Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор дар байнатон муҳаббат бошад!

Бигзор дар байнатон муҳаббат бошад!

Бигзор дар байнатон муҳаббат бошад!

«Ба шумо амри наве медиҳам: якдигарро дӯст доред. Чуноне ки ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед» (ЮҲАННО 13:34, 35).

Маънои ин гуфтаҳо. Исо шогирдонашро таълим медод, ки якдигарро дӯст доранд, чи хеле ки ӯ онҳоро дӯст медошт. Муҳаббати Исо дар чӣ дида мешуд? Новобаста ба он ки дар асри як рӯҳияи миллатчигӣ ва рӯйбинӣ нисбати занон дар авҷ буд, ӯ одамонро дӯст медошт (Юҳанно 4:7–10). Муҳаббат буд, ки Исо вақту қувваташро аз дигарон дареғ намедошт ва аз пайи роҳати ҷони худ набуд (Марқус 6:30–34). Баъдтар Исо муҳаббате нишон дод, ки бемислу монанд буд. Ӯ гуфт: «Ман чӯпони некам. Чӯпони нек ҷонашро барои гӯсфандон фидо мекунад» (Юҳанно 10:11).

Паҳн шудани хушхабар дар асри як. Дар асри як пайравони Исо ба ҳамдигар «бародар» ва «хоҳар» гуфта муроҷиат мекарданд (Филемӯн 1, 2). Дар ҷамоат одамони миллаташон гуногунро хуш қабул мекарданд, чунки масеҳиён боварӣ доштанд, ки «байни яҳудӣ ва юнонӣ ҳеҷ фарқе нест, зеро барои ҳама Худованд якест» (Румиён 10:11, 12). Баъди Пантикости 33-и милодӣ шогирдон дар Ерусалим «молу мулки худро фурӯхта, пули онро ба ҳама мувофиқи эҳтиёҷоташ тақсим мекарданд». Бо кадом мақсад? То ин ки таъмидгирифтагон дар Ерусалим бимонанд ва минбаъд низ аз расулон таълим гиранд (Корнома 2:41–45). Чаро шогирдони Исо он вақт ин тавр амал карданд? Қариб 200 сол пас аз марги расулон, Тертуллиан ном нависанда қайд карда буд, ки одамон дар бораи масеҳиёни он давра чунин мегуфтанд: «Онҳо якдигарро дӯст медоранд... ва ҳатто тайёранд, ки барои якдигар ҷонашонро фидо кунанд».

Кӣ имрӯз хушхабарро паҳн мекунад? Дар китоби «Таърихи барҳам хӯрдани Империяи Рум» (1837 сол) қайд шудааст, ки тӯли асрҳо онҳое, ки худро масеҳӣ меномиданд, «назар ба ғайримасеҳиён бештар аз дасти якдигар азобу шиканҷа медиданд». Таҳқиқоте, ки ба наздикӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба роҳ монда шуд, нишон дод, ки байни одамони диндор, ки аксарашон худро масеҳӣ мешуморанд, рӯҳияи миллатчигӣ бештар дида мешавад. Масеҳиёни калисои як давлат нисбати ҳамимононашон, ки дар дигар давлатҳо зиндагӣ мекунанд, тамоман бепарвоянд. Бинобар ин дар тангиву муҳтоҷӣ ба ҳамимононашон дасти ёрӣ дароз намекунанд.

Соли 2004 дар Иёлоти Флорида дар ду моҳ чор тундбоди шадид ба вуқӯъ омад. Баъди ин офатҳои табиӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боварӣ ҳосил карданӣ буд, ки оё лавозимоти даркорӣ дуруст истифода бурда мешавад. Баъдтар ӯ қайд кард, ки Шоҳидони Яҳува аз ҷиҳати тартибу низом назар ба дигарон як сару гардан болотаранд. Барои ҳамин супориш дод, ки Шоҳидонро бо чизҳои даркорӣ таъмин кунанд. Соли 1997 намояндагони Кумитаи ёрӣ ба осебдидагони ташкилоти Шоҳидони Яҳува лавозимоти тиббӣ, хӯрока ва либос гирифта ба Ҷумҳурии Демократии Конго сафар карданд, то ба бародару хоҳарони худ ва дигарон кумак расонанд. Барои дастгирии ҳамимононашон, Шоҳидони Аврупо инчунин чизҳои даркориро хайрия карданд, ки маблағи умумиашон як миллион доллари амрикоиро ташкил медод.