Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Фарзанди наврасатонро таълим диҳед, то ба Яҳува хизмат кунад

Фарзанди наврасатонро таълим диҳед, то ба Яҳува хизмат кунад

«Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард» (ЛУҚ. 2:52).

СУРУДҲО: 41, 11

1, 2. а) Падару модари баъзе наврасон аз чӣ хавотиранд? б) Чӣ тавр кӯдакон давраи наврасиашонро дуруст истифода бурда метавонанд?

ЯКЕ аз лаҳзаҳои хушбахттарини ҳаёти падару модар ин таъмиди фарзандонашон аст. Хоҳарамон Беренис, ки чор фарзандаш ба 14 нарасида таъмид гирифта буданд, мегӯяд: «Таъмиди фарзандонамон моро хеле хурсанд кард. Аз он ки онҳо ба Яҳува хизмат кардан мехоҳанд, диламон аз миннатдорӣ пур буд. Ҳамзамон мо медонистем, ки фарзандони наврасамон бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешаванд». Агар шумо низ писар ё духтари наврас дошта бошед, пас ҳиссиёти онҳо ба шумо шинос аст.

2 Як мутахассиси психологияи кӯдакон мегӯяд, ки давраи наврасӣ ҳам барои худи наврасон ва ҳам барои падару модар душвор буда метавонад. Лекин ӯ илова мекунад: «Наврасӣ давраи “девона” ё “хом” будани кӯдаконатон нест. Ин давраи ҷӯшу хурӯш, эҷодкорӣ ва бо дӯстон вақти гузарондан аст». Ҳоло ки фарзандонатон наврас ҳастанд, метавонанд бо Яҳува дӯстии наздик инкишоф диҳанд, чи хеле ки Исо карда буд. (Луқо 2:52-ро бихонед.) Ҳамчунин онҳо метавонанд қобилияти мавъизакуниашонро беҳтар гардонда, дар дилашон хоҳиши ба Яҳува бештар хизмат карданро инкишоф диҳанд. Дар ин синну сол онҳо метавонанд худашон ягон қарори муҳим бароранд, масалан ҳаёташонро ба Яҳува бахшанд ва ба Ӯ итоат кунанд. Аммо шумо, волидон, дар ин ба фарзандонатон чӣ тавр кӯмак карда метавонед? Дида баромадани тарзи таълими Исо ба шумо кӯмак мерасонад. Биёед муҳаббат, фурӯтанӣ ва бофаҳмии ӯро муҳокима кунем.

ФАРЗАНДОНИ НАВРАСАТОНРО ДӮСТ ДОРЕД

3. Аз чӣ маълум буд, ки Исо бо шогирдонаш дӯст аст?

3 Исо барои шогирдонаш на танҳо устод, балки дӯсти вафодору меҳрубон буд. (Юҳанно 15:15-ро бихонед.) Дар замонҳои пеш оғо одатан бо ғуломонаш дар бораи фикру ҳиссиёти худ гап намезад. Аммо Исо бо шогирдонаш чун ғуломон рафтор намекард. Ӯ онҳоро дӯст медошт ва ҳамроҳи онҳо вақт мегузаронд. Ӯ бо хурсандӣ фикру ҳиссиёти худро ба онҳо мегуфт ва бодиққат онҳоро гӯш мекард (Марқ. 6:30–32). Чунин муоширати гарму самимӣ риштаи дӯстии онҳоро мустаҳкам мекард ва шогирдонро ба супоришҳои оянда тайёр менамуд.

4. Волидон, чӣ тавр шумо метавонед бо кӯдакони худ дӯст бошед? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

