Ба Салтанати Худо вафодор бимонед
«Онҳо аз ҷаҳон нестанд» (ЮҲ. 17:16).
1, 2. а) Чаро масеҳиён бояд ба Яҳува вафодор бошанд ва чӣ тавр ин бо нигоҳ доштани бетарафӣ алоқаманд аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Бисёри одамон ба чӣ вафодоранд ва ин ба чӣ оварда мерасонад?
ХОДИМОНИ Яҳува мавқеи бетарафиро нигоҳ медоранд. Онҳо ба масъалаҳое ки бо миллат, нажод ва маданият алоқаманданду байни одамон ҷудоӣ меандозанд, дахолат намекунанд. Чаро? Чунки онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва ба Ӯ вафодору итоаткоранд (1 Юҳ. 5:3). Дар куҷое ки зиндагӣ накунем ва аз куҷое ки набошем, мо ба гуфтаҳои Яҳува итоат мекунем. Вафодорӣ ба Яҳува ва ба Салтанати Ӯ бароямон аз ҳар чиз муҳимтар аст (Мат. 6:33). Маҳз ба ин маъно мо гуфта метавонем, ки «аз ҷаҳон» нестем (Юҳанно 17:11, 15, 16-ро бихонед; Иш. 2:4).
2 Дар замони мо бисёри одамон ба ватан, маҳал, маданият ва ё гурӯҳи варзишии худ вафодор мебошанд. Сад афсӯс ки ин ҳисси вафодорӣ ба мусобиқа кардани байни ҳам, нафрат ва ҳатто ба куштори якдигар оварда мерасонад. Мо, албатта, дар ин зиддияту норозигиҳо иштирок намекунем. Лекин азбаски мо дар чунин ҷомеа зиндагӣ дорем, мо аз муносибати дигарон зарар дида метавонем. Масалан, Ҳас. 1:27; Такр. Ш. 32:4). Вақте шумо ин гуна чизҳоро мебинед, чӣ ҳис мекунед? Дар чунин мавридҳо васваса пайдо мешавад, ки ягон тарафро дастгирӣ кунем ё ба баҳсу мунозира ҳамроҳ шавем.
агар аз тарафи ҳокимият беадолатиро бинем, баъзан ин ба мо сахт мерасад, чунки мо ба сурати Худо офарида шудаем (3, 4. а) Барои чӣ мо дар мухолифатҳо ягон тарафро дастгирӣ намекунем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
3 Бисёри одамон зери фишори ҳокимиятдорон дар мухолифатҳо ягон тарафро дастгирӣ мекунанд. Масеҳиёни ҳақиқӣ ба чунин корҳо даст намезананд. Мо ба сиёсат дахолат намекунем ва ба хизмати ҳарбӣ намеравем (Мат. 26:52). Ҳамчунин мо як қисми ҷаҳони Шайтонро назар ба дигараш беҳтар намешуморем (2 Қӯр. 2:11). Мо ба корҳои ин ҷаҳон дахолат кардан намехоҳем. (Юҳанно 15:18 ва 19-ро бихонед.)
4 Аз сабаби нокомилӣ баъзе аз мо то ҳол нисбати онҳое ки аз мо фарқ мекунанд, ҳиссиёти манфӣ дорем (Ирм. 17:9; Эфс. 4:22–24). Ин ҳиссиёт дар байни одамон ҷудоӣ меандозад. Дар ин мақола мо баъзе принсипҳоеро дида мебароем, ки ба мо барои ғолиб омадан бар чунин майлҳо кӯмак мекунанд. Ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр ба тарзи фикрронии Яҳува ва Исо пайравӣ карда ба Салтанати Худо содиқ монем.
МО ЯГОН ҚИСМИ ИН ҶАҲОНРО ДАСТГИРӢ НАМЕКУНЕМ
5, 6. Оё Исо ҳангоми дар замин буданаш як гурӯҳи одамонро аз дигаре беҳтар мешуморид? Фаҳмонед.
