Кӯдакони худро таълим диҳед, то ба Яҳува хизмат кунанд
«Бигзор он марди Худо... моро таълим диҳад, ки бо кӯдаке ки бояд таваллуд ёбад, чӣ гуна рафтор намоем» (ДОВ. 13:8).
1. Вақте Монӯаҳ фаҳмид, ки фарзанддор мешавад, ин ба вай чӣ гуна таъсир кард?
МОНӮАҲ ва занаш бовар намекарданд, ки як рӯз не, як рӯз фарзанддор мешаванд. Аммо рӯзе як воқеаи аҷоибе рӯй дод! Фариштаи Яҳува ба зани Монӯаҳ гуфт, ки онҳо соҳиби писар мешаванд. Ӯву шавҳараш аз ин хабари аҷоиб хеле хурсанд шуданд. Аммо онҳо ҳамчунин дарк мекарданд, ки акнун бар дӯшашон вазифаи нав — тарбия кардани кӯдак гузошта мешавад ва ин кори осон нест. Монӯаҳ хавотир буд, ки чӣ тавр дар байни халқи бадкор ӯ ва занаш писарашонро нағз тарбия кунанд, то хизматгори Худо шавад. «Монӯаҳ пеши Худованд зорию илтиҷо карда, гуфт: “Лутфан, эй Худованд! Бигзор он марди Худо, ки фиристодӣ, бори дигар назди мо омада, моро таълим диҳад, ки бо кӯдаке ки бояд таваллуд ёбад, чӣ гуна рафтор намоем”» (Дов. 13:1–8).
2. Барои таълим додани кӯдакон чӣ лозим аст? (Инчунин ба чорчӯбаи « Муҳимтарин омӯзандагони шумо» нигаред.)
2 Агар шумо низ соҳиби кӯдак бошед, пас, ҳиссиёти Монӯаҳ ба шумо шинос аст. Шумо низ вазифадоред, ки ба кӯдаконатон барои шинохтан ва дӯст доштани Яҳува кӯмак расонед (Мас. 1:8). Бинобар ин волидони масеҳӣ ибодати оилавиашонро тавре мегузаронанд, ки кӯдаконашон дар бораи Яҳува бештар фаҳманд ва нисбати Ӯ муҳаббаташон зиёд шудан гирад. Албатта, барои дар дили кӯдаконатон ҷо кардани ҳақиқат танҳо омӯзиши ҳарҳафтаинаи оилавӣ кам аст. (Такрори Шариат 6:6–9-ро бихонед.) Чӣ тавр шумо метавонед ҳақиқатро ба кӯдаконатон талқин кунед, яъне онро дар дилашон ҷой диҳед? Аз ин мақола ва аз мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чӣ тавр волидон ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд. Ҳарчанд Исо фарзанд надошт, волидон аз тарзи таълимдиҳӣ, гуфтор ва рафтори ӯ дарс гирифта метавонанд. Исо шогирдонашро дӯст медошт, дар муносибат бо онҳо фурӯтан буд ва чун шахси бофаҳм ҳиссиёти онҳоро пай мебурду медонист чӣ тавр ба онҳо кӯмак расонад. Биёед ин хислатҳоро дида бароем.
КӮДАКИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕД
3. Шогирдони Исо аз куҷо медонистанд, ки устодашон онҳоро дӯст медорад?
3 Исо ҳамеша ба шогирдонаш мегуфт, ки онҳоро дӯст медорад. (Юҳанно 15:9-ро бихонед.) Инчунин ӯ муҳаббаташро бо он нишон медод, ки вақти зиёди худро бо онҳо мегузаронд (Марқ. 6:31, 32; Юҳ. 2:2; 21:12, 13). Исо барои онҳо на фақат муаллим, балки дӯсташон низ буд. Аз ин рӯ шогирдонаш заррае шубҳа надоштанд, ки устодашон онҳоро дӯст медорад. Шумо аз Исо чиро таълим гирифта метавонед?
4. Чӣ тавр шумо ба кӯдаконатон нишон дода метавонед, ки онҳоро дӯст медоред? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
4 Ҳамеша ба кӯдаконатон гӯед, ки онҳоро дӯст медоред ва онҳо бароятон хеле азизанд (Мас. 4:3; Тит. 2:4). Самуил, ки дар Австралия зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Вақте ман хурд будам, падарам ҳар бегоҳ ба ман китоби “Ҳикояҳо”-ро мехонд. Ӯ ба саволҳоям ҷавоб медод ва пеш аз хоб маро оғӯш карда, мебӯсид. Аммо ман намедонистам, ки худи падарам дар оилае калон шудааст, ки кӯдаконашонро оғӯшу бӯса намекарданд. Ин маро сахт ба ҳайрат овард, чунки падарам доимо муҳаббаташро ба ман нишон медод. Аз ин рӯ ман ба падарам дилбастагӣ пайдо намудам ва худро хушбахт ҳис мекардам». Ба кӯдаконатон аз гуфтани «ман туро дӯст медорам» шарм накунед. Бигзор онҳо ҳис кунанд, ки шумо дар ҳақиқат онҳоро дӯст медоред. Кӯдаконатонро оғӯш ва бӯса кунед. Бо онҳо гап занед, якҷоя хӯрок хӯред ва ҳамроҳашон бозӣ кунед.
