Гузаштан ба маводи асосӣ

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

«Ҳоло фикри дунёро тағйир додан ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеояд»

«Ҳоло фикри дунёро тағйир додан ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеояд»
  • СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1966

  • ДАВЛАТ: ФИНЛЯНДИЯ

  • ДАР ГУЗАШТА: ШӮРИШГАР

ТАРҶУМАИ ҲОЛ:

Ман аз хурдсолиам табиатро дӯст медоштам. Оилаи мо доим ба тамошои ҷангалҳои беҳамто ва дарёҳои зебои шаҳрамон Ювяскуля мерафт, ки дар Финляндияи Марказӣ ҷойгир аст. Ман инчунин ҳайвонотро дӯст медорам. Дар ёдам ҳаст, вақте кӯдак будам, ҳар як сагу гурбае, ки аз пешам мебаромад, мехостам ба оғӯш гирам. Вақте ба воя расидам муносибати бераҳмонаи одамонро нисбати ҳайвонот дида бисёр зиқ мешудам. Аз ин рӯ узви ташкилоте гаштам, ки ҳайвонотро муҳофизат мекард ва бо шахсоне дӯстӣ пайдо кардам, ки ҳамфикри ман буданд.

Мо фаъолона барои муҳофизати ҳайвонот мубориза мебурдем. Дар ин мавзӯъ пайваста маълумот паҳн карда ба мағозаҳои либосҳои пашмин ва озмоишгоҳҳои ҳайвонот муқобилат менамудем. Мо ҳатто ташкилоти ҳифзи ҳайвонотро таъсис додем. Муносибатамон бо ҳукумати шаҳр нағз набуд, зеро мо ташвиқотамонро бо зӯроварӣ пеш мебурдем. Аз ин сабаб худи маро якчанд бор ҳабс карда буданд.

Маро инчунин дигар проблемаҳои ҷаҳон ба ташвиш меоварданд. Бинобар ин ман боз узви якчанд ташкилоти дигар шудам, аз ҷумла «Амнистияи байналмиллалӣ» ва «Гринпис». Ман фаъолияти ташкилотҳои мазкурро бо ҷидду ҷаҳд дастгирӣ менамудам ва баҳри муҳофизати камбизоатон, гуруснагон ва дигар шахсони бехонумон баромад мекардам.

Бо гузашти вақт ман дарк кардам, ки барои дунёро дигаргун кардан қувватам намерасад. Ҳарчанд ин ташкилотҳо баъзе проблемаҳои хурдро ҳал мекарданд, вале проблемаҳои ҷиддӣ аз будаш бадтар мешуданд. Ба назар чунин менамуд, ки сояи бадӣ тамоми дунёро фаро гирифтаасту касе парвои онро надорад. Ман худро ночору беилоҷ ҳис мекардам.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД:

Ҳисси ночорӣ маро рӯҳафтода мекард. Ман дар бораи Худо ва Китоби Муқаддас андеша мекардагӣ шудам. Як муддат Шоҳидони Яҳува бо ман омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронданд. Ҳарчанд барои меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи онҳо миннатдор будам, вале он вақт ҳаётамро тағйир додан намехостам. Лекин ин дафъа вазъият ранги дигар гирифт.

Ман Китоби Муқаддасамро ёфта ба хондан сар кардам. Он ба дили пурдарди ман малҳам гашт. Дар бисёр оятҳои Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки нисбати ҳайвонот меҳрубон бошем. Мисол, дар Панднома 12:10 гуфта мешавад: «Росткор ба чорвояш ғамхорӣ мекунад». Ман инчунин фаҳмидам, ки ба проблемаҳои ҷаҳонӣ Худо айбдор нест. Гап сари он аст, ки бисёр одамон аз рӯйи гуфтаҳои Худо амал намекунанд. Дар бораи муҳаббат ва пуртоқатии Яҳува фаҳмида ман хеле хурсанд шудам (Забур 103:8–14).

Ҳамон вақт ман варақаи дархости «Таълимоти Китоби Муқаддас»-ро пур карда фиристодам. Дере нагузашта Шоҳидони Яҳува ба хонаам омада омӯзиш пешниҳод карданд ва ман розӣ шудам. Ҳамчунин ман ба ҷамъомад мерафтагӣ шудам. Ҳамин тавр, ҳақиқати Китоби Муқаддас дар дили ман реша давонд.

Бо ёрии Китоби Муқаддас ман ҳаётамро ба куллӣ тағйир додам. Сигоркаширо партофтам ва дигар бадмастӣ намекардам. Инчунин афту намудамро ба тартиб дароварда дигар бадзабонӣ намекардам. Муносибатам нисбати ҳокимияти маҳаллӣ беҳтар шуд (Румиён 13:1). Ман дигар ҳаёти бадахлоқона ба сар намебурдам ва лаҷоми хоҳишҳоямро ба даст гирифтам.

Аз ҳама душвор бароям нисбати ташкилотҳои ҷамъиятӣ назари дуруст пайдо кардан буд. Ин чиз ба ман тез муяссар нагашт. Дар аввал фикр мекардам, ки агар аз ин ташкилотҳо равам хиёнаткор мешавам. Лекин баъдтар дарк кардам, ки мушкилии одамизодро танҳо Подшоҳии Худо ҳал карда метавонад. Бинобар ин тамоми қувватамро баҳри дастгирии Подшоҳии Худо равона карда, ба дигарон дар бораи он нақл мекардам (Матто 6:33).

ҲАЁТАМ БЕҲТАР ГАШТ:

Пеш ман одамонро ба ду гурӯҳ ҷудо мекардам: одамони бад ва нек. Ман бо тамоми қувват ба бадкорон муқобилат мекардам. Лекин имрӯз ба туфайли Китоби Муқаддас дигар аз одамон нафрат намекунам. Баръакс, кӯшиш мекунам, ки одамонро дӯст дорам (Матто 5:44). Ҳаракат мекунам, ки муҳаббатамро ба воситаи мавъиза ба одамон нишон диҳам. Аз дидани он ки чӣ тавр ин кори хайр ба одамон оромӣ, умед ва хушбахтӣ мебахшад, хеле хурсанд мешавам.

Ҳама чиро ба Яҳува партофта ман оромӣ пайдо кардам. Боварӣ дорам, ки чун Офаридгор, ӯ намегузорад, ки ҳайвоноту одамизод умрбод азоб кашанду сайёраи зебоямон нобуд гардад. Баръакс, тавассути Подшоҳиаш, Худо тамоми зарари расидаро бартараф мекунад (Ишаъё 11:1–9). Ман хурсандам, ки на танҳо худам ҳақиқатро фаҳмидам, балки онро ба дигарон низ таълим дода метавонам. Ҳоло фикри дунёро тағйир додан ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеояд.