммо нигоҳ доштани дӯстии наздик бо Яҳува вазифаи худи шахс мебошад. Ба ин дӯст доштани номи Яҳува ва эҳтироми амиқ доштан нисбати он дохил мешавад (Заб. 5:12, 13; 90:14).

«ИСМИ ТУ МУҚАДДАС БОД»

7. Мо дорои кадом имтиёз мебошем ва аз мо чӣ талаб карда мешавад?

7 Чӣ имтиёзест, ки мо номи Яҳуваро медонем ва чун қавми Ӯ номашро ба худ дорем (Аъм. 15:14; Иш. 43:10). Мо дар дуо аз Яҳува хоҳиш мекунем: «Исми Ту муқаддас бод!» Ҳамчунин мо аз Яҳува илтимос мекунем, ки ба мо кӯмак расонад, то бо рафтор ва гуфтори худ ба номи Ӯ доғ наорем. Мо намехоҳем, ки ба монанди баъзе аз масеҳиёни асри як бошем, ки дигаронро таълим медоданду худашон бошанд, гуфтаҳои худро иҷро намекарданд. Павлуси ҳавворӣ дар бораи онҳо чунин гуфт: «Ба туфайли шумо... дар миёни халқҳо исми Худоро хор медоранд» (Рум. 2:21–24).

8, 9. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр Яҳува касонеро ки дар бораи муқаддас гардонидани номи Ӯ ғам мехӯранд, баракат медиҳад.

8 Мо аз таҳти дил мекӯшем, ки номи Худоро муқаддас гардонем. Хоҳаре аз Норвегия, ки баъд аз марги бармаҳали шавҳараш бо фарзанди дусолааш танҳо монд, чунин мегӯяд: «Он вақт замони хеле душворе буд дар зиндагии ман. Ман ҳар рӯз ва ҳар соат аз Яҳува қуввату осоиштагӣ мепурсидам. Ман метарсидам, ки мабодо бо ягон рафтори нодурусти худ ба Шайтон баҳона диҳам, ки Яҳуваро таъна занад. Ман мехостам, ки номи Яҳуваро муқаддас гардонам ва ҳамчунин мехостам ки писарам падарашро дар Биҳишт бинад» (Мас. 27:11).

9 Оё Яҳува дуоҳои хоҳарамонро, ки манфиати худро ҷӯё набуд, шунид? Бале. Бо бародару хоҳарон муоширату рафтуомад карда ӯ рӯҳбаландии зиёде гирифт. Панҷ сол пас ӯ ба пири ҷамъомаде ба шавҳар баромад. Писари ӯ, ки ҳоло бистсола аст, бародари таъмидёфта мебошад. Хоҳарамон мегӯяд: «Ман хеле хушбахтам, ки шавҳарам ба ман кӯмак кард, ки писарамро калон кунам».

10. Барои он ки номи Худо ба пуррагӣ муқаддас гардад, чӣ лозим аст?

10 Барои ба пуррагӣ муқаддас гардонидани номаш, Яҳува бояд ҳама касонеро ки дидаву дониста ҳокимияти Ӯро рад мекунанд, нест кунад. (Ҳизқиёл 38:22, 23-ро бихонед.) Он замон ҳама одамон комил мешаванд ва ҳама фариштагону одамон Яҳуваро парастиш хоҳанд кард. Ва тамоми офаридаҳои бошуур номи Худоро ҷалол хоҳанд дод! Он гоҳ Падари меҳрубони мо ҳокими тамоми дунё хоҳад буд (1 Қӯр. 15:28).

«МАЛАКУТИ ТУ БИЁЯД»

11, 12. Соли 1876 Яҳува барои фаҳмидани чӣ ба халқи худ кӯмак кард?

