Яҳува Худоест, ки бо ходимонаш гап мезанад
«Канӣ, бишнав, ва ман сухан хоҳам ронд» (АЙЮБ 42:4).
1–3. а) Аз чӣ маълум аст, ки дар фикрронӣ ва баён кардани фикру андеша Худо аз одамон бениҳоят боло аст? б) Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем?
ПАРВАРДИГОРИ олам фариштагону одамонро офарид, чунки мехост онҳо низ зиндагӣ кунанд ва хушбахт бошанд (Заб. 35:10). Аввалин офаридаи Худо Исо буд, ки Юҳаннои ҳавворӣ ӯро «Калом» номид (Юҳ. 1:1; Ваҳй 3:14). Яҳува Худо дар бораи фикру ҳиссиёташ ба Писараш «гап мезад» (Юҳ. 1:14, 17; Қӯл. 1:15). Павлуси ҳавворӣ дар бораи забони фариштагон — як шакли муошират, ки аз забони одамӣ олитар аст, гап зад (1 Қӯр. 13:1).
2 Яҳува дар бораи миллиардҳо офаридаҳои бошуури худ — ҳам фариштагон ва ҳам одамон ҳама чизро медонад. Ҳар як лаҳза шахсони бешумор ба забонҳои гуногун ба Ӯ дуо мегӯянд. Худо онҳоро на танҳо гӯш мекунад, балки ҳамзамон бо фариштаҳо муошират мекунад ва ба онҳо дастурот медиҳад. Ин корро танҳо Худо карда метавонад, чунки фикрронӣ ва қудрати баён кардани фикру андешааш аз одамон беандоза баланд аст. (Ишаъё 55:8, 9-ро бихонед.) Пас, вақте Яҳува бо одамон гап мезанад, Ӯ фикрашро тавре баён мекунад, ки одамон фаҳмида тавонанд.
3 Ҳоло мо дида мебароем, ки Худо дар давоми таърихи инсоният барои гуфтугӯ бо халқаш кадом корҳоро карда буд.
Мо ҳамчунин муҳокима мекунем, ки чӣ тавр Ӯ мувофиқи ниёз ва вазъияти одамон бо онҳо гап мезад.КАЛОМИ ХУДО БА ОДАМИЗОД
4. а) Барои бо Мусо, Самуил ва Довуд гап задан Яҳува кадом забонро истифода бурд? б) Китоби Муқаддас чӣ гуна маълумотро дар бар мегирад?
4 Дар боғи Адан Яҳува ба забони инсонӣ бо Одам гап зад. Эҳтимол, ин шакли қадимаи забони ибронӣ буд. Баъдтар барои навишта шудани Китоби Муқаддас Ӯ касонеро истифода бурд, ки ба забони ибронӣ гап мезаданд, масалан Мусо, Самуил ва Довудро. Ин шахсон фикрҳои Худоро бо суханон ва услуби худ баён мекарданд, баъзан Ӯ дикта мекарду онҳо менавиштанд. Ғайр аз ин зери роҳбарии Яҳува онҳо дар бораи имон, муҳаббат ва ҳатто дар бораи хатогӣ ва сустимонии худ навиштанд. Имрӯз ҳамаи ин маълумот арзиши калон дорад (Рум. 15:4).
5. Оё Яҳува бо халқаш танҳо ба забони ибронӣ гап мезад? Фаҳмонед.
5 Вақте вазъият дигар шуд, Худо бо халқаш танҳо бо забони ибронӣ гап намезад. Баъди асирии Бобил забони арамӣ забони ҳаррӯзаи баъзе аз ходимони Худо шуд. Эҳтимол, барои ҳамин Яҳува Дониёл, Ирмиё ва Эзрои коҳинро илҳом бахшид, то баъзе аз қисмҳои китобҳояшонро ба забони арамӣ нависанд *.
6. Чӣ тавр Каломи Худо ба дигар забонҳо дастрас гардид?
