Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дасти Худоро дар ҳаёти худ мебинед?

Оё шумо дасти Худоро дар ҳаёти худ мебинед?

«Дасти Худованд бар бандагони Ӯ зоҳир хоҳад гардид» (ИШ. 66:14).

СУРУДҲО: 32, 26

1, 2. Баъзе одамон дар бораи Худо чӣ фикр доранд?

БИСЁРИ одамон фикр мекунанд, ки Худо ба мо коре надорад. Онҳо мегӯянд, ки ба Худо фарқе надорад, ки одамон чӣ тавр рафтор мекунанд ё дар чӣ ҳолатанд. Баъди тӯфони шадиде бо номи Ҳайан, ки ноябри соли 2013 дар Филиппин рӯй дод, ҳокими яке аз шаҳрҳои он ҷо чунин гуфт: «Аз афташ, Худо парвои моро надорад».

2 Дигарон бошанд, тавре рафтор мекунанд, ки гӯё Худо онҳоро намебинад (Иш. 26:10, 11; 3 Юҳ. 11). Павлус дар бораи чунин касон гуфтааст, ки онҳо «Худоро бо ақли худ шинохтан нахостанд». Онҳо «аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ... пур ҳастанд» (Рум. 1:28, 29).

3. а) Мо ба худ бояд кадом саволҳоро диҳем? б) Ҳар гоҳе дар Китоби Муқаддас гап дар бораи «даст»-и Худо меравад, чӣ дар назар дошта мешавад?

3 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Мо, албатта, дарк мекунем, ки Яҳува ҳама корҳои моро мебинад ва ҳеҷ касу ҳеҷ чиз аз назари Ӯ пинҳон нест. Лекин оё мо дасти Ӯ ва ғамхориашро дар ҳаёти худ ҳис мекунем? Оё мо дар байни он одамоне мешавем, ки ба гуфти Исо «Худоро хоҳанд дид»? (Мат. 5:8). Барои ба маънои ин сарфаҳм рафтан, биёед аз Китоби Муқаддас намунаи одамонеро дида бароем, ки дасти Худоро дар ҳаёташон ҳис мекарданд. Ҳамчунин мо бо намунаи шахсоне шинос мешавем, ки дасти Худоро дидан нахостанд. Сипас мо мефаҳмем, ки чӣ кор кунем, то дар ҳаёти худ дасти Худоро бубинем. Ҳар гоҳе Китоби Муқаддас дар бораи «даст»-и Худо сухан мегӯяд, қуввати бузургашро дар назар дорад, ки Ӯ бар манфиати ходимони худ ва барои мағлуб намудани душманонаш ба кор мебарад. (Такрори Шариат 26:8-ро бихонед.)

ОНҲО ДАСТИ ХУДОРО НАДИДАНД

4. Чаро душманони халқи Исроил дасти пурзӯри Яҳуваро надиданд?

4 Дар гузашта одамони бисёре имконият доштанд, ки корҳои бузурги Худоро, ки дар ҳаққи Исроил мекард, бо чашмони худ бубинанд ва бо гӯшҳои худ шунаванд. Яҳува бо мӯъҷизаҳои зиёде халқи худро аз Миср берун овард ва пеши Исроил подшоҳонро паиҳам мағлуб месохт (Еҳ. 9:3, 9, 10). Подшоҳоне ки дар тарафи ғарбии дарёи Ӯрдун зиндагӣ мекарданд, дар бораи корҳои Яҳува шунида буданд ё бо чашмонашон онҳоро дида буданд. Ба ин нигоҳ накарда онҳо «якҷоя ҷамъ шуданд, то ки бо Еҳушаъ ва қавми Исроил якдилона ҷанг кунанд» (Еҳ. 9:1, 2). Ҳатто баъд аз он ки он подшоҳон ҷанг карданро сар карданд, онҳо имконияти зиёде доштанд, ки дасти Яҳуваро бубинанд. Онҳо диданд, ки бо фармони Худо «офтоб истод ва моҳ таваққуф намуд, то даме ки халқ аз душманони худ интиқом гирифтанд» (Еҳ. 10:13). Яҳува гузошт, ки дилашон сахт шавад, «то ки онҳо Исроилро бо ҷанг пешвоз гирифта, худашон несту нобуд шаванд» (Еҳ. 11:20). Душманони халқи Худо намехостанд дасти бузурги Яҳуваро бубинанд ва аз ин сабаб ҷазои худро гирифтанд.

