Мо Яҳуваро дӯст медорем!
«Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт» (1 ЮҲ. 4:19).
1, 2. Чӣ тавр Яҳува моро таълим дод, ки Ӯро дӯст дорем?
БЕҲТАРИН роҳи таълим додани фарзандон ин намунаи худи волидон аст. Юҳаннои ҳавворӣ дар бораи Яҳува навишта буд: «Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт» (1 Юҳ. 4:19). Дар ҳақиқат, ҳеҷ кас моро мисли Падари осмониамон — Яҳува дӯст дошта наметавонад!
2 Чӣ тавр Худо нишон дод, ки моро дӯст медорад? Павлуси ҳавворӣ чунин мегӯяд: «Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:8). Яҳува Писарашро барои мо қурбон кард, то мо аз гуноҳу марг наҷот ёбем. Ин атои бебаҳо ба мо имконият медиҳад, ки ба Яҳува наздиктар шавем ва бо ҳамин тарз муҳаббати худро ба Ӯ нишон диҳем. Бо додани ин атои бебаҳо Яҳува ба мо намунаи олиҷанобе гузошт. Ӯ моро таълим медиҳад, ки муҳаббати беғаразона ва фидокорона дошта бошем (1 Юҳ. 4:10).
3, 4. Чӣ тавр мо бояд нишон диҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем?
3 Муҳаббат хусусияти асосии Яҳува аст. Барои ҳамин вақте аз Исо аҳкоми бузургтаринро пурсиданд, ӯ чунин гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор» (Марқ. 12:30). Аз суханони Исо бармеояд, ки Яҳува мехоҳад, то мо Ӯро «бо тамоми дил» дӯст дорем. Яҳува тоқати онро надорад, ки мо касе ё чизеро аз Ӯ бештар дӯст дорем. Худо мехоҳад, ки мо Ӯро на фақат бо тамоми дил, балки бо тамоми ҷон, ҳуш ва ақли худ дӯст бидорем. Ин маънои онро дорад, ки муҳаббати самимӣ ба Худо танҳо ҳиссиёт нест. Муҳаббати мо ба Худо бояд ҳам дар фикрронӣ ва ҳам дар рафторамон аён бошад. (Мико 6:8-ро бихонед.)
4 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Падари осмониамонро дар ҳақиқат дӯст медорем? Агар Яҳуваро бо тамоми ҳастиамон дӯст дорем ва хоҳиши Ӯро дар ҷои якум монем. Дар мақолаи гузашта мо чор тарзеро дида баромадем, ки чӣ тавр Яҳува муҳаббаташро ба мо нишон медиҳад. Биёед акнун бубинем, ки чӣ тавр мо метавонем муҳаббатамонро ба Яҳува нишон диҳем ва муҳаббати худро ба Ӯ зиёд гардонем.
БА ЯҲУВА СИПОСГУЗОР БОШЕД
5. Чӣ тавр мо миннатдории худро нисбати атоҳои Яҳува нишон дода метавонем?
5 Агар касе ба шумо тӯҳфа кунад, шумо чӣ кор мекардед? Шояд шумо бо ягон роҳ миннатдориатонро нишон медиҳед. Ё бо хуб истифода бурдани тӯҳфа нишон медиҳед, ки онро қадр мекунед. Шогирди Исо — Яъқуб чунин навишта буд: «Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағйироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест» (Яъқ. 1:17). Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки барои зиндагии хушбахтона доштанамон моро бо ҳама чиз таъмин кардааст. Оё донистани ин моро барнамеангезад, ки ба муҳаббати Ӯ ҷавоб гардонем?
6. Барои он ки Яҳува баракат додани исроилиёнро давом диҳад, онҳо бояд чӣ кор мекарданд?
6 Исроилиён муҳаббати Яҳуваро дар худ ҳис мекарданд. Ӯ онҳоро тӯли садсолаҳо ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ саховатмандона баракат медод (Такр. Ш. 4:7, 8). Онҳо ба қонунҳои Яҳува итоат карда муҳаббати худро ба Ӯ нишон дода метавонистанд. Масалан, онҳо «навбари аввалини» заминашонро ба Яҳува меоварданд (Хур. 23:19). Исроилиён медонистанд, ки то даме ки онҳо ба Яҳува итоат карда, чизи беҳтаринашонро ба Ӯ медиҳанд, Худо баракат додани онҳоро бас намекунад. (Такрори Шариат 8:7–11-ро бихонед.)
