Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

СУҲБАТ ДАР АСОСИ МАВЗУЪҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? (Қисми 1)

Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? (Қисми 1)

Дар поён суҳбати Шоҳиди Яҳува бо ҳамсояаш оварда шудааст. Тасаввур мекунем, ки Шоҳиди Яҳува бо номи Комрон ба хонаи марде бо номи Ҷамшед омадааст.

«КОФТУКОВ»-И ФАҲМИШ

Комрон: Ҷамшед, бо шумо дар бораи Китоби Муқаддас суҳбат кардан ба ман хеле маъқул аст *. Дафъаи гузашта шумо пурсида будед, ки барои чӣ Шоҳидони Яҳува бовар доранд, ки Подшоҳии Худо соли 1914 ҳукмрониро сар кард.

Ҷамшед: Ҳа, ман дар як брошураи шумо навиштагӣ, ки Подшоҳии Худо соли 1914 ҳукмрониро сар кард. Рости гап, ҳайрон мондам. Охир шумо мегӯед, ки ҳар як таълимотатон бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст.

Комрон: Ҳа, дуруст қайд кардед.

Ҷамшед: Ман Китоби Муқаддасро пурра хонда баромадам, лекин дар ёд надорам, ки дар он оид ба соли 1914 чизе гуфта шуда бошад. Ман ҳатто инро аз онлайн Китоби Муқаддас тафтиш карда дар сатри ҷустуҷӯ «1914» навиштам, лекин чизе ёфт нашуд.

Комрон: Қанд занед, Ҷамшед. Дар аввал мехоҳам шуморо таъриф кунам, ки Китоби Муқаддасро пурра хондед. Маълум аст, ки Каломи Худоро нағз мебинед.

Ҷамшед: Ҳа, Китоби Муқаддас ин китоби китобҳост!

Комрон: Ман розӣ. Боз барои он таъриф карданӣ будам, ки ба саволатон маҳз аз Китоби Муқаддас ҷавоб кофтед. Чунки худи Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки фаҳмишро «кофтуков» кунем *. Офарин, шумо дар ҳақиқат тадқиқотчии боғайрат ҳастед.

Ҷамшед: Раҳмат. Ба ман омӯхтани Китоби Муқаддас маъқул аст. Вақти кофтукобам аз китобе, ки ҳозир омӯхта истодаем, дар бораи соли 1914 як маълумот ёфтам. Он ҷо дар бораи подшоҳе гуфта шудааст, ки дар хоб дарахти калонро мебинад. Ин дарахт бурида мешавад, вале баъдтар, ба фикрам, боз месабзад.

Комрон: Ҳа, дуруст. Ин пешгӯйӣ дар боби 4-уми Дониёл навишта шудааст. Аз он ҷо мо дар бораи хоби шоҳи Бобил, Набукаднесар, мехонем.

Ҷамшед: Ҳа, худи худаш. Ман ин пешгӯйиро якчанд бор хондам, лекин, рости гап, нафаҳмидам, ки чӣ хел он бо Подшоҳии Худо ва соли 1914 вобаста аст.

Комрон: Медонед, Ҷамшед, ҳатто пайғамбар Дониёл ба маънои паёмҳое, ки аз тарафи Худо мегирифт, пурра сарфаҳм намерафт.

Ҷамшед: Не-е?

Комрон: Ҳа. Бинед, дар Дониёл 12:8 ӯ чӣ мегӯяд: «Ман бошам, мешунидаму чизе намефаҳмидам».

Ҷамшед: Ман хурсанд, ки танҳо набудаам.

Комрон: Дониёл барои он чизеро намефаҳмид, ки он вақтҳо Худо маънои пешгӯйиҳои китоби Дониёлро пурра ба одамон накушода буд. Ҳозир бошад, мо онҳоро фаҳмида метавонем.

Ҷамшед: Шумо инро аз куҷо медонед?

Комрон: Хуб, биёед бинем, ки дар ояти навбатӣ чӣ гуфта шудааст. Дар Дониёл 12:9 навишта шудааст: «Ин суханон бояд то замони охир пӯшида ва сарбамуҳр монанд». Яъне одамон ба ин пешгӯйиҳо бояд дертар, дар «замони охир», сарфаҳм мерафтанд. Баъдтар мо дар вақти омӯзиш ҳама аломатҳоеро, ки дар рӯзҳои охир зиндагӣ карданамонро исбот мекунанд, дида мебароем *.

Ҷамшед: Яъне ҳозир шумо ба ман пешгӯйии Дониёлро мефаҳмонед-а?

Комрон: Кӯшиш мекунам.

ХОБИ НАБУКАДНЕСАР

Комрон: Дар аввал биёед кӯтоҳакак дида бароем, ки шоҳ Набукаднесар чиро хоб дид. Баъд дар бораи маънои он гап мезанем.

