ТАРҶУМАИ ҲОЛ
«Бигзор... ҷазираҳои бисёр хурсандӣ кунанд»
Ман он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам. Ман ҳамроҳи баъзе бародарони дигар аз тамоми дунё дар маҷлисгоҳи Ҳайати роҳбарикунанда нишаста будам. Мо бо ҳаяҷон мунтазири бародарони Кумитаи нависандагӣ будем. Мо мехостем роҳи ҳалли баъзе масъалаҳои кори тарҷумаро пешниҳод кунем. Ин воқеа 22-юми майи соли 2000-ум рӯй дод. Барои чӣ ин вохӯрӣ бароямон ин қадар муҳим буд? Пеш аз он ки ба ин савол ҷавоб диҳам, биёед аввал каме саргузашти худро ба шумо нақл кунам.
МАН соли 1955 дар Квинсленди Австралия ба дунё омадам. Каме баъд модарам Эстелла омӯзиши Китоби Муқаддасро бо Шоҳидони Яҳува сар кард. Ӯ як сол пас таъмид гирифт. Падарам — Рон бошад, баъд аз 13 сол ба ҳақиқат омад. Ман соли 1968 дар яке аз маҳаллҳои камаҳолии Квинсленд таъмид гирифтам.
Аз кӯдакӣ ман ба китобхонӣ ва забономӯзӣ меҳр доштам. Ҳар гоҳе ки ҳамроҳи волидонам ба ягон ҷо сафар мекардем, ман дар қафои мошин нишаста китоб мехондам. Волидонам аз дидани он ки ман ба ҷои тамошои манзараи берун китоб мехонам, зиқ мешуданд. Лекин китобдӯст буданам дар мактаб ба ман ёрдам кард. Вақте ки ман дар синфҳои болоӣ, дар шаҳри Гленорки мехондам, соҳиби якчанд мукофот шудам.
Он вақт ман бояд қарори ҷиддие қабул мекардам. Ба ман барои ба донишгоҳ дохил шудан стипендия пешниҳод карданд. Китобхонӣ ва донишомӯзӣ ба ман хеле маъқул буд. Лекин ба туфайли таълиму тарбияи модарам ман беш аз ҳама Яҳуваро дӯст медоштам (1 Қӯр. 3:18, 19). Маслиҳати падару модарамро қабул карда ман соли 1971, дар синни 15-солагӣ маълумоти асосиро гирифтам ва хизмати пешравии худро сар кардам.
Ҳашт соли аввалини пешравиам ман имконияти бебаҳое доштам, ки дар ҷазираи Тасмания хизмат кунам. Дар он вақт ман бо духтари зебои тасманӣ бо номи Ҷени Элкок оиладор шудам. Мо чор сол дар қисмҳои камаҳолии Смиттон ва Квинстаун чун пешрави махсус хизмат кардем.
ДАР ҶАЗИРАҲОИ УҚЁНУСИ ОРОМ
Соли 1978 ману занам ба шаҳри Порт-Морсби, ба Папуа-Гвинеяи нав ба анҷумани байналхалқӣ рафтем. Дар он як нутқ, ки бо забони ҳири-моту гуфта шуд, дар ёдам нақш баст. Ҳарчанд ман ҳатто як калимаи он нутқро нафаҳмидам, дар дилам хоҳиш пайдо шуд, ки миссионер шавам. Ман хостам, ки забонҳои дигарро аз худ кунам ва монанди ин бародар нутқ гӯям. Дар он анҷуман ман дарк кардам, ки чӣ тавр забондӯст буданамро барои хизмат ба Яҳува истифода бурда метавонам.
Вақте ба хона баргаштем, як хушхабар моро интизор буд: моро ба ҷазираи Фунафути, ки дар Тувалу воқеъ аст, миссионер таъин карданд! Моҳи январи соли 1979 мо ба ҷои таъиншуда рафтем. Тасаввур кунед, ки дар тамоми Тувалу танҳо се нафар воизи таъмидёфта буд!
