Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба кӣ дуо гуфтан лозим?

Ба кӣ дуо гуфтан лозим?

ОЁ ХУДО ҳамаи дуоҳоро мешунавад? Имрӯз бисёриҳо ба ин савол ҷавоби мусбат медиҳанд — асосан онҳое, ки тарафдори муттаҳид будани ҳамаи динҳоянд ва мехоҳанд, ки ҳамаи динҳо қобили қабул бошанд. Вале, оё Худо дар асл ҳамаи дуоҳоро мешунавад?

Мувофиқи таълимоти Китоби Муқаддас бисёр одамон ба Худои ҳақиқӣ дуо намегӯянд. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас ба бутҳо дуо гуфтан як чизи муқаррарӣ буд. Вале Худо одамонро барои ин корашон пайваста сарзаниш мекард. Масалан, дар китоби Забур 115:4-6 дар бораи бутҳо гуфта шудааст, ки онҳо «гӯш доранд, вале намешунаванд». Мақсади ин суханон равшан аст. Ба «худое», ки ҳеҷ гоҳ туро намешунавад, дуо гуфтан бефоида аст!

Дар ин хусус дар Китоби Муқаддас воқеаи бамавриде ҳаст. Боре пайғамбар Илёс ба пайғамбарони Баал гуфт, ки ба худояшон дуо гӯянд, ӯ бошад ба Худои худ дуо мегӯяд. Мувофиқи гуфтаҳои Илёс Худои касе зиндаву ҳақиқӣ бошад, ба дуо ҷавоб медиҳад. Пайғамбарони Баал пешниҳоди Илёсро қабул карда, бо гиряву нола ба худояшон дуо гуфтанро сар карданд. Вале дуояшон беҷавоб монд. Дар Китоби Муқаддас дар ин бора гуфта шудааст: «На садое буд, на ҷавобе ва на таваҷҷуҳе» (3 Подшоҳон 18:29). Акнун биёед бинем, ки вақте Илёс дуо гуфт, чӣ шуд.

Худо дарҳол ба дуои Илёс ҷавоб дода, аз осмон оташе фиристод ва қурбонии ӯро фурӯ бурд. Дуои Илёс аз дуои пайғамбарони Баал чӣ фарқ дошт? Инро дар худи дуои Илёс дидан мумкин. Он дар 3 Подшоҳон 18:36, 37 оварда шудааст. Ҳарчанд ин дуо хеле кӯтоҳ асту танҳо аз 30 калимаи ибронӣ иборат мебошад, Илёс дар он се маротиба ба Худо бо номаш, Яҳува, муроҷиат мекунад.

Баал худои халқи Канъон буд. Маънои номаш «соҳиб» ё «хӯҷаин» мебошад. Он вақт дар ҳар минтақа одамон Баали худро доштанд. Вале номи Худои яккаву ягона Яҳува буда, он танҳо ба ӯ тааллуқ дорад. Ӯ ба халқаш гуфтааст: «Ман Яҳуваам, ин номи ман аст. Ман ҷалоли худро ба дигаре... намедиҳам» (Ишаъё 42:8).

Чи хеле дидед, ҳарчанд пайғамбарони Баал ба худои худ муроҷиат карданд, вале дуои онҳо беҷавоб монд. Бояд гуфт, ки ибодати Баал одамонро бармеангехт, ки ба маросимҳои бадахлоқона даст зананд ва ҳатто одамонро ба қурбонӣ оранд. Баръакси ин, халқи Исроил, ки Яҳуваро ибодат мекард, аз чунин корҳои нафратовар даргурез буд. Як фикр кунед, вақте шумо ба дӯсти соҳибиззати худ мактуб менависед, онро ба номи каси дигар, ки обрӯяш пасту доғдор аст, намефиристед-ку.

Вақте пайғамбар Илёс ва пайғамбарони Баал ба худоёни худ дуо гуфтанд, маълум шуд, ки Худои ҳақиқӣ на ҳамаи дуоҳоро мешунавад

Ба Яҳува дуо гуфта шумо ба Офаридгор ва Падари одамизод дуо мегӯед *. «Ту, эй Яҳува, Падари мо ҳастӣ» — гуфтааст пайғамбар Ишаъё (Ишаъё 63:16). Вақте Исо ба шогирдони худ гуфт, ки «ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам», ӯ Яҳуваро дар назар дошт (Юҳанно 20:17). Бале, Падари Исо Яҳува аст. Исо маҳз ба ӯ дуо мегуфт ва шогирдонашро низ таълим медод, ки ба Яҳува дуо гӯянд (Матто 6:9).

Оё дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо бояд ба Исо, муқаддасон ё фариштагон дуо гӯем? Не албатта! Мо бояд танҳо ба Яҳува дуо гӯем. Чаро? Барои ин ду сабаб вуҷуд дорад. Якум, дуо қисми ибодат аст, бинобар ин дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки танҳо Яҳуваро бояд ибодат кунем (2 Мӯсо 20:5). Дуюм, мувофиқи Китоби Муқаддас унвони «Шунавандаи дуоҳо» ба Худо тааллуқ дорад (Забур 65:2). Ҳарчанд Яҳува ба дигарон ӯҳдадориҳои зиёд додааст, лекин касеро вазифадор накардааст, ки дуоҳои моро шунавад. Зеро ӯ ваъда медиҳад, ки дуоҳои моро шахсан худаш гӯш мекунад.

Хулоса, агар шумо хоҳед, ки Худо дуоҳоятонро гӯш кунад, пас огоҳии зеринро аз Калом дар ёд доред: «Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад» (Корнома 2:21). Вале, оё Худо ҳамаи дуоҳоро гӯш мекунад? Барои он ки Яҳува дуоҳои моро гӯш кунад, боз як ҷиҳатро ба назар гирифтан лозим.

^ сарх. 9 Дар баъзе динҳо мегӯянд, ки номи Худоро ҳатто дар дуо ба забон гирифтан мумкин нест. Ҳол он ки номи Худо дар Китоби Муқаддас зиёда аз 7000 маротиба вомехӯрад ва дар бисёр мавридҳо ходимони содиқи Худо номашро дар дуову таронаҳои ситоишӣ ёд кардаанд.