Диққататонро ба хизмати Яҳува равона кунед
«Марям... каломи [Исоро] гӯш мекард. Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд» (ЛУҚ. 10:39, 40).
1, 2. Чаро Исо Марторо дӯст медошт ва дар чӣ нокомил будани Марто аён шуд?
ВАҚТЕ шумо дар бораи хоҳари Лаъзор — Марто фикр мекунед, чӣ гуна шахсро тасаввур мекунед? Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Марто яке аз дӯстони наздики Исо буд. Албатта, ӯ ягона зане набуд, ки Исо ӯро дӯст медошт ва ҳурмату эҳтиром мекард. Масалан, хоҳари Марто — Марям низ дӯсти наздики Исо буд. Ҳамчунин Исо модари худаш Марямро хеле дӯст медошт (Юҳ. 11:5; 19:25–27). Чаро Исо Марторо дӯст медошт?
2 Марто меҳрубону саховатманд ва меҳнатдӯст буд, лекин пеш аз ҳама Исо ӯро барои имони қавиаш дӯст медошт. Марто ба ҳақ будани таълимоти Исо ва Масеҳи ваъдашуда будани ӯ боварии комил дошт (Юҳ. 11:21–27). Ҳамзамон Марто бе камбудӣ набуд. Мисли ҳар яки мо ӯ ба хатогиҳо роҳ медод. Масалан, рӯзе, вақте Исо ба хонаи онҳо меҳмон шуд, Марто аз хоҳараш Марям шикоят кард ва ба Исо гуфт, ки ӯро ислоҳ кунад. Марто гуфт: «Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Ба вай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад». (Луқо 10:38–42-ро бихонед.) Барои чӣ Марто чунин гуфт ва мо аз ҷавоби Исо чӣ меомӯзем?
ҲУШИ МАРТО ПАРЕШОН БУД
3, 4. Ба кадом маъно Марям «қисмати некӯ»-ро интихоб кард ва Марто аз ин чӣ дарс гирифт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
3 Исо барои меҳмондориашон аз Мартову Марям миннатдор буд. Барои ҳамин ӯ хост ба онҳо як чизи пурқимате, атои рӯҳонӣ диҳад. Марям аз имконият истифода бурд ва «пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард». Марто низ метавонист ба ӯ ҳамроҳ шавад. Агар ӯ низ чунин мекард, Исо Марторо барои ин кораш таъриф мекард.
4 Лекин Марто серташвиш буд. Ӯ мехост, ки барои Исо хӯроки махсусе тайёр кунад ва ҳамчунин корҳои дигареро кард, то ӯро нағз меҳмондорӣ кунад. Вақте Марто дид, ки Марям ба ӯ ёрӣ намедиҳад, ӯ хафа шуд ва ба Исо шикоят кард. Исо аҳамият дод, ки Марто аз ҳад зиёд кор карда истодааст, барои ҳамин меҳрубонона гуфт: «Марто! Марто! Ту дар хусуси чизҳои бисёр ғамхорӣ ва давутоз мекунӣ». Исо илова кард, ки ташвиши зиёд даркор нест, балки як коса хӯрок бас аст. Баъд ӯ Марямро тарафгирӣ карда мегӯяд: «Марям қисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад». Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар ёди Марям на хӯроки болаззати он рӯз, балки таърифи самимии Исо ва он чизе ки аз ӯ омӯхта буд, мемонад. Тахминан 60 сол пас Юҳаннои ҳавворӣ навишт: «Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт» (Юҳ. 11:5). Ин суханон нишон медиҳанд, ки Марто ба маслиҳати Исо гӯш доду ислоҳро қабул кард. Бешакк, Марто боқимондаи ҳаёташро дар хизмат ба Яҳува гузаронд.
5. Чаро имрӯз аз пештара бештар диққати худро ба чизҳои рӯҳонӣ равона кардан душвортар аст ва кадом савол ба миён меояд?
5 Мо дарк мекунем, ки чун дар замонҳои пеш имрӯз низ чизҳои ин ҷаҳон диққати моро аз хизмати Яҳува дур месозанд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми сентябри соли 1958 огоҳӣ дода шуд, ки масеҳиён эҳтиёт шаванд, ки техникаву технология диққати онҳоро аз хизмати Яҳува дур насозад. Ҳатто он вақт чунин менамуд, ки ҳар рӯз ягон чизи нав мебарояд. Маҷаллаҳои рангаву ҷилодор, радио, видеонаворҳо ва телевизион хеле паҳн шуда буданд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» гуфта шуда буд, ки бо наздикшавии анҷоми дунё чизҳое ки диққати моро парешон мекунанд, торафт зиёд мешаванд. Имрӯз чунин чизҳо назар ба пештара бисёртаранд ва ҳушу ёди моро ба худ мекашанд. Чӣ кор кунем, ки мисли Марям рафтор намуда диққатро ба чизҳои рӯҳонӣ равона кунем?