Ҷамшед: Гап нест.

Комрон: Дар хоб Набукаднесар дарахти калонеро дид, ки то ба осмон мерасид. Баъд ӯ овози хабаррасони Худоро шунид. Ин хабаррасон амр дод, ки дарахтро бурида партоянд, лекин кундаашро бо решаҳояш дар замин бимонанд. Баъди гузаштани «ҳафт замон» дарахт бояд аз нав месабзид *. Аввалин бор ин пешгӯйӣ дар шоҳ Набукаднесар иҷро шуд. Ҳарчанд ӯ мисли дарахте, ки сараш ба осмон мерасид, подшоҳи бузург буд, ба муддати «ҳафт замон» бурида шуд, яъне ҳукмрониаш қатъ гардид. Оё дар ёд доред, ки дар ин вақт чӣ шуд?

Ҷамшед: Не, дар ёдам нест.

Комрон: Ҳеҷ гап не. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки шоҳ Набукаднесар ақлашро гум кард, аз афташ, он ҳафт сол давом кард. Дар давоми он вақт ӯ ҳукмронӣ карда наметавонист, вале бо гузашти «ҳафт замон», ақлаш ба Набукаднесар баргашт ва ӯ аз нав ҳукмрониашро сар кард *.

Ҷамшед: Он чизеро, ки ҳозир гуфтед, фаҳмидам, лекин чӣ хел ин ба Подшоҳии Худо ва соли 1914 вобастагӣ дорад?

Комрон: Гап дар сари он ки ин пешгӯйӣ ду иҷрошавӣ дорад. Якум, дар вақти қатъ гардидани ҳукмронии шоҳ Набукаднесар ва дуюм ҳангоми қатъ гардидани ҳукмронии Худо дар замин. Маҳз дуюм бор иҷро шудани ин пешгӯйӣ бо Подшоҳии Худо алоқамандӣ дорад.

Ҷамшед: Шумо аз куҷо медонед, ки ин пешгӯйӣ бояд бори дуюм иҷро мешуд?

Комрон: Пеш аз ҳама дар ин бора дар худи пешгӯйӣ гуфта шудааст. Мувофиқи Дониёл 4:17 ин пешгӯйӣ барои он дода шуд, «то зиндагон бидонанд, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад». Ин ҷо ба ибораи «подшоҳии одамизод» аҳамият додед?

Ҷамшед: Ҳа, ин ҷо гуфтагӣ, ки «Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст».

Комрон: Рост. Ба фикратон, «Худои Таоло» гуфта, кӣ дар назар дошта шудааст?

Ҷамшед: Албатта, Худо Яҳува дар назар дошта шудааст.

Комрон: Дуруст. Чи хеле ки мебинем, ин пешгӯйӣ на фақат дар бораи Набукаднесар мебошад, он инчунин ба «подшоҳии одамизод» дахл дорад. Яъне гуфтан мумкин аст, ки ин пешгӯйӣ ба ҳукмронии Худо бар тамоми одамизод вобаста аст. Ба чунин хулоса омадан аз рӯйи мантиқ аст, зеро суханони гирду пеши ин пешгӯйӣ инро тасдиқ мекунанд.

Ҷамшед: Шумо чиро дар назар доред?

МАВЗУИ АСОСИИ КИТОБ

Комрон: Дар китоби Дониёл як мавзуъ чанд бор такрор ёфтааст. Дар он гуфта шудааст, ки Подшоҳии Худо зери роҳбарии Исои Масеҳ барқарор карда мешавад. Барои мисол, биёед ба бобҳои аввали ин китоб назар кунем. Ояти Дониёл 2:44-ро мехонед?

Ҷамшед: Майлаш. Ин ҷо навишта шудааст: «Дар замони он подшоҳон Худои осмон подшоҳие барпо мекунад, ки ҳеҷ гоҳ барҳам намехӯрад. Ин подшоҳӣ ба халқи дигаре дода намешавад. Он ҳамаи ин подшоҳиҳоро несту нобуд месозад ва аз байн мебарад, худаш бошад, то абад мемонад».

Комрон: Раҳмат. Ба фикратон, ин оят ба Подшоҳии Худо ишора мекунад ё не?

Ҷамшед: Ҳмм, чизе гуфта наметавонам.

Комрон: Аҳамият диҳед, дар ин оят гуфтагӣ, ки ин подшоҳӣ «то абад мемонад». Ин суханонро танҳо дар бораи Подшоҳии Худо гуфтан мумкин аст, ҳамин хел не?

Ҷамшед: Ҳа, рост мегӯед.