5 Вақте ба шумо нигоҳ доштани мавқеи бетарафӣ душвор мешавад, метавонед аз худ бипурсед: «Агар Исо ба ҷои ман мебуд, чӣ кор мекард?» Ҳангоми дар замин будани Исо байни яҳудиён, ҷалилиҳо ва сомариён мухолифату норозигиҳои гуногун вуҷуд дошт. Масалан, яҳудиёну сомариён бо якдигар гап намезаданд (Юҳ. 4:9). Фарисиён ва саддуқиён дар масъалаҳои зиёд бо якдигар норозӣ буданд (Аъм. 23:6–9). Яҳудиёне ки Қонунро меомӯхтанд, худро аз шахсоне ки онро намеомӯхтанд, баланд мегирифтанд (Юҳ. 7:49). Ҳамчунин яҳудиён аз одамоне ки андоз ҷамъ мекарданд ва аз румиён нафрат доштанд (Мат. 9:11). Лекин Исо дар ин мухолифатҳо ҳеҷ касро тарафдорӣ намекард. Ҳарчанд Исо ҳақиқати Яҳуваро муҳофизат мекард ва медонист, ки Исроил халқи махсуси Худо аст, ӯ ҳеҷ гоҳ ба шогирдонаш намегуфт, ки онҳо аз дигарон беҳтаранд (Юҳ. 4:22). Ба ҷои ин ӯ онҳоро таълим медод, ки ҳамаи одамонро дӯст доранд (Луқ. 10:27).
6 Барои чӣ Исо як гурӯҳи одамонро аз дигаре беҳтар намешуморид? Барои он ки ҳам ӯ ва ҳам Падараш дар ҷудоиҳои ин дунё касеро тарафгирӣ намекунанд. Офаридгори мо тавре кардааст, ки замин аз одамони миллату нажодҳои гуногун пур шавад (Ҳас. 1:27, 28). Барои ҳамин Яҳува фикр намекунад, ки забон, миллат ва ё нажоди баъзе одамон аз баъзеи дигар беҳтар аст (Аъм. 10:34, 35; Ваҳй 7:9, 13, 14). Мо низ бояд кӯшиш кунем, ки чунин тарзи фикррониро дошта бошем (Мат. 5:43–48).
7, 8. а) Мо киро тарафдорӣ мекунем ва барои чӣ? б) Дар бораи душвориҳои инсоният мо чиро бояд дар хотир дорем?
7 Чаро мо ягон ҳоким ё ҳокимияти инсониро тарафдорӣ намекунем? Чунки мо Яҳуваро ҳокими худ интихоб кардаем ва танҳо Ӯро тарафдорӣ мекунем. Дар боғи Адан Шайтон гуфт, ки Яҳува барои одамизод он қадар ҳокими хуб нест. Вай мехоҳад одамонро бовар кунонад, ки ҳукмронии худаш аз ҳукмронии Худо беҳтар аст. Аммо Яҳува ба мо озодӣ додааст, ки худамон интихоб кунем, ки киро тарафдорӣ мекунем. Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё шумо боварӣ доред, ки дар ин ё он ҳолат Ҳас. 3:4, 5).
тарзи амал кардани Яҳува аз чизе ки шумо дуруст мешуморед, беҳтар аст? Оё шумо боварии пурра доред, ки танҳо Салтанати Худо душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонад? Ё шумо фикр мекунед, ки ҳар як инсон бояд худаш интихоб кунад, ки чӣ барояш хуб асту чӣ бад? (8 Агар касе аз шумо пурсад, ки аз байни ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи активистҳо ва ё дигар ташкилоти бо сиёсат алоқаманд кадомаш беҳтар аст, чӣ ҷавоб медиҳед? Шояд баъзе аз ин одамон нияти хуб доранд ва аз самими дил мехоҳанд ба дигарон кӯмак расонанд. Аммо мо медонем, ки танҳо Салтанати Худо метавонад душвориҳои одамизодро ҳал кунад ва беадолатиро аз рӯи замин нест кунад. Мо ҳамчунин ба ҷои он ки аз рӯи диди худ амал кунем, ба дастуроте ки Яҳува ба воситаи ташкилоташ медиҳад, итоат мекунем. Барои ҳамин дар ҷамъомади масеҳӣ сулҳу ягонагӣ ҳукмфармост.