4 Ҳарчанд шумо бар фарзандонатон ҳокимият доред, шумо метавонед барои онҳо дӯст бошед. Дӯстон барои якдигар вақт ҷудо мекунанд. Оё шумо метавонед барои корҳои дигар вақти камтарро сарф кунед, то бо фарзандонатон вақти бештар гузаронед? Дар ин бора дуо гӯед ва ҷиддӣ фикр кунед. Ҳамчунин дӯстон шавқу ҳаваси якхела доранд. Барои ҳамин ба он чизҳое ки ба фарзанди наврасатон маъқул аст, масалан мусиқӣ, филм ва варзиши дӯстдоштаи ӯ шавқ зоҳир кунед. Илария, ки дар Италия зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Волидонам нисбати мусиқие ки ман гӯш мекардам, шавқ зоҳир карданд. Падарам бароям дӯсти беҳтарин шуд ва ман ҳатто дар бораи мавзӯъҳои нозук бо ӯ озодона гап мезадам». Вақте шумо барои фарзанди наврасатон дӯст мешавед ва ба ӯ барои ба Яҳува наздик шудан кӯмак мекунед, шумо чун волидайн ҳурмату эҳтироми худро гум намекунед (Яъқ. 2:23). Агар кӯдаконатон бинанд, ки шумо онҳоро дӯст медоред ва ҳурмат мекунед, ба онҳо осон мешавад, ки бо шумо дар бораи чизҳои гуногун сӯҳбат кунанд.

5. Чӣ тавр Исо ба шогирдонаш кӯмак кард, ки аз хизмат ба Яҳува хурсандӣ гиранд?

5 Исо мехост, ки шогирдонаш лаззати хизмати Яҳуваро чашанд. Барои ҳамин вай онҳоро барангехт, ки бо шавқу завқ дар корҳои рӯҳонӣ иштирок кунанд. Ӯ мехост, ки онҳо боғайратона мавъиза кунанд ва бо ҷидду ҷаҳд шогирд созанд. Инчунин Исо ба онҳо қавл дод, ки дар ин кор ба онҳо кӯмак мерасонад (Мат. 28:19, 20).

6, 7. Чаро муҳим аст, ки волидон барои фарзандонашон реҷаи рӯҳонӣ тартиб диҳанд ва мувофиқи он амал кунанд?

6 Шумо мехоҳед кӯдакони шумо бо Яҳува муносибати наздик дошта бошанд. Худо ҳам мехоҳад, ки шумо онҳоро дар «таълимот ва насиҳат»-и Ӯ калон кунед (Эфс. 6:4). Яҳува шуморо вазифадор кардааст, ки ҳамроҳи фарзандонатон бо корҳои рӯҳонӣ машғул шавед. Дар ин бора фикр кунед: шумо доимо назорат мекунед, ки фарзандонатон мунтазам ба мактаб раванд, чунки медонед, ки гирифтани маълумот барояшон муҳим аст. Шумо мехоҳед, ки онҳо мунтазам дар дарсҳо иштирок кунанд, то ба хондану омӯхтан меҳр пайдо намоянд. Ба мисли ин волидони ғамхор бояд кӯшиш кунанд, ки фарзандонашон аз вохӯриҳои ҷамъомад, анҷуманҳо ва ибодати оилавӣ баҳра баранд. Донише ки онҳо аз Яҳува мегиранд, ҳаёташонро наҷот дода метавонад. Барои ҳамин ба онҳо кӯмак кунед, ки аз дониш гирифтан дар бораи Яҳува хурсандӣ ёбанд ва дарк кунанд, ки танҳо Яҳува метавонад ба онҳо хиради ҳақиқӣ диҳад (Мас. 24:14). Ба фарзандонатон таълим диҳед, ки мунтазам дар хизмат иштирок кунанд. Аз Исо ибрат гиред ва кӯшиш кунед, ки дар дили фарзандонатон нисбати кори мавъиза меҳр ҷойгир кунед.

7 Чӣ тавр доштани реҷаи рӯҳонӣ ба мисли омӯзиш, ҷамъомад ва хизмат ба наврасон кӯмак мекунад? Эрин, ки дар Африқои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Вақте мо кӯдак будем, намехостем дар омӯзиши Китоби Муқаддас, вохӯриҳо ва хизмат иштирок кунем. Мо доимо шикояту нола мекардем, баъзан ҳатто кӯшиш мекардем, ки ибодати оилавиамонро вайрон кунему баромада равем». Аммо падару модари ӯ ноумед намешуданд ва дар гапи худ устувор мемонданд. Ӯ аз волидонаш хеле миннатдор аст, ки онҳо муҳим будани ин чизҳоро ба вай таълим доданд. Акнун агар ӯ ягон бор ба вохӯрии ҷамъомад ё ба хизмат рафта натавонад, кӯшиш мекунад, ки зудтар реҷаи рӯҳониашро барқарор кунад.

