Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Интизор бошед!

Интизор бошед!

«Агар даранг кунад, онро мунтазир шав» (ҲАБ. 2:3).

СУРУДҲО: 32, 45

1, 2. Ходимони Яҳува чӣ гуна рӯҳия доранд?

ХАЛҚИ Яҳува ҳамеша бо сабру тоқат иҷрошавии пешгӯиҳоро интизор мешуд. Масалан, пайғамбар Ирмиё интизор буд, ки Яҳудо аз тарафи бобилиён валангор мешавад ва ин соли 607-и то эраи мо рӯй дод (Ирм. 25:8–11). Ишаъё пешгӯӣ кард, ки Яҳува яҳудиёнро ба ватанашон бармегардонад. Ӯ гуфт: «Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд» (Иш. 30:18). Мико низ иҷрошавии ваъдаи Худоро интизор шуда гуфт: «Ман ба Худованд интизорӣ мекашам» (Мик. 7:7). Садсолаҳо пеш аз омадани Исо хизматгорони Худо боварӣ доштанд, ки Масеҳи ваъдашуда меояд (Луқ. 3:15; 1 Пет. 1:10–12) *.

2 Мо низ имрӯз интизорем, ки пешгӯиҳо оиди Подшоҳии Яҳува иҷро мешаванд. Исо ҳамчун Подшоҳи ин Салтанат ходимони Худоро аз ин ҷаҳони хатарнок раҳо хоҳад кард. Ӯ одамони бадро несту нобуд карда, ба ранҷу азоб хотима хоҳад бахшид (1 Юҳ. 5:19). Мо бояд ба он ки рӯзи Яҳува дар ҳар лаҳза омада метавонад, тайёр бошем ва барои ин ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем.

3. Агар мо солҳои зиёд рӯзи Яҳуваро интизор бошем, дар диламон кадом шубҳа пайдо шуда метавонад?

3 Мо бесаброна интизори он рӯзем, ки хости Худо дар рӯи замин иҷро шавад (Мат. 6:10). Аммо агар мо солҳои зиёд рӯзи Яҳуваро интизор бошем, он гоҳ дар диламон шубҳа пайдо шуда метавонад: «Оё минбаъд низ омадани анҷомро интизор шавем?»

ОЁ МИНБАЪД НИЗ ОМАДАНИ АНҶОМРО ИНТИЗОР ШАВЕМ?

4. Чаро бароямон ҳушёру бедор мондан муҳим аст?

4 Исо ба шогирдонаш фармуд, ки бедор бошанд. Бинобар ин муҳим аст, ки ба наздик будани анҷоми ин дунё боварӣ дошта бошем (Мат. 24:42; Луқ. 21:34–36). Ташкилоти Яҳува доимо ба мо хотиррасон мекунад, ки «омадани рӯзи Худоро» дар хотир нигоҳ дорем ва диққатамонро ба ваъдаи Худо оиди дунёи нав равона созем. (2 Петрус 3:11–13-ро бихонед.)

5. Як сабаби муҳиме, ки чаро мо бояд рӯзи Яҳуваро интизор бошем, кадом аст?

5 Масеҳиёни асри як бояд рӯзи Яҳуваро интизор мешуданд. Мо бошем, бояд онро боз ҳам бештар интизор бошем. Чаро? Зеро мо дар замони ҳузури Масеҳ зиндагӣ дорем. Аломати ҳузури ӯ аз соли 1914 инҷониб аён аст. Масалан, бадшавии вазъияти ҷаҳон ва дар тамоми замин паҳн шудани хушхабари Салтанат исбот мекунад, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем (Мат. 24:3, 7–14). Исо нагуфт, ки охирзамон чӣ қадар давом мекунад. Барои ҳамин мо бояд ба омадани анҷоми ин дунё тайёр бошем, чунки он ҳар лаҳза рӯй дода метавонад.

6. Мо аз куҷо медонем, ки бо наздикшавии анҷом вазъияти ҷаҳон боз ҳам бадтар мешавад?