7. Чӣ тавр мо «аз дороии худ» истифода бурда нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем?
7 Мо низ муҳаббатамонро ба Яҳува бо додани «дороии худ» нишон дода метавонем (Мас. 3:9). Ҳамин тавр мо мехоҳем, ки Яҳуваро ҷалол диҳем. Масалан, мо барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кардани кори Салтанат дар маҳали худ ва дар саросари ҷаҳон ҳиссаи худро гузошта метавонем. Новобаста аз он ки чизи бисёр ва ё кам дорем, ҳамаи мо метавонем, ки бо дороии худ муҳаббати худро ба Яҳува зоҳир кунем (2 Қӯр. 8:12). Аммо мо муҳаббати худро ба Яҳува бо роҳҳои дигар низ нишон дода метавонем.
8, 9. Роҳи дигаре ки мо муҳаббатамонро ба Яҳува нишон дода метавонем, кадом аст? Мисол оред.
8 Исо ба пайравонаш хотиррасон кард, ки дар бораи чӣ хӯрдан ва чӣ нӯшидан аз ҳад зиёд ғам нахӯранд, балки аввал Малакути Худоро ҷӯё бошанд. Ӯ гуфт, ки Падар медонад, ки мо ба чӣ эҳтиёҷ дорем (Мат. 6:31–33). Ба кадом андозае ки мо ба ин ваъда боварӣ мекунем, ба ҳамон андоза муҳаббатамонро ба Яҳува нишон медиҳем, зеро муҳаббат бо боварӣ алоқаи зич дорад. Дар ҳақиқат, агар мо шахсеро дӯст дорем, мо ба ӯ бовар мекунем (Заб. 142:8). Аз ин рӯ мо ба худ чунин саволҳо дода метавонем: «Оё мақсад ва тарзи ҳаётам нишон медиҳад, ки ман дар ҳақиқат Яҳуваро дӯст медорам? Оё ман дилпурам, ки Яҳува дар ҳаёти ҳаррӯза эҳтиёҷотамро қонеъ гардонда метавонад?»
9 Маҳз чунин дилпуриро бародарамон Мик ва оилаи ӯ нишон медиҳанд. Мик дар ҷавониаш орзуи дар дигар мамлакат хизмат карданро дошт. Ҳатто баъди соҳиби ду фарзанд гаштанаш, ин хоҳиши ӯ гум нашуд. Мик бо оилааш дар бораи хоҳару бародароне хонданд, ки ба ҷойҳое, ки ниёз ба воизони Салтанат дар он ҷо бештар буд, кӯчиданд. Баъд аз ин онҳо қарор карданд, ки ҳаёташонро оддӣ гардонанд. Онҳо хонаи худро фурӯхта ба хонаи нисбатан хурд кӯчиданд. Сипас Мик шумораи мизоҷонашро камтар кард ва кору борашро ба воситаи Интернет идора мекард. Дар натиҷа онҳо имкон пайдо карданд, ки ба мамлакати дигар кӯчанд. Онҳо аз хизмати худ дар он ҷо хеле хурсанд буданд. Мик мегӯяд: «Мо дар таҷрибаи худ ҳақ будани суханони Исоро, ки дар Матто 6:33 навишта шудаанд, дидем».
ҲАҚИҚАТИ ХУДОРО ДАР ДИЛИ ХУД ҶОЙ ДИҲЕД
10. Чӣ тавр мо ба намунаи Довуд пайравӣ карда метавонем?
10 Се ҳазор сол пеш шоҳ Довуд осмони пурситораро мушоҳида карда чунин гуфт: «Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад». Аз хиради Каломи Худо ба ваҷд омада ӯ гуфт: «Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад; шаҳодати Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад». Дар бораи корҳои Худованд мулоҳиза ронда, дар Довуд хоҳиш пайдо мешуд, ки муҳаббаташро ба Яҳува изҳор кунад. Довуд навишт: «Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!» Бешак, Довуд бо Яҳува муносибати хеле наздик инкишоф медод (Заб. 18:2, 8, 15).
