Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Дар имон устувор бошед»

«Дар имон устувор бошед»

«Дар имон устувор бошед... матин бошед» (1 ҚӮР. 16:13).

СУРУДҲО: 23, 34

1. а) Бо Петруси ҳавворӣ дар баҳри Ҷалил чӣ рӯй дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро Петрус ғарқ шудан гирифт?

ДАР баҳри Ҷалил шабона тӯфон мевазид. Петрус ва дигар ҳаввориён киштиашонро базӯр ҳаракат медоданд. Дар ҳамин вақт онҳо Исоро диданд, ки рӯи об роҳ мерафт. Петрус Исоро фарёд карда аз ӯ мепурсад, ки оё метавонад рӯи об қадам зада наздаш биёяд. Исо ба ӯ иҷозат медиҳад ва Петрус ба таври мӯъҷизавӣ рӯи обҳои пурталотуми баҳр қадам мезанад. Ногаҳ Петрус ғарқ шудан мегирад. Чаро? Чунки ӯ ба тӯфон нигоҳ карда ба ҳарос меафтад. Петрус фарёд зада аз Устодаш ёрӣ металабад. Исо дарҳол дасти ӯро дошта ба ӯ мегӯяд: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?» (Мат. 14:24–32).

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Мо аз ин саргузашти Петрус дар бораи имон чизҳои бисёреро фаҳмида метавонем. Биёед се саволро дида бароем: 1) Чӣ тавр Петрус ба кӯмаки Худо имон зоҳир кард? 2) Чаро имони Петрус суст шуд? 3) Ба туфайли чӣ имони Петрус аз нав қавӣ шуд? Дида баромадани ин се савол ба мо кӯмак мекунад, ки «дар имон устувор» бимонем (1 Қӯр. 16:13).

БА КӮМАКИ ХУДО ИМОН ЗОҲИР КУНЕД

3. Чӣ ба Петрус кӯмак кард, ки аз киштӣ берун омада, рӯи об қадам занад? Чӣ тавр мо низ як вақте мисли Петрус рафтор кардем?

3 Чӣ ба Петрус кӯмак кард, ки аз киштӣ берун омада, рӯи об қадам занад? Имон. Вақте Исо ӯро даъват кард, ки ба наздаш биёяд, Петрус ба қуввати Худо имон зоҳир кард. Ӯ боварӣ дошт, ки чи тавре Исо бо қуввати Худо дар баҳр роҳ мерафт, ӯ низ ҳамин тавр карда метавонад. Аммо ба мо чӣ кӯмак кард, ки худро ба Яҳува бахшида таъмид гирем? Имон. Исо моро низ даъват кард, ки аз паи ӯ равона шавем. Мо ба Худо имон овардем ва пурра ба дастгирии Ӯ такя карда пайрави Исо гаштем. Мо дилпур будем, ки Худо бо роҳҳои гуногун ба мо кӯмак хоҳад кард. (Юҳ. 14:1; 1 Петрус 2:21-ро бихонед.)

4, 5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки имон ин як чизи бебаҳоест?

4 Имон бешак як чизи бебаҳоест. Ба туфайли имон Петрус рӯ-рӯи об роҳ гашт. Мо низ агар имон дошта бошем, корҳоеро карда метавонем, ки ба назари инсон имконнопазир метобанд (Мат. 21:21, 22). Масалан, баъд аз он ки мо бо ҳақиқат шинос шудем, хулқу атвор ва рафтору гуфтори мо тағйир ёфтан гирифт. Бо гузашти вақт мо гӯё тамоман одами дигар шудем ва онҳое ки моро пештар мешинохтанд ин тағйиротҳоро дида ба ҳайрат омаданд. Яҳува ҳаракатҳои моро баракат дод, чунки мо ба Ӯ имон зоҳир карда ба пеш қадам гузоштем. (Қӯлассиён 3:5–10-ро бихонед.) Бо он ки мо худро ба Яҳува бахшидем, бо Ӯ дӯстӣ пайдо намудем. Бешубҳа, мо ин корро бе дастгирии Ӯ карда наметавонистем (Эфс. 2:8).