11 Пеш аз он ки Исо ба осмон равад, ҳаввориёнаш аз ӯ пурсиданд: «Оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?» Исо ҷавоб дод, ки ҳоло вақти донистани он наомадааст, ки Салтанати Худо кай ҳукмронии худро сар мекунад. Исо ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо диққати худро ба кори мавъиза равона кунанд. (Аъмол 1:6–8-ро бихонед.) Лекин Исо ҳамчунин гуфта буд, ки шогирдонаш омадани Салтанати Худоро интизор бошанд. Барои ҳамин масеҳиён аз замонҳои ҳаввориён дар бораи омадани Салтанати Худо дуо мегӯянд.

12 Вақте ки замони дар осмон подшоҳ шудани Исо наздик шуд, Яҳува ба халқи худ кӯмак кард, ки кадом сол рӯй додани ин воқеаро фаҳманд. Соли 1876 Чарлз Тейз Рассел дар рисолаи «Муҳаққиқи Китоби Муқаддас» як мақолаеро чоп кард, ки он «Даврони ғайрияҳудиён. Кай онҳо хотима меёбанд?» ном дошт. Дар он мақола ба соли 1914 ишора карда, гуфта мешуд, ки он соли хеле муҳим мебошад. Дар ин мақола гуфта мешуд, ки «ҳафт замон»-и пешгӯии Дониёл ин ҳамон «даврони ғайрияҳудиён» мебошад, ки Исо дар борааш гуфта буд * (Дон. 4:16; Луқ. 21:24).

13. Соли 1914 чӣ рӯй дод ва аз он замон инҷониб воқеаҳои ҷаҳонӣ чиро исбот мекунанд?

13 Соли 1914 дар Аврупо ҷанг сар шуд ва он тамоми ҷаҳонро фаро гирифт. Аз сабаби ҷанг гуруснагии даҳшатноке рӯй дод. Соли 1918, вақте ки ҷанг ба поён расид, зукоме ки ба монанди вабо паҳн мешуд, аз ҷанг дида, шумораи бештари одамонро кушт. Инҳо ҳамааш ҳамон «аломат»-е буданд, ки Исо пешгӯӣ карда буд (Мат. 24:3–8; Луқ. 21:10, 11). Ин исбот мекунад, ки Исо соли 1914 Подшоҳ шуд ва «ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад» (Ваҳй 6:2). Ӯ бо Шайтон ва девҳояш ҷангида, онҳоро ба замин партофт ва осмонро пок кард. Аз ҳамон замон пешгӯии зерин иҷро шудан гирифт: «Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» (Ваҳй 12:7–12).

14. а) Чаро мо бояд ҳоло ҳам дар бораи омадани Салтанат дуо гуфтан гирем? б) Мо кадом имтиёзро дорем?

14 Пешгӯии Ваҳй 12:7–12 мефаҳмонад, ки пайдошавии Салтанати Худо ва сар шудани бадбахтиҳои инсоният дар як замон рӯй доданд. Исо — Подшоҳи Салтанати Худо дар байни душманони худ ҳукмрониро сар кард. То вақте ки ӯ ба пуррагӣ бар душманони худ ғолиб нашавад, мо дар бораи омадани Салтанати Худо дуо гуфтанро бас намекунем. Ҳамчунин дар бораи ин Салтанат ба дигарон мавъиза карда мо мувофиқи дуоямон зиндагӣ мекунем. Бо ин корамон мо пешгӯии Исоро иҷро мекунем: «Ин Инҷили Малакут [хушхабар дар бораи Салтанат] дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Мат. 24:14).

«[ХОСТИ ТУ] ДАР ЗАМИН... БА АМАЛ ОЯД»

15, 16. Оё фақат дуо гуфтан дар бораи он ки хости Худо дар рӯи замин иҷро шавад, бас аст?