Комрон: Ана боз як пешгӯйӣ аз китоби Дониёл, ки ба Подшоҳии Худо ишора мекунад. Он дар Дониёл 7:13, 14 навишта шудааст. Дар ин оятҳо дар бораи ҳокими оянда чунин гуфта шудааст: «Ба ӯ ҳокимият, шукӯҳ ва подшоҳӣ дода шуд, то одамони ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва забонҳо ба ӯ хизмат кунанд. Ҳукмронии ӯ абадист ва ҳаргиз аз байн намеравад ва подшоҳии ӯ нест намешавад». Дар ин оятҳо суханони шиносро пай бурдед?

Ҷамшед: Ҳа, он ҷо дар бораи кадом як подшоҳӣ гуфтагӣ.

Комрон: Бале. Аҳамият диҳед, ки ин подшоҳии одӣ нест, зеро он бар «одамони ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва забонҳо» ҳукмронӣ мекунад. Дигар хел карда гӯем, ин Подшоҳӣ бар тамоми замин ҳукмронӣ хоҳад кард.

Ҷамшед: Ман ба ин аҳамият надодам, лекин гапатон рост. Ин ҷо, дар ҳақиқат, ҳамин хел гуфтагӣ.

Комрон: Боз бинед дар ин пешгӯйӣ чӣ гуфта шудааст: «Ҳукмронии ӯ абадист ва ҳаргиз аз байн намеравад ва подшоҳии ӯ нест намешавад». Ин гуфтаҳо ба он чизе, ки мо нав аз Дониёл 2:44 хондем, хеле монанд аст, ҳамин хел не?

Ҷамшед: Ҳа, монанд.

Комрон: Биёед ҳозир чизеро, ки фаҳмидем, кӯтоҳакак такрор кунем. Пешгӯйии Дониёл боби 4 барои он дода шуд, то одамон донанд, ки «Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст». Ин нишон медиҳад, ки пешгӯйии Дониёл на танҳо ба подшоҳии Набукаднесар дахл дорад, балки боз ба подшоҳии дигар. Инчунин дар китоби Дониёл дигар пешгӯйиҳое ҳастанд, ки дар бораи барқарор шудани Подшоҳии Худо зери роҳбарии Исои Масеҳ ишора мекунанд. Дар асоси ин чизҳо, ба фикратон, пешгӯйии боби 4-уми Дониёлро бо Подшоҳии Худо алоқаманд кардан аз рӯйи мантиқ аст?

Ҷамшед: Аз афташ, ҳа, лекин ман ҳоло ҳам алоқамандии онро бо соли 1914 намебинам.

«БИГЗОР ҲАФТ ЗАМОН... ГУЗАРАД»

Комрон: Пас, биёед ба подшоҳии шоҳ Набукаднесар бармегардем. Дар иҷрошавии якуми пешгӯйӣ Набукаднесар дарахтро тасвир мекард. Вақте ин дарахтро бурида, ба муддати ҳафт замон гузоштанд, ҳукмронии ӯ қатъ гардид. Дар он вақт ӯ ақлашро гум кард ва баъди гузаштани ҳафт замон ақли Набукаднесар ба ӯ баргашту ҳукмрониаш барқарор шуд. Дар иҷрошавии дуюми ин пешгӯйӣ ҳукмронии Худо низ муддате қатъ гардид, вале на барои он ки аз тарафи Худо ягон камбудӣ буд.

Ҷамшед: Чӣ хел, нафаҳмидам?

Комрон: Дар замонҳои пеш, дар бораи подшоҳоне, ки дар Ерусалим ҳукмронӣ мекарданд, мегуфтанд, ки онҳо «бар тахти Яҳува» нишастаанд *. Ин подшоҳон аз номи Худо бар халқ ҳукмронӣ мекарданд. Азбаски онҳо намояндагони Яҳува буданд, ҳукмрониашон ҳукмронии Худоро тасвир мекард. Аммо бо гузашти вақт аксари ин подшоҳон ба Худо беитоатӣ карданд ва бисёри тобеонашон низ аз қафои онҳо рафтанд. Барои ҳамин Худо роҳ дод, ки соли 607-и то милод бобилиён исроилиёни саркашро ба асирӣ баранд. Аз он вақт сар карда дар Ерусалим дигар подшоҳе набуд, ки намояндаи Яҳува бошад. Ана ба ҳамин маъно ҳукмронии Худо қатъ гардид. Чизҳои гуфтаам ба шумо фаҳмо буданд?

Ҷамшед: Ҳа, фаҳмо.

Комрон: Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки соли 607-и то милод саршавии ҳафт замон ё қатъ шудани ҳукмронии Худо гардид. Бо тамом шудани ҳафт замон бояд подшоҳи наве пайдо мешуд, ки Худоро намояндагӣ мекард, лекин ин дафъа дар осмон. Он вақт дигар пешгӯйиҳое, ки аз китоби Дониёл хондем, иҷро мешаванд. Акнун боз як савол беҷавоб мемонад: ҳафт замон кай тамом шуд? Агар ба ин савол ҷавоб ёбем, мефаҳмем, ки Подшоҳии Худо ҳукмрониашро кай сар кард.