5 Имонамон ба мо қувват мебахшад. Ба туфайли имон мо метавонем ба ҳамлаҳои душмани пурқудратамон — Иблис муқобилият кунем (Эфс. 6:16). Ҳамчунин дилпурӣ ба Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми душвориҳо аз ҳад зиёд ғаму ташвиш нахӯрем. Яҳува ваъда медиҳад, ки, агар мо имон зоҳир кунему кори Салтанатро дар ҷои аввал гузорем, Ӯ ба мо ҳама чизи бароямон лозимаро медиҳад (Мат. 6:30–34). Беш аз ин барои имонамон Яҳува ба мо атои бебаҳо — ҳаёти ҷовидониро медиҳад. Ин аторо ҳеҷ як инсон бо кӯшиши худ ба даст оварда наметавонад (Юҳ. 3:16).

БА «БОДИ ШАДИД» НАЗАР НАКУНЕД!

6, 7. а) Боди шадид ва мавҷҳоро, ки Петрусро ба ҳарос оварданд, ба чӣ монанд кардан мумкин аст? б) Чаро мо набояд фикр кунем, ки имони мо доимо аз хатар эмин аст?

6 Мавҷҳову боди шадид ба Петрус халал мерасонданд, ки ба назди Исо ояд. Мо низ дар роҳи ҳақиқат қадам гузошта бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем. Нигоҳ накарда ба он ки он озмоишҳо чӣ қадар сахтанд, мо тоб меорем, агар ба Яҳува таваккал кунем. Ба хотир оред, ки сабаби ғарқ шудани Петрус чӣ буд. Оё вазидани тундбод пеши роҳи ӯро гирифт? Ё мавҷи калоне ӯро аз по афтонд? Не, сабаб дар он буд, ки ӯ «боди шадид»-ро дида «ҳаросон шуд» (Мат. 14:30). Петрус назарашро аз Исо канда ба боди шадид дӯхт ва аз ин рӯ имонаш суст шуд. Чӣ тавр мо низ ба маъное ғарқ шуда метавонем? Агар аз ҳайбати озмоишу душвориҳои худ тарсем ва ба дастгирии Яҳува шубҳа кунем.

7 Мо набояд чунин фикр кунем, ки имони мо доимо аз хатар эмин аст. Китоби Муқаддас сустимониро гуноҳе меномад, ки «ба осонӣ ба дасту пои мо мепечад» (Ибр. 12:1, ТДН). Саргузашти Петрус нишон медиҳад, ки, агар мо диққатамонро ба чизҳои нодуруст равона созем, имони мо метавонад ба осонӣ суст шавад. Пас, аз куҷо фаҳмем, ки ба имонамон хатар таҳдид мекунад ё не? Биёед ба воситаи якчанд савол худро тафтиш кунем.

8. Чӣ тавр бовариамон ба ваъдаҳои Худо суст шуда метавонад?

8 Оё бовариам нисбати ваъдаҳои Худо аз пештара камтар аст? Яке аз чунин ваъдаҳо ин аст, ки Худо ба наздикӣ ин дунёи пур аз бадиро нест мекунад. Лекин, агар мо ба вақтхушиҳои ин ҷаҳон дода шавем, имонамон нисбати ин ваъдаи Худо суст шуда метавонад. Шояд дар диламон нисбати наздик будани анҷом шубҳа пайдо шавад (Ҳаб. 2:3). Ҳамчунин Худо ваъда додааст, ки дар асоси фидия гуноҳҳои моро мебахшад. Лекин, агар мо диққатамонро ба гуноҳҳои пештараамон равона созем, мо ба он ки Яҳува дар ҳақиқат гуноҳҳоямонро бахшидааст, шубҳа пайдо мекунем (Аъм. 3:19). Оқибат мо дар хизматамон хурсандиро гум мекунему ғайрифаъол мешавем.

9. Агар мо аз паи қонеъ кардани хоҳишҳои шахсӣ шавем, он гоҳ чӣ рӯй медиҳад?