Омӯхтани забони тувалу осон набуд. Ягона китобе ки ба мо дастрас буд, ин «Аҳди Ҷадид» буд. Ба ин забон ягон луғат нашр нашуда буд ва ягон курси омӯзиши забони тувалу гузаронида намешуд. Барои ҳамин мо қарор додем, ки ҳар рӯз аз 10 то 20 калима аз ёд кунем. Лекин каме баъд мо пай бурдем, ки аксари калимаҳоро нодуруст мефаҳмидем. Масалан, ба ҷои гуфтани он ки фолбинӣ нодуруст аст, мо ба одамон мегуфтем, ки бо ҷадвал чен накунанд ва ҳангоми роҳ гаштан асоро истифода набаранд! Мо бо одамони бисёре омӯзиш сар карда будем ва барои ҳамин азми қавӣ доштем, ки омӯзиши забонро бас накунем. Солҳо пас як омӯзанда чунин гуфт: «Мо хеле хурсандем, ки шумо акнун ба забони мо гап зада метавонед. Дар аввал мо гапҳои шуморо намефаҳмидем!»
Аммо вазъияте ки мо дар он қарор доштем, барои омӯзиши забон хеле хуб буд. Азбаски дар он ҷо хона барои иҷора гирифтан набуд, мо ҳамроҳи як оилаи Шоҳидон дар як қишлоқ зиндагӣ мекардем. Мо дар ҳама ҷо, ҳамчунин дар хона бояд ба забони тувалу гап мезадем. Баъд аз он ки мо якчанд сол ба забони англисӣ гап назадем, тувалу забони асосиамон гардид.
Каме баъд аз омаданамон бисёриҳо ба ҳақиқат шавқ зоҳир карданд. Лекин ба забони онҳо ягон мавод барои омӯзиши Китоби Муқаддас чоп нашуда буд. Моро саволҳои зерин ором намегузошт: «Чӣ тавр одамони тувалузабон омӯзиши шахсӣ карда метавонанд? Вақте онҳо 1 Қӯр. 14:9). Мо фикр мекардем: «Ба забони тувалу аз 15 000 нафар камтар гап мезананд. Оё ташкилот барои чунин одамони камшумор ягон чиз чоп мекарда бошад?» Яҳува ба саволамон ҷавоб дода, ду чизро ба мо нишон дод: 1) Ӯ мехоҳад, ки Каломаш дар миёни «ҷазираҳои дурдаст» эълон гардад ва 2) Ӯ мехоҳад, ки «қавми фурӯтан ва бенаво» дар исми бузурги Ӯ паноҳ ҷӯяд (Ирм. 31:10; Саф. 3:12).
ба ҷамъомадҳо меоянд, кадом сурудҳоро мехонанд? Дар ҷамъомадҳо онҳо кадом маҷалларо муҳокима мекунанд? Чӣ тавр онҳо ба вохӯриҳо тайёрӣ дида метавонанд? Чӣ тавр онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ карда, таъмид гирифта метавонанд?» Ба ин одамони фурӯтан хӯроки рӯҳонӣ ба забони модариашон лозим буд (ТАРҶУМА КАРДАНИ ХӮРОКИ РӮҲОНӢ
Соли 1980 филиал ману Ҷениро тарҷумон таъин кард. Мо фикр мекардем, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароем, чунки забонро нағз намедонистем (1 Қӯр. 1:28, 29). Дар аввал мо аз давлат мимеограф (асбоб барои нусхабардории дастӣ) харидем ва онро барои чоп кардани маводе ки барои вохӯриҳо лозим буд, истифода мебурдем. Мо ҳатто як китоберо ба забони тувалу дар мимеограф чоп кардем, ки номи он «Ҳақиқате ки сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад» буд. Ман то ҳол бӯи сиёҳии рангро дар хотир дорам. Дар гармии тропикӣ бо даст чоп кардани адабиёт заҳмати зиёдро талаб мекард. Он вақт мо ҳатто қувваи барқ надоштем!