5. Подшоҳ Аҳъоб чиро тан нагирифт?

Подшоҳи бадкор — Аҳъоб низ имкониятҳои хеле зиёд дошт, ки дасти Яҳуваро бубинад. Илёс ба ӯ чунин гуфт: «Шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман» (3 Подш. 17:1). Аҳъоб медонист, ки ин ваъда аз ҷониби Яҳува аст, лекин ӯ нахост ҳақиқатро қабул кунад. Ӯ шоҳиди он буд, ки чӣ тавр оташи Худованд аз осмон омада қурбониро сӯзонд. Баъд аз ин Илёс гуфт, ки Яҳува ба хушксолӣ хотима мебахшад. Илёс ба Аҳъоб гуфт: «Аробаатро баста, фурӯд ой, то ки борон ба ту монеъ нашавад» (3 Подш. 18:22–45). Аҳъоб бо чашмони худ қудрати бузурги Худоро дида буд, лекин ӯ нахост инро тан гирад. Мо аз ҳамаи ин намунаҳо чӣ меомӯзем? Мо бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки дасти Худоро дар ҳаёти худ бубинем.

ОНҲО ДАСТИ ЯҲУВАРО МЕДИДАНД

6, 7. Ҷибъӯниён ва Роҳоб чиро дарк карданд?

6 Баръакси он подшоҳони бад ҷибъӯниён дасти Худоро диданд. Ҳарчанд аксарият дар он замон бо халқи Исроил меҷангид, ҷибъӯниён бо онҳо сулҳ бастанд. Барои чӣ? Онҳо гуфтанд: «Мо, бандагонат... ба сабаби исми Худованд Худои ту омадаем, зеро овозаи Ӯ ва ҳар он чиро, ки Ӯ дар Миср кардааст, шунидаем» (Еҳ. 9:3, 9, 10). Онҳо дарк карданд, ки Пуштибони исроилиён Худои ҳақиқист.

7 Роҳоб низ рӯйдодҳои замонаашро мушоҳида карда, дар онҳо дасти Худоро равшан медид. Ӯ аз он ки чӣ тавр Яҳува халқи худро аз Миср наҷот дод, хабардор буд. Барои ҳамин вақте ҷосусони исроилӣ назди ӯ омаданд, Роҳоб ба онҳо гуфт: «Ман медонам, ки Худованд ин заминро ба шумо додааст». Ӯ ҳаёташро зери хатар гузошта ба Яҳува имон зоҳир кард (Еҳ. 2:9–13; 4:23, 24).

8. Чӣ тавр баъзе исроилиён дасти Худоро диданд?

8 Ба мисли Аҳъоб баъзе исроилиён низ шоҳиди он буданд, ки чӣ тавр Яҳува ба дуои Илёс ҷавоб гуфт. Баръакси он подшоҳи бадкор, онҳо дасти Худоро дар ин воқеа диданд. Вақте аз ҷониби Худо оташ омада қурбониро фурӯ бурд, он исроилиён бо овози баланд эътироф карданд, ки Яҳува Худои ҳақиқист (3 Подш. 18:39). Онҳо тавонистанд қудрати Худоро бубинанд!

9. Чӣ тавр мо имрӯз Яҳува ва дасти пурқуввати Ӯро дида метавонем?