АЗ ИН ДУНЁ БА ПУРРАГӢ ИСТИФОДА НАБАРЕД
6. Чӣ тавр халқи Худо аз техника ва технологияи ин ҷаҳон истифода мебарад?
6 Халқи Худо барои паҳн кардани хушхабар аз техника ва технологияи ин ҷаҳон истифода мебарад. Масалан, пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон ва дар давоми он ходимони Худо «Фотодрамаи офариниш»-ро пешкаши мардум карданд. Он аз расму наворҳои ранга иборат буд, ки онҳоро садои сабтшуда ҳамроҳӣ мекард. Ба воситаи ин драма онҳо хушхабарро дар мамлакатҳои зиёд ба миллионҳо одамон мавъиза карда тавонистанд. Дар охири ин драма замони орому осоиштае ки зери ҳукмронии Исои Масеҳ меояд, тасвир шудааст. Баъдтар бошад, мо аз радио истифода бурда ба миллионҳо одамони рӯи замин хушхабарро башорат медодем. Имрӯз мо ба воситаи компютеру Интернет хушхабарро дар ҳама ҷойҳое ки одамон ҳастанд, ҳатто то ба ҷойҳои дурдаст паҳн мекунем.
7. а) Чаро аз ин ҷаҳон пурра истифода бурдан хатарнок аст? б) Мо аз чӣ бояд эҳтиёт шавем? (Ба эзоҳ нигаред.)
7 Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки аз ин ҷаҳон ба пуррагӣ истифода набарем. (1 Қӯринтиён 7:29–31-ро бихонед.) Баъзе машғулиятҳо дар худ ҳеҷ бадие надоранд, лекин вақти аз ҳад зиёдро гирифта метавонанд. Масалан, ягон кори дӯстдошта, хониши ягон маводи шавқовар, тамошои телевизор, рафтан ба ҷойҳои шавқовар, харидкунӣ ва ба даст овардани маълумот оиди навгониҳои техника ва ғайра. Ҳамчунин истифодаи сайтҳои барои муошират, СМС-нависӣ, муошират ба воситаи почтаи электронӣ, доимо дида баромадани хабарҳои нав ё натиҷаи бозиҳои варзишӣ метавонад вақти бисёри моро дуздад. Аз ҳама бадаш ин ки мо оҳиста-оҳиста гирифтори ин машғулиятҳо шуда метавонем (Воиз 3:1, 6) *. Агар мо вақти аз ҳад зиёдро барои корҳои на он қадар муҳим сарф кунем, он гоҳ чизи аз ҳад муҳимро сарфи назар мекунем — ибодат ба Яҳуваро. (Эфсӯсиён 5:15–17-ро бихонед.)
8. Чаро мо набояд «он чиро ки дар ҷаҳон аст» дӯст дорем?
8 Шайтон тавре кардааст, ки ин дунё моро ба худ ҷалб кунад ва ҳуши моро парешон кунад. Дар асри як чунин буд ва дар замони мо низ ҳамин хел аст (2 Тим. 4:10). Барои ҳамин мо бояд мувофиқи маслиҳати зерин амал кунем: «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст». Агар доимо худро тафтиш кунем, ки оё нисбати чизҳои ин дунё меҳр пайдо кардаем ё не, ҳушамон парешон намешавад ва дар мо «муҳаббати Падар» бештар мегардад. Ва, агар мо нисбати Худо муҳаббат дошта бошем, ба Ӯ итоат кардан бароямон осонтар мешавад ва мо бо Ӯ то абад дӯстии худро нигоҳ медорем (1 Юҳ. 2:15–17).
ДИҚҚАТАТОНРО БА ЧИЗҲОИ МУҲИМ РАВОНА КУНЕД
9. Исо шогирдонашро ба чӣ барангехт ва худ чӣ намунае гузошт?
9 Исо худаш мувофиқи маслиҳате ки ба Марто гуфта буд, амал мекард. Ӯ шогирдонашро низ таълим медод, ки диққаташонро ба хизмати Яҳува ва Салтанати Ӯ равона кунанд. (Матто 6:22, 33-ро бихонед.) Исо зиндагии одӣ ба сар мебурд ва чизу чораи бисёр, хонаву дар ва замини шахсӣ надошт (Луқ. 9:58; 19:33–35).
10. Ҳангоми дар замин буданаш Исо чӣ гуна намуна гузошт?
Луқ. 4:42–44). Исо мувофиқи гуфтаҳои худ амал карда, дар саросари замини Фаластин мавъиза мекарду одамонро таълим медод. Ҳарчанд ӯ комил буд, ба монанди ҳамаи мо монда мешуд ва ба дамгирӣ ниёз дошт, чунки дар кори Худо бисёр меҳнат мекард (Луқ. 8:23; Юҳ. 4:6).