6 Дертар, вақте Искандари Мақдунӣ қисми зиёди ҷаҳони онвақтаро забт кард, койне — забони оммафаҳми юнонӣ забони байналхалқӣ гашт. Бисёри яҳудиён ба ин забон гап мезаданд. Аз ин рӯ Навиштаҳои иброниро ба забони юнонӣ тарҷума карданд. Мегӯянд, ки дар ин кор 72 нафар иштирок кардааст ва номи ин тарҷума «Септуагинта» мебошад. Ин аввалин ва яке аз муҳимтарин тарҷумаи Китоби Муқаддас ба ҳисоб меравад *. Азбаски онро одамони гуногун тарҷума карда буданд, услуби тарҷумаи як ҷойи матн аз дигараш фарқ мекард. Баъзе ҷойҳои он нисбатан озод тарҷума шуда буд, баъзеи дигараш калима ба калима. Ба ҳар ҳол «Септуагинта»-ро яҳудиёни юнонизабон ва баъдтар масеҳиён Каломи илҳомбахшидаи Худо мешумурданд.
7. Аз афташ, Исо бо кадом забон шогирдонашро таълим медод?
7 Вақте писари нахустзодаи Худо ба замин омад, ӯ, аз афташ, ба забони ибронӣ гап мезад ва таълим медод (Юҳ. 19:20; 20:16; Аъм. 26:14). Дар асри як ба забони ибронӣ забони арамӣ таъсир расонда буд, бинобар ин, шояд, Исо баъзе калимаву ибораҳои арамиро ҳам истифода мебурд. Исо инчунин забони қадимаи иброниро, ки Мусо ва дигар пайғамбарон бо он гап мезаданд, медонист. Одатан ҳар ҳафта дар куништҳо бо ин забон Навиштаҳоро мехонданд (Луқ. 4:17–19; 24:44, 45; Аъм. 15:21). Ғайр аз ин дар Исроил ба забони юнонӣ ва лотинӣ гап мезаданд. Оё Исо бо ин забонҳо гап мезад? Навиштаҳо дар ин бора чизе намегӯянд.
8, 9. Чаро баъзе аз қисмҳои Китоби Муқаддас ба забони юнонӣ навишта шуданд ва ин дар бораи Яҳува чиро нишон медиҳад?
8 Шогирдони аввали Исо забони иброниро медонистанд, аммо баъди марги ӯ ба дигар забонҳо низ гап мезаданд. (Аъмол 6:1-ро бихонед.) Вақте ки дини масеҳӣ паҳн шудан гирифт, масеҳиён байни худ бо забони юнонӣ гап мезаданд. Инҷили Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанно, ки дар бораи таълимоту корҳои Исо нақл мекунанд, бо забони юнонӣ навишта ва паҳн шуда буданд. Забони аксари шогирдони Исо на ибронӣ, балки юнонӣ буд *. Номаҳои Павлуси ҳавворӣ ва дигар китобҳои илҳомбахшида ба забони юнонӣ навишта шудаанд.
9 Ҷолиби диққат аст, ки вақте нависандагони Навиштаҳои Юнонӣ аз Навиштаҳои Ибронӣ иқтибос меоварданд, одатан аз «Септуагинта» истифода мебурданд. Ин иқтибосҳо баъзан аз матни Навиштаҳои Ибронӣ каме фарқ мекард. Ҳамин тавр кори тарҷумонони нокомил қисми Каломи илҳомбахшидаи Худо гашт, Худое ки як маданият ё забонро аз дигараш боло намеҳисобад. (Аъмол 10:34-ро бихонед.)
10. Мо аз он ки Яҳува Каломашро ба одамон дастрас кард, дар бораи Ӯ чӣ мефаҳмем?
10 Мо ба таври кӯтоҳ дида баромадем, ки чӣ тавр Худо бо одамон гап мезанад. Ин нишон медиҳад, ки Яҳува дар вақти муошират кардан бо одамон вазъияту шароитро ба назар мегирад. Ӯ моро маҷбур намекунад, ки барои шинос шудан бо Ӯ ва мақсадҳояш забони махсусеро омӯзем. (Закарё 8:23 ва Ваҳй 7:9, 10-ро бихонед.) Яҳува навишта шудани Китоби Муқаддасро роҳбарӣ кард, аммо Ӯ гузошт, ки он бо услубҳои гуногун навишта шавад.