9 Мо аз намунаҳои хуб ва баде ки дида баромадем, фаҳмидем, ки дасти Яҳуваро дидан чӣ маъно дорад. Бо Ӯ шинос шуда мо дастгириашро баръало ҳис мекунем, чунки хислатҳо ва амалҳояшро бо «чашмони дил» мебинем (Эфс. 1:18). Мо мехоҳем мисли онҳое бошем, ки медиданд, ки чӣ тавр Яҳува халқашро дастгирӣ мекунад. Чӣ исбот мекунад, ки имрӯз низ Яҳува ходимонашро дастгирӣ мекунад?

ДАСТИ ЯҲУВА ИМРӮЗ ҲАМ КӮТОҲ НЕСТ

10. Аз куҷо мо медонем, ки Яҳува имрӯз низ одамонро дастгирӣ мекунад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Мо боварии пурра дорем, ки Яҳува имрӯз ҳам одамонро дастгирӣ мекунад. Мо борҳои зиёд шунидаем, ки чӣ тавр одамон дар дуо кӯмаки рӯҳонӣ пурсида, онро гирифтаанд (Заб. 52:3). Боре, бародарамон Алан дар яке аз ҷазираҳои хурди Филиппин дар мавъизаи хона ба хона занеро вохӯрд. Ҳамин ки бародар бо ӯ ҳамсӯҳбат шуд, он зан гиря карданро сар кард. Сабабаш чӣ буд? Алан мегӯяд: «Он зан вақти наврасиаш бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш мекард, лекин, вақте шавҳар кард ва ба ҳамин ҷазира кӯчид, бо онҳо алоқаро гум кард. Худи ҳамин саҳар ӯ ба Яҳува дуо гуфта будааст, ки Шоҳидонашро ба наздаш фиристад. Худо ба дуои вай зуд ҷавоб дод ва ин ба вай чунон таъсир расонд, ки ашкҳояш равон шуданд». Як сол нагузашта ӯ ҳаёташро ба Яҳува бахшид.

Оё шумо мебинед, ки Яҳува имрӯз ба халқаш кӯмак карда истодааст? (Ба сархатҳои 11–13 нигаред.)

11, 12. а) Яҳува бо кадом роҳҳо ба ходимонаш дасти ёрӣ дароз мекунад? б) Воқеаеро нақл кунед, ки дар он шахс дасти Яҳуваро дар ҳаёташ ҳис карда бошад.

11 Бисёр ходимони Худо баъди бо Яҳува шинос шудан, дасти Худоро дар он диданд, ки Ӯ ба онҳо кӯмак расонд, то одатҳои нопокро партоянд. Онҳо мегӯянд, ки бо қуввати худ натавонистанд одатҳои бадашонро мисли сигоркашӣ, нашъамандӣ ва тамошои порнография партоянд. Аммо вақте онҳо аз Яҳува кӯмак ҷустанд, Ӯ ба онҳо қувваи бештаре ато намуд. Дасти пурзӯри Худо ба онҳо кӯмак расонд, ки аз ин одатҳо даст кашанд (Заб. 36:23, 24; 2 Қӯр. 4:7).

12 Яҳува ба ходимони зиёдаш кӯмак расонидааст, ки ба душвориҳои гуногун тоб оранд. Ин аз мисоли Эми аён мегардад. Ӯ дар сохтмони Толори Салтанат ва хонаи миссионерон дар яке аз ҷазираҳои хурди Уқёнуси Ором ёрдам мекард. Эми мегӯяд: «Мо дар меҳмонхонаи хурде мезистем ва барои ба ҷои кор расидан, бояд аз кӯчаҳои пуроб мегузаштем». Барояш ба маданияти нав одат кардан ва дар ҷое ки на об буду на қувваи барқ зиндагӣ кардан душвор буд. Эми илова мекунад: «Ба болои ҳамаи ин ман бо яке аз хоҳароне ки ҳамроҳамон кор мекард, сахт гап задам. Он рӯз ман бо сари хам ва дили ғамгин ба хона баргаштам. Ба хонаи нимторики худ даромада, диламро ба Яҳува холӣ кардам». Вақте қувваи барқро доданд, Эми як шумораи «Бурҷи дидбонӣ»-ро гирифта хонд. Як мақолаи он дар бораи хатм кардани мактаби Ҷилъод буд. Дар ин мақола дар бораи душвориҳое нақл карда мешуд, ки ӯ айни замон бо онҳо рӯ ба рӯ мешуд, ба монанди маданияти дигар, ёд кардани хона, муросо кардан бо одамони нав. Эми мегӯяд: «Он шаб гӯё Яҳува бо ман гап зад. Чизи хондаам ба ман кӯмак кард, ки дар таъинотам бимонам» (Заб. 43:26, 27; Иш. 41:10, 13).