Ҷамшед: Фаҳмо. Истед, ман ҷавобашро медонам, соли 1914-а?

Комрон: Дуруст, ёфтед.

Ҷамшед: Лекин мо инро аз куҷо медонем?

Комрон: Вақте Исо дар замин зиндагӣ мекард, ӯ фаҳмонд, ки ҳафт замон ҳоло ба охир нарасидааст *. Ин нишон медод, ки он муддати дурударозро дар бар мегирад. Ҳафт замон садҳо сол пеш аз ба замин омадани Исо сар шуда буд ва баъди ба осмон рафтанаш боз муддате давом ёфт. Агар дар ёдатон бошад, маънои пешгӯйиҳои Дониёл то «замони охир» ошкор нашуда буд *. Шавқовар аст, ки дар охири солҳои 1800, тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барангехта шуданд, ки ин ва дигар пешгӯйиҳоро бодиққат дида бароянд. Онҳо хулоса карданд, ки ҳафт замон соли 1914 ба охир мерасад. Воқеаҳое, ки аз он вақт инҷониб дар ҷаҳон рӯй медиҳанд, тасдиқ мекунанд, ки Подшоҳии Худо худи ҳамон сол дар осмон ҳукмрониашро оғоз намуд ва он вақт рӯзҳои охир сар шуданд. Фикр мекунам, ки ҳамин қадар маълумот барои имрӯз кифоя аст.

Ҷамшед: Ҳа, ман бояд ин маълумотро аз нав хонам, то онро беҳтар фаҳмам.

Комрон: Ғам нахӯред, ба ман ҳам барои фаҳмидани ин пешгӯйиҳо ва иҷрошавии онҳо вақт лозим буд. Лекин умед дорам, ки бо ёрии ин суҳбатамон шумо фаҳмидед, ки таълимоти Шоҳидони Яҳува дар бораи Подшоҳӣ бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст.

Ҷамшед: Ҳа, ба ин шубҳа надорам. Ба ман бисёр маъқул аст, ки шумо эътиқодатонро аз рӯйи Китоби Муқаддас мефаҳмонед.

Комрон: Ман мебинам, ки шумо низ ҳамин хел кардан мехоҳед, офарин. Имрӯз дар ҳамин ҷо меистем. Шояд, шумо боз саволҳои дигар дошта бошед. Масалан, мо фаҳмидем, ки ҳафт замон бо Подшоҳии Худо алоқаманд аст ва он соли 607-и то милод сар шуд. Лекин мо аз куҷо медонем, ки ҳафт замон соли 1914 тамом шуд *?

Ҷамшед: Ман ҳам ба ин савол ҷавоб ёфтан мехоҳам.

Комрон: Худи Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки чӣ қадар давом кардани ҳафт замонро фаҳмем. Биёед ин мавзуъро ин дафъа дида бароем *.

Ҷамшед: Майлаш.

Оё шумо ба ягон саволе, ки бо Китоби Муқаддас алоқаманд аст, ҷавоб ёфтан мехоҳед? Оё дар бораи фаъолият ва эътиқоди Шоҳидони Яҳува фаҳмидан мехоҳед? Агар ҳа, пас шарм накарда ҷавоби ин саволҳоро аз Шоҳидони Яҳува пурсед. Онҳо бо камоли майл ба шумо кумак мекунанд, ки ба ҳама саволҳоятон ҷавоб ёбед.

^ сарх. 5 Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро бепул таълим медиҳанд ва бо одамон дар асоси мавзуъҳои Китоби Муқаддас суҳбат мекунанд.

^ сарх. 21 Ба боби 9-уми китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» (адабиёти Шоҳидони Яҳува) нигаред.

^ сарх. 63 Дар пешгӯйии худ оид ба рӯзҳои охир Исо гуфта буд: «Халқҳо, то даме ки даврони халқҳо ба анҷом расад, Ерусалимро [ки ҳукмронии Худоро тасвир мекард] поймол мекунанд» (Луқо 21:24). Аз ин маълум мешавад, ки ҳукмронии Худо дар рӯзҳои Исо низ барқарор нашуда буд ва он бояд то рӯзҳои охир давом меёфт.

^ сарх. 63 Ба Дониёл 12:9 нигаред.

^ сарх. 67 Ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», ба замимаи «Соли 1914 — санаи муҳимест дар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас» нигаред.

^ сарх. 69 Дар мақолаи навбатӣ аз Китоби Муқаддас оятҳое муҳокима мешаванд, ки ба чӣ қадар давом кардани ҳафт замон равшанӣ меандозанд.