5, 6. а) Исо аз муҳаббат ба шогирдонаш чӣ кор мекард? б) Кӯдаконамонро чӣ тавр бояд тарбия кунем?
5 Исо гуфта буд: «Ҳар киро ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам» (Ваҳй 3:19) *. Масалан, шогирдони ӯ бисёр вақт бо якдигар баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. Исо ба ин чиз чашм напӯшид. Ӯ шогирдонашро гаштаю баргашта бо сабру тоқат насиҳат мекард. Инчунин ӯ ҳамеша меҳрубон буд ва вақту ҷои мувофиқ меҷуст, то онҳоро ислоҳ кунад (Марқ. 9:33–37).
6 Азбаски шумо кӯдаконатонро дӯст медоред, шумо бояд онҳоро ислоҳу мазаммат кунед. Баъзан ба кӯдак танҳо фаҳмондани он ки чаро ин роҳ дуруст ё нодуруст аст, бас аст. Аммо агар кӯдакатон ба шумо гӯш накунад-чӣ? (Мас. 22:15). Он гоҳ кӯшиш кунед, ки мисли Исо рафтор намоед. Дар вақту ҷои мувофиқ меҳрубонона кӯдакатонро тарбия диҳед ва бо сабру тоқат роҳнамоӣ, таълим ва ислоҳ кунед. Хоҳаре бо номи Илен аз Африқои Ҷанубӣ ба ёд меорад, ки чӣ тавр волидонаш ӯро тарбия мекарданд: «Волидонам мегуфтанд, ки агар ман ягон рафтори бад кунам, онҳо маро ҷазо медиҳанд ва, агар ман ҳамон корро мекардам, онҳо дар гапашон истода маро ҷазо медоданд. Лекин онҳо ҳеҷ вақт маро бо қаҳру ғазаб ҷазо намедоданд ва ҳамеша сабаби ҷазо гирифтанамро мефаҳмонданд. Ман аниқ медонистам, ки падару модарам аз ман чӣ мехоҳанд ва чӣ чизро талаб доранд. Барои ҳамин ман шубҳа намекардам, ки волидонам маро дӯст медоранд».
ФУРӮТАН БОШЕД
7, 8. а) Чӣ тавр аз дуоҳои Исо фурӯтан буданаш маълум буд? б) Чӣ тавр дуоҳои шумо ба кӯдаконатон ба Яҳува такя карданро таълим медиҳанд?
7 Исо пеш аз ҳабс ва маргаш аз Худо илтиҷо кард: «Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту» (Марқ. 14:36) *. Тасаввур кунед, ки вақте шогирдони ӯ фаҳмиданд, ки Исо чунин дуо гуфтааст, онҳо чӣ ҳис карданд. Онҳо дарк карданд, ки ҳарчанд Исо комил буд, аз Падараш кӯмак пурсид. Аз ин шогирдонаш хулоса бароварданд, ки онҳо низ бояд фурӯтан бошанд ва мисли Исо ба Яҳува такя кунанд.
8 Кӯдаконатон аз дуоҳои шумо бисёр чизро ёд мегиранд. Албатта, шумо фақат бо мақсади таълим додани фарзандонатон дуо намегӯед. Ба ҳар ҳол вақте шумо фурӯтанӣ зоҳир карда дар наздашон дуо мегӯед, онҳо ба Яҳува такя карданро ёд мегиранд. Анна, ки дар Бразилия зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Ҳангоми душвориҳо, масалан, вақте бобою бибиям касал буданд, падару модарам аз Яҳува мепурсиданд, ки ба онҳо барои тоб овардан ба душвориҳо қувват ва барои қабул кардани қарорҳои дуруст хирад диҳад. Ҳатто зери озмоишҳои сахт онҳо бори душвориҳояшонро ба дасти Яҳува месупориданд. Ин ба ман ёрдам кард, ки ба Яҳува такя карданро ёд гирам». Вақте шумо ҳамроҳи кӯдаконатон дуо мегӯед, танҳо дар ҳаққи онҳо дуо нагӯед. Аз Яҳува пурсед, ки ба шумо низ кӯмак кунад. Вақте кӯдаконатон мебинанд, ки чӣ тавр шумо аз Яҳува далерӣ мепурсед, то ба ҳамсояатон шаҳодат диҳед ва ё аз сардори корхонаатон барои анҷуман рафтан рухсатӣ гиред, онҳо мефаҳманд, ки шумо ба дастгирии Яҳува такя мекунед. Баъд
худи онҳо ҳам ҳамин хел рафтор мекунанд.9. а) Чӣ тавр Исо шогирдонашро таълим дод, ки фурӯтану фидокор бошанд? б) Агар шумо фурӯтану фидокор бошед, кӯдаконатон аз шумо чӣ ёд мегиранд?