13. Чӣ исбот мекунад, ки Яҳува ба халқаш кӯмак мерасонад, ки ҳуқуқи мавъизакуниро ҳимоя кунанд?

13 Яҳува ба халқи худ ҳамчунин «дар муҳофизат ва барқарор кардани башорат» кӯмак мекунад (Флп. 1:7). Масалан, баъзе ҳокимиятҳо кӯшиш карданд, ки кори мавъизаро боздоранд, лекин мо ҳуқуқҳои худро дар мурофиаҳои судӣ ҳимоя кардем. Аз соли 2000-ум сар карда, на кам аз 268 қарори судҳои олӣ бар манфиати мо буд, ки 24-тои онро Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар баровардааст. Ин исботи он аст, ки ҳеҷ кас ба дасти пурқудрати Худо монеъ шуда наметавонад. (Иш. 54:17; Ишаъё 59:1-ро бихонед.)

14. Боз чӣ исбот мекунад, ки Худо бо халқаш аст?

14 Кори мавъиза дар саросари ҷаҳон танҳо ба туфайли дастгирии Худо пеш рафта истодааст (Мат. 24:14; Аъм. 1:8). Ҳамчунин бо кӯмаки Худо дар байни ходимони Ӯ ягонагии бемислу монанд дида мешавад. Ҳатто одамоне ки Яҳуваро намешиносанд, мегӯянд: «Ҳақиқатан Худо бо шумост» (1 Қӯр. 14:25). Мо далелҳои зиёде дорем, ки Худо бо мост. (Ишаъё 66:14-ро бихонед.) Дар бораи худи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё шумо дасти Яҳуваро дар ҳаёти худ ҳис мекунед?

ОЁ ШУМО ДАСТИ ЯҲУВАРО ДАР ҲАЁТИ ХУД МЕБИНЕД?

15. Чӣ ба мо халал расонда метавонад, ки дасти Яҳуваро дар ҳаёти худ бинем?

15 Баъзан душвориҳои зиндагӣ моро рӯҳафтода мегардонанд ва пеши чашмамонро мегирад. Ин ба мо халал мерасонад, ки дасти Яҳуваро дар ҳаётамон бинем. Дар чунин мавридҳо мо фаромӯш мекунем, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта моро дастгирӣ мекард. Вақте маликаи бадкор Изобал пайғамбар Илёсро куштанӣ буд, пайғамбар аз тарсу ғам ба муддате аз ёдаш баровард, ки чӣ тавр Яҳува пештар ба ӯ кӯмак мерасонд. Ӯ ҳатто «ба ҷони худ маргро хост» (3 Подш. 19:1–4). Илёс бояд чӣ кор мекард? Ӯ бояд барои қуввату рӯҳбаландӣ гирифтан ба Яҳува рӯ меовард (3 Подш. 19:14–18).

16. Чӣ тавр мо метавонем ҳангоми душвориҳо дасти Худоро бинем?