11. Чӣ тавр мо дониши аз Яҳува гирифтаамонро ба кор бурда муҳаббати худро ба Ӯ нишон дода метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
11 Мо хеле хушбахтем, ки имрӯз Яҳува ба мо дар бораи худаш, нияташ, офаридаҳояш ва Каломаш чизҳои бисёреро ошкор месозад. Ин ҷаҳон одамонро водор мекунад, ки аз паи маълумоти олӣ шаванд. Аммо аз таҷрибаи талхи бисёриҳо маълум гардид, ки, агар шахс аз паи чунин чизҳо шавад, имону муҳаббати худро ба Худо гум мекунад. Китоби Муқаддас бошад, моро даъват мекунад, ки на танҳо дониш, балки хираду фаҳмиш ба даст оварем. Яъне мо бояд дарк кунем, ки чӣ тавр донишеро ки аз Худо гирифтаем, ба кор барем, то ба худамон ва ба дигарон фоида расонем (Мас. 4:5–7). Худо «мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:4). Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем? Агар хушхабарро ба ҳама расонем ва дар бораи он нақл кунем, ки Салтанати Худо ба қарибӣ барои инсоният чӣ кор мекунад. (Забур 65:16, 17-ро бихонед.)
12. Хоҳари ҷавоне дар бораи як тӯҳфаи Яҳува чӣ гуфт?
12 Ҷавонон низ метавонанд миннатдориашонро барои он чизҳое ки Яҳува барояшон медиҳад, нишон диҳанд. Шанон ном хоҳаре нақл мекунад, ки вақте ӯ 11-сола ва хоҳараш 10-сола буд, онҳо ҳамроҳи волидонашон ба анҷумани «Садоқатмандӣ ба Худо» рафтанд. Дар давоми барнома ҷавонон даъват шуданд, ки дар ҷои махсус нишинанд. Дар аввал ӯ каме ба ҳаяҷон омад. Лекин вақте ба ҳар як ҷавон китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» дода шуд, дили ӯ аз хурсандӣ лабрез гашт. Баъди гирифтани ин тӯҳфаи олиҷаноб дар ӯ чӣ гуна ҳиссиёт бедор шуд? Ӯ мегӯяд: «Маҳз ҳамон вақт ман дарк кардам, ки Яҳува шахси воқеӣ аст ва маро хеле ва хеле дӯст медорад. То чӣ андоза миннатдорем мо, ки Худои бузургамон — Яҳува ба мо ин қадар тӯҳфаҳои олӣ медиҳад!»
ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ЯҲУВАРО ҚАБУЛ КУНЕД
13, 14. Вақте Яҳува моро таълиму тарбия медиҳад, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?
13 Китоби Муқаддас ба мо ёдрас мекунад: «Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад ва ба вай монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд» (Мас. 3:12). Вақте мо мазаммату ислоҳро қабул мекунем ва мегузорем, ки Яҳува моро тарбия кунад, мо кардани кори дурустро ёд мегирем ва оромӣ ҳис мекунем. Павлуси ҳавворӣ барҳақ гуфта буд, ки чораи ислоҳкунандаи Яҳува «дар замони ҳозира ба назари кас на шодӣ, балки андӯҳ менамояд». Бо ин суханон Павлус аҳамият ё манфиати ислоҳкуниро кам накард, зеро ӯ илова намуд: «Лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад» (Ибр. 12:11). Агар мо Яҳуваро дӯст дорем, маслиҳаташро рад намекунем ё аз Ӯ хафа намешавем. Барои баъзеҳо ин хеле душвор буда метавонад. Лекин дар ин кор ба мо муҳаббат ба Худо кӯмак мекунад.
14 Дар рӯзҳои Малокӣ бисёри яҳудиён ба маслиҳати Яҳува гӯш намедоданд. Барои онҳо фарқ надошт, ки қурбониҳояшон ба Худо писанд аст ё не. Барои ҳамин Яҳува дар ин бора ба онҳо огоҳии ҷиддӣ дод. (Малокӣ 1:12, 13-ро бихонед.) Азбаски онҳо борҳои зиёд ба маслиҳати Яҳува гӯш надоданд, Ӯ чунин гуфт: «Ман бар шумо лаънат хоҳам фиристод ва баракоти шуморо лаънат хоҳам гуфт ва аллакай лаънат гуфтаам, чунки шумо ин [ҳукми Маро]-ро дар дили худ ҷо накардаед» (Мал. 2:1, 2). Равшан аст, ки агар мо аз маслиҳатҳои Яҳува сар тобем, ин ба оқибатҳои бад оварда мерасонад.
15. Мо аз чӣ гуна фикрронӣ ҳазар мекунем?
Рум. 12:2). Тавассути ташкилоташ Яҳува дар ҷонибҳои гуногуни ҳаёт, мисли муносибат бо ҷинси муқобил, муошират ва вақтхушиву дамгирӣ ба мо маслиҳати саривақтӣ медиҳад. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро бо ҷону дил дӯст медорем ва барои маслиҳату насиҳатҳояш миннатдорем? Вақте бо омодагӣ онҳоро қабул мекунем ва дар ҳаёт ба кор мебарем (Юҳ. 14:31; Рум. 6:17).