9. Дар байни масеҳиёни асри як чӣ гуна душворӣ пайдо шуд ва онҳо бояд чӣ кор мекарданд?
9 Дар асри як баъзе масеҳиён дар шаҳри Қӯринт бо якдигар баҳс карда мегуфтанд: «“Ман аз они Павлус ҳастам”; “Ман аз они Апӯллӯс”; “Ман аз они Кифо”; “Ман аз они Масеҳ”». Вақте Павлус дар бораи ин фаҳмид, ӯ сахт зиқ шуд. Ин тарзи фикрронӣ хеле хатарнок буд, чунки сулҳу осоиштагии ҷамъомадро вайрон карда метавонист. Барои ҳамин ӯ аз он бародару хоҳарон пурсид: «Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст?» Павлус ба онҳо маслиҳат дод: «Аз шумо, эй бародарон, ба исми... Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як фикр муттаҳид бошед». Маслиҳати Павлус ба рӯзҳои мо низ дахл дорад. Дар ҷамъомади масеҳӣ набояд ҳеҷ гуна ҷудоӣ дида шавад. (1 Қӯр. 1:10–13; Румиён 16:17 ва 18-ро бихонед.)
10. Павлус ба масеҳиён чиро хотиррасон кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?
10 Павлус ба масеҳиёни тадҳиншуда хотиррасон кард, ки онҳо шаҳрвандони Салтанати осмонии Худо мебошанд ва набояд диққати худро ба чизҳои заминӣ равона кунанд (Флп. 3:17–20) *. Тадҳиншудагон чун сафирон намояндагони Худо ва Масеҳ мебошанд. Вақте ки сафир ба мамлакати дигар меравад, ӯ ба душвориҳову корҳои сиёсии он мамлакат дахолат намекунад (2 Қӯр. 5:20). Масеҳиёне ки умеди заминӣ доранд, мисли тадҳиншудагон ба Салтанати Худо вафодоранд ва дар баҳсу норозигиҳои ин дунё ягон ҷонибро дастгирӣ намекунанд.
БА ЯҲУВА ВАФОДОР БУДАНРО ТАЪЛИМ ГИРЕД
11, 12. а) Агар хоҳем, ки ба Салтанати Худо вафодор бимонем, мо бояд чӣ гуна рӯҳия дошта бошем? б) Як хоҳарамон бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд ва чӣ гуна ба он ғолиб баромад?
11 Дар аксари ҷойҳо одамон бо онҳое ки таърих, маданият ва забонашон бо онҳо як аст, бисёр фахр мекунанд. Лекин мо набояд гузорем, ки ин гуна рӯҳия ба мо таъсир кунад. Мо бояд тарзи фикри худро ислоҳ кунем ва виҷдонамонро таълим диҳем, то дар ҳар маврид бетарафиро нигоҳ дорем. Ин корро чӣ тавр кардан мумкин аст?
12 Масалан, Мирйета * дар мамлакате ба дунё омад, ки пеш Югославия ном дошт. Дар ҷойе ки ӯ ба воя расид, одамон аз халқи серб нафрат доштанд. Вақте Мирйета бо Яҳува шинос шуд, ӯ дарк кард, ки Худо ягон нажодро аз дигараш беҳтар намешуморад, лекин Шайтон мехоҳад, ки одамон нисбати якдигар нафрат дошта бошанд. Вақте дар мамлакаташон байни намояндагони ду халқият ҷанг шуд, дар дили Мирйета нисбати халқи серб боз ҳиссиёти манфӣ пайдо шуд. Ӯ ҳатто хоҳиши ба онҳо мавъиза карданро надошт. Хоҳар медонист, ки ин нодуруст аст, барои ҳамин аз Яҳува илтимосу илтиҷо мекард, ки барои аз худ дур кардани чунин ҳиссиёт ёрдам кунад. Ҳамзамон ӯ ба Яҳува дуо мегуфт, ки барои пешрав шудан ба ӯ кӯмак кунад. Мирйета мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки диққати худро ба хизмат равона кардан аз ҳама кӯмаки беҳтарин аст. Дар хизмат ман кӯшиш мекунам, ки ба Худои меҳрубон, Яҳува, пайравӣ кунам. Ин ба ман кӯмак кард, ки он ҳиссиёти нодурустро аз дилам решакан созам».
