Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Аз қарори давраи ҷавониаш пушаймон набуд

Аз қарори давраи ҷавониаш пушаймон набуд

НИКОЛАЙ ДУБОВИНСКИЙ бобои ман ё худ акаи бибиам, дар солҳои охири умри худ воқеаҳои ҳаёташро ҷамъ оварда буд. Ӯ қисми зиёди зиндагиашро дар Ҳокимияти Шӯравӣ ҳангоми манъ будани фаъолияти ташкилотамон гузаронда буд. Бобоям ҳам дар хушиҳо ва ҳам дар сахтиҳои зиндагӣ ба Яҳува содиқ буд. Ӯ як инсони зиндадилу ҳаётдӯст буд. Бобоям доимо мегуфт, ки мехоҳад ҷавонон саргузашти ӯро шунаванд. Барои ҳамин ман мехоҳам баъзе рӯйдодҳои саргузашти аҷоиби ӯро ба шумо нақл кунам. Ӯ соли 1926 дар деҳаи Подворевкаи вилояти Черновис (Украина) дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст.

ШИНОСОӢ БО ҲАҚИҚАТ

Бобоям Николай нақли худро сар мекунад: «Рӯзе соли 1941 бародарам Иван ба хонаамон якчанд рисола, ду китоб бо номи “Барбати Худо” ва “Нақшаи садсолаҳои Худо” ва ҳамчунин якчанд шумораи “Бурҷи дидбонӣ”-ро овард. Ман ҳамаи онҳоро хонда баромадам. Вақте ман фаҳмидам, ки сарчашмаи тамоми бадиҳо Худо неву Шайтон аст, сахт ба ҳайрат омадам. Ба ғайр аз ин китобу маҷаллаҳо ман чор Инҷилро хондам ва дарк кардам, ки ҳақиқатро ёфтаам. Ман бо шавқу завқ дар бораи чизҳои фаҳмидаам ба дигарон нақл мекардам. Адабиёти Шоҳидони Яҳуваро омӯхта дониши ман дар бораи ҳақиқат чуқуртар мешуд. Дар дилам хоҳиши хизматгори Яҳува шудан қувват мегирифт.

Ман дарк мекардам, ки аз барои имонам азоби зиёде мекашам. Он вақт ҷанг дар авҷ буд, аммо ман қатъиян намехостам, ки ба куштор даст занам. Ман худро барои озмоишҳои оянда тайёр мекардам ва оятҳои ба монанди Матто 10:28 ва 26:52-ро аз ёд мекардам. Ман азм кардам, ки ҳатто дами марг ба Яҳува содиқ мемонам.

Соли 1944 ман 18-сола шудам ва маро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Якумин бор дар ҳаётам ман бо ҳамимонони худ вохӯрдам. Ман ва дигар бародарони ҷавонро, ки синнашон барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан расида буд, дар як ҷо ҷамъ карданд. Мо якдилона ба ҳукуматдорон гуфтем, ки дар ҷанг иштирок намекунем. Аз ин кормандони ҳарбӣ ба ғазаб омада, моро тарсонданд, ки аз хӯрок маҳрум месозанд, ба чоҳканӣ маҷбур мекунанд ва ё ҳатто мепарронанд. Мо нотарсона ҷавоб додем: “Ҳаёти мо дар дасти шумост. Чӣ коре ки накунед, мо аз амри Худо сар намепечем, чунки Ӯ гуфтааст: “Қатл накун” (Хур. 20:13).

Ман ва ду бародари дигарро ба Беларус барои дар саҳро кор кардан ва таъмир намудани хонаҳои вайрона равон карданд. Он чизе ки ман дар атрофи шаҳри Минск дида будам, то ҳол аз ёдам намеравад. Дарахтҳо сӯхтаву сиёҳгашта, ҷасадҳои варами аспҳои мурда, ки дар чоҳҳо ва дар ҷангал вомехӯрданд, вагонҳову силоҳи партофта — ҳамаи ин оқибати даҳшатовари ҷанг буд. Боре ман ҳатто шоҳиди афтидани ҳавопаймо будам. Ман бо чашмони худ дидам, ки вайрон кардани қонунҳои Худо ба чӣ оварда мерасонад.