КАЛОМИ ХУДО НИГОҲ ДОШТА ШУД
11. Оё ба забонҳои гуногун навишта шудани Китоби Муқаддас барои фаҳмидани фикрҳои Яҳува халал расонд?
11 Чуноне ки дидем, ҳангоми навиштани Каломаш Яҳува забонҳои гуногунро истифода бурд. Ҳамчунин мо фаҳмидем, ки тарҷумае ки қисми Каломи Худо гардид, аз матни аслӣ каме фарқ дорад. Лекин оё ин барои фаҳмидани фикрҳои Худо халал мерасонад? Не, албатта. Масалан, гарчанд Исо ба забони ибронӣ гап мезад, мо танҳо бо якчанд калимаи ибрие ки ӯ истифода бурда буд, шиносем (Мат. 27:46; Марқ. 5:41; 7:34; 14:36). Яҳува тавре кард, ки суханони Исо ба забони юнонӣ ва баъзан ба дигар забонҳо навишта шавад. Баъдтар дастхатҳои Китоби Муқаддас гаштаю баргашта аз тарафи яҳудиён ва масеҳиён нусхабардорӣ мешуд ва ҳамин тавр Навиштаҳои Муқаддас нигоҳ дошта шуданд. Онҳо ба забонҳои бисёр тарҷума шуда буданд. Ҷон Крисостом, ки дар асри 4 ё 5-и эраи мо зиндагӣ кардааст, мегӯяд, ки дар рӯзҳои ӯ таълимоти Исо аллакай ба забони арамиён, мисриён, ҳиндуҳо, форсҳо, ҳабашиҳо ва дигар забонҳои бешумор тарҷума шуда буд.
12. Ба паҳн шудани Навиштаҳо кӣ монеъ мешуд?
12 Одамони зиёд кӯшиш мекарданд, ки ба паҳн шудани Китоби Муқаддас монеъ шаванд, лекин кӯшишҳои онҳо барбод рафтанд. Яке аз чунин одамон императори Рум, Диоклетиан, буд. Ӯ соли 303-и эраи мо фармон баровард, ки ҳама нусхаҳои Навиштаҳо сӯзонида шаванд. Дар он замонҳо тарҷумонону паҳнкунандагони Навиштаҳо гирифтори таъқиботи сахт мешуданд. Уилям Тиндал, ки дар асри 16 Китоби Муқаддасро аз ибронию 2 Тимотиюс 2:9-ро бихонед.)
юнонӣ ба забони англисӣ тарҷума кардан мехост, ба одамони маълумотнок гуфт: «Агар Худо умри маро дароз кунад, ман кӯшиш мекунам, ки бачаи деҳотӣ... Навиштаҳоро аз шумо беҳтар донад». Барои тарҷума кардани Навиштаҳо ва чоп кардани тарҷумааш Тиндал маҷбур шуд, ки аз Англия ба қитъаи Аврупо гурезад. Роҳбарони динӣ кадом нусхаҳои Навиштаҳоро, ки меёфтанд, дар пеши мардум месӯзониданд. Аммо ба чунин муқобилият нигоҳ накарда тарҷумаи Тиндал нусхабардорӣ мешуд ва торафт паҳн мегардид. Мутаассифона, Тиндалро ба душманон фурӯхтанд. Роҳбарони динӣ ӯро дастгир намуда, азоб доданд ва оқибат ба сутун овехта оташ заданд. Тиндал мурд, лекин тарҷумаи ӯ зинда монд. Он дар тайёр кардани «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» сахт ёрдам кард. Минбаъд ин тарҷума яке аз паҳншудатарин тарҷумаи Навиштаҳо гардид. (13. Омӯзиши нусхаҳои қадима чиро нишон дод?