ФУРӮТАН БОШЕД

8. а) Чӣ тавр Исо нишон дод, ки ӯ фурӯтан аст? б) Чӣ тавр фурӯтании Исо ба шогирдонаш таъсир кард?

8 Нигоҳ накарда ба он ки Исо комил буд, ӯ фурӯтанона тан мегирифт, ки ба кӯмаки Яҳува ниёз дорад. (Юҳанно 5:19-ро бихонед.) Оё ин ҳурмату эҳтироми шогирдонашро нисбати Исо камтар мекард? Не, албатта. Чи қадаре ки бештар Исо ба Яҳува такя мекард, ҳамон қадар боварии шогирдонаш ба ӯ бештар мешуд. Дертар онҳо ба фурӯтании ӯ пайравӣ карданд (Аъм. 3:12, 13, 16).

9. Вақте шумо хатогиҳои худро тан мегиред ва фурӯтанона бахшиш мепурсед, ин ба фарзанди наврасатон чӣ тавр таъсир мерасонад?

9 Баръакси Исо ҳама одамон нокомиланд ва доимо хато мекунанд. Барои ҳамин бо фурӯтанӣ хатогиҳои худро ба гардан гиред. Тан гиред, ки бисёр корҳое ҳастанд, ки аз дастатон намеоянд (1 Юҳ. 1:8). Худи шумо киро бештар ҳурмат мекунед? Сардореро ки ҳеҷ гоҳ бахшиш намепурсад ё сардореро ки хатогиҳояшро ба гардан мегирад? Вақте фарзанди наврасатон мебинад, ки шумо низ хатогиҳои худро ба гардан мегиред, эҳтироми ӯ нисбати шумо бештар мегардад. Ӯ низ тан гирифтани хатогиҳои худро ёд мегирад. Хоҳарамон Розмарӣ, ки соҳиби се фарзанд аст, мегӯяд: «Мо хатогиҳоямонро ба гардан мегирифтем, барои ҳамин кӯдаконамон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ягон душворӣ дилашонро ба мо холӣ мекарданд. Мо маҳдудиятҳоямонро ба назар мегирифтем. Аз ин рӯ вақте ба фарзандонамон кӯмак лозим мешуд, мо диққати онҳоро ба адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта равона мекардем ва ҳамроҳашон дуо мегуфтем».

10. Чӣ тавр ҳангоми супориш додан ба шогирдонаш Исо фурӯтанӣ нишон медод?

10 Исо ҳокимият дошт, ки ба шогирдонаш амр диҳад. Лекин азбаски ӯ фурӯтан буд, одатан ба шогирдонаш сабаби иҷро кардани ин ё он супоришро мефаҳмонд. Масалан, вақте ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки бояд аз пайи Салтанати Худо шаванд, ӯ илова кард: «Ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд». Боре ӯ ба шогирдонаш насиҳат дода гуфт: «Ҳукм накунед». Сипас ӯ сабабашро фаҳмонд: «То ки ҳукм карда нашавед; зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд» (Мат. 6:31–7:2).

11. Вақте шумо ба фарзандатон сабаби ин ё он қароратонро мефаҳмонед, ин ба ӯ чӣ гуна фоида меорад?

11 Агар бамаврид бошад, ба фарзандатон сабаби ин ё он қароратонро фаҳмонед. Вақте ӯ фикратонро мефаҳмад, ӯ шуморо бо хоҳиши бештар гӯш мекунад. Бэрри, ки чор фарзандро тарбия кардааст, чунин мегӯяд: «Вақте мо сабаби ин ё он рафторамонро мефаҳмонем, наврас боварӣ ҳосил мекунад, ки қарорҳои мо беасосу тағйирёбанда нестанд, балки оқилонаанд». Ба назар гиред, ки фарзанди наврасатон дигар кӯдаки хурдсол нест. Ӯ ақли худро ба кор бурда қабул кардани қарорҳоро ёд гирифта истодааст. Барри мефаҳмонад: «Наврасон бояд ёд гиранд, ки аз рӯи ақл кор кунанд, на аз рӯи ҳиссиёт» (Заб. 118:34). Барои ҳамин фурӯтан бошед ва ба онҳо фаҳмонед, ки барои чӣ ин ё он қарорро қабул кардед. Бо ин коратон шумо ба ӯ кӯмак мекунед, ки қарор қабул карданро ёд гирад ва нишон медиҳед, ки ба ӯ чун бо шахси боақл муносибат мекунед.