6 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки одамон дар «айёми охир» боз ҳам бадтару бадтар мешаванд (2 Тим. 3:1, 13; Мат. 24:21; Ваҳй 12:12). Ҳарчанд ҳоло ахлоқи одамон бад аст, мо медонем, ки он минбаъд боз бадтар мешавад. Оё «охирзамон» ба замони оянда, ки он вақт бадӣ аз пештара бештар мешавад, ишора мекунад?

7. Аз Матто 24:37–39 мо дар бораи вазъияти ҷаҳон дар давоми айёми охир чӣ мефаҳмем?

7 Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки пеш аз «азоби азим» дар ҳар як мамлакат ҷанг мешавад ва аксари одамон аз бемориву гуруснагӣ азоб мекашанд (Ваҳй 7:14). Дар чунин ҳолат ба ҳама маълум мешуд, ки пешгӯии Китоби Муқаддас иҷро шуда истодааст. Ва инро ҳатто онҳое ки ба Каломи Худо шавқ надоранд, пай мебурданд. Лекин Исо гуфта буд, ки дар айёми охир аксари одамон ба воқеаҳои ҷаҳон аҳамият намедиҳад. Одамон бо корҳои ҳаррӯзаи худ машғул мешаванд ва рӯзи Яҳува барояшон ногаҳон меояд. (Матто 24:37–39-ро бихонед.) Пас, аз Навиштаҳо бармеояд, ки вазъияти ҷаҳон дар давоми айёми охир чунон бад намешавад, ки одамон ночор ба наздик шудани анҷом бовар кунанд (Луқ. 17:20; 2 Пет. 3:3, 4).

8. Касоне ки ба амри Исо итоат карда ҳушёру бедор мемонанд, аз чӣ дилпуранд?

8 Аломати пешгӯикардаи Исо бояд ба таври равшан ба шогирдонаш нишон медод, ки онҳо дар кадом замон зиндагӣ доранд. Ва пайравони Исо дар ҳақиқат ҳушёру бедор монданд (Мат. 24:27, 42). Аз соли 1914 инҷониб баъзе қисмҳои аломате ки Исо пешгӯӣ карда буд, ба иҷрошавӣ сар карданд. Мо дилпурем, ки худи ҳозир дар «охирзамон» зиндагӣ дорем. Яҳува аллакай вақти несту нобуд кардани ҷаҳони Шайтонро муайян кардааст.

9. Барои чӣ мо бояд рӯзи Яҳуваро интизор бошем?

9 Пас, чаро мо бояд он рӯзро интизор бошем? Барои он ки мо ба Исои Масеҳ гӯш медиҳем. Ҳамчунин мо дарк мекунем, ки ӯ ҳоло ҳузур дорад. Ин боварии мо кӯр-кӯрона нест. Он бар пешгӯиҳои иҷрошудаистодаи Китоби Муқаддас асос меёбад. Мо бояд ҳушёру бедор ва ба омадани анҷом тайёр бошем.

БОЗ ЧӢ ҚАДАР БОЯД ИНТИЗОР ШАВЕМ?

10, 11. а) Чаро Исо ба шогирдонаш «бедор бошед» гуфт? б) Агар ба назарамон тобад, ки анҷом дер карда истодааст, чӣ кор бояд кунем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Бисёре аз мо солҳои зиёд содиқона ба Яҳува хизмат карда истодаем ва омадани рӯзи Ӯро сахт интизорем. Новобаста аз он ки чанд вақт анҷомро интизорем, мо бояд дилпур бошем, ки он рӯз ба қарибӣ меояд. Мо бояд ба омадани он рӯзе ки Исо ҷаҳони Шайтонро несту нобуд мекунад, тайёр бошем. Дар хотир доред, ки Исо ба пайравонаш чӣ гуфта буд: «Барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад. Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад. Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон; мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад. Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: “Бедор бошед”» (Марқ. 13:33–37).