10 Вақте Исо дар рӯи замин хизмат мекард, чизҳои бисёре буданд, ки ақлу ҳуши ӯро бурда метавонистанд. Лекин Исо намегузошт, ки чизе ба ӯ барои мавъиза кардан халал расонад. Боре ӯ дар Кафарнаҳум одамонро таълим дода, мӯъҷизаҳои зиёде нишон дод. Одамони он ҷо аз ӯ хоҳиш карданд, ки аз шаҳрашон наравад ва ҳамроҳи онҳо бештар вақт гузаронад. Ба фикри шумо, оё ӯ розӣ шуд? Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (11. Исо ба марде ки бо бародараш баҳсу мунозира мекард, чӣ гуфт ва чӣ огоҳие дод?
11 Каме баъдтар, вақте Исо шогирдонашро таълим медод, ки чӣ тавр ба душвориҳо тоб оранд, марде сухани ӯро бурида гуфт: «Эй Устод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад». Аммо Исо нахост, ки дар ин кор ҳамроҳ шавад. Ӯ ба он мард ҷавоб дод: «Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё ҳакам таъин кардааст?» Исо таълим додани шогирдонашро бас накард. Илова бар ин ӯ ба шунавандагон гуфт, ки эҳтиёт шаванд, мабодо чизҳои моддӣ диққати онҳоро аз хизмат ба Худо дур созанд (Луқ. 12:13–15).
12, 13. а) Кадом кори Исо баъзе юнониёнро ба ҳайрат овард? б) Исо ба саволи Филиппус чӣ ҷавоб дод?
12 Ҳафтаи охирони ҳаёти Исо барояш хеле ва хеле душвор буд (Мат. 26:38; Юҳ. 12:27). Ӯ медонист, ки бояд сахт азоб кашад ва баъд бимирад. Ҳамчунин ӯ мефаҳмид, ки пеш аз марги худ бояд кори бисёреро ба анҷом расонад. Нӯҳуми нисони соли 33-и эраи мо Исо ба хар савор шуда ба Ерусалим даромад. Халқ ӯро чун подшоҳи худ қабул кард (Луқ. 19:38). Рӯзи дигар Исо ба маъбад даромад ва далерона савдогарони чашмгуруснаеро, ки хонаи Худоро чун ҷойи харидуфурӯш истифода мебурданд, аз он ҷо пеш кард (Луқ. 19:45, 46).
13 Баъзе аз юнониёне ки ба ҷашни иди Фисҳ омада буданд, аз дидани корҳои Исо ба ҳайрат омаданд. Онҳо аз Филиппус пурсиданд, ки оё бо Исо вохӯрда метавонанд ё не. Аммо диққати Исо ба чизҳои муҳимтар равона буд. Мақсади ӯ ин набуд, ки аз марги пуразобе ки ӯро интизор буд, гурезад. Ӯ намехост, ки барои аз душманони худ халос шудан ва зинда мондан тарафдор пайдо кунад. Исо ба Андриёс ва Филиппус фаҳмонд, ки ӯ ба наздикӣ бояд кушта шавад ва баъд илова кард: «Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ хоҳад дошт». Исо ҳамчунин ваъда дод, ки «ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт». Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Филиппус назди юнониён рафта, ин суханони рӯҳбаландкунандаро расонд (Юҳ. 12:20–26).
14. Ғайр аз мавъиза Исо боз барои чӣ вақт ҷудо мекард?
14 Ҳарчанд мавъизаи хушхабар дар ҷойи аввали зиндагии Исо меистод, ӯ боз бо корҳои дигар низ машғул мешуд. Масалан, ӯ ба як тӯйи арӯсӣ меҳмон шуда буд, ки он ҷо обро шароб гардонд (Юҳ. 2:2, 6–10). Ҳамчунин ӯ ба хонаи дӯстон ва касоне ки ба хушхабар шавқ доштанд, ба меҳмонӣ мерафт (Луқ. 5:29; Юҳ. 12:2). Лекин Исо барои дуо, мулоҳиза дар танҳоӣ ва дамгирӣ ҳамеша вақт ҷудо мекард (Мат. 14:23; Марқ. 1:35; 6:31, 32).
«ҲАР БОРИ ГАРОНРО АЗ ХУД ДУР» АНДОЗЕД
15. Павлус ба масеҳиён чӣ гуна маслиҳат дод ва аз кадом ҷиҳат худаш намуна буд?