БОФАҲМ БОШЕД

12. Чӣ тавр Исо бофаҳмиашро истифода бурда ба Петрус ёрдам кард?

12 Исо бофаҳм буд ва ӯ пай мебурд, ки шогирдонаш дар кадом маврид ба кӯмак ниёз доранд. Масалан, вақте Петруси ҳавворӣ ба Исо гуфт, ки ба худаш раҳм кунад, ӯ нияти хуб дошт. Лекин Исо медонист, ки тарзи фикрронии ӯ хато аст. Чӣ тавр Исо ба Петрус ва дигарон маслиҳат дод? Ӯ қайд намуд, ки шахсонеро ки аз пайи роҳати худанд, чӣ интизор асту шахсонеро ки ҳаёти фидокорона ба сар мебаранд — чӣ (Мат. 16:21–27). Петрус аз ин барои худ дарси муҳим гирифт (1 Пет. 2:20, 21).

13, 14. а) Аз чӣ фаҳмидан мумкин аст, ки имони фарзанди наврасатон суст шудааст? б) Чӣ тавр шумо пай бурда метавонед, ки писар ё духтаратон ба чӣ ниёз дорад?

13 Ба Яҳува дуо гӯед, ки ба шумо фаҳмиш диҳад, то шумо пай баред, ки фарзанди наврасатон ба чӣ гуна кӯмак мӯҳтоҷ аст (Заб. 31:8). Аз чӣ фаҳмидан мумкин аст, ки имони фарзандатон суст шудааст? Аз худ бипурсед: «Оё фарзанди ман зиқу ғамгин метобад? Ё шояд дар бораи ҳамимонон суханони танқидомез мегӯяд? Оё ӯ вақтҳои охир дамдузд шудааст?» Саросемавор хулоса набароред, ки ҳамаи ин аломати он аст, ки ӯ пинҳонӣ ҳаёти нодуруст ба сар мебарад *. Ҳамзамон нисбати душвории наврасатон беаҳамият набошед ва фикр накунед, ки он худ аз худ ҳал мешавад.

Ба фарзанди наврасатон кӯмак кунед, ки аз ҷамъомад дӯстони хуб ёбад (Ба сархати 14 нигаред.)

14 Мисли Исо бо меҳрубонӣ ва эҳтиром савол диҳед. Ин монанди аз чоҳ об кашидан аст. Агар сатилро тез ба боло кашед, шумо оби бисёр гирифта наметавонед. Мисли ин вақте шумо ба наврас савол медиҳеду баъд бетоқатона ӯро ба гапзанӣ маҷбур месозед, он гоҳ шумо намефаҳмед, ки дар асл фарзандатон чӣ фикр ё ҳис мекунад. (Масалҳо 20:5-ро бихонед.) Илария ба хотир меорад, ки ҳангоми наврасиаш ӯ мехост, ки вақти зиёдро бо ҳамсинфонаш гузаронад, ҳарчанд медонист, ки ин нодуруст аст. Барои ҳамин виҷдонаш ӯро ғам медод. Волидонаш аҳамият доданд, ки ӯ зиқу рӯҳафтода аст. Илария мегӯяд: «Як бегоҳ онҳо гуфтанд, ки аҳамият доданд, ки ман ғамгинам ва хоҳиш карданд, ки дар бораи чизе ки маро ба ташвиш меорад, гап занам. Ман гиря кардам, вазъиятро фаҳмондам ва аз онҳо ёрдам пурсидам. Онҳо маро ба оғӯш гирифтанд, гуфтанд, ки маро мефаҳманд ва ба ман кӯмак мекунанд». Волидони Илария дарҳол чора андешиданд, то ӯ аз ҷамъомад дӯстони хуб пайдо кунад.

15. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Исо дар муносибат бо дигарон бофаҳм буд.