11 Вақте пайравони Исо фаҳмиданд, ки ӯ аз соли 1914 ҳукмрониро сар кард, онҳо дарк карданд, ки анҷом наздик аст. Онҳо тайёр буданашонро бо он нишон доданд, ки дар кори мавъиза бо ғайрати бештар иштирок карданд. Исо гуфта буд, ки ӯ метавонад дертар, яъне «бомдодон» биёяд. Дар чунин ҳолат пайравонаш бояд чӣ кор мекарданд? Исо гуфт: «Бедор бошед». Пас, агар мо анҷомро дурудароз интизор бошем, ин маънои онро надорад, ки он дер карда истодааст ё дар вақти зинда буданамон намеояд.

12. Ҳабаққуқ дар дуо чӣ пурсид ва Яҳува ба ӯ чӣ ҷавоб дод?

12 Вақте ки пайғамбар Ҳабаққуқ дар бораи харобшавии Ерусалим мавъиза мекард, ӯ ҳамзамон омадани он рӯзро пурсаброна интизор мешуд. Пеш аз ӯ дигар пайғамбарон низ солҳои зиёд ин хабарро мавъиза мекарданд. Ҳабаққуқ медид, ки бадӣ ва беадолатӣ аз ҳарвақта бештар буд. Ӯ бо зорию илтиҷо аз Яҳува мадад пурсида гуфт: «То ба кай, эй Худованд, истиғоса намоям?» Ҳарчанд Яҳува ба ӯ нагуфт, ки кай анҷом меояд, Ӯ ба Ҳабаққуқ ваъда дод, ки он «таъхир нахоҳад кард». Ҳамчунин Яҳува ба пайғамбар гуфт, ки «онро мунтазир» шавад. (Ҳабаққуқ 1:1–4; 2:3-ро бихонед.)

13. Ба сари Ҳабаққуқ чӣ гуна фикр омада метавонист ва чаро чунин фикрронӣ хатарнок буд?

13 Тасаввур кунед, ки Ҳабаққуқ аз интизор шудан хаста мешуд ва чунин мегуфт: «Ман солҳои зиёд харобшавии Ерусалимро интизор шудам. Он рӯз ба қарибӣ намеояд. Ман дигар дар бораи омадани он рӯз мавъиза намекунам. Бигзор дигарон ин корро кунанд». Агар ӯ чунин фикр мекард, он гоҳ чӣ рӯй медод? Ӯ аз розигии Яҳува маҳрум мешуд. Ва, агар пайғамбар ба омадани он рӯз тайёр намебуд, ӯ ҳаёташро аз даст медод.

14. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки агар омадани анҷомро интизор шавем, ноумед нахоҳем шуд?

14 Худро дар дунёи нав тасаввур кунед. Ҳама пешгӯиҳо дар бораи айёми охир аллакай иҷро шуданд. Шумо аз пештара бештар аз Яҳува дилпуред ва боварии комил доред, ки Ӯ барои иҷро шудани ваъдаҳояш ҳама корро мекунад. (Еҳушаъ ибни Нун 23:14-ро бихонед.) Бешубҳа, мо аз Яҳува миннатдорем, ки вақти омадани анҷоми ин ҷаҳонро муайян кардааст ва моро огоҳ мекунад, ки он рӯзро интизор бошем (Аъм. 1:7; 1 Пет. 4:7).

ИНТИЗОР БОШЕД ВА АМАЛ КУНЕД!

Оё шумо дар кори мавъиза боғайратона иштирок мекунед? (Ба сархати 15 нигаред.)

15, 16. Чаро мо бояд то омадани анҷом дар кори мавъиза ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем?

15 Ташкилоти Яҳува ба мо доимо хотиррасон мекунад, ки хизмати Худоро дар ҷои аввали ҳаётамон гузорем. Ба туфайли ин ёдраскуниҳо мо на танҳо дар хизмат банд мешавем, балки ҳамчунин дарк мекунем, ки хабари мо таъҷилӣ аст. Мо дилпурем, ки аломатҳои пешгӯикардаи Исо маҳз ҳоло иҷро шуда истодаанд ва анҷом хеле наздик аст. Барои ҳамин мо манфиатҳои Салтанатро дар ҷои аввал мегузорем ва боғайратона хушхабарро мавъиза мекунем (Мат. 6:33; Марқ. 13:10).