13. а) Бо Зойла чӣ рӯй дод ва ӯ дар ин вазъият чӣ тавр рафтор кард? б) Мо аз намунаи Зойла чӣ омӯхта метавонем?
13 Зойла ном хоҳаре аз Мексика ба Аврупо кӯчид. Ӯ қайд мекунад, ки баъзе аз бародарони ҷамъомад, ки аз мамлакати дигари Мексика буданд, мамлакат, урфу одат ва мусиқии миллии ӯро масхара карда паст мезаданд. Агар шумо ба ҷои ӯ мебудед, дар чунин вазъият чӣ кор мекардед? Фаҳмост, ки чунин гуфтаҳо Зойларо зиқ мекарданд. Лекин хушбахтона ӯ барои ёрдам ба Яҳува муроҷиат мекард, то ҳар гуна ҳиссиёти манфиро аз худ дур созад. Вақте касе дар бораи мамлакатамон чизи баде мегӯяд, ин ба мо сахт расида метавонад. Баъзеи мо шояд то ҳол бо чунин ҳиссиёти манфӣ мубориза мебарем. Мо намехоҳем, ки бо ягон гап ё кори худ нишон диҳем, ки як халқ ё нажодеро аз дигаре беҳтар мешуморем. Биёед кӯшиш кунем, ки дар байни бародару хоҳарон тухми ҷудоӣ накорем (Рум. 14:19; 2 Қӯр. 6:3).
14. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки нисбати дигарон нуқтаи назари Яҳуваро дошта бошед?
14 Мо чун халқи Худо дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ мекунем. Барои ҳамин мо чунин фикр намекунем, ки ягон мамлакат, шаҳр ва ё маҳал аз дигаре беҳтар аст. Лекин шояд наздикон ва касоне ки ҳамроҳи шумо ба воя расидаанд, шуморо таълим доданд, ки ба маҳал ё зодгоҳи худ вафодор бошед. Аз ин рӯ шояд баъзан дар шумо нисбати одамоне ки миллат, фарҳанг, забон ва ё нажодашон дигар аст, фикри манфӣ пайдо шавад. Чӣ ба шумо кӯмак расонда метавонад, ки фикри худро дигар кунед? Дар бораи он андеша кунед, ки Яҳува ба миллатчигӣ ва ё бадгумонӣ чӣ гуна назар дорад. Ҳангоми омӯзиши шахсӣ ва ё ибодати оилавӣ ин мавзӯъро хуб таҳқиқ кунед. Сипас аз Яҳува ёрдам пурсед, ки нисбати дигарон назари Ӯро дошта бошед. (Румиён 12:2-ро бихонед.)
15, 16. а) Азбаски мо аз дигарон фарқ мекунем, дигарон бо мо чӣ гуна муносибат карда метавонанд? б) Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд, ки онҳо ба Яҳува вафодор бимонанд?
15 Мо мехоҳем, ки ба Яҳува бо виҷдони пок хизмат кунем ва барои ҳамин мо дар баъзе вазъиятҳо аз ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳамсоягон ё хешовандони худ сахт фарқ мекунем (1 Пет. 2:19). Исо огоҳ карда буд, ки азбаски мо аз дигарон фарқ мекунем, бисёриҳо аз мо нафрат хоҳанд кард. Лекин дар хотир доред, ки аксари онҳое ки ба мо муқобилият мекунанд, аз Салтанати Худо хабардор нестанд. Барои ҳамин онҳо намефаҳманд, ки барои чӣ ба Салтанат вафодор будан муҳим аст, на ба ҳокимияти инсонӣ.