13 Агар баъзе нусхаҳои қадимаро муқоиса кунем, хатогиҳо ва фарқиятҳои ночизу камаҳамиятро дидан мумкин аст. Аммо ҳозир ба мо ҳазорон нусхаи Навиштаҳо дастрас мебошад. Муҳаққиқон онҳоро як ба як омӯхта байни ҳам муқоиса кардаанд. Дар натиҷаи ин тадқиқот дақиқ ва бетағйир будани матни Китоби Муқаддас исбот гардид. Якчанд ояте ки маънояшон на он қадар равшан аст, ба фаҳмидани мавзӯи асосии матни Навиштаҳо халал намерасонанд. Омӯзиши нусхаҳои қадима муҳаққиқони самимиро боварӣ мебахшад, ки дар Китоби Муқаддасе ки дар даст дорем, суханони Худо навишта шудаанд (Иш. 40:8) *.
14. Китоби Муқаддас то чӣ андоза паҳн шудааст?
14 Ба муқобилияти шадиди душманон нигоҳ накарда Яҳува Каломи худро нигоҳ дошт. Имрӯз Китоби Муқаддас назар ба дигар китобҳо ба забонҳои бештар тарҷума шудааст. Ҳарчанд дар замони мо бисёри одамон ба Худо бовар надоранд ва ё Ӯро ибодат намекунанд, Каломи Худо аз ҳама китоби паҳншуда дар ҷаҳон мебошад. Он пурра ё қисман ба зиёда аз 2800 забон тарҷума шудааст. Китоби Муқаддас дастрастарин китоб дар ҷаҳон мебошад ва ҳеҷ як китоби дигар мисли он паҳншуда нест ва набудааст. Баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас он қадар аниқ нестанд, дигарашон бошанд, он қадар фаҳмо нестанд. Лекин ҳатто аз тарҷумаи на он қадар хуби Навиштаҳо мавзӯи асосии онро фаҳмида, дар бораи умед ва наҷот дониш пайдо кардан мумкин аст.
ТАРҶУМАИ НАВЕ ЛОЗИМ ШУД
15. а) Ба туфайли чӣ дар рӯзҳои мо душвории бо забон алоқаманд ҳал шуд? б) Дар паҳн кардани хӯроки рӯҳонӣ забони англисӣ кадом нақшро бозид?
15 Дар аввали асри гузашта гурӯҳи хурди тадқиқотчиёни боғайрати Китоби Мат. 24:45). Ин ғулом кӯшиш мекард, ки хӯроки рӯҳониро ба забонҳои зиёд дастрас созад. Шумораи ин забонҳо ҳоло аз 700 зиёд аст. Ҳамон тавре ки забони оммафаҳми юнонӣ дар асри як забони паҳншуда буд, дар замонҳои мо низ забони англисӣ дар соҳаи тиҷорат ва маориф нақши муҳим мебозад. Барои ҳамин хеле қулай аст, ки хӯроки рӯҳонӣ ба забони англисӣ барояду баъд аз англисӣ ба дигар забонҳо тарҷума шавад.
Муқаддас чун «ғуломи мӯътамад ва доно» таъин гардид. Онҳо бо аҳли хонавода асосан ба воситаи забони англисӣ муошират мекарданд (16, 17. а) Халқи Худо ба чӣ ниёз дошт? б) Чӣ тавр ин ниёз қонеъ карда шуд? в) Солҳои 1950-ум Шоҳидони Яҳува оиди «Тарҷумаи дунёи нав» чӣ умеде доштанд?
16 Хӯроки рӯҳонӣ бар Китоби Муқаддас асос меёбад. Дар мобайнҳои асри 20 «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» паҳншудатарин тарҷума ба забони англисӣ буд. Аммо азбаски он соли 1611 нашр шуда буд, забонаш кӯҳна ва барои фаҳмидан душвор буд. Номи Худо дар он тарҷума танҳо дар якчанд ҷой омада буд, ҳол он ки дар нусхаҳои қадими Навиштаҳо ҳазорон бор вомехӯрд. Ғайр аз ин дар он баъзе хатогиҳо роҳ ёфта, оятҳое ёфт шуданд, ки дар дастхатҳои қадима набуданд. Тарҷумаҳои дигари Китоби Муқаддас низ пур аз камбудӣ буданд.
