Дар бораи чӣ бояд дуо гӯем?
МУВОФИҚИ як маълумот дуое, ки аксари масеҳиён аз ёд медонанд, ин дуои намунавии ҳазрати Исо мебошад. Миллионҳо одамон ҳар рӯз суханони ин дуоро аз ёд мегӯянд. Вале бояд гуфт, ки бисёриҳо ба мазмуни он сарфаҳм намераванд. Исо дар назар надошт, ки одамон маҳз ҳамин тавр дуо гӯянд. Мо инро аз куҷо медонем?
Пеш аз он ки Исо дуои намунавиро гӯяд, ӯ қайд намуд: «Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Матто 6:7). Пас, вақте Исо ба шогирдон суханони дуои намунавиро гуфт, оё ӯ ба ақидаи худ муқобил баромад? Не албатта! Исо шогирдонашро таълим дод, ки дар бораи чӣ дуо гӯянд ва пеш аз ҳама бояд кадом мавридҳоро ба назар гиранд. Биёед дуои намунавиро бодиққат аз назар гузаронем. Он дар Матто 6:9–13 оварда шудааст.
«Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод».
Исо гуфта буд, ки мо бояд танҳо ба Яҳува, Падари ӯ, дуо гӯем. Лекин, оё шумо медонед, ки чаро номи Худо ин қадар муҳим аст ва чаро он бояд поку муқаддас гардад?
Аз аввали таърихи инсоният ба Худо туҳмат карда, номи муқаддаси ӯро доғдор кардаанд. Душмани Худо, Шайтон, ӯро ба дурӯғгӯйӣ айбдор намуда, мегӯяд, ки Худо ҳокими худбин аст ва ҳақ надорад, ки бар офаридаҳояш ҳукмронӣ кунад (1 Мӯсо 3:1–6). Бисёриҳо Шайтонро тарафдорӣ карда, Худоро дар бемеҳриву золимӣ айбдор менамоянд ва ӯро чун Офаридгори олам рад мекунанд. Дигарон бошанд, ҳатто номи Худоро аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас гирифтаанд ва намегузоранд, ки одамон онро ба забон гиранд.
Мувофиқи Китоби Муқаддас Худо ҳамаи ин беадолатиро бартараф менамояд (Ҳизқиёл 39:7). Ҳамин тавр ӯ тамоми ниёзҳои шуморо қонеъ карда, душвориҳоятонро пурра ҳал мекунад. Чӣ тавр? Исо ба ин савол дар давоми дуои намунавиаш ҷавоб медиҳад.
«Подшоҳии ту биёяд».
Имрӯзҳо диндорон дар бораи Подшоҳии Худо ҳар хел таълим медиҳанд. Вале пайравони Исо медонистанд, ки пайғамбарон дар бораи Масеҳ, Наҷотдиҳандае, ки Худо шоҳи Подшоҳиаш интихоб кардааст, пешгӯйӣ кардаанд. Ин Подшоҳӣ душвориҳои одамизодро пурра бартараф мекунад (Ишаъё 9:6, 7; Дониёл 2:44). Инчунин Худо ба воситаи Подшоҳиаш дурӯғи Шайтонро фош карда, зарари расондаи ӯро аз байн мебарад ва номи муқаддаси худро ҷалол медиҳад. Подшоҳии Худо ба ҷанг, беморӣ, гуруснагӣ ва ҳатто марг хотима мебахшад (Забур 46:9; 72:12–16; Ишаъё 25:8; 33:24). Бинобар ин, вақте мо дар бораи омадани ин Подшоҳӣ дуо мегӯем, аз Худо хоҳиш мекунем, ки ҳамаи ин ваъдаҳо иҷро шаванд.
«Хости ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад».
Аз ин суханони Исо маълум мегардад, ки хости Худо чуноне, ки дар осмон иҷро мегардад, дар замин ҳам бояд иҷро шавад. Вақте Ҳазрати Исо бар зидди Шайтон ва тарафдоронаш ҷангида, онҳоро аз осмон ба замин партофт, ягон чиз халал нарасонд, ки хости Худо дар осмон иҷро шавад (Ошкорсозӣ 12:9–12). Ин мавзӯи дуои намунавии Исо мисли ду мавзӯи аввал кумак мекунад, ки мо диққати худро ба чизи муҳимтар, яъне ба хости Худо равона созем. Зеро иҷро шудани хости Худо ҳамеша бар манфиати офаридаҳояш аст. Аз ин рӯ Исо ба Падари осмониаш гуфт: «Бигзор на хости ман, балки хости ту шавад» (Луқо 22:42).
«Ризқу рӯзии имрӯзаамонро бидеҳ».
Бо ин суханонаш Исо нишон дод, ки мо инчунин дар бораи ниёзҳои худ дуо гуфта метавонем. Бале, аз Худо ризқу рӯзӣ пурсидан ягон ҷойи бадӣ надорад. Баръакс, ин ба мо ёдрас мекунад, ки Яҳува «ба ҳамаи одамон ҳаёт, нафас ва ҳама чиро медиҳад» (Корнома 17:25). Аз Китоби Муқаддас маълум мегардад, ки Худо чун Падари меҳрубон ниёзҳои фарзандонашро қонеъ карда хурсандӣ мегирад. Ӯ ҳеҷ гоҳ бар зарари фарзандонаш амал намекунад.
«Қарзҳои моро бибахш».
Оё шумо аз Худо қарздоред? Оё ба бахшоиши ӯ муҳтоҷед? Бисёр одамон имрӯзҳо ба гуноҳ ҷиддӣ назар намекунанд. Вале дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки ҳамаи бадбахтиҳои инсон аз гуноҳ сарчашма мегиранд, зеро сабаби асосии марги инсон гуноҳ аст. Азбаски одамизод гуноҳро мерос гирифтааст, мо тез-тез хато мекунем. Вале бояд гуфт, ки аз сабаби бахшанда будани Худо мо ба оянда умед дорем (Румиён 3:23; 5:12; 6:23). Суханони зерини Китоби Муқаддас моро тасаллӣ мебахшанд: «Ту, эй Яҳува, неку ва бахшандаӣ» (Забур 86:5).
«Моро аз Шайтон халос кун».
Ҳамаи мо ба муҳофизати Худо муҳтоҷем. Лекин бисёр одамон ин ҳақиқатро инкор карда, мегӯянд, ки «Шайтон» асло вуҷуд надошт. Исо бошад, гуфта буд, ки Шайтон воқеӣ аст. Ӯ Шайтонро ҳатто «ҳокими ин ҷаҳон» номид (Юҳанно 12:31; 16:11). Шайтон ба ин ҷаҳон, ки зери итоати ӯст, ҳаматарафа зарар мерасонад ва ташнаи он аст, ки шуморо гумроҳ сохта, аз дӯстӣ бо Падари осмониатон, Яҳува, маҳрум созад (1 Петрус 5:8). Лекин Яҳува аз Шайтон тавонотар аст ва дӯстдорони худро бо ҷону дил муҳофизат мекунад.
Чи хеле мебинед, Исо дар дуои намунавиаш мухтасар фаҳмонд, ки дар бораи чӣ дуо гуфтан мумкин аст. Ӯ ҳар як мавзӯъро номбар накард. Барои ҳамин суханоне, ки дар 1 Юҳанно 5:14 омадаанд, хеле ҷолибанд: «Чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад». Пас, чӣ дарде, ки дар дил доред ба Яҳува дар дуо гӯед (1 Петрус 5:7).
Дар ин хусус саволи дигаре ба миён меояд: «Оё вақту соат ва дар куҷо дуо гуфтани мо аҳамият дорад?»