Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

5. Нобудшавии замин

5. Нобудшавии замин

5. Нобудшавии замин

«[Худо тавре мекунад, ки] нобудгарони замин нобуд гарданд» (ОШКОРСОЗӢ 11:18).

● Пирри ном сокини деҳаи Кпори Нигерия шароби нахл тайёр мекард. Баъди он ки ба резишгоҳи дарёи Нигер нафти зиёде ҷорӣ гардид, ӯ маҷбур шуд, ки савдояшро бандад. Пирри мегӯяд: «Нафт ба пӯстамон зарар мерасонад, дарёҳоро ифлос карда, моҳиҳоро нобуд месозад. Ман акнун намедонам, ки чӣ тавр зиндагиамро пеш барам».

ДАЛЕЛ: Ба ақидаи баъзе олимон ҳар сол уқёнусҳои ҷаҳонро 6,5 миллион тон партов ифлос мекунад. Тақрибан 50 фоизи ин партов пластик мебошад, ки нестшавиаш садҳо сол тӯл мекашад. Одамизод на танҳо рӯйи заминро ифлос мекунад, балки захираҳои табииро аз ҳад зиёд истифода мебарад. Мувофиқи таҳқиқот захираҳоеро, ки инсон дар давоми як сол истифода мебарад, замин танҳо дар якуним сол барқарор карда метавонад. Дар як рӯзномаи австралӣ гуфта шудааст, ки «агар аҳолии замин ва истифодаи захираҳои он зиёд шудан гирад, то соли 2035 ба мо боз як замини дигар лозим мешавад» (Сидней морнинг гералд).

НОРОЗИГӢ: Одамизод аз уҳдаи ин проблемаҳо мебарояд. Мо заминро наҷот дода метавонем.

ОЁ ИН НОРОЗИГӢ АСОС ДОРАД? Бисёр одамон ва ташкилотҳо диққати ҷомеаро ба масъалаи ифлосшавии муҳити зист ҷалб мекунанд. Бо вуҷуди ин замин то ҳол дар миқёси калон ифлос шуда истодааст.

ШУМО ЧӢ ФИКР МЕКУНЕД? Оё лозим аст, ки Худо дахолат карда заминро мувофиқи ваъдаи худ аз нобудшавӣ нигоҳ дорад?

Илова бар ин панҷ пешгӯйӣ, дар Китоби Муқаддас ваъда дода шудааст, ки дар рӯзҳои охир як воқеаи хурсандиовар рӯй медиҳад. Биёед дар бораи ин пешгӯйии шашум фаҳмем.

[Тасвир дар саҳифаи 8]

«Макони биҳиштосои ман имрӯз ба партовгоҳи заҳролуд табдил ёфтааст» (ИН СУХАНОНРО СОЛИ 2010-УМ ЭРИН ТАМБЕР БАЪДИ АЗ НАФТ ИФЛОС ШУДАНИ ХАЛИҶИ МЕКСИКАИ АМРИКО ГУФТ. Ӯ ДАР СОҲИЛИ ИН ХАЛИҶ ЗИНДАГӢ МЕКУНАД).

[Тасвир дар саҳифаи 8]

Оё ба ранҷу азоб Худо айбдор аст?

Вазъияти бади имрӯзаи ҷаҳон дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст. Оё аз ин сабаб ба ҳамаи рӯйдодҳои нохуш Худоро бояд айбдор кард? Оё сабабгори ранҷу азоби мо Худост? Шумо метавонед ба ин саволҳо аз дарси 11-уми «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад» ҷавоб ёбед. Ин китоб аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст.

[Маънбаи маълумот дар саҳифаи 8]

U.S. Coast Guard photo