Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Аз ин ҷаҳон нестанд»

«Аз ин ҷаҳон нестанд»

«Аз ин ҷаҳон нестанд»

«Ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, зеро онҳо аз ин ҷаҳон нестанд» (ЮҲАННО 17:14).

Маънои ин гуфтаҳо. Исо дар зиддиятҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ иштирок намекард ва бо ин нишон медод, ки ӯ аз ин ҷаҳон нест. Исо гуфта буд: «Агар подшоҳии ман аз ин ҷаҳон мебуд, пайравони ман мубориза мебурданд, ки ба дасти яҳудиён супурда нашавам. Аммо подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳанно 18:36). Исо инчунин пайравонашро таълим медод, ки тарзи фикрронӣ ва рафтору гуфтореро, ки Китоби Муқаддас маҳкум мекунад, рад кунанд (Матто 20:25–27).

Паҳн шудани хушхабар дар асри як. Диншиносе бо номи Ҷонатан Димонд дар бораи масеҳиёни асри як гуфтааст, ки «онҳо новобаста ба тамасхур, ҳабс ва ҳатто хатари марг дар [ҷанг] иштирок намекарданд». Масеҳиён нигоҳ накарда ба азобу уқубат ҳама вақт мавқеи бетарафии худро нигоҳ медоштанд. Онҳо инчунин бо меъёрҳои ахлоқии худ аз дигарон фарқ мекарданд. Ба масеҳиён гуфта шуда буд, ки одамони гирду атроф «ҳайронанд, ки шумо дигар мисли онҳо ҳаёти паст ба сар бурда, ғуломи ишратпарастӣ нестед, аз ин рӯ дар ҳаққатон суханони пасту баланд мегӯянд» (1 Петрус 4:4). Таърихшинос Уил Дюрант қайд кардааст, ки масеҳиён «бо покӣ ва диндориашон ба чашми ҷомеаи бутпарасте, ки он замон ба бадахлоқиву нопокӣ ғӯтида буд, мехалиданд».

Паҳншавии хушхабар дар рӯзҳои мо. Дар бораи мавқеи бетарафии масеҳиён дар «Энсиклопедияи нави католикӣ» гуфта мешавад: «Мавқеи бетарафиро нигоҳ доштан аз ҷиҳати маънавӣ нодуруст аст». Дар мақолае бошад гуфта мешавад, ки мувофиқи ҳисоботи ташкилоти ҳифзи ҳуқуқи инсон бо номи «Ҳуқуқи Африқоиҳо», соли 1994 дар қатли оме, ки дар Руанда ба вуқӯъ омад, «ғайр аз Шоҳидони Яҳува» дигар ҳама калисоҳо иштирок карда буданд. (Reformierte Presse)

Як омӯзгор ҳангоми суҳбат дар мавзӯи «Холокост»-и фашистӣ изҳори таассуф кард, ки «ягон гурӯҳ ё сокине дар бораи он дурӯғҳои беҳисоб, бераҳмиву ҷинояткориҳо эътироз баён намекард». Вале бо намояндагони «Осорхонаи ёддоштҳои Халакост» дар Иёлоти Муттаҳида ҳамсуҳбат шуда ин омӯзгор навишт: «Акнун ман ба саволам ҷавоб ёфтам». Ӯ фаҳмид, ки он вақт Шоҳидони Яҳува нигоҳ накарда ба муносибати даҳшатнок дар эътиқоди худ устувор мондаанд.

Дар бораи ахлоқ чӣ гуфтан мумкин? Дар маҷаллаи «Католикони Амрико» қайд мешавад: «Аксар ҷавонони имрӯза, ки худро католик меҳисобанд, бо таълимоти калисо дар мавриди пеш аз издивоҷ якҷоя зиндагӣ накардан ва ба алоқаи ҷинсӣ даст назадан, розӣ нестанд». Дар маҷаллаи мазкур як хизматгори калисо чунин гуфтааст: «Ҷавонони бисёр, фикр мекунам зиёда аз 50 фоизашон, аллакай пеш аз издивоҷ якҷоя зиндагӣ мекунанд». Вале дар «Энсиклопедияи нави бритониёӣ» бошад, зикр мешавад, ки «Шоҳидони Яҳува аз рӯйи меъёрҳои баланди ахлоқӣ зиндагӣ мекунанд».