Ҷанг соли 1945 ба охир расид, аммо дар бораи мо ҳукм бароварда шуд, ки боз даҳ сол дар маҳбас бимонем. Се соли аввал мо вохӯрӣ намегузаронидем ва адабиёте бо худ надоштем. Он вақт мо имконият пайдо кардем, ки бо баъзе хоҳарон ба воситаи нома дар алоқа бошем, аммо ин дер давом накард: онҳо низ ҳабс шуданд ва ба 25 сол дар лагери меҳнатӣ маҳкум гардиданд.

Баъд мо пеш аз мӯҳлат озод шудем ва соли 1950 ба хона баргаштем. Вақте ман дар ҳабс будам, модарам ҳамроҳи хоҳари хурдиам Мария Шоҳиди Яҳува шуда буданд. Бародарони калонии ман ҳоло Шоҳиди Яҳува нашуда буданд, аммо Китоби Муқаддасро омӯзиш мекарданд. Азбаски ман боғайратона мавъиза мекардам, хадамоти амнияти Шӯравӣ маро аз нав дастгир кардан мехост. Бародарони масъул аз ман хоҳиш карданд, ки дар тайёр кардани адабиёт дар зери замин кор кунам. Он вақт ман 24-сола будам.

ТАЙЁР КАРДАНИ АДАБИЁТ

Ба Шоҳидони он ҷо як гап маъқул буд: “Агар кори мавъиза дар рӯи замин манъ шуда бошад, он дар зери замин давом меёбад” (Мас. 28:28). Он вақт аксари адабиёти мо ба таври махфӣ дар ҷойҳои зеризаминӣ чоп мешуд. Аввалин “ҷои корӣ”-и ман паноҳгоҳи зеризаминие буд, ки он моликияти бародарам Дмитрий буд. Баъзан чунин мешуд, ки ман ду ҳафта аз он ҷо набаромада кор мекардам. Агар лампаи керосинӣ аз норасогии оксиген хомӯш мешуд, ман дароз кашида, интизор мешудам, ки ҳавои тоза хонаро пур кунад.

Нақшаи паноҳгоҳи махфие, ки Николай дар он ҷо адабиётро нусхабардорӣ мекард

Як рӯз бародаре ки ҳамроҳи ман кор мекард, аз ман пурсид: “Николай, ту таъмид гирифтаӣ?” Ҳарчанд ман тӯли 11 сол ба Яҳува хизмат мекардам, ҳанӯз таъмид нагирифта будам. Баъд ӯ бо ман каме сӯҳбат кард ва дар синни 26-солагӣ ман дар кӯл таъмид гирифтам. Се сол пас ман боз як масъулияти дигарро ба ӯҳда гирифтам. Маро аъзои Кумитаи мамлакат таъин карданд. Дар он вақт бародаронеро ки ҳоло дар озодӣ буданд, ба ҷои онҳое ки зиндон шуда буданд, таъин мекарданд, то ки кори Салтанат пеш равад.

ДУШВОРИҲОИ КОР ДАР ЗЕРИ ЗАМИН

Кор дар зери замин бароям аз зиндон чандин маротиба душвортар буд. Тӯли ҳафт сол мо кӯшиш мекардем, ки аз назари КГБ пинҳон шавем. Ман имконият надоштам, ки ба ҷамъомадҳо равам. Акнун ман бояд ғами рӯҳонияти худамро худам мехӯрдам. Бо оилаам ман хеле кам вомехӯрдам, танҳо вақте ки ба аёдаташон мерафтам. Азбаски онҳо вазъияти маро мефаҳмиданд, ин ба ман қувват мебахшид. Мо бояд доимо ҳушёр мебудем. Ин тарзи зиндагӣ қуввати маро меҷабид, чунки мо бояд ба ҳама чиз тайёр мебудем. Масалан, боре ба хонае ки мо дар он ҷо меистодем, ду коргари милитсия омад. Ман аз тиреза паридам ва ба тарафи ҷангал гурехтам. Вақте ман давида ба майдони кушод баромадам, ким-чихел садоро шунидам. Баъд ман дарк кардам, ки ин садои тирҳо буд. Яке аз кормандони милитсия ба асп савор шуда, маро таъқиб кардан гирифт. Ӯ ба сӯи ман тамоми тирҳояшро холӣ кард ва яке аз онҳо ба дастам расид. Танҳо баъдтар, ҳангоми бори дигар дар зиндон буданам, ман фаҳмидам, ки ба тарафи ман 32 маротиба тир андохта будаанд! Ман аз таъқиби ӯ гурехта, панҷ километрро тай кардам ва дар ҷангал пинҳон шудам.

