Оё шумо дар хотир доред?
Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:
Барои ҳар сол ба ёдбуди марги Масеҳ тайёр шудан, мо бояд чӣ кор кунем?
Як роҳе ки мо худро ба Шоми ёдбуд тайёр карда метавонем, ин хониши Китоби Муқаддас аз рӯи реҷаест, ки барои ин маросим пешбинӣ шудааст. Роҳи дигаре ки мо худро тайёр карда метавонем, ин васеъ кардани хизмат дар арафаи Шоми ёдбуд мебошад. Ҳамчунин мо дар бораи умеде ки Худо ба мо ато кардааст, мулоҳиза карда метавонем. (15/1 [bw 554], саҳ. 14–16).
Кадом омилҳо кӯмак карданд, ки хушхабар дар асри як паҳн шавад?
Ба туфайли сулҳу осоиштагие ки дар асри як дар империяи Рум ҳукмфармо буд, масеҳиён хушхабарро озодона мавъиза мекарданд. Масеҳиён аз роҳҳои зиёде ки империяи Рум дар қаламрави сарзамини худ сохта буд, баҳра мегирифтанд. Азбаски забони юнонӣ дар тамоми империя паҳн шуда буд, шогирдон метавонистанд хушхабарро ба яҳудиёне ки дар саросари империя пароканда буданд, мавъиза кунанд. Қонуни Рум бошад, ба масеҳиён имконият медод, ки ҳуқуқҳои худро дар паҳн кардани хушхабар ҳимоя кунанд. (15/2 [bw 555], саҳ. 20–23).
Чаро солҳои охир дар маҷаллаҳои мо мавзӯъҳои бо тимсол алоқаманд кам муҳокима карда мешаванд?
Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе одамон тимсоли баъзе чиз ё касони дигар дар оянда мебошанд. Яке аз чунин мисолҳо дар Ғалотиён 4:21–31 оварда шудааст. Бе ягон далел ё асос аз Китоби Муқаддас мо набояд хулоса барорем, ки ягон воқеа, ашё ё шахс тимсоли чизе мебошад. Ба ҷои ин аз ҳар як воқеа ё шахсияте ки дар Каломи Худо дар борааш нақл карда шудааст, барои худ дарс гирифта метавонем (Рум. 15:4). (15/3 [bw 556], саҳ. 17, 18).
Чаро аз ҷамъомад хориҷ кардани гунаҳкори тавбанакарда нишонаи муҳаббат аст?
Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзан лозим меояд, ки касеро аз ҷамъомади масеҳӣ хориҷ кунанд (1 Қӯр. 5:11–13). Ба туфайли ин номи Худо ҷалол меёбад, ҷамъомади масеҳӣ пок нигоҳ дошта мешавад ва шахси гуноҳкарда ба худ омада метавонад. (15/4 [bw 557], саҳ. 29, 30).
Чӣ тавр шавҳарон ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд?
Исо имконият меҷуст, ки дигаронро рӯҳбаланд кунад ва бори онҳоро сабук созад (Мат. 11:28, 29). Шавҳарон метавонанд имконият ҷӯянд, то дар корҳои хона ба занашон кӯмак кунанд. Вақте ҳамсаратон худро бад ҳис мекунад, нисбати ӯ боз ҳам бештар ғамхору дилсӯз бошед. Бо ӯ дар бораи фикру ҳиссиёти худ гап занед. Бо мақсади ҷазо додани ҳамсаратон бо ӯ қаҳрӣ нашавед. (15/1 [bw 554], саҳ. 3–5).
Масеҳиёни муҷаррад чӣ кор карда метавонанд, то солҳои муҷаррадиашон хурсандиовар ва самаранок гузарад?
Хуб мебуд, ки онҳо ин вақтро барои инкишоф додани бофаҳмӣ, саховатмандӣ, меҳнатдӯстӣ, қаноатмандӣ, садоқатмандӣ ва пайдо кардани номи нек, ки барои барпо кардани оилаи хушбахт муҳиманд, истифода баранд (Ҳас. 24:16–21; Рут 1:16, 17; 2:6, 7, 11; Мас. 31:10–27). Ҳамчунин онҳо метавонанд дар кори мавъиза ва дигар корҳои рӯҳонӣ пурра иштирок карда аввал манфиати Салтанатро ҷӯянд. Ҳамин тавр онҳо худро аз қарорҳои бехирадона муҳофизат мекунанд. (15/3 [bw 556], саҳ. 32).
Чаро гуфтан мумкин аст, ки муҳаббати ҳақиқӣ байни марду зан имконпазир аст?
Хислати бузургтарини Яҳува муҳаббат аст ва Ӯ моро тарзе офаридааст, ки ба муҳаббати Ӯ пайравӣ карда тавонем (Ҳас. 1:26, 27). Азбаски Яҳува ба одамон қобилияти зоҳир кардани муҳаббатро додааст, муҳаббати ҳақиқӣ ва пойдор байни марду зан, бешубҳа, имконпазир аст. (15/1 [bw 554], саҳ. 29).