15 Ҷаҳони Шайтон одамонро бармеангезад, ки мағруру худпараст бошанд. Ба бисёриҳо маъқул нест, ки дигарон онҳоро ислоҳ кунанд ё ба онҳо роҳ нишон диҳанд. Ҳатто онҳое ки гӯё маслиҳатро қабул менамоянд, бисёр вақт ин корро бо дили нохоҳам мекунанд. Лекин масеҳиён «худро ба ин дунё ҳамшакл» намесозанд. Мо дарк мекунем, ки «иродаи... комили Худо чист» (АЗ ЯҲУВА КӮМАКУ МУҲОФИЗАТ ҶӮЕД
16, 17. а) Чаро пеш аз он ки ягон қарор қабул кунем, мо бояд аз Яҳува роҳнамоӣ ҷӯем? б) Исроилиён ба ҷои ба Яҳува такя намудан чӣ кор карданд?
16 Вақте кӯдакон хатарро ҳис мекунанд, онҳо одатан барои ёрӣ ба назди волидонашон мешитобанд. Ҳатто калонсолон аз падару модарашон кӯмак мепурсанд. Онҳо дарк мекунанд, ки волидонашон дар ҳаёт таҷрибаи бой доранд ва ба онҳо маслиҳати хуб дода метавонанд. Падари осмониамон — Яҳува ба мо қобилият додааст, ки худамон қарор қабул кунем. Лекин азбаски мо ба Ӯ такя мекунему дӯсташ медорем, пеш аз қабули қарор аз Ӯ кӯмак мепурсем ва ҳидояту роҳнамоии Ӯро меҷӯем. Вақте мо пурра ба Яҳува такя мекунем, Ӯ ба мо рӯҳи муқаддас медиҳад, то қарорҳои дуруст қабул кунем (Флп. 2:13).
17 Дар рӯзҳои Самуил дар яке аз муҳорибаҳо фалиштиён исроилиёнро мағлуб карданд. Ба ҷои он ки аз Яҳува пурсанд, ки чӣ бояд кунанд, исроилиён гуфтанд: «Сандуқи аҳди Худовандро назди худ биёрем ва он андаруни мо дохил шуда, моро аз дасти душманонамон наҷот хоҳад дод». Дар натиҷа чӣ шуд? «Шикасти онҳо бағоят азим буд ва аз исроилиён сӣ ҳазор сарбози пиёда кушта шуданд. Ва сандуқи Худо забт карда шуд» (1 Подш. 4:2–4, 10, 11). Исроилиён гумон мекарданд, ки он ки сандуқи аҳд бо онҳост, гарави он мебошад, ки Яҳува онҳоро муҳофизат мекунад. Лекин дар асл исроилиён аз Яҳува роҳнамоӣ напурсиданд ва чизеро ки ба назарашон дуруст буд, ҳамонро карданд. Оқибат онҳо сахт азоб кашиданд. (Масалҳо 14:12-ро бихонед.)
18. Китоби Муқаддас дар бораи такя кардан ба Худо чӣ таълим медиҳад?
18 Забурнавис, ки аз таҳти дил Яҳуваро дӯст медошту ба Ӯ такя мекард, навишта буд: «Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд, барои наҷоте ки аз Ӯ хоҳам ёфт. Эй Худои ман! Ҷонам андарунам маъюс шудааст, бинобар ин Туро... ёд мекунам» (Заб. 41:6, 7). Оё шумо бо суханони забурнавис розиед? Оё шумо низ нисбати Яҳува чунин муҳаббат ва дилпурӣ доред? Шумо метавонед ба Ӯ боз ҳам бештар такя карданро ёд гиред. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард» (Мас. 3:5, 6).
19. Бо кадом роҳҳо шумо муҳаббати худро ба Яҳува нишон медиҳед?
19 Яҳува якум шуда моро дӯст дошт ва ҳамин тавр ба мо таълим дод, ки чӣ тавр Ӯро дӯст дорем. Биёед доимо намунаи барҷастаи Ӯро дар хотир нигоҳ дорем. Ҳамчунин биёед нишон диҳем, ки мо Ӯро бо тамоми дил, ҷон, ҳуш ва қуввати худ дӯст медорем (Мар. 12:30).