Азбаски ман муддати дурудароз дар зери замин будам, рангу рӯям сап-сафед буд. Аз ин фаҳмидан мумкин буд, ки ман бо чӣ кор машғулам, барои ҳамин ман кӯшиш мекардам, ки дар ҷойи офтобӣ вақти ҳар чи бештар гузаронам. Чунин тарзи ҳаёт ба саломатиам таъсири бад расонда буд. Боре ман натавонистам ба як вохӯрии муҳим ҳамроҳи бародарон равам, чунки аз даҳону биниам хун мерафт.

ДАСТГИРШАВӢ

Дар лагери меҳнатӣ дар Мордовия (соли 1963)

Бисту шашуми январи соли 1957 маро дастгир карданд. Шаш моҳ пас Суди Олии Украина ҳукми маро эълон намуд. Маро барои парондан ҳукм карда буданд, аммо азбаски ҳукми қатл дар шаҳр бекор карда шуд, ҳукми маро ба 25 соли ҳабс дар зиндон иваз карданд. Ҳашт нафари моро ба ҳисоби миёна ба 16 соли ҳабс дар лагерҳои меҳнатӣ ҳукм карданд. Моро ба лагери Мордовия фиристоданд, ки дар он ҷо 500 нафар Шоҳид буд. Мо пинҳонӣ бо гурӯҳҳои хурд ҷамъ шуда, “Бурҷи дидбонӣ”-ро муҳокима мекардем. Боре, яке аз посбонон адабиёти моро аз мо кашида гирифт. Вақте ӯ бо матни онҳо шинос шуд, хитоб намуд: “Агар шумо хондани онҳоро давом диҳед, ҳеҷ кас шуморо мағлуб карда наметавонад!” Мо доимо аз рӯи инсоф кор мекардем ва кӯшиш менамудем, ки аз кори ба мо супурда бештар кунем. Лекин ба ин нигоҳ накарда назоратчии лагер бо оҳанги норозигӣ мегуфт: “Коре ки шумо мекунед, барои мо муҳим нест. Барои мо муҳим аст, ки шумо ба мамлакати худ вафодор бошеду онро дастгирӣ кунед”».

«Мо доимо аз рӯи инсоф кор мекардем ва кӯшиш менамудем, ки аз кори ба мо супурда бештар кунем»

Ӯ ТО ОХИР ВАФОДОР МОНД

Толори Салтанат дар Великие Луки

Соли 1967 бобоямро аз лагери меҳнатӣ озод карданд. Баъд аз он ки ӯ ба озодӣ баромад, дар ташкил кардани ҷамъомадҳо дар Эстония ва шаҳри Санкт-Петербург кӯмак расонд. Қароре ки суд соли 1957 бар зидди бобоям бароварда буд, соли 1991 бекор карда шуд. Азбаски ҷиноят содир кардани бобоям исбот нашуд, ӯро сафед карданд. Дар он замон Шоҳидони зиёди дигар низ, ки зери зулми ҳукуматдорон азоб кашида буданд, сафед карда шуданд. Соли 1996 бобоям ба шаҳри Великие Луки воқеъ дар вилояти Псков, ки аз Санкт-Петербург 500 км дур аст, кӯчид. Ӯ дар он ҷо хонаи хурде харид ва соли 2003 дар замини ӯ Толори Салтанат сохта шуд. Имрӯз дар он ҷо ду ҷамъомад гузаронида мешавад.

Ҳозир ману шавҳарам дар филиали Шоҳидони Яҳува дар Русия хизмат мекунем. Марти соли 2011 якчанд моҳ пеш аз марги худ бобоям Николай охирин бор моро хабар гирифт. Суханоне ки ӯ бо чашмони дурахшон ҳангоми дидори охирин гуфта буд, дар ёдам нақш бастанд. Ӯ гуфт, ки ба назараш анҷом хеле наздик аст: «Замони мо ба замоне ки гирди деворҳои Ериҳӯ охирин бор давр зада буданд, сахт монанд аст» (Еҳ. 6:15). Ӯ дар синни 85-солагӣ вафот кард. Ҳарчанд зиндагии бобоям осон набуд, ӯ дар бораи умри худ чунин гуфт: «Ман хеле хушбахтам, ки аз ҷавониам хизмати Яҳуваро сар кардам! Аз ин қарорам ман як зарра ҳам пушаймон нестам!»