Ба забони тувалу тарҷума кардан кори душвор буд, чунки ба ин забон китобу дастуроти таълимӣ хеле кам буд. Аммо баъзан кӯмак аз ҷое меомад, ки мо интизор набудем. Як саҳар ман хато карда ба марде занг задам, ки ба ҳақиқат зид буд. Он марди пиронсол, ки пештар муаллим буд, зуд ба ман гуфт, ки ба ӯ дигар занг назанам. Баъд ӯ илова кард: «Ман фақат як чиз гуфтанӣ ҳастам. Шумо дар тарҷумаи худ як шакли феълро аз ҳад зиёд истифода мебаред. Ин ба забони тувалу хос нест». Ман ин масъаларо аз дигарон аниқ кардам ва гапи он мард дуруст баромад. Мо инро ба назар гирифта ба кори худ ислоҳот даровардем. Ман сахт ҳайрон
будам, чунки Яҳува ба воситаи касе ки ба ҳақиқат муқобилат мекард, ба мо кӯмак расонд ва, аз афташ, ин мард адабиёти моро мехонд!Аввалин чизе ки мо барои паҳнкунӣ ба забони тувалу чоп кардем, ин даъватнома ба Шоми ёдбуд буд. Баъди ин рисола бо номи «Пайғоми Салтанат» № 30 дар як вақт бо англисӣ ба чоп баромад. Мо хеле хурсанд будем, ки ба одамон ягон чиз ба забони худашон дода метавонистем! Оҳиста-оҳиста баъзе брошураҳо ва ҳатто китобҳо ба забони тувалу тарҷума шуданд. Соли 1983 филиали Австралия чоп кардани шумораи 24-саҳифагии «Бурҷи дидбонӣ»-ро сар кард, ки он дар як сол чор маротиба мебаромад. Оё ба мардуми тувалу ин китобу маҷаллаҳо маъқул шуданд? Бале, чунки онҳо хонданро дӯст медоштанд. Ҳар гоҳе ки мо ягон адабиёти нав чоп мекардем, ҳокимият ба воситаи радио дар бораи он эълон мекард ва баъзан ин мавзӯи асосии рӯз мешуд! *
Кори тарҷума бо ручкаю варақ сар шуда буд. Баъдтар бошад, мо пеш аз он ки чизҳои тарҷумакардаамонро ба филиали Австралия фиристем, онро якчанд бор ҳуруфчинӣ мекардем. Дар филиал ду хоҳар нигоҳ накарда ба он ки забони тувалуро намедонистанд, матни моро ба компютерҳо дохил менамуданд. Ба туфайли он ки ин хоҳарон дар алоҳидагӣ матнро чоп мекарданду баъд онро муқоиса мекарданд, ба матн қариб ки хатогӣ намедаромад. Саҳифаҳои тартибдодаро ба воситаи почтаи ҳавопаймо ба мо мефиристоданд. Мо матнро тафтиш карда, сипас барои чоп ба филиал мефиристодем.
Ҳозир бошад, замона дигар шудаасту кори тарҷума хеле ва хеле пеш рафтааст. Ҳозир гурӯҳҳои тарҷумонӣ матнро бевосита ба компютер дохил мекунанд. Аксар вақт матни ислоҳшуда дар худи ҳамон маҳал тартиб дода мешавад ва баъд онро ба воситаи Интернет барои чоп ба филиал мефиристанд. Дигар мо саросемавор барои ба филиал фиристодани матн ба нуқтаи почта намедавем.
ТАЪИНОТҲОИ МИНБАЪДА
Бо гузашти солҳо ману Ҷениро ба ҷойҳои гуногуни Уқёнуси Ором таъин карданд. Соли 1985 моро аз Тувалу ба филиали Самоа таъин намуданд. Дар он ҷо мо, илова бар кори бо тувалу алоқаманд, боз дар тарҷума бо забонҳои самоанӣ, тонгӣ ва токелаунӣ кӯмак мекардем *. Баъд соли 1996 ба мо таъиноти ба ин монанд доданд. Моро ба филиали Фиҷи таъин намуданд, ки дар он ҷо мо дар тарҷума ба забонҳои фиҷи, кирибати, науру, ротума ва тувалу кӯмак мекардем.
Ғайрату кӯшише ки тарҷумонҳои мо нишон медиҳанд, маро ҳамеша ба ҳайрат меорад. Тарҷума кори душвор ва баъзан хастакунанда аст. Ба ин нигоҳ накарда ин бародару хоҳарони содиқ мисли Яҳува хоҳиш доранд, ки «ҳар қабила ва сибт ва забон ва қавм» хушхабарро ба лафзи модариаш шунавад (Ваҳй 14:6). Боре, вақте мехостем тарҷумаи маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-ро ба забони тонга сар кунем, ман бо ҳама пирони Тонга вохӯрдам ва аз онҳо пурсидам, ки ба кӣ кори тарҷумаро таълим додан мумкин аст. Як пири ҷамъомад, ки механик буду даромади хуб дошт, кӯмаки худро пешниҳод намуд. Ӯ гуфт, ки тайёр аст, худи пагоҳ аз кор баромада, кори тарҷумониро сар кунад. Имони мустаҳками ӯ маро хеле рӯҳбаланд кард, чунки бародар оиладор буд ва намедонист, ки, агар кори тарҷумаро сар кунад, аз кадом ҳисоб оилаашро таъмин мекунад. Аммо Яҳува ба ӯ ва оилааш ғамхорӣ намуд ва ӯ солҳои зиёд чун тарҷумон хизмат намуд.