15 Павлуси ҳавворӣ тарзи ҳаёти масеҳиёнро ба мусобиқаи дав монанд карда навишт, ки «ҳар бори гарон»-ро аз худ дур созанд. (Ибриён 12:1-ро бихонед.) Худи Павлус дар ин маврид намунаи хуб буд. Ӯ метавонист дар ҷамъияти ҳамонвақта бой шавад ва яке аз сарварони дини яҳудӣ гардад, лекин ӯ диққаташро ба ин чизҳо неву ба чизҳои муҳим равона сохт. Ӯ дар кори мавъиза боғайратона иштирок мекард ва ба ҷойҳои зиёд, аз он ҷумла ба Сурия, Осиёи Хурд, Мақдуния ва Яҳудия сафар кард. Ӯ мукофоти худ — ҳаёти ҷовидониро дар осмон интизор буд. Ӯ гуфт: «Он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, ман сӯи мақсаде шитоб менамоям» (Флп. 1:10; 3:8, 13, 14). Павлус оиладор набуд ва ин ба ӯ имкон медод, ки бе ягон монеа пайваста ба Худо хизмат кунад (1 Қӯр. 7:32–35).
16, 17. Чӣ тавр ҳам муҷаррадон ва ҳам оиладорон маслиҳати Павлусро ба кор бурда метавонанд? Воқеаеро нақл кунед.
16 Имрӯз низ баъзе аз ходимони Худо мисли Павлус қарор мекунанд, ки оиладор нашаванд, то ба Яҳува бештар хизмат кунанд (Мат. 19:11, 12). Шахсони оиладор масъулиятҳои зиёдро ба ӯҳда доранд. Лекин хоҳ муҷаррад бошем, хоҳ оиладор, ҳамаамон метавонем «ҳар бори гарон»-еро, ки диққати моро аз хизмати Худо парешон мекунад, аз худ дур созем. Шояд ба мо лозим меояд, ки аз баъзе машғулиятҳо, ки вақти зиёдамонро мегиранд, даст кашем, то вақти бештари худро ба хизмати Худо сарф карда тавонем.
17 Масалан, ҳамсарон Марк ва Клар, ки дар Уэлс калон шудаанд, баъди хатми мактаб хизмати пешравиро сар карданд. Баъди оиладор шуданашон онҳо ин хизматашонро давом доданд. Лекин онҳо ният доштанд, ки аз ин ҳам бештар ба Яҳува хизмат кунанд. Марк нақл мекунад: «Мо хонаи калонамонро, ки се ҳуҷраи хоб дошт, фурӯхтем ва ҳаёти худро одӣ гардондем. Мо кори нимрӯзаамонро тарк карда имконият пайдо кардем дар барномаи умумиҷаҳонии сохтмонӣ иштирок кунем». Бист соли охир онҳо ба саросари Африка сафар карда дар сохтмони Толорҳои Салтанат кӯмак карданд. Боре ҳатто чунин шуд, ки пули онҳо қариб тамом шуд, лекин Яҳува доимо ба онҳо ғамхорӣ мекард. Клар мегӯяд: «Ба Яҳува хизмат карда мо қаноатмандии ҳақиқӣ ҳис мекунем. Дар ин ҳангом мо дӯстони зиёд пайдо кардем ва аз ягон ҷиҳат камбудӣ надоштем. Он чизи каме ки мо аз он даст кашидем, бо хурсандие ки аз хизмати пурравақт мегирем, баробар шуда наметавонад». Бисёре аз ходимони пурравақт низ ҳақ будани ин суханонро аз таҷрибаи худ медонанд *.
18. Мо аз худ чӣ пурсида метавонем?
18 Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Агар шумо пай баред, ки мисли пештар дар хизмат ба Яҳува завқу ғайрат надоред, чӣ кор карда метавонед? Агар бинед, ки чизе диққати шуморо аз чизҳои муҳим дур месозад, чӣ кор бояд кунед? Шояд ба шумо лозим ояд, ки сифати хониш ва омӯзиши Китоби Муқаддасатонро беҳтар гардонед. Чӣ тавр инро кардан мумкин аст? Инро аз мақолаи навбатӣ мефаҳмем.
^ сарх. 7 Нигаред ба ҳамин маҷалла, ба мақолаи «Содадил ба ҳар сухан имон меоварад».
^ сарх. 17 Ҳамчунин ба тарҷумаи ҳоли Ҳейден ва Мелоди Сандерсон, ки дар мақолаи «Онҳо медонистанд, ки кадом роҳ дуруст аст ва бо он мерафтанд» («Бурҷи дидбонӣ» аз 1 марти с. 2006 [рус.]) омадааст, нигаред. Онҳо аз баҳри кори сердаромади худ дар Австралия баромаданд, то пурравақт хизмат карда тавонанд. Бо саргузашти аҷоиби онҳо шинос шавед. Фаҳмед, ки чӣ тавр боре ҳангоми дар Ҳиндустон чун мисионер хизмат карданашон пулашон тамом шуд ва онҳо чӣ кор карданд.