9 Исо шогирдонашро таълим медод, ки фурӯтану хоксор бошанд ва худаш дар ин намуна буд. (Луқо 22:27-ро бихонед.) Ӯ ҳаввориёнашро ташвиқ мекард, ки фидокорона ба Яҳува ва ҳамимонон хизмат кунанд. Шумо низ метавонед бо намунаи худ кӯдаконатонро таълим диҳед. Деби, ки соҳиби ду кӯдак мебошад, дар бораи шавҳараш чунин мегӯяд: «Шавҳарам пири ҷамъомад аст ва барои ҳамин бо дигарон вақти бисёр мегузаронад. Лекин ман ҳеҷ гоҳ барои ин рашк намекардам, чунки медонистам, ки шавҳарам барои ба мо вақт ҷудо кардан ҳамеша тайёр аст» (1 Тим. 3:4, 5). Шавҳари ӯ — Пранас илова мекунад: «Бо гузашти вақт кӯдаконамон дар анҷуманҳо ва сохтмони ҷойҳои ибодат иштирок карданд. Онҳо барои худ дӯстон пайдо мекарданд, шоду хуррам буданд ва худро дар иҳотаи хоҳару бародарон худӣ ҳис мекарданд!» Ҳама аъзоёни ин оила ҳоло пурравақт ба Яҳува хизмат мекунанд. Фурӯтаниву фидокорӣ зоҳир карда шумо ба кӯдаконатон таълим медиҳед, ки бо омодагӣ ба дигарон хизмат кунанд.
БОФАҲМ БОШЕД
10. Вақте баъзе ҷалилиён барои дидани Исо омаданд, чӣ тавр ӯ бофаҳм буданашро маълум сохт?
10 Исо шахси бофаҳм буд, чунки ӯ на танҳо он чизеро медид, ки ба чашми ҳама аён буд. Ӯ сабаби ин ё он тавр рафтор кардани одамонро дарк мекард. Масалан, рӯзе ҷалилиён барои дидани ӯ омаданд (Юҳ. 6:22–24). Исо, ки дили одамонро медид, пай бурд, ки мақсади асосии онҳо на гӯш кардани таълимоти ӯ, балки хӯрдани хӯрок аст (Юҳ. 2:25). Исо медонист, ки онҳо дар асл чӣ мехоҳанд. Баъд ӯ пурсаброна онҳоро ислоҳ кард ва фаҳмонд, ки чӣ тавр онҳо беҳтар шуда метавонанд. (Юҳанно 6:25–27-ро бихонед.)
11. а) Чӣ тавр шумо муносибати кӯдакатонро нисбати хизмат фаҳмида метавонед? б) Барои он ки хизмат ба кӯдакатон хурсандӣ орад, шумо чӣ кор карда метавонед?
11 Волидон, ҳарчанд шумо намебинед, ки дар дили кӯдаконатон чист, шумо метавонед бофаҳм бошед. Масалан, шумо метавонед фаҳмед, ки кӯдакатон нисбати хизмати мавъиза чӣ фикр дорад. Аз худ бипурсед: «Оё кӯдаки ман аз хизмат
хурсандӣ мегирад ё аз танаффусу хӯрокхӯрӣ дар вақти хизмат?» Агар пай баред, ки кӯдакатон аз хизмат он қадар хурсандӣ намегирад, кӯшиш кунед, ки хизматро барояш шавқовартар гардонед. Масалан, ба ӯ ягон супориши хурд диҳед, то ки худро даркорӣ ҳис кунад.12. а) Исо шогирдонашро аз чӣ огоҳ кард? б) Барои чӣ ин огоҳӣ саривақт буд?
12 Чун шахси бофаҳм Исо медид, ки хатоҳои хурд метавонанд ба гуноҳи ҷиддӣ оварда расонанд. Масалан, шогирдони ӯ медонистанд, ки зино гуноҳ аст. Исо бошад, онҳоро огоҳ кард, ки аз қадамҳое ки ба зино мебаранд, даргурез бошанд: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад. Пас, агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун» (Мат. 5:27–29). Шогирдони Исо дар байни румиёни аз ҷиҳати ахлоқӣ нопок зиндагӣ мекарданд. Мардуми Рум тамошо кардани намоишҳоеро дӯст медоштанд, ки дар худ саҳнаҳои фаҳшу бемаънӣ ва суханони бешармона доштанд. Барои ҳамин Исо меҳрубонона онҳоро огоҳ кард, ки аз тамошо ё шунидани он чизҳое ки ба онҳо таъсири бад мерасонанд, дурӣ ҷӯянд. Ҳамин тавр онҳо ахлоқи худро пок нигоҳ дошта метавонистанд.
