Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст
ДАР синни нӯҳсолагӣ қадам дигар баланд нашуд. Имрӯз ман 43-сола мебошам, лекин қадам ҳамагӣ як метр мебошад. Вақте падару модарам фаҳмиданд, ки дигар қади ман дароз намешавад, онҳо ба ман гуфтанд, ки бисёр кор кунам, то дар бораи қадам фикр карда нашинам. Барои он ки бо ягон кор банд бошам, ман дар пеши хона дӯкончаи мевафурӯшӣ кушодам ва онро тозаву батартиб нигоҳ медоштам. Ин диққати харидорони зиёдеро ҷалб мекард.
Албатта, меҳнати бисёр вазъияти маро пурра дигар накард. Қади ман ҳанӯз хеле паст буд ва ман ҳатто дар иҷрои корҳои майда-чуйдаи рӯзғор душворӣ мекашидам. Ба назар чунин менамуд, ки ҳама чиз, масалан, рафи мағозаҳо барои одамоне пешбинӣ шудааст, ки қадашон аз ман ду баробар баландтар аст. Ба ҳолам дилам месӯхт. Лекин дар синни 14-солагиам як воқеа ҳаёти маро дигаргун сохт.
Рӯзе, ду зан, ки Шоҳиди Яҳува буданд, аз дӯконам мева хариданд ва баъд бо ман омӯзиши Китоби Муқаддас сар карданд. Дере нагузашта ман фаҳмидам, ки шиносоӣ бо Яҳува ва нияти Ӯ аз вазъи саломатии ман муҳимтар аст. Ин ба ман хеле кӯмак кард. Ояти дӯстдоштаи ман Забур 72:28 буд. Дар аввали ин оят гуфта шудааст: «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст».
Дар мамлакати худамон, дар Кот-д’Ивуар одамон маро ҳар гоҳ дар назди дӯкончаам медиданд ва ба ман одат карда буданд. Лекин вақте мо ба мамлакати дигар ба Буркина-Фасо кӯчидем, ҳаёти ман тамоман ранги дигар гирифт. Дар ҷойи нав ман бегона будам ва ба назари одамон аҷоиб метофтам. Онҳо ҳайрон-ҳайрон чашмонашонро ба ман медӯхтанд ва аз ин ман сахт ба хиҷолат меомадам. Барои ҳамин ман ҳафтаҳо аз хона намебаромадам. Он вақт ман ба хотир овардам, ки то чӣ андоза барои ман ба Худо наздик шуданам некӯ буд. Ман ба филиали Шоҳидони Яҳува мактуб навиштам ва онҳо хоҳари миссионереро бо номи Нани ба назди ман фиристоданд. Ӯ ба хабаргирии ман бо скутер омад.
Дар маҳалли мо роҳҳо сангфарш нестанд, барои ҳамин дар мавсими борон доимо лағжонаканд. Нани ба хонаи мо бо скутераш меомад ва ӯ борҳои зиёд дар роҳ афтода буд. Рӯзе Нани таклиф кард, ки маро ба вохӯриҳо мебарад. Ман дарк кардам, ки агар ба берун бароям, аз нигоҳи кунҷкобонаи мардум пинҳон шуда наметавонам. Ҳамчунин дар қафои скутер нишастани ман ба вазни бе ин ҳам зиёди он бори иловагӣ зам мекард. Ба ҳар ҳол ман қисми дуюми ояти
дӯстдоштаамро дар хотир дошта, таклифи Наниро қабул кардам: «Ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам».Баъзан ману Нани ба лойқа меғӯтидем, лекин ин чиз барои ба ҷамъомад рафтан меарзид. Табассуми меҳрубононае ки дар Толор дидам, аз нигоҳи кунҷкобонаи одамони берун фарқ дошт. Нӯҳ моҳ пас ман таъмид гирифтам.
Қисми сеюми ояти дӯстдоштаам «тамоми аъмоли Туро ривоят намоям» мебошад. Ман медонистам, ки хизмат барои ман озмоиши калоне мешавад. Бори аввал хона ба хона мавъиза карданамро дар хотир дорам. Кӯдакон ва калонсолон кунҷкобона ба ман назар мекарданд ва аз паси ман гашта ба роҳравиам тақлид мекарданд. Бароям ин хеле дардовар буд, аммо ман ҳамеша ба худ хотиррасон мекардам, ки ин одамон низ мисли ман ба биҳишт ниёз доранд ва ҳамин тавр мавъизаи худро давом медодам.
Барои осонтар кардани корам мототсикли аробачадор харидам. Ҳамроҳам мототсиклро тела дода, баъд худаш ба болои он савор мешуд, ки ин суръати ба поён рафтанамонро зиёд мекард. Хизмате ки аввал бароям озмоиш буд, сарчашмаи хурсандӣ гардид ва соли 1988 ман чун пешрави доимӣ хизмат карданро сар кардам.
Ман омӯзишҳои бисёр доштам ва панҷ нафари онҳо таъмид гирифт. Ва, хушбахтона, дар қатори онҳо хоҳари худам низ буд! Шунидани он ки чӣ тавр дигарон рӯҳан рушд мекунанд, маро рӯҳбаланд мекунад. Як рӯз, вақте ман аз касалии вараҷа азоб мекашидам, ман аз Кот-д’Ивуар нома гирифтам. Дар Буркина-Фасо ман назди дар бо донишҷӯе омӯзиш мекардам ва ӯро ба бародаре супоридам. Баъдтар ин донишҷӯ ба Кот-д’Ивуар кӯчид. Вақте ман фаҳмидам, ки ӯ воизи таъмиднагирифта шудааст, хурсандии ман ҳадду канор надошт.
Боре як ташкилоте ки ба маъюбон ғамхорӣ мекунад, ба ман дӯхтанро омӯзонданӣ буд. Яке аз омӯзгорон қобилиятҳои маро дида гуфт: «Мо бояд ба ту тайёр кардани собунро ёд диҳем». Онҳо ин корро ба ман ёд доданд ва ман дар хона ду хел собун тайёр мекардам. Ба одамон собунҳои ман маъқуланд ва онҳо ба дигарон низ тавсия медиҳанд, ки аз собуни ман харанд. Собунҳоро ман ба мототсикли сечархаам бор карда бурда мефурӯшам. Ҳамин тавр ман худро таъмин мекунам.
Афсӯс ки соли 2004 ман аз сабаби саломатӣ дигар натавонистам пешрав хизмат кунам. Миёни ман дарди сахте пайдо кард, ки ман маҷбур шудам хизмати пешравиамро бас кунам. Аммо ман ҳоло ҳам кӯшиш мекунам дар хизмат ба таври пурра иштирок кунам.
Одамон мегӯянд, ки маро аз рӯи табассуми самимиам мешиносанд. Сабаби доимо табассум карданам хушбахтиест, ки дар дилам ҷӯш мезанад. Ҳа, ман дар ҳақиқат хушбахтам, зеро наздик шудан ба Худо бароям некӯ буд. (Нақл кард Сара Майга.)