9 Оё ман мисли пештара чизи беҳтаринамро ба Яҳува медиҳам? Вақте мо аз таҳти дил ба Яҳува хизмат мекунем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба оянда бо умед нигарем. Лекин агар мо аз паи қонеъ кардани хоҳишҳои шахсӣ шавем, он гоҳ чӣ рӯй медиҳад? Масалан, мо метавонем ба ягон коре розӣ шавем, ки маошаш хуб аст, лекин ба мо имкон намедиҳад, ки бисёртар хизмат кунем. Ин метавонад имони моро суст гардонад ва моро рӯҳан танбал созад (Ибр. 6:10–12).

10. Вақте мо дигаронро мебахшем, чӣ тавр имонамонро ба Яҳува нишон медиҳем?

10 Оё бароям бахшидани дигарон душвор аст? Вақте дигарон моро меранҷонанд, васваса пайдо мешавад, ки ба онҳо суханони пасту баланд гӯем ё бо онҳо қаҳрӣ шавем. Дар ин ҳолат мо фақат дар бораи ҳиссиёти худ фикр мекунем. Агар мо шахсро бахшем, мо нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат ба Яҳува имон дорем. Чӣ тавр? Вақте касе бар зидди мо гуноҳ мекунад, ӯ гӯё дар назди мо қарздор мешавад, чуноне ки мо низ дар назди Парвардигор қарздор мебошем (Луқ. 11:4). Вақте мо дигаронро мебахшем, мо боварӣ дорем, ки Худо аз мо розист. Дар ин сурат ба мо муҳим нест, ки шахс қарзашро баргардонад, яъне барои гуноҳаш ҷавоб гӯяд, чунки розигии Худо бароямон аз ин ҳам муҳимтар хоҳад буд. Шогирдони Исо дарк намуданд, ки барои бахшидани дигарон шахс бояд имон дошта бошад. Вақте шогирдони Исо фаҳмиданд, ки онҳо бояд ҳатто шахсонеро бахшанд, ки бар зиддашон гуноҳ кардаанд, онҳо аз Исо хоҳиш карданд: «Имони моро зиёд кун» (Луқ. 17:1–5).

11. Вақте ба мо аз Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳанд, чӣ кор кардан нодуруст мебуд?

11 Вақте ба ман аз Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳанд, оё ман ба қаҳр меоям? Ба ҷои он ки аз маслиҳат баҳра барем, мо диққатамонро ба камбудии маслиҳат ё маслиҳатчӣ равона карда метавонем (Мас. 19:20). Агар мо маслиҳатро қабул кунем, тарзи фикррониамонро беҳтар месозем ва ба Худо писанд меоем. Биёед ҳеҷ гоҳ чунин имкониятро аз даст надиҳем!

12. Агар шахс пайваста дар ҳаққи бародарони масъул норозигӣ баён кунад, ин нишонаи чист?

12 Оё ман бар зидди бародарони масъул шикваю шикоят мекунам? Вақте исроилиён диққаташонро ба хабари бади даҳ ҷосус равона карданд, онҳо бар зидди Ҳоруну Мусо норозигӣ баён кардан гирифтанд. Он гоҳ Яҳува аз Мусо пурсид: «То ба кай ин қавм... ба Ман имон намеоваранд?» (Ад. 14:2–4, 11). Исроилиён бар зидди Мусо ва Ҳорун шикваю шикоят карда нишон доданд, ки ба Худо имон надоранд, чунки Мусову Ҳорунро худи Худо таъин карда буд. Агар мо ҳам, доимо дар ҳаққи бародарони масъул шикоят кунем, ин нишонаи сустимонист, чунки онҳоро низ Яҳува таъин кардааст.

13. Агар мо пай барем, ки имонамон суст шудааст, чаро набояд зиқ шавем?

13 Агар шумо худро тафтиш кунеду дарк намоед, ки имонатон суст шудааст, зиқ нашавед. Дар хотир доред, ки ҳатто Петруси ҳавворӣ ба тарсу шубҳа дода шуда буд. Баъзан Исо ҳама шогирдонашро сарзаниш карда мегуфт, ки ба онҳо имон намерасад (Мат. 16:8). Ба ҳар ҳол мо аз мисоли Петрус дарси ибрат гирифта метавонем. Биёед бинем, ки ӯ баъд аз он ки шубҳа карду ғарқ шудан гирифт, чӣ кор кард.