13, 14. Чӣ тавр шумо кӯдаконатонро аз вақтхушиҳои бадахлоқона муҳофизат карда метавонед?
13 Волидони азиз, бофаҳмӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки кӯдаконатонро аз кардани корҳое ки ба Яҳува маъқул нестанд, муҳофизат кунед. Имрӯз ҳатто ба кӯдакони хурдсол тамошои порнография ва дигар маводҳои бадахлоқона дастрас аст. Бешубҳа, волидони масеҳӣ бояд ба кӯдаконашон гӯянд, ки тамошои чизҳои бадахлоқона нодуруст аст. Лекин чун шахси бофаҳм шумо бояд ҳамчунин пай баред, ки чӣ диққати кӯдакатонро ба тамошои порнография ҷалб карда метавонад. Аз худ бипурсед: «Чӣ кӯдаки маро ба тамошои порнография тела дода метавонад? Оё ӯ медонад, ки тамошои порнография чӣ қадар хатарнок аст? Оё кӯдакам ҳис мекунад, ки ҳар вақте хоҳад, ба ман озодона гап зада метавонад, ҳатто вақте ки дар ӯ хоҳиши тамошои порнография пайдо шавад?» Ҳатто агар кӯдакатон хурд бошад, шумо ба ӯ гуфта метавонед: «Агар ягон вақт ту бо сайти бешармонае рӯ ба рӯ шавӣ ва дар дилат хоҳиш пайдо шавад, ки онро тамошо кунӣ, метавонӣ назди ман омада дар ин бора гап занӣ. Шарм надор, ман мехоҳам ба ту кӯмак расонам».
14 Вақте шумо барои худ ягон тарзи вақтхуширо интихоб мекунед, хуб фикр кунед, то ки барои кӯдаконатон намуна бошед. Пранас, ки дар борааш гуфта будем, чунин гуфт: «Шумо, албатта, метавонед дурудароз ба гӯши вай насиҳат хонед, лекин кӯдакатон на ба суханонатон, балки ба рафторатон аҳамият медиҳад». Агар шумо доимо дар интихоби мусиқӣ, китобу рӯзномаҳо ва видеофилмҳо эҳтиёткор бошед, кӯдаконатон низ аз шумо ибрат мегиранд (Рум. 2:21–24).
ЯҲУВА БА ДУОЯТОН ҶАВОБ МЕДИҲАД
15, 16. а) Чаро шумо дилпур буда метавонед, ки Яҳува дар тарбияи кӯдаконатон ба шумо ёрдам мекунад? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
15 Вақте Монӯаҳ аз Яҳува кӯмак пурсид, ки ба ӯ барои волиди хуб будан ёрдам кунад, чӣ рӯй дод? «Худо овози Монӯаҳро шунид» (Дов. 13:9). Волидони азиз, Яҳува дуои шуморо низ мешунавад. Агар шумо аз Яҳува кӯмак пурсед, Ӯ ба шумо ёрӣ мерасонад, ки кӯдакатонро таълиму тарбия диҳед. Ӯ ба шумо кӯмак мерасонад, ки меҳрубон, фурӯтан ва бофаҳм бошед.
16 Яҳува ба шумо на танҳо дар тарбияи кӯдаки хурдсол, балки дар тарбияи наврас низ кӯмак мекунад. Дар мақолаи навбатӣ гап дар бораи он меравад, ки чӣ тавр шумо метавонед ба муҳаббат, фурӯтанӣ ва бофаҳмии Исо пайравӣ карда, кӯдаки наврасатонро тарбия кунед, то ба Яҳува хизмат кунад.
^ сарх. 5 Китоби Муқаддас ба волидон мефармояд, ки фарзандони худро роҳнамоӣ кунанд, таълиму тарбия диҳанд ва ислоҳ намоянд. Барои ин баъзан кӯдаконро ҷазо додан лозим меояд. Лекин падару модар набояд кӯдакашонро дар сари қаҳр ҷазо диҳанд.
^ сарх. 7 Дар замонҳои Исо кӯдакон ба падарашон «аббо» гуфта муроҷиат мекарданд. Ин калима ҳам эҳтиром ва ҳам муҳаббати кӯдакро ба падараш нишон медиҳад. («The International Standard Bible Encyclopedia».)