Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар айёми пиронсолӣ ҳам ба Яҳува хизмат кунед

Дар айёми пиронсолӣ ҳам ба Яҳува хизмат кунед

«САЛОМАТИАМ рӯз аз рӯз ҳаётамро талхтар мегардонад»,— мегӯяд Эрнст, ки синнаш аз 70 * гузаштааст. Оё ҳиссиёти Эрнст ба шумо шинос аст? Бо гузашти солҳо одам пиртар мешаваду ҳис мекунад, ки саломатию қувваташро аз даст дода истодааст. Шояд суханони боби 12-уми китоби Воиз дар бораи рӯзҳои сахти пирӣ ба шумо шинос бошанд. Лекин дилпур бошед, ки ҳангоми ин рӯзҳои душвор низ шумо ҳаёти хушбахтона ба сар бурда метавонед. Шумо метавонед минбаъд низ бо хурсандӣ ба Яҳува хизмат кунед ва аз ҳаёт қаноатмандӣ гиред.

ИМОНАТОНРО МУСТАҲКАМ НИГОҲ ДОРЕД

Шумо, хоҳару бародарони пиронсоли мо, дар чунин вазъияти душвор танҳо нестед. Ходимони пиронсоли Яҳува дар замонҳои пеш айнан бо чунин душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Масалан, дар бораи Исҳоқ, Яъқуб ва Аҳиё гуфта шудааст, ки чашмонашон аз пирӣ хира шуда буд ва онҳо дида наметавонистанд (Ҳас. 27:1; 48:10; 3 Подш. 14:4). Соро ҳис мекард, ки ҷисмаш фарсуда шудааст (Ҳас. 18:11, 12). Шоҳ Довуд дар айёми пириаш «гарм намешуд» (3 Подш. 1:1). Барзилой дигар аз маззаи хӯрок ва садои мусиқӣ ҳаловат намебурд (2 Подш. 19:32–35). Иброҳим ва Ноомӣ баъди аз даст додани ҳамсаронашон бояд ба дарди ҷудоӣ тоб меоварданд (Ҳас. 23:1, 2; Рут 1:3, 12).

Чӣ ба ин ходимони Худо кӯмак кард, ки ба Яҳува содиқ бимонанд ва хурсандиашонро нигоҳ доранд? Дар пиронсолӣ Иброҳим ба туфайли боварӣ ба ваъдаҳои Худо «дар имонаш устувор» монд (Рум. 4:19, 20). Мо низ бояд имони худро мустаҳкам нигоҳ дорем. Имони қавӣ аз синну сол, қобилият ё вазъият вобаста нест. Масалан, Яъқуб ҳатто ҳангоми заифу нотавон, нобино ва бистарӣ буданаш ба ваъдаҳои Худо имон зоҳир мекард (Ҳас. 48:1–4, 10; Ибр. 11:21). Хоҳари 93-солаамон Инэс, ки аз заифии мушакҳо азоб мекашад, чунин мегӯяд: «Ҳар рӯзи ҳаёт ман ҳис мекунам, ки Яҳува маро ба таври фаровон баракат медиҳад. Ҳар рӯз ман дар бораи Биҳишт фикр мекунам. Ин ба ман умед мебахшад». Рӯҳияи мусбии ӯ дар ҳақиқат сазовори таърифу таҳсин аст!

Ба туфайли дуогӯӣ, омӯзиши Каломи Худо ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад мо имони худро мустаҳкам нигоҳ медорем. Дониёл-пайғамбар дар синни пиронсолагиаш мунтазам рӯзе се маротиба дуо мегуфт ва Каломи Худоро меомӯхт (Дон. 6:10; 9:2). Бевазани пиронсол, Ҳано, «аз маъбад дур нашуда... шабу рӯз ба Худо ибодат мекард» (Луқ. 2:36, 37). Вақте шумо аз рӯи имкониятатон ба вохӯриҳо мераведу алоқадри қуввати худ дар онҳо иштирок мекунед, ин на танҳо ба худатон тароват мебахшад, балки ба ҳамаи ҳозирон низ. Новобаста аз он ки шумо дар хизмати муқаддас чӣ қадар иштирок мекунед, Яҳува доимо аз дуоҳои шумо шод мешавад (Мас. 15:8).