15 Қариб 6000 сол пеш хости Худо ба пуррагӣ дар замин иҷро мешуд. Барои ҳамин Яҳува ба шароите ки барои инсоният тайёр карда буд, нигариста гуфт, ки он «хеле хуб аст» (Ҳас. 1:31). Аммо баъд аз он ки Шайтон исён бардошт, аксарияти одамон хости Худоро иҷро намекарданд. Имрӯз бошад, қариб ҳашт миллион Шоҳидон на танҳо дуо мегӯянд, ки хости Худо иҷро шавад, балки худашон хости Худоро иҷро мекунанд. Онҳо тавре зиндагӣ мекунанд, ки ба Худо писанд бошад ва ба дигарон дар бораи Салтанати Худо бо ҷидду ҷаҳд шаҳодат мекунанд.

Оё шумо ба фарзандонатон кӯмак мерасонед, ки онҳо хости Худоро иҷро кунанд? (Ба сархати 16 нигаред.)

16 Як хоҳари 80-сола, ки соли 1948 таъмид гирифтаасту дар Африқо чун миссионер хизмат кардааст, дар бораи ин қисми дуои намунавӣ мегӯяд: «Ман пайваста дуо мегӯям, ки ҳама гӯсфандони Яҳува ҳақиқатро шунаванд ва пеш аз он ки дер шавад, бо Яҳува шинос шаванд. Ҳамчунин пеш аз он ки ба ягон кас шаҳодат диҳам, ман аз Худо хирад мепурсам. Ин ба ман кӯмак мекунад, ки ҳангоми сӯҳбат ба дили одамон таъсир расонам. Ҳамчунин ман дуо мегӯям, ки Яҳува кӯшишҳои моро баракат диҳад, то ки мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба касоне ки аллакай ҳақиқатро фаҳмидаанд, ёрдам кунем». Ин хоҳари пиронсол одамони зиёдеро ба ҳақиқат овардааст. Оё шумо дигар ходимони пиронсоли Худоро медонед, ки бо ҷидду ҷаҳд хости Ӯро иҷро мекунанд? (Филиппиён 2:17-ро бихонед.)

17. Шумо аз он ки Яҳува нисбати одамон ва замин чӣ ният дорад, чӣ ҳис мекунед?

17 То вақте ки ҳама душманони Худо несту нобуд карда нашаванд, мо дар бораи иҷро шудани хости Ӯ дуо гуфтанро бас намекунем. Ба наздикӣ хости Худо бештар иҷро хоҳад шуд ва замин ба биҳишт табдил хоҳад ёфт. Миллиардҳо одамон зинда хоҳанд шуд. Исо дар бораи он замон чунин гуфт: «Аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози [маро] хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад» (Юҳ. 5:28, 29). Тасаввур кунед, ки чӣ қадар хушбахтиро ҳис мекунед, вақте наздикони аз даст додаатонро аз нав мебинед! Худо «ҳар ашкро аз чашмони [мо] пок» мекунад (Ваҳй 21:4). Аксари одамоне ки зинда мешаванд, «золимон»-е хоҳанд буд, ки имконият надоштанд ҳақиқатро дар бораи Яҳува ва Писари Ӯ шунаванд. Таълим додани онҳо бароямон хурсандиовар мешавад, чунки мо ба онҳо кӯмак хоҳем кард, то «ҳаёти ҷовидонӣ»-ро соҳиб шаванд (Аъм. 24:15; Юҳ. 17:3).

18. Одамизод беш аз ҳама ба чӣ ниёз дорад?

18 Вақте Салтанати Худо биёяд, номи Ӯ муқаддас мегардад. Он гоҳ ҳама дар ягонагӣ Худоро парастиш хоҳанд кард. Ҳамин тавр Худо ба се дархости аввали дуои намунавӣ ҷавоб медиҳад ва ниёзҳои одамонро қонеъ мекунад. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки Исо боз дар бораи кадом ниёзҳои муҳим дуо гуфтанро ба мо ёд дода буд.

^ сарх. 12 Барои фаҳмидани он ки мо аз куҷо медонем, ки ин пешгӯӣ соли 1914 иҷро шуд, ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳ. 215–218 нигаред.