Мисли ин тарҷумонҳо бародарони Ҳайати роҳбарикунанда мехоҳанд, ки адабиёти мо ба ҳама забонҳо дастрас бошад, ҳатто ба забонҳое ки одамони хеле кам ба онҳо гап мезананд. Як бор савол бардошта шуд, ки оё ин қадар меҳнат карда ба забони тувалу тарҷума кардани адабиётамон арзанда аст ё не. Ҷавобе ки аз Ҳайати роҳбарикунанда гирифтем, маро хеле рӯҳбаланд намуд: «Мо ҳеҷ як сабабе намебинем, ки кори тарҷума ба забони тувалу бас карда шавад. Гарчанд нисбат ба дигар забонҳо, ба забони тувалу шумораи ками одамон гап мезананд, онҳо низ бояд хушхабарро бо забони худ шунаванд».
Соли 2003 ман ва Ҷениро аз Шӯъбаи тарҷумонии филиали Фиҷи ба Байт-Или ИМА даъват карданд. Моро ба шаҳри Паттерсон, ба Шӯъбае таъин карданд, ки кори тарҷумонҳоро дастгирӣ мекард. Орзуи мо ҷомаи амал пӯшид! Мо аъзои гурӯҳе шудем, ки барои пешрафти кори тарҷумаи адабиётамон ба забонҳои бештар кӯмак мерасонад. Дар муддати ду соли навбатӣ ману Ҷени ба мамлакатҳои гуногун сафар карда гурӯҳҳои тарҷумониро таълим медодем.
ҚАРОРҲОИ ХЕЛЕ МУҲИМ
Ҳоло иҷозат диҳед, ки дар бораи вохӯрии муҳиме ки дар боло гуфта будам, нақл кунам. Соли 2000-ум Ҳайати роҳбарикунанда дар бораи он фикр мекард, ки гурӯҳҳои тарҷумонӣ дар саросари ҷаҳон ба кӯмак ниёз доранд. Бисёри тарҷумонон ягон бор таълим нагирифта буданд. Баъди ин вохӯрӣ Ҳайати роҳбарикунанда қарор баровард, ки тамоми тарҷумонон дар саросари ҷаҳон бояд таълим гиранд. Ба тарҷумонон бояд дар мавриди фаҳмиши матни англисӣ ва ҳамкорӣ чун гурӯҳ таълим дода мешуд.
Ин таълимдиҳӣ чӣ натиҷа овард? Сифати тарҷума беҳтар шуд. Ҳамчунин шумораи забонҳо низ зиёд шуданд. Соли 1979, вақте мо миссионер таъин шудем, «Бурҷи дидбонӣ» ба 82 забон тарҷума мешуд. Ҳозир ин маҷалла ба 240 забон тарҷума мешавад. Аҷоибаш ин ки пештар нашри «Бурҷи дидбонӣ» ба забонҳои дигар якчанд моҳ пас аз нашри он ба забони англисӣ мебаромад, ҳозир бошад онҳо дар як вақт чоп мешаванд. Хӯроки рӯҳонӣ айни замон ба 700 забон дастрас мебошад. Солҳои пеш мо дар ин бора танҳо орзу мекардем.
