КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД
«Ман бояд бовар ҳосил мекардам, ки дар роҳи Худо ҳастам»
СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1982
ЗОДГОҲ: ҶУМҲУРИИ ДОМИНИКА
ДАР ГУЗАШТА: ДАР ТАРБИЯИ МОРМОНҲО БУД
ҲАЁТИ ПЕШТАРААМ
Ман дар шаҳри Санто-Домингои Ҷумҳурии Доминика таваллуд шудам. Дар миёни чор фарзанд ман кенҷа будам. Волидонам, ки одамони соҳибмаълумот буданд, мехостанд фарзандони худро дар муҳити хубу солим тарбия кунанд. Чор сол пеш аз таваллуди ман онҳо миссионерони мормонро вохӯрданд. Сару либоси озода ва муомилаи хуби ин миссионерони ҷавон ба волидонам чунон маъқул шуд, ки онҳо хостанд дини мормонҳоро қабул кунанд ва дар ҷазира аввалин шуда аъзои калисояшон гарданд.
Ба воя расида, ман дар чорабиниҳои калисои мормонҳо фаъолона иштирок кардан гирифтам. Муносибати онҳо ба оиладорӣ ва одобу ахлоқ ба ман беҳад писанд буд. Ман аз мормон буданам фахр мекардам ва мақсад мондам, ки миссионер шавам.
Баъди хатми мактаб мо оилавӣ ба Иёлоти Муттаҳида кӯчидем, то ки ман таҳсиламро дар коллеҷ давом диҳам. Тақрибан як сол пас холаам ва шавҳараш, ки Шоҳидони Яҳува буданд, ба Флорида, ба хабаргирии мо, омаданд. Онҳо моро ба анҷумани минтақавӣ даъват карданд. Дар он ҷо одамони гирду атрофам оятҳои Китоби Муқаддасро мекушоданду қайд мемонданд. Инро дида ҳайрон шудам. Аз ин рӯ қоғазу ручка хоҳиш кардаму ман ҳам қайд мондан гирифтам.
Холаам ва шавҳараш медонистанд, ки ман миссионер шуданиям. Барои ҳамин баъди анҷуман пешниҳод карданд, ки баъзе ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро ба ман фаҳмонанд. Фикрашон ба ман маъқул шуд, чунки дар бораи Китоби Мормон дониш доштаму Китоби Муқаддасро бошад, нағз наомӯхта будам.
КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ МАРО ДИГАРГУН КАРД
Мо бо телефон омӯзиш мекардем. Холаам ва шавҳараш ҳамавақт мегуфтанд, ки эътиқодамро бо таълимоти Китоби Муқаддас муқоиса кунам. Онҳо мехостанд ман худам бо ростии Калом шинос шавам.
Ҳарчанд ман бисёр таълимоти мормонҳоро қабул карда будам, дилпур набудам, ки ба кадом андоза гуфтаҳояшон бо таълими Китоби Муқаддас мувофиқ аст. Рӯзе холаам ба ман маҷаллаи «Бедор шавед!», нашри 8-уми ноябри соли 1995-ро дод, ки он аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп гардида буд. Дар ин маҷалла мақолае ба эътиқоди мормонҳо бахшида шуда буд. Онро хонда ман фаҳмидам, ки бо бисёр таълимоти мормонҳо шинос набудаам. Барои ҳамин исботи гуфтаҳои «Бедор шавед!»-ро дар сомонаи расмии мормонҳо кофтам. Маълум шуд, ки дар он мақола ҳаққи гапро гуфтаанд. Баъди он ки ба осорхонаи мормонҳо, ба Иёлоти Юта рафтам, ба дақиқ будани маълумоти маҷалла шубҳае намонд.
Ман ҳама вақт фикр мекардам, ки Китоби Мормон ва Китоби Муқаддас як чизро таълим медиҳанд. Лекин, вақте бо таълимоти Китоби Муқаддас нағзтар шинос шудам, пай бурдам, ки хато мекардаам. Масалан, дар Ҳизқиёл 18:4 гуфта шудааст, ки ҷон миранда аст. Дар Китоби Мормон бошад, гуфта мешавад, ки «ҷон ҳеҷ гоҳ намемирад» (Алма 42:9).
Ғайр аз ин номувофиқӣ, маро инчунин миллатгароии мормонҳо ба ташвиш меовард. Масалан, онҳо бовар доранд, ки боғи Адан дар Ҷексон (Иёлоти Миссури, ИМА) ҷойгир буд. Пайғамбарони мормонҳо мегӯянд, ки «вақте Подшоҳии Худо ҳукмрониро сар мекунад, парчами Иёлоти Муттаҳида бо фахр бар чӯби озодиву баробарҳуқуқӣ парфишон мегардад».
Ман ҳайрон шудам, ки дар ин сурат тақдири ватани ман ё дигар давлатҳо чӣ мешавад. Бегоҳе ба ман як ҷавони мормон занг зад, ки таълими миссионериро гирифта буд. Ман риштаи ин мавзӯъро кушода рӯирост аз ӯ пурсидам: «мабодо раваду давлати шумо бо дигар давлат ҷанг кунад, бо ҳамимонони мормониятон меҷангед?» Вақте ӯ «ҳа» гуфт, ҳуш аз сарам парид. Ман эътиқодамро ҳаматарафа омӯхтам, ҳамчунин бо пешвоёни калисоямон ҳамсуҳбат шудам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки ҷавоби саволҳоям асрорест, ки рӯзе ошкор мегардад, ба мисли он ки рӯшноӣ торафт равшан мешавад.
Ҷавобҳои онҳо маро ноумед карданд. Барои ҳамин ман нияти диламро санҷида, андеша кардам, ки чаро миссионер шудан мехостам. Ман дарк кардам, ки хоҳиши ба дигарон кумак кардану дар байни мардум соҳибиззат шудан маро ба ин таъйинот ҷалб мекард. Лекин таҳкурсии донишам дар бораи Худо хароб буд. Ҳарчанд дар гузашта ман борҳо Китоби Муқаддасро варақ зада будам, лекин арзиши онро намефаҳмидам. Дар бораи нияти Худо нисбати замин ва одамизод бошад, умуман намедонистам.
БАРАКАТҲОЕ, КИ МАН СОҲИБ ШУДАМ
Бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро омӯзиш карда, ман фаҳмидам, ки номи Худо чист, баъди марг чӣ рӯй медиҳад ва Исо дар иҷрои нияти Худо чӣ нақш дорад. Ҳамин тавр ман бо таълимоти ин китоби беҳамто шинос шудам ва чизҳои омӯхтаамро бо дилу ҷон ба дигарон нақл мекардам. Ман ҳеҷ гоҳ ба вуҷуд доштани Худо шакк надоштам, лекин ҳозир бо ӯ дар дуо чун бо дӯсти наздики худ суҳбат мекунам. Ман 12-уми июли соли 2004 таъмид гирифта, Шоҳиди Яҳува шудам. Шаш моҳ пас хизмати пешравиро сар кардам.
Тӯли панҷ сол ман имконият доштам, ки дар Идораи марказии Шоҳидони Яҳува, дар Бруклини Ню-Йорк, хизмат кунам. Ғайр аз ин, дар чоп кардани Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта иштирок намудам, ки ба миллионҳо одамони рӯйи замин манфиат меоранд. Имрӯз бошад, бо майлу рағбат дар бораи Яҳува ба дигарон шаҳодат медиҳам.