Якдигарро рӯҳбаланд кунед

Бародару хоҳарони азиз, баъзе аз шумо дар хондан ё ба ҷамъомад рафтан душворӣ мекашед ва ё шояд ин бароятон тамоман ғайриимкон аст. Дар ин ҳолат шумо чӣ кор карда метавонед? Аз ҳама имкониятҳои доштаатон пурра истифода баред. Масалан, бисёре аз онҳое ки ба вохӯриҳо рафта наметавонанд, барномаро ба воситаи телефон гӯш мекунанд. Инҷэи 79-сола нигоҳ накарда ба он ки чашмонаш хира шудаанд, ба вохӯриҳо ба воситаи варақҳое ки бародарони ҷамъомадаш бо ҳуруфи калон чоп мекунанд, тайёрӣ мебинад.

Шояд шумо дар вазъияти худ чизе доред, ки дигарон онро орзу мекунанд. Он чиз вақт аст. Оё шумо метавонед онро барои гӯш кардани сабти Китоби Муқаддас ва адабиёти ташкилотамон истифода баред? Ҳамчунин шумо шояд мехоҳед, ки ба ягон ҳамимонатон занг занед ва ҳар дуятон аз муоширати якдигар рӯҳбаланд шавед (Рум. 1:11, 12).

БО ХИЗМАТИ ХУДО БАНД БОШЕД

Шаҳодат диҳед

Хоҳарамон Криста, ки ҳоло 80-сола мебошад, афсӯс хӯрда мегӯяд: «Аз даст додани қуввату ғайрате ки пештар доштам, хеле дардовар аст». Пас, чӣ тавр пиронсолон хурсандии худро нигоҳ дошта метавонанд? Петери 75-сола мегӯяд: «Доштани назари мусбӣ ба ман ёрдам мекунад. Ман дар бораи корҳое ки ҳоло карда наметавонам, фикр кардан намегирам, балки диққатамро ба чизе ки аз дастам меояд, равона месозам».

Оё шумо дар бораи имкониятҳое ки барои шаҳодатдиҳӣ доред, фикр мекунед? Хоҳарамон Ҳайди мисли пештара дар мавъизаи хона ба хона иштирок карда наметавонад. Нигоҳ накарда ба он ки синнаш аз 80 гузаштааст, ӯ истифодабарии компютерро ёд гирифт ва акнун ба одамон нома менависад. Баъзе воизон дар истгоҳ ё харак нишаста ба одамон шаҳодат медиҳанд. Агар шумо дар хонаи пиронсолон зиндагӣ кунед, оё шумо метавонед дар ин «минтақа»-и наватон ба кормандони тиб, ки ба шумо ғамхорӣ мекунанд ва дигар одамоне ки ба он ҷо меоянд, мавъиза кунед?

Меҳмоннавоз бошед

Шоҳ Довуд дар охири рӯзҳои ҳаёташ боғайратона ибодати покро дастгирӣ мекард. Ӯ барои сохтмони маъбад пул ҷудо кард ва ҳама чизро омода намуд (1 Вақ. 28:11–29:5). Шумо низ метавонед аз пешравии кори умумиҷаҳонӣ хабардор бошед ва саҳми худро дар он гузоред. Оё шумо метавонед барои дастгирӣ кардани пешравон ё дигар воизони боғайрати ҷамъомадатон ба онҳо суханони рӯҳбаландкунанда гӯед, тӯҳфаи хурде диҳед ва ё якҷоя дам гиред? Шумо метавонед дар ҳаққи ҷавонон, оилаҳо, ходимони пурравақт, беморон ва онҳое ки масъулияти зиёдро ба ӯҳда доранд, дуо гӯед.

Яҳува шумо ва хизмати содиқонаатонро хеле қадр мекунад. Хоҳару бародарони азиз, Падари осмониамон ҳеҷ гоҳ шуморо намепартояд (Заб. 70:9). Яҳува шуморо дӯст медорад ва шумо барои Ӯ бениҳоят азизед. Ба наздикӣ замоне фаро мерасад, ки гузаштани вақт дигар ба синну соли мо таъсир намекунад. Он вақт мо дигар бо рӯзҳои сахти пиронсолӣ рӯ ба рӯ намешавем. Мо бардаму бақувват ва бо саломатии комил ба Парвардигори худ — Яҳува абадан хизмат хоҳем кард!

^ сарх. 2 Баъзе номҳо иваз шудаанд.