16 Айюб ба ғаму андӯҳи худ чунон фурӯ рафта буд, ки нахост ба вазъият бо чашми Яҳува нигарад (Айюб 42:3–6). Ба мо низ, чун ба Айюб, баъзан лозим меояд, ки барои бо чашми дил дидани Худо кӯшиш ба харҷ диҳем. Чӣ тавр инро кардан мумкин аст? Мо бояд дар бораи он мулоҳиза кунем, ки Навиштаҳо оиди вазъияти мо чӣ мегӯянд. Агар мо дарк кунем, ки чӣ тавр Яҳува моро дастгирӣ мекунад, Ӯ бароямон боз ҳам воқеитар мегардад. Дар чунин маврид мо низ мисли Айюб дар бораи Худо гуфта метавонем: «То ҳол ман овозаи Туро шунида будам ва акнун чашмонам Туро дидааст».

Оё Яҳува шуморо истифода мебарад, то ки ба дигарон барои дидани Ӯ кӯмак расонад? (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред.)

17, 18. а) Чӣ тавр мо дасти Яҳуваро дар ҳаёти худ дида метавонем? б) Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр Яҳува имрӯз моро дастгирӣ мекунад.

17 Дар кадом вазъиятҳои зиндагӣ шумо дасти Яҳуваро дида метавонед? Биёед якчанд мисолро дида мебароем. Шояд, шумо дар тарзе ки ҳақиқатро фаҳмидед, роҳбарии Яҳуваро мебинед. Эҳтимол, шумо дар яке аз вохӯриҳои ҷамъомад чизеро шунида гуфтед: «Ин маҳз ҳамон чизест, ки ман ба он мӯҳтоҷ будам!» Мумкин, шумо дидаед, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад. Шояд, шумо хоҳиш доштед, ки ба Яҳува бисёртар хизмат кунед ва дидед, ки чӣ тавр Ӯ ба шумо кӯмак кард, то ба ин мақсадатон расед. Эҳтимол, шумо ҷои коратонро тарк кардед, то вақти зиёдро барои хизмат ба Яҳува сарф кунед ва дидед, ки чӣ тавр Яҳува ба ваъдаи зеринаш вафо кард: «Туро нахоҳам партофт» (Ибр. 13:5). Вақте мо бо Яҳува муносибати наздик дорем, мо дасти пурзӯри Ӯро дар ҳаёти худ баръало ҳис мекунем.

18 Сара ном хоҳаре аз Кения як воқеаро аз ҳаёти худ нақл мекунад: «Ман дар бораи як омӯзандаи Китоби Муқаддас, ки ба назарам, омӯзишро қадр намекард, дуо гуфтам. Ман аз Яҳува пурсидам, ки омӯзишро давом додан гирам ё ин ки бас кунам. Дарҳол баъди он ки «омин» гуфтам, телефонам занг зад. Он омӯзанда аз ман хоҳиш кард, ки оё ҳамроҳам ба вохӯрӣ рафта метавонад ё не. Ман дар ҷоям шах шуда мондам!» Агар мо ба ҳамаи он корҳое ки Яҳува бароямон мекунад, аҳамият диҳем, мо дасти ғамхори Ӯро ҳис мекунем. Хоҳарамон Рона, ки дар Осиё зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Барои дидани роҳбарии Худо вақт дар талаб аст. Лекин аз пай бурдани ин шумо хеле хушҳол мешавед ва дарк мекунед, ки то чӣ андоза Яҳува ғамхори мост»

19. Барои он ки мо дастгирии Худоро баръало ҳис кунем, боз чӣ кор кардан лозим аст?

19 Исо гуфта буд: «Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид» (Мат. 5:8). Чӣ тавр фаҳмем, ки оё мо покдил ҳастем ё не? Фикрҳои мо бояд тоза бошанд ва мо бояд аз корҳои бад дурӣ ҷӯем. (2 Қӯринтиён 4:2-ро бихонед.) Агар мо муносибатамонро бо Яҳува қавитар созему рафтори пок дошта бошем, мо метавонем дастгирии Ӯро ҳис кунем. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр имон ба мо кӯмак расонда метавонад, ки дастгирии Яҳуваро дар ҳаётамон боз ҳам аёнтар ҳис кунем.