НАЗАРИ ХУДРО БА ИСО РАВОНА КУН

14, 15. а) Петрус ҳангоми ғарқ шуданаш чӣ кор кард? б) Чӣ тавр мо ба Исо назар дӯхта метавонем?

14 Вақте Петрус ғарқ шудан гирифт, ӯ чӣ кор кард? Петрус шиновари хуб буд, барои ҳамин ӯ метавонист ба маҳорати худ такя карда сӯи киштӣ шино кардан гирад (Юҳ. 21:7). Аммо ӯ назари худро аз нав ба Исо равона кард ва аз ӯ ёрӣ ҷуст. Агар мо низ ҳис кунем, ки имонамон суст шуда истодааст, бояд мисли Петрус рафтор кунем. Чӣ тавр?

15 Чи хеле ки Петрус диққаташро аз нав ба Исо равона кард, мо низ метавонем, «ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем». (Ибриён 12:2, 3-ро бихонед.) Албатта, мо Исоро мисли Петрус ба маънои аслӣ дида наметавонем. Лекин мо метавонем ба таълиму рафтори ӯ «назар дӯзем» ва мисли ӯ рафтор кунем. Дида баромадани якчанд маслиҳат ба мо кӯмак мерасонанд, то ба намунаи Исо пайравӣ намоем. Агар мо онҳоро ба кор барем, имонамон, бешак, мустаҳкам мешавад.

Агар диққати худро ба Исо равона кунем ва аз паи ӯ равем, мо имони худро мустаҳкам мекунем (Ба сархати 15 нигаред.)

16. Чӣ тавр Китоби Муқаддас имони моро қавӣ гардонда метавонад?

16 Боварии худро ба Китоби Муқаддас қавӣ гардонед. Исо боварӣ дошт, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост ва он барои зиндагии инсон дастуроти беҳтаринро медиҳад (Юҳ. 17:17). Чун пайравони Исо мо бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем, омӯзем ва дар бораи чизҳои фаҳмидаамон мулоҳиза ронем. Ба ғайр аз хониши Китоби Муқаддас, мавзӯъҳоеро ки шумо оиди онҳо савол доред, таҳқиқ кунед. Масалан, шумо метавонед бо дида баромадани исботи он ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас оиди охирзамон иҷро шудаанд, боварии худро нисбати наздик будани анҷом қавӣ гардонед. Барои он ки имони худро ба ваъдаҳои Худо оиди оянда мустаҳкам созед, пешгӯиҳоеро дида бароед, ки аллакай иҷро шудаанд. Оё Китоби Муқаддас имрӯз ҳам корбурд аст? Бо тарҷумаи ҳоли бародару хоҳароне ки Китоби Муқаддас ҳаёташонро дигаргун кардааст, шинос шавед ва боварии худро ба ин китоб зиёд кунед * (1 Тас. 2:13).

17. Чаро Исо ба озмоишҳои сахт тоб оварда тавонист ва мо чӣ тавр ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

17 Диққататонро ба ваъдаҳои олиҷаноби Яҳува равона кунед. Исо диққаташро ба «шодие ки Ӯро дар пеш буд», равона кард ва ба туфайли ин ба озмоишҳои душвортарин тоб оварду ба Худо содиқ монд (Ибр. 12:2). Чизҳои ин ҷаҳон ҳеҷ гоҳ диққати ӯро парешон намесохтанд (Мат. 4:8–10). Чӣ тавр мо ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем? Агар дар бораи ваъдаҳои олиҷаноби Яҳува андеша кунем. Худро дар дунёи нав тасаввур кунед. Дар бораи он ки дар Биҳишт чӣ кор мекунед, нависед ё расм кашед. Аз қатори онҳое ки эҳё мешаванд, шумо киро дидан мехостед? Шумо метавонед рӯйхати онҳоро тартиб диҳед ва фикр кунед, ки бо онҳо дар бораи чӣ гап заданиед. Ваъдаҳои Худоро ба худатон нисбат диҳед.