Соли 2004 Ҳайати роҳбарикунанда қароре баровард, ки он ба пешрафти тарҷумаи Китоби Муқаддас таъсири сахт расонд. Ба туфайли ин қарор ҳозир одамони бештар метавонанд Китоби Муқаддасро бо забони худашон хонанд. Соли 2014 шумораи тарҷумаҳои Китоби Муқаддас, ки ташкилоти мо нашр кардааст, пурра ё қисман ба 128 забон расид. Забонҳои шимоли
ҷазираҳои Уқёнуси Ором низ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Яке аз хотираҳои ширини ман ин анҷумани соли 2011 дар Тувалу мебошад. Тӯли моҳҳои зиёд дар саросари мамлакат хушкӣ буд ва бародарон анҷуманро ба қафо гузоштанӣ буданд. Аммо бегоҳ, вақте мо ба он ҷо расидем, борони сахт борид. Ба туфайли ин мо анҷуманро гузаронда тавонистем! Ман дорои имконияти пуршараф гаштам, ки нашри «Навиштаҳои Юнонӣ — Тарҷумаи дунёи нав»-ро ба забони тувалу эълон кунам. Он вақт аввалин бор Китоби Муқаддас ба забоне чоп шуд, ки шумораи хеле ками одамон бо он гап мезананд. Ин атои олиҷанобе буд аз ҷониби Яҳува! Дар охири анҷуман боз як бори дигар борони сахт борид ва бо тамом шудани анҷуман одамон пур аз оби рӯҳонӣ ва аслӣ буданд!
Сад афсӯс, ки завҷаи меҳрубон ва ҳамсафари вафодорам баъди 35 соли зиндагии якҷоя аз дунё гузашт ва натавонист ин воқеаи хотирмонро бубинад. Ӯ баъд аз даҳ соли муборизаи шадид бо саратони сина соли 2009 вафот кард. Ман боварӣ дорам, ки вақте ӯ дар дунёи нав зинда мешавад, аз фаҳмидани он ки Китоби Муқаддас ба забони тувалу чоп гардидааст, хеле шод мегардад.
Баъдтар ман бо як хоҳари олиҷанобе бо номи Лорани Сикиво оиладор шудам. Ӯ бароям баракат аз ҷониби Яҳува мебошад. Лорани ва Ҷени чун тарҷумон дар Байт-Или Фиҷи хизмат карда буданд. Барои ҳамин ман боз соҳиби ҳамсаре мебошам, ки ҳамроҳам содиқона ба Яҳува хизмат мекунад ва мисли ман забонро дӯст медорад!
Ба гузашта назар карда ман мебинам, ки чӣ тавр Падари меҳрубонамон — Яҳува ғамхорӣ мекунад, ки адабиётамон ҳатто ба забонҳое ки ба онҳо шумораи ками одамон гап мезанад, тарҷума шавад (Заб. 48:1–3). Вақте одамон сурудҳои Салтанатро ба забони худ мехонанд, дар лабҳояшон табассум ва дар чашмонашон шодии бемислу монанд пайдо мешавад (Аъм. 2:8, 11). Суханони Сауло Тиаси, як бародари пиронсол аз Тувалу, то ҳол дар гӯшам садо медиҳанд. Ӯ баъд аз он ки бори аввал сурудҳои Салтанатро бо забони худ хонд, гуфт: «Рафта ба Ҳайати роҳбарикунанда гӯед, ки ин сурудҳо бо забони тувалу назар ба забони англисӣ беҳтар садо медиҳанд».
Сентябри соли 2005 як воқеае рӯй дод, ки интизораш набудам. Маро чун аъзои Ҳайати роҳбарикунанда таъин карданд. Ҳозир ман дигар чун тарҷумон хизмат карда наметавонам. Барои ҳамин ман аз Яҳува миннатдорам, ки Ӯ ба ман имконият додааст, ки кори умумиҷаҳонии тарҷумаро дастгирӣ намоям. Ман хеле хурсандам, ки Яҳува ниёзҳои рӯҳонии тамоми халқи худро қонеъ мекунад, аз ҷумла онҳоеро ки дар ҷазираҳои дурдасти Уқёнуси Ором зиндагӣ мекунанд. Забурнавис суруда буд: «Худованд подшоҳӣ мекунад: бигзор замин ба ваҷд ояд ва ҷазираҳои бисёр хурсандӣ кунанд» (Заб. 96:1).
^ сарх. 18 Дар бораи он ки одамон адабиёти моро чӣ тавр қабул карданд, аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 декабри с. 2000, саҳ. 32 ва «Бедор шавед!» (рус.) аз 22 декабри с. 2000, саҳ. 9 маълумот гирифтан мумкин аст.
^ сарх. 22 Агар дар бораи кори тарҷума дар Самоа бештар фаҳмидан хоҳед, ба «Солнома»-и 2009 (рус.), саҳ. 120, 121, 123, 124 нигаред.