«Чунин одамонро қадрдонӣ кунед»
АЗ СОЛИ 1992 сар карда Ҳайати роҳбарикунанда пирони ботаҷриба ва рӯҳан баркамолро таъин намуд, ки ба кори кумитаҳо ёрӣ расонанд *. Ин пирон аз байни «гӯсфандони дигар» интихоб шудаанд (Юҳ. 10:16). Онҳо ҳар ҳафта дар вохӯрии кумитаи таъингардидаашон иштирок карда, ҳар гуна масъалаҳоро дида мебароянд ва ба қароре меоянд. Қарори охиронро аъзои Ҳайати роҳбарикунанда мебарорад, ёрдамчиёни кумита бошанд, аз рӯи дастуроти додашуда амал мекунанд. Онҳо дар анҷумани махсус ва байналхалқӣ ягон аъзои Ҳайати роҳбарикунандаро ҳамроҳӣ мекунанд. Инчунин ин ёрдамчиён метавонанд ҳамчун намояндаи идораи марказӣ ба филиалҳо ташриф оранд.
Яке аз ёрдамчиёне ки ба ин масъулият таъин шуда буд, гуфт: «Вақте ман кори худро нағз иҷро мекунам, Ҳайати роҳбарикунанда метавонад диққати худро пурра ба иҷрои вазифаҳои худ равон созад». Ба гузаштаи худ назар карда бародари дигаре, ки бист сол чун ёрдамчии Ҳайати роҳбарикунанда хизмат карда буд, чунин мегӯяд: «Ҳатто дар хаёлам наомада буд, ки соҳиби чунин имконияти пуршараф мегардам».
Ҳайати роҳбарикунанда ба ёрдамчиёни содиқ, ки вазифаи худро бо ҷону дил иҷро мекунанд масъулиятҳои зиёди пурарзише супоридааст. Биёед мо низ «чунин одамонро қадрдонӣ» намоем (Флп. 2:29).
^ сарх. 2 Ба китоби «Салтанати Худо ҳоло ҳукмронӣ менамояд» (рус.), саҳ. 131, маълумоти кӯтоҳ оиди масъулияти шаш кумитаи Ҳайати роҳбарикунанда нигаред.