18. Чӣ тавр дуо ба мо кӯмак карда метавонад, ки имонамон қавӣ гардад?

18 Аз Яҳува имони бештар пурсед. Исо шогирдонашро таълим дода буд, ки аз Худо дар дуо рӯҳи муқаддас пурсанд (Луқ. 11:9, 13). Вақте рӯҳи муқаддас мепурсед, дар бораи имон низ фаромӯш накунед, чунки он яке аз самари рӯҳулқудс аст. Вақти дуо гуфтанатон хоҳишатонро аниқ баён кунед. Масалан, шумо метавонед аз Худо кӯмак пурсед, ки ба шумо барои дигаронро бахшидан ёрӣ расонад, то ки ин ба суст шудани имонатон оварда нарасонад.

19. Мо бояд чӣ гуна дӯстонро барои худ интихоб кунем?

19 Бо касоне дӯстӣ кунед, ки имони қавӣ доранд. Исо дар интихоби дӯстон эҳтиёткор буд. Дӯстони наздики ӯ ҳаввориёнаш буданд, ки онҳо одамони имондор, содиқ ва ба ӯ итоаткор буданд. (Юҳанно 15:14, 15-ро бихонед.) Барои ҳамин дӯстонеро ҷӯед, ки имонашонро ба Худо исбот кардаанд ва ба гуфтаҳои Исо итоат мекунанд. Дӯстони ҳақиқӣ нисбати якдигар ростқавланд, ҳатто ҳангоми додани маслиҳат ё қабул кардани он (Мас. 27:9).

20. Вақте мо ба дигарон кӯмак мерасонем, ки имони худро қавӣ созанд, аз ин чӣ фоида мегирем?

20 Ба дигарон кӯмак расонед, ки имонашонро қавӣ созанд. Дар ин кор ба мо Исо намуна гузошт, ки ҳам бо рафтор ва ҳам гуфтори худ имони шогирдонашро мустаҳкам менамуд (Марқ. 11:20–24). Мисли Исо рафтор карда мо на танҳо имони дигарон, балки имони худро низ қавӣ мегардонем (Мас. 11:25). Чӣ тавр ҳангоми мавъиза ё таълимдиҳӣ имони шахсро қавӣ гардонем? Агар ба одамон хотиррасон кунем, ки Худо Худои зинда аст, ғами моро мехӯрад ва Китоби Муқаддас Каломи Ӯст. На танҳо ба омӯзандагону шавқмандон, балки ба бародару хоҳарон низ ёрдам кунед, то дар имон устувор бошанд. Агар бинед, ки касе дар ҳаққи бародарони масъул шикоят мекунад, кӯшиш накунед, ки худро дарҳол аз вай дур гиред. Ба ҷои ин бо меҳрубонӣ ба он шахс кӯмак кунед, ки имонашро мустаҳкам созад (Яҳд. 22, 23). Агар шумо мактабхон бошеду мавзӯи эволютсияро гузашта истода бошед, бо далерӣ дар бораи офариниш гап занед. Боварӣ дошта бошед, ки суханони шумо метавонанд натиҷаи хуб оранд ва ба муаллим ва ҳамсинфонатон таъсири нағз расонанд.

21. Яҳува ба ҳар яки мо чӣ ваъда медиҳад?

21 Бо кӯмаки Худо ва Исои Масеҳ Петрус ба ҳар гуна тарсу нобовариаш ғолиб омад. Баъдтар, ӯ намунаи имон ва яке аз сутунҳои ҷамъомади масеҳии асри як гардид. Имрӯз низ Яҳува ба ҳар яки мо кӯмак мекунад, ки дар имон устувор бимонем. (1 Петрус 5:9, 10-ро бихонед.) Мустаҳкам кардани имон кори осон нест, лекин, агар мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, Яҳува моро бе мукофот намегузорад.

^ сарх. 16 Шумо метавонед аз маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» бо силсилаи мақолаҳои «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» шинос шавед.