16 Хушхабарро мавъиза карда мо ба одамон кӯмак мекунем, ки ҳангоми нобудшавии ин ҷаҳони Шайтон наҷот ёбанд. Яке аз бадтарин офатҳое ки дар баҳр рӯй додааст, ин ғарқ шудани киштии «Вилҳелм Густлоф» мебошад. Дар натиҷаи ин воқеаи нохуш, ки соли 1945 рӯй дода буд, ҳазорон нафар ҳаёти худро аз даст доданд. Як хоҳарамон ҳамроҳи шавҳараш дар ин киштӣ наҷот ёфта буд. Ӯ ба хотир меорад, ки ҳатто ҳангоми ғарқ шудани киштӣ зане фарёд мезад: «Вой ҷомадонҳоям! Вой ҷомадонҳоям! Вой ҷавоҳиротам! Ҳамаи ҷавоҳиротам дар ҳуҷраи киштӣ монд. Ман ҳама чизамро аз даст додам!» Лекин мусофирони дигар дарк мекарданд, ки кадом чиз муҳим аст, барои ҳамин бо тамоми қувват кӯшиш мекарданд, ки ҳаёти одамонро наҷот диҳанд. Имрӯз низ ҳаёти одамон зери хатар аст. Мо бояд ба он мусофирони фидокор, ки дар бораи наҷот додани ҳаёти одамон фикр мекарданд, монанд бошем ва дар хотир дорем, ки кори мо хеле таъҷилӣ аст. Мо бояд бо тамоми қувват ба одамон кӯмак кунем, то ҳангоми несту нобуд шудани ҷаҳони Шайтон наҷот ёбанд.

Қарорҳои оқилона қабул кунед ва таъҷилӣ будани кори мавъизаро дар хотир доред (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Чаро мо медонем, ки анҷом ногаҳон омада метавонад?

17 Мо ба таври равшан мебинем, ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас иҷро шуда истодаанд ва анҷоми ҷаҳони Шайтон боз ҳам наздиктар аст. Мо он замонеро интизорем, ки «даҳ шох» ва «ҳайвони ваҳшӣ» ба муқобили дини дурӯғин — Бобили Бузург мебароянд (Ваҳй 17:16). Мо чунин фикр намекунем, ки пеш аз рӯй додани ин бояд вақти зиёд гузарад. Мо дар хотир дорем, ки Худо ба динҳои дурӯғин ҳамла карданро «дар дили онҳо» меандозад ва ин ба таври ногаҳонӣ ва дар вақти дилхоҳ рӯй дода метавонад! (Ваҳй 17:17). Анҷоми ҷаҳони Шайтон хеле наздик аст. Барои ҳамин мо бояд ба огоҳии зерини Исо гӯш диҳем: «Бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд» (Луқ. 21:34, 35; Ваҳй 16:15). Биёед ҳушёру бедор бошем ва боғайратона ба Яҳува хизмат карда, дилпур бошем, ки Ӯ бар манфиати умедворонаш амал мекунад (Иш. 64:4).

18. Мо аз мақолаи навбатӣ ба кадом савол ҷавоб мегирем?

18 Модоме ки анҷоми ин ҷаҳони шарирро интизорем, биёед ба маслиҳати Яҳудои шогирд гӯш диҳем: «Эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта, худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳ[ро]... ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад, мунтазир бошед» (Яҳд. 20, 21). Лекин чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки дунёи нави Худоро сахт интизорем? Мо инро аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.

^ сарх. 1 Рӯйхати баъзе пешгӯиҳо дар бораи Масеҳ ва иҷрошавии онҳоро дар китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳ. 200, дидан мумкин аст.