17 Барои ҳамин тарҷумае даркор буд, ки фикри матни аслиро аниқ ва бо забони фаҳмои имрӯза расонад. Бо ҳамин мақсад Кумитаи «Тарҷумаи дунёи нав» ташкил дода шуд ва дар муддати даҳ сол (1950–1960) тарҷумаи он дар шаш ҷилд баромад. Дуюми августи соли 1950, ҳангоми эълон кардани нашри ҷилди аввал, бародар Нейтан Норр ба ҳозирони анҷуман муроҷиат карда гуфт: «Тарҷумаи ҳозиразамоне даркор буд, ки бо ҳақиқати ошкоршуда ҳамоҳанг бошад. Ҳамчунин он бояд дар шинохти минбаъдаи ҳақиқат ба мо кӯмак расонад ва фикри матни аслиро дода тавонад. Ин тарҷума бояд барои хонандаи имрӯза фаҳмо бошад, ҳамон тавре ки навиштаҳои шогирдони Масеҳ сода, равшан, оммафаҳм ва барои хонандаи асри як фаҳмо буданд». Ӯ умед дошт, ки ин тарҷума ба миллионҳо нафар кӯмаки рӯҳонӣ мерасонад.
18. Ба туфайли кадом қарорҳо суръати тарҷумаи Китоби Муқаддас зиёдтар шуд?
18 Ин умед соли 1963 амалӣ гашт. Дар он сол «Навиштаҳои Юнонӣ — Тарҷумаи дунёи нав» боз ба шаш забон нашр шуд: ҳолландӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, португалӣ ва испанӣ. Соли 1989 Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува дар идораи марказӣ шӯъбаеро таъйин кард, то кори тарҷумаи Китоби Муқаддасро дастгирӣ кунад. Сипас соли 2005 мақсад гузошта шуд, ки «Тарҷумаи дунёи нав» ба забонҳое ки маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» дастрас аст, тарҷума шавад. Дар натиҷа он пурра ё қисман ба 130 забон тарҷума шудааст.
19. Соли 2013 чӣ рӯйдоди таърихие ба амал омад ва дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
19 Бо гузашти вақт маълум шуд, ки ба «Тарҷумаи дунёи нав» ба забони англисӣ дигаргунӣ даровардан лозим аст. Панҷум ва шашуми октябри соли 2013 барномаи вохӯрии солонаро 1 413 676 нафар гӯш мекард. Дар он вохӯрӣ яке аз аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда эълон кард, ки нашри нави «Тарҷумаи дунёи нав» ба забони англисӣ баромад. Шунавандагон аз ин хабар хеле шод шуданд. Ҳангоми тақсим кардани нусхаҳои ин тарҷума бисёриҳо ашки шодӣ мерехтанд. Оятҳои нашри навро хонда, ҳозирон пай бурданд, ки маънои онҳо аз пештара беҳтар аст. Дар мақолаи навбатӣ мо баъзе аз хусусиятҳои ин тарҷумаи олиҷанобро дида мебароем ва дар бораи ба забонҳои зиёд дастрас шудани он гап мезанем.
^ сарх. 5 Оятҳои зерин дар матни аслӣ ба забони арамӣ навишта шудаанд: Эзро 4:8–6:18; 7:12–26; Ирмиё 10:11; Дониёл 2:4б–7:28.
^ сарх. 6 Маънои «Септуагинта» «ҳафтод» мебошад. Мувофиқи хабарҳо тарҷумаи он дар Миср дар асри сеи то эраи мо сар шудааст ва соли 150-и то эраи мо ба охир расидааст. Ин тарҷума то ҳол барои фаҳмидани маънои баъзе калимаҳои нофаҳмои ибронӣ ба олимон кӯмак мекунад.
^ сарх. 8 Чунин ақида вуҷуд дорад, ки Матто Инҷилашро аввал ба забонӣ ибронӣ навишт ва баъдтар, эҳтимол, худаш онро ба юнонӣ тарҷума кард.
^ сарх. 13 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 феврали с. 2013 [bw-531], саҳ. 5 ва брошураи «Китоб барои ҳамаи халқҳо» (рус.), саҳ. 7–9 нигаред.