16 Барои ба Яҳува содиқ мондан, мо бояд ба Ӯ итоат кунем ва натарсем, ки, агар чунин кунем, одамон нисбати мо бад муносибат мекунанд (Дон. 3:16–18). Ҷавонон бештар аз ҳама метарсанд, ки аз дигарон фарқ кунанд. Волидони азиз, ба фарзандонатон кӯмак кунед, ки дар мактаб нотарс бошанд. Шояд ба фарзандони шумо иштирок дар ҷашнҳои миллӣ ё ҳангоми хондани суруди миллӣ ба дигарон ҳамроҳ шудан ва дастро сари сина гузоштан душвор бошад. Ҳангоми ибодати оилавӣ нуқтаи назари Яҳуваро оиди ин чизҳо фаҳмед. Фарзандонатонро таълим диҳед, ки ақидаи худро бо эҳтиром ва ба таври равшан фаҳмонда тавонанд (Рум. 1:16). Ҳамчунин, агар лозим ояд, бо муаллимони фарзандонатон сӯҳбат кунед ва дар бораи имонатон гап занед.
ҲАМА ОФАРИДАҲОИ ЯҲУВАРО ҚАДР КУНЕД
17. Мо бояд аз кадом тарзи фикрронӣ дурӣ ҷӯем ва барои чӣ?
17 Фаҳмост, ки ба мо хӯрок, забон, табиат ва урфу одати ҷое ки мо калон шудаем, маъқул аст. Лекин оё мо фикр мекунем, ки чизҳои бароямон маъқул аз чизҳое ки ба дигарон маъқуланд, беҳтар мебошанд? Яҳува чизҳои гуногунеро офаридааст ва Ӯ мехоҳад, ки мо аз онҳо баҳра барем (Заб. 103:24; Ваҳй 4:11). Як корро бо тарзҳои гуногун иҷро кардан мумкин аст. Пас, оё аз рӯи хирад мебуд, агар мо баҳс мекардем, ки фақат фикри мо дуруст аст?
18. Чаро бароямон хуб аст, ки дар бораи дигарон мисли Яҳува фикр кунем?
18 Яҳува мехоҳад, ки ҳама одамон дар борааш фаҳманд, Ӯро ибодат намоянд ва абадан зиндагӣ кунанд (Юҳ. 3:16; 1 Тим. 2:3, 4). Мо бо омодагӣ фикру ақидаи дигаронро гӯш мекунем ва, ҳатто агар аз фикру ақидаи мо фарқ кунанд ҳам, мо онҳоро қабул мекунем. Бо чунин рафторамон мо зиндагии худро боз ҳам шавқовар ва хурсандибахш мегардонем. Ҳамчунин мо ягонагиро бо бародару хоҳаронамон нигоҳ медорем. Азбаски мо ба Яҳува ва Салтанати Ӯ вафодорем, мо дар муноқишаҳои ин дунё бетараф меистем. Мо аз фахру ғурур ва рӯҳияи мусобиқае ки дар ҷаҳони Шайтон ҳукмрон аст, канорагирӣ мекунем. Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки моро таълим медиҳад, то сулҳдӯст ва хоксор бошем! Мо ба суханони зерини забурнавис ҳамовоз мешавем: «Инак, чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд»! (Заб. 132:1).
^ сарх. 10 Баъзе бародарони Филиппӣ, эҳтимол, соҳиби шаҳрвандии Рум буданд ва аз ин рӯ назар ба бародароне ки шаҳрвандӣ надоштанд, соҳиби ҳуқуқу озодиҳои бештар буданд.
^ сарх. 12 Баъзе номҳо иваз шудаанд.