15 Бофаҳм будани Исо ҳамчунин дар он маълум мешуд, ки ӯ шогирдонашро барои хислатҳои хубашон таъриф мекард. Масалан, вақте Натанъил шунид, ки Исо аз Носира аст, ӯ гуфт: «Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некӯе пайдо шавад?» (Юҳ. 1:46). Агар шумо дар он ҷо мебудед, Натанъилро чӣ гуна шахс меҳисобидед? Шахсе ки дигаронро танқид мекунад? Маҳалгарову бадгумон? Ё сустимон? Аммо Исо бофаҳмӣ зоҳир карда дар Натанъил чизи хубро дид. Исо дар бораи ӯ гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест» (Юҳ. 1:47). Исо дили шахсро дида метавонист ва ин қобилияташро барои дидани хислатҳои хуби дигарон истифода мебурд.

16. Чӣ тавр шумо ба фарзандатон ёрдам карда метавонед, ки хислатҳои хубашро инкишоф диҳад?

16 Шумо, волидон, дилҳоро намебинед, лекин бо ёрии Худо шумо метавонед бофаҳм бошед. Оё шумо ба хислатҳои хуби фарзандони наврасатон диққат медиҳед? Ҳеҷ кас намехоҳад, ки ӯро «исёнгар» ё «вайронкор» номанд. Агар фарзандатон гапногир бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ ба ӯ нагӯед, ки «якрав» ё «душвортарбия» аст. Ҳатто дар фикратон ӯро чунин шахс наҳисобед. Ба ҷои ин гӯед, ки дар ӯ хислатҳои хубро мебинед ва дилпуред, ки ӯ дуруст рафтор кардан мехоҳад. Ба фарзандатон гӯед, ки аз кадом ҷиҳат беҳтар шудааст ва ӯро таъриф кунед. Ба қадри имкон ба ӯ супориш диҳед ва кӯмак кунед, ки хислатҳои хубашро инкишоф диҳад. Исо бо шогирдонаш айнан ҳамин тавр мекард. Тақрибан баъди яку ним соли бо Натанъил (ки ҳамчунин Барталмо номида шудааст) вохӯрданаш Исо ба ӯ масъулияти муҳимеро супорид. Ӯ Натанъилро чун яке аз ҳаввории худ интихоб кард ва Натанъил боғайратона супориши Исоро иҷро мекард (Луқ. 6:13, 14; Аъм. 1:13, 14). Фарзанди наврасатонро таъриф ва рӯҳбаланд кунед, то худро нодаркору ноӯҳдабаро ҳис накунад. Ӯро бовар кунонед, ки ӯ метавонад шумою Яҳуваро хурсанд созад ва қобилиятҳояшро барои хизмати Яҳува истифода барад.

ТАРБИЯЕ КИ ХУРСАНДИИ БЕШУМОР МЕОРАД

17, 18. Агар шумо таълими фарзандони наврасатонро давом диҳед, ин чӣ натиҷа оварда метавонад?

17 Шояд шумо баъзан худро чун Павлуси ҳавворӣ ҳис мекунед. Ӯ дар бораи онҳое ки барояш мисли фарзанд буданд, бисёр ғам мехӯрд. Павлус ба онҳо барои бо Яҳува шинос шудан кӯмак кард ва нисбати онҳо «муҳаббати зиёде» дошт. Барои ҳамин фикри он ки баъзе аз ин фарзандони рӯҳониаш дигар ба Яҳува хизмат намекунанд, хеле дардовар буд (2 Қӯр. 2:4; 1 Қӯр. 4:15). Виктор, ки соҳиби ду писару як духтар аст, мегӯяд: «Тарбия кардани фарзанди наврас осон нест. Аммо шодие ки аз ин гирифтем, тамоми душвориҳоро рӯйпӯш кард. Бо ёрдами Яҳува мо аз муносибати наздик бо фарзандонамон баҳра мебарем».

18 Волидони азиз, шумо барои таълим додани фарзандонатон сахт меҳнат мекунед, чунки онҳоро хеле дӯст медоред. Ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавед. Вақте фарзандатон хизмати Яҳуваро интихоб мекунаду содиқона хизматашро давом медиҳад, ин, албатта, ба шумо хурсандии бешумор меорад (3 Юҳ. 4).

^ сарх. 13 Барои волидон хондани китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 1, саҳ. 317 ва ҷилди 2, саҳ. 